АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Баъзе аз дастовардҳои Ҷумҳурии Қазоқистон дар 30 соли истиқлолияти давлатӣ

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

16 декабри соли 2021 Ҷумҳурии Қазоқистон 30 солагии истиқлолияти давлатии худро ҷашн гирифт. Дар мақолаи мазкур аз нигоҳи маҷаллаи «Казахстанская правда» руйдодҳои муҳим ва дастовардҳое, ки Ҷумҳурии Қазоқистон дар даврони истиқлолият ба даст овардааст, пешниҳод карда мешавад.
1. Соли 1991 Қонуни конститутсионӣ «Дар бораи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Қазоқистон» қабул  карда шуда, аввалин интихоботи бевоситаи умумимиллии Президенти Қазоқистон баргузор шуд. Қазоқистон узви баробарҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ гардид. Барои эҳё ва рушди фарҳангу анъана ва забон шароити  мусоид ба вуҷуд омад. Ҷумҳурӣ ба роҳи рушди иқтисодӣ раҳсипор гашта, дар иқтисодиёт муносибатҳои бозаргониро, ки ба шаклҳои гуногуни моликият асос ёфтааст, ба роҳ монд. Худи ҳамон сол Қазоқистон озмоишгоҳи ҳастаиро баст. Қарори Қазоқистон дар бораи бастани озмоишгоҳи Семипалатинск замоне  содир гашт, ки ҷумҳурӣ ҳанӯз дар ҳайати Иттиҳоди Шуравӣ буд. Роҳбарияти Қазоқистон ба муқобилияти ҷиддии лоббиҳои ҳарбии саноатии советӣ, ки дар қабули қарорҳо дар сатҳи иттиҳод саҳми калон доштанд, дучор омад. Бо вуҷуди ин, бо нишон додани иродаи қавӣ 29 августи соли 1991 Нурсултон Назарбоев оиди бастани озмоишгоҳи Семипалатинск фармон содир кард.
2. Соли 1992 Қазоқистони соҳибистиқлол ба СММ шомил шуд. Қазоқистон дар арсаи байналмилалӣ қадамҳои фаъол гузошта, ба ҳамгироӣ дар низоми ҷаҳони сиёсӣ ва иқтисодӣ шурӯъ кард. 23 январ Шӯрои Амнияти СММ дар ҷаласаи худ қатънома дар бораи қабули Ҷумҳурии Қазоқистонро ба узвият дар ин Созмон тасвиб кард. 3 марти соли 1992 Қазоқистон узви комилҳуқуқи СММ шуд.
3. Соли 1993 пули миллӣ ба муомилот бароварда шуда, аввалин Конститутсияи Қазоқистони соҳибистиқлол қабул гардид. Дар соли 1993 ба муомилот баровардани пули миллӣ–тенге дастоварди муҳими иқтисодии давлати ҷавони соҳибистиқлол гардид. Аз ҳамин лаҳза Қазоқистон истиқлолияти иқтисодии худро ба даст овард ва имкони бунёди институтҳои молиявии худро пайдо кард. Конститутсияи соли 1993 аввалин Сарқонуни пасошӯравии Қазоқистон гардид, ки бори нахуст стратегияи истиқлолияти ҷумҳуриро амалӣ намуда, таҳкими стратегияи иҷтимоию сиёсии конститутсиониро идома дод.
4. Дар соли 1994 идеяи ҳамгироии авруосиёии Нурсултон Назарбоев садо дод ва аз қудратҳои ҳастаӣ кафолати амниятӣ гирифт. Муҳимтарин руйдод - ин муаррифии ғояи ҳамгироии иқтисодии Авруосиё буд, ки аз ҷониби нахустин Президенти ҶҚ Нурсултон Назарбоев садо дод. Вай зимни як сафари расмӣ  ба Федератсияи Россия дар Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М. Ломоносов суханронӣ карда, дар он ҷо таъсиси Иттиҳоди Авруосиёро  пешниҳод  кард. Дар охири соли 1994 се кишвари дорои қудрати ҳастаӣ–ИМА, Русия ва Британияи Кабир меморандумеро имзо карданд ва ба Қазоқистон кафолати амниятӣ доданд, ки он дахлнопазирии сарҳадҳои онро таъмин мекунад.
5. Соли 1995 Конститутсияи нав қабул карда шуд, парлумони дупалатагӣ ва Ассамблеяи халқҳои Қазоқистон (АХҚ) таъсис ёфт. Раисиҷумҳури нахустин зимни суханронӣ дар назди вакилон ниҳоди нави қонунгузорро пайдоиши парламентаризми Қазоқистон дар фаҳмиши мутамаддини худ номид. Ассамблеяи халқҳои Қазоқистон дар навбати худ, эҳёи ҳуввияти этникӣ ва фарҳанги халқҳои кишвари моро таъмин намуда, иттиҳодияҳои сершумори этнофарҳангиро дар атрофи худ муттаҳид менамояд. Ассамблея платформаи ягонаи идоракунии равандҳои этникиро ташкил дода, ба ҳифзи сулҳу оромӣ дар ҷомеаи Қазоқистон саҳм гузоштааст.
6. Соли 1996 аз таназзул ба рушди иқтисодї гузариш ба амал омад, Паёми нахустини Президент ба мардум сурат гирифт ва таъсиси Панљгонаи Шанхай дар сиёсати хориљї комёб гардид. Нурсултон Назарбоев 26 апрел ба Чин сафар карда дар Шанхай Созишномаи панҷҷониба оид ба таҳкими эътимод дар соҳаи ҳарбӣ дар минтақаҳои сарҳадӣ имзо кард, ки аҳамияти хоса дошт. Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон маҳз ба “панҷгонаи Шанхай” шомил гаштанд, ки минбаъд асоси  таъсиси Созмони ҳамкории Шанхай гардид. Дар ин давра анъанаи Паёмҳои расмии Сарвари давлат ба мардуми Қазоқистон гузошта шуд. Нурсултон Назарбоев рӯзи 7 октябр бо онҳо сӯҳбат карда, ба қазоқистониён дар бораи вазъи кунунии кишвар ва дурнамои рушди оянда маълумоти муфассал дод.
7.Соли 1997 пойтахти кишвар ба Акмола кӯчонида шуда, Стратегияи “Қазоқистон-2030” қабул гардида ва ислоҳоти маъмурию ҳудудӣ оғоз гашт. Раванди дубора ҷойгиркунӣ дар охири тирамоҳ ба анҷом расид. 8 ноябр рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Қазоқистон ба ҷои нав интиқол дода шуданд ва 10 декабр дар Акмола президент, парламент ва ҳукумат ба кор шуруъ карданд. Ду моҳ пештар як руйдоди дигаре ба вуқӯъ пайваст, ки соли 1997 дар солномаи давлати соҳибистиқлол саҳифаи вижае гардид – 10 октябр Стратегияи “Қазоқистон-2030” интишор шуд. Нурсултон Назарбоев ба мардуми Қазоқистон гуфт, ки ояндаи кишварро дар ояндаи дур чӣ гуна мебинад ва ба ин оянда чӣ гуна бояд расид. Дар барномаи стратегӣ харитаи бузурги ислоҳот ва дигарсозиҳо, роҳнамои рушди даҳсолаҳои оянда муайян карда шудааст.
8. Соли 1998 муаррифии байналмилалии пойтахти нав баргузор гардид ва Шӯрои сармоягузорони хориҷӣ таъсис ёфт. Соли ҷорӣ яке аз хабарҳои асосӣ иваз шудани номи пойтахт аз Акмола ба Остона ва муаррифии байналмилалии он буд. Пойтахти нав бо суръати бениҳоят баланд сохта мешуд. Ба ин мақсад, 57 объекти нав сохта шуд. Барои тартиб додани идеяи нақшаи генералии ободонии пойтахт низ конкурс барпо гардид, ки дар он меъмори ҷопонӣ Кисе Курокава ғолиб баромад. Худи ҳамон сол дар самти ба роҳ мондани муколама бо сармоягузорони хориҷӣ дар сатҳи комилан нав қадами муҳим гузошта шуд – Шӯрои сармоягузорони хориҷӣ дар назди Президент таъсис ёфт, ки он барои беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ пешбинӣ гардид.
9. Соли 1999 бо интихоботи президентӣ ва парлумонӣ, вуруди сармояи хориҷӣ гузашт. Ин сол барои мардуми Қазоқистон бо қабули қарори хеле муҳим - 10 январи соли ҷорӣ кишвар раисиҷумҳурро интихоб кард, ки бо ӯ ба ҳазорсолаи нав қадам мегузорад. Бори аввал дар таърихи Қазоқистони соҳибистиқлол интихобот дар асоси алтернативӣ баргузор шуд - дар бюллетенҳо 4 номзад пешниҳод карда шуданд. Мардум бо изҳори озодии иродаи худ роҳбарии кишварро ба Нурсултон Назарбоев бовар карда супурданд – 79,78% овозҳо ба ҷонибдории ӯ дода шуданд. Сиёсати салоҳиятдор оид ба фароҳам овардани фазои мусоиди сармоягузорӣ Қазоқистонро дар ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ ба пешсафии минтақа табдил дод. Соли 1999 ба иқтисоди кишвар 8,9 миллиард доллар сармояи хориҷӣ ҷалб карда шуд. Иктисодиёт 2,7 фоиз афзуд.
10.Соли 2000 Хазинаи миллї таъсис ёфт ва Доктринаи нави низомї ќабул карда шуд. Соли дастгирии фарњанг оѓоз гардид. Қазоқистон тавонист бӯҳронҳои ҷаҳониро паси сар карда, на танҳо иқтисодиётро ба эътидол оварад, балки ба марҳилаи рушди дилпуронааш гузарад. Афзоиши ММД дар соли 2000 - 8,9 фоизро ташкил дод. Дар баробари ин, роҳбарияти кишвар фаромӯш накардааст, ки “солҳои  неку” беҳтарин давраи омодагӣ ба мушкилоти эҳтимолӣ дар бозор аст. Бо фармони президент Хазинаи миллии Қазоқистон таъсис дода шуд, ки дар он маблағҳои аз бахши ашёи хом воридшаванда ҷамъоварӣ карда мешаванд. Ин “сандуқи давлат барои рӯзи сиёҳ” буда, мақсади он коҳиш додани вобастагии кишвар аз таҳаввулоти манфии иқтисоди ҷаҳонӣ иборат аст. Дар соли 2000 таваҷҷуҳи хоса низ ба масоили амниятӣ дода шуд: Доктринаи нави низомӣ қабул ва бори аввал дар даҳ соли ахир афзоиши воқеии маблағгузорӣ барои артиш оғоз гардид. Соли 2000 дар Қазоқистон ба соҳаи маданият ва фарҳанг низ аҳамияти хоса зоҳир гардид. Дар ин давра дар ҷумҳурӣ 468 китобхона, 238 клуб, 5 театр, 5 музей кушода шуда, барои азнавсозӣ ва таъмири объектҳои маданият зиёда аз 3,5 миллиард тенге харҷ гашта, 1500-солагии Туркистон ботантана таҷлил карда гардид.
11. Дар соли 2001 таъсиси ЕврАзЭС, ба кор андохтани Консорсиуми лӯлаи Хазар ва таъсиси СҲШ сурат гирифт. СҲШ, ки дар моҳи июни соли 2001 дар заминаи Панҷгонаи Шанхай таъсис ёфтааст, ба омили муҳими суботи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ табдил ёфта, нуфузи он боиси эҳтироми бисёр давлатҳо гардид, ки хоҳиши иштирокчии комилҳуқуқ, нозир ва шарики муколама шуданро изҳор кардаанд. СҲШ ба як платформаи универсалӣ табдил ёфтааст, ки ҳамкориҳоро дар як вақт дар якчанд самтҳои муҳим таъмин менамояд. Ҳамин тавр, аз ибтидо ҳамкорӣ дар СҲШ дар ду самти асосӣ: амният ва иқтисод инкишоф ёфт. Ҳамзамон, ҳамкорӣ дар соҳаи амният таҳдидҳои мушаххас, аз қабили мубориза бо терроризм, ҷиноятҳои байналмилалӣ, инчунин ҳамкорӣ дар соҳаи амнияти киберҷиноятиро дар бар мегирад. Соли ҷорӣ КТК (каспийский трубопроводный консорциум) – бузургтарин лоиҳаи байналмилалии ҳамлу нақли нафт бо иштироки Қазоқистон, Русия, инчунин ширкатҳои бонуфузи истихроҷи маъдан, ки барои сохтмон ва истифодабарии лӯлаи магистралӣ бо дарозии зиёда аз 1500 километр сохта шудааст, оғоз гардид.
12. Дар соли 2002 Конфронси ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) таъсис дода шуд. Қазоқистон дар бунёди асосҳои системаи муосири амнияти дастаҷамъӣ дар Осиё нақши муҳим бозид. Нахустин нишасти МҲТБО, ки дар он 16 кишвари узв, 10 кишвар ва созмонҳои нозир ширкат доштанд, 4 июни соли 2002 дар Алмаато баргузор шуд ва бори нахуст идеяи даъвати МҲТБО аз ҷониби Нурсултон Назарбоев дар иҷлосияи 47-уми Маҷмаи Умумии СММ 5 октябри соли 1992 эълон шуда буд. Моҳияти ташаббуси аввалин Президенти Қазоқистон дар он буд, ки сохтори муассир барои таъмини амният дар қитъаи Осиё, аз нав барқарор карда шавад.
13. Соли 2003 дар пойтахти Қазоқистон нахустин Анҷумани пешвоёни динҳои ҷаҳонӣ ва анъанавӣ баргузор гардид. Съезд воқеаи фавқулоддае гардид, ки аҳамият ва зарурати амалӣ намудани идеяи ҳамкорӣ ва иттиҳоди намояндагони динҳои гуногун дар роҳи зиндагии осоишта ва шоистаи мардумони тамоми ҷаҳонро нишон дод. Дигаргуниҳои назаррас дар соҳаи иқтисодиёт низ идома ёфтанд. Соли 2003 Қазоқистон аз рӯи ҳаҷми ММД ба ҳар сари аҳолӣ дар байни ИДМ пас аз Русия ҷои дуюмро ишғол кард. Аз 1 июл хаҷми нафақа ва баъд музди кори коркунони бюҷавӣ зиёд карда шуд. Ҳамзамон Қазоқистон ба диверсификатсияи иқтисоди худ шурӯъ кард. Ба Қавли Президент Н. Назарбоев, пеш аз ҳама, бояд бештар ба тараққиёт на «афзоиш» диққат диҳем. Таҳияи Стратегияи рушди саноатию инноватсионии Қазоқистон барои солҳои 2003-2015 оғоз гардид.
14. Дар соли 2004 институтњои рушд таъсис ёфта, барномаи “Мероси фарњангї” тасдиќ карда шуд ва барномаи ислоњоти сиёсї интишор гардид. Дар заминаи рушди индустриалӣ-инноватсионӣ ҳудуди 300 лоиҳа баррасӣ гардида, зиёда аз 50 ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шуданд. Дар солҳои истиқлолият бори нахуст суръати рушди саноати коркард аз суръати рушди саноати кӯҳӣ боло рафт. Барои дастгирии индустриализатсия, фондҳои сармоягузорӣ ва инноватсия, Бонки рушд, Фонди рушди соҳибкории хурд ва ғайра таъсис дода шуданд. Дигаргуниҳои муҳим на танҳо дар иқтисодиёт, балки дар шароити навсозии минбаъдаи сиёсии мамлакат ҳам ба амал омаданд. Нурсултон Назарбоев моҳи июн дар анҷумани VII ғайринавбатии ҳизби сиёсии ҷумҳуриявии “Отан” Барномаи миллии ислоҳоти сиёсиро эълон кард. Дар бораи таъсиси комиссияи миллӣ оид ба демократия ва ҷомеаи шаҳрвандӣ қарор  бароварда шуд.
15. Соли 2005 интихоботи президентӣ баргузор гардид. Қазоқистон ба қатори панҷ кишвари пешрафтаи иқтисодии ҷаҳон дохил шуд.  Қазоқистон ба қатори панҷ кишвари аз ҷиҳати иқтисодӣ пешрафтаи ҷаҳон дохил шуд, ки суръати афзоиши солонаро дар ҳудуди 9-10% нишон дод. Маҷмӯи маҳсулоти дохилии мамлакат аз маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқоз зиёдтар гашт. Ҳаҷми сармояи хориҷӣ ба иқтисодиёт аз 40 миллиард доллар гузашт. Дараҷаи некуаҳволии халқ ҳам баланд шуд. Ин пеш аз ҳама аз ҳисоби афзоиши музди реалӣ, ки зиёда аз 10 фоиз афзуд, вобаста буд. Дар мавриди интихобот бошад, тибқи ақидаи Нурсултон Назарбоев дар таърихи Қазоқистони муосир, аз нигоҳи ташкилӣ, бархӯрд, инчунин демократия беҳтарин интихобот буд, ба ақидаи коршиносон бошад - дар тамоми Осиёи Марказӣ.
16. Соли 2006  бо ҷашнгирии 15-солагии Истиқлолияти Қазоқистон ва қабули Стратегияи ворид шудан ба қатори 50 кишвари рақобатпазир хотирмон буд. Аввалин руйдоди соли 2006 ин маросими савгандёдкунии Президенти аз ҷониби мардум интихобшуда буд, ки 11 январ баргузор гашт. Нурсултон Назарбоев дар суханронии ифтитоҳии худ ва баъдан дар Паёми худ ба мардум ҳадафи стратегӣ ворид шудан ба қатори 50 кишвари рақобатпазиртарин дар ҷаҳонро гузошт. Инчунин, ду сохтори нав ташкил гардид: 28 январ Холдинги идоракунии дороиҳои давлатии “Самрук” ва 16 март Хазинаи рушди устувори “Казына” таъсис дода шуданд. Тавре ки Сарвари давлат таъкид кард, вазифаи онҳо баланд бардоштани сифати идоракунии корпоративии дороиҳои давлатӣ дар сатҳи байналмилалӣ мебошад.
17. Соли 2007 бо ислоҳоти конститутсионӣ, интихоботи Маҷлис дар ёд монд. Муваффақияти калон дар сиёсати хориҷӣ - ин интихоб гардидани Қазоқистон ба мақоми раиси САҲА буд. Паёми нави Сарвари давлат ба мардум “Қазоқистони нав дар ҷаҳони нав”, ки ӯ рӯзи 28 феврал ироа кард, як чизи муҳиме гардид. Он ба таври консептуалӣ муқаррароти асосии ду стратегияи васеъмиқёс – “Қазоқистон-2030” ва ворид шудани кишвар ба қатори 50 кишвари рақобатпазири ҷаҳонро таҳия кард. Нурсултон Назарбоев 30 самти сиёсати дохилию хориҷиро муайян кард, ки роҳи асосии тараққиёти давлат буданд.  Қазоқистон далели равшани эътирофи комёбиҳои воқеии кишвар дар бунёди ҷомеаи демократӣ аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ гардид. 29-30 ноябр дар Мадрид ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо баргузор гашт, ки дар он тасмим гирифта шуд, ки раёсати САҲА дар соли 2010 ба ҷониби Қазоқистон дода шавад. Ҳамаи 56 давлати аъзои ташкилот ба тарафдории ин пешниҳод овоз доданд.
18. Соли 2008 бо бӯҳрони иқтисоди ҷаҳонӣ, 10-солагии Остона рост омад. Дар ин сол нақшаи чорабиниҳои зиддикоррупсионӣ қабул карда шуд. Қазоқистон бо вокуниши фаврӣ ба чолишҳои ба вуҷуд омада, бори нахуст аз имкониятҳои  устуворгардонии Хазинаи миллӣ истифода кард. Нурсултон Назарбоев дар оғози сол вазифаи таъмини суботи молиявӣ ва коҳиш додани таъсири манфии бӯҳрон ба иқтисоди ватаниро ба миён гузошт. Барои ҳалли проблемаҳои тезутунд ба бозори сохтмони манзил диққати калон дода шуд ва 13 октябр, раисиҷумҳури нахустин ба ҳукумат дастур дод, ки як барномаи фарогири зиддибӯҳронӣ таҳия кунад (он 25 ноябр тасвиб шуд). Ҳамзамон муттаҳидшавии холдингҳои “Самрук” ва “Казныа” эълон карда шуд – дар заминаи онҳо Хазинаи нави миллии некӯаҳволии “Самрук-Казына” таъсис дода шуд, ки ба он нақши яке аз воситаҳои асосии татбиқи нақшаи чорабиниҳои зиддибӯҳронӣ гузошта шуд. Дар соли 2008 барои баланд бардоштани самаранокии системаи зиддикоррупсионӣ дар Қазоқистон як қадами бузург гузошта шуд. Нурсултон Назарбоев 6 ноябр аз қабули Нақшаи миллии мубориза бо фасод ва бознигарии қонунҳо хабар дод.
19. Соли 2009 Иттиҳоди гумрукӣ таъсис ёфт, сохтмони шоҳроҳи Аврупои Ғарбӣ-Чини Ғарбӣ оғоз шуд ва аввалин Мактаби зеҳнии Назарбоев ифтитоҳ ёфт. Бо ташаббуси Президенти аввали Қазоқистон -Нурсултон Назарбоев Шӯрои туркҳо ташкил карда шуд. Ба шарофати андешидани тадбирҳои саривақтӣ ва муассир Қазоқистон тавонист ба гурӯҳи хеле хурди кишварҳое шомил шавад, ки ба рушди мусбати иқтисоди миллӣ ноил шудаанд. 12 январ мактаби интеллектуалии Назарбоев, аввалин шабаки ҷумҳуриявии муассисаҳои таълимии намуди нав кушода шуд. Аз рӯи радабандии рушди маорифи ЮНЕСКО Қазоқистон дар байни 129 кишвари ҷаҳон ҷои аввалро ишғол кард. 3 июл аввалин телеконференсияи умумихалқӣ барпо гардид, ки дар рафти он 16 лоиҳаи саноатӣ ба истифода дода шуд. Н.Назарбоев 10 сентябр дар маросими ифтитоҳи расмии “Сохтмони асри XXI” - долони байналмилалии нақлиётии Аврупои Ғарбӣ–Чини Ғарбӣ ширкат кард. Инчунин,  аввалин шоҳроҳи Остона - Шучинск дар Қазоқистон сохта шуд.
Конец формы
Начало формы
20. Соли 2010 дар Остона нишасти САҲА баргузор шуд, Донишгоҳи Назарбоев ифтитоҳ ёфт ва барномаи рушди индустриалӣ ва инноватсионӣ оғоз гардид.  Нишасти САҲА дар Остона, ки рӯзҳои 1-2 декабр баргузор шуд, нуқтаи авҷи раёсати Қазоқистон буд ва барои худи ин созмон аҳамияти бузург дошт - 11 сол боз дар формати САҲА чунин муколамаи густурда вуҷуд надошт. Президентҳо, нахуствазирон, намояндагони воломақоми 56 кишвари узв ва 12 шарики САҲА, аз ҷумла созмону иттиҳодияҳои байналмилалӣ 2 рӯз дар сари мизи гуфтушунид нишастаанд. 2 декабр Эъломияи Остона қабул шуд.
Конец формы
Начало формы
21. Соли 2011 бо интихоботи президентӣ, раёсати Созмони ҳамкории исломӣ, Бозиҳои VII зимистонаи Осиёӣ дар ёд мондааст. Соли 2011 бо як баҳси густурда оғоз шуд - ба рӯзнома масъалаи баргузории раъйпурсӣ оид ба тамдиди салоҳиятҳои президенти амалкунанда то соли 2020 ворид карда шуд. Ташаббус дастгирии васеътарин пайдо кард - танҳо дар як моҳ тақрибан 5 миллион қазоқистониён ба тарафдории баргузории плебистсит баромад карданд. Аммо Нурсултон Назарбоев алтернатива - баргузории интихоботи пеш аз муҳлатро пешниҳод кард. Интихобот рӯзи 3 апрел баргузор шуд ва қазоқистониён ҳам дар масъалаи баргузории раъйпурсӣ якдилона буданд - 99,5% интихобкунандагон ба тарафдории Нурсултон Назарбоев овоз доданд. Аз 30 январ то 6 феврал дар Остона ва Алмаато Бозиҳои VII зимистонаи Осиёӣ баргузор шуданд. Барои варзишгарони Қазоқистон ин давраи зафаровар буд: мунтахаби кишвар 70 медал (32 тилло) ва дар сабқати даставӣ ҷои 1-ум ба даст овард. Худи ҳамон сол Федератсияи байналмилалии варзиши донишгоҳӣ тасмим гирифт, ки соли 2017 Универсиадаи 28-уми ҷаҳонии зимистонаро дар Алмаато баргузор кунад. Интегратсияи Авруосиё ба марҳалаи нав ворид шуд. Рӯзи 18 ноябр дар Маскав нахустин ҷаласаи Шӯрои олии иқтисодии Авруосиё баргузор  ва дар он эълон шуд, ки аз соли 2012 Қазоқистон, Русия ва Беларус дар Фазои ягонаи иқтисодӣ зиндагӣ хоҳанд кард. Дар пойтахти Қазоқистон нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони Конфронси Исломӣ (СКИ) баргузор шуд. Қазоқистон раёсати ин сохторро ба ӯҳда гирифт ва бо ташаббуси оид ба табдили номи Созмони Конфронси Исломӣ ба Созмони ҳамкории исломӣ (СҲИ) баромад кард. 21 октябр Алмаато мизбони нахустин нишасти Шӯрои ҳамкориҳои кишварҳои туркзабон шуд.
Конец формы
Начало формы
22. Ссоли 2012 Қазоқистон ба феҳристи 50 кишвари рақобатпазири ҷаҳон шомил шуд. Маҷмӯи маҳсулоти дохилии Қазоқистон аз замони истиқлолият 18 баробар афзоиш ёфт. Ҳаҷми иқтисоди кишвар аз сатҳи маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар маҷмӯъ қариб 2 маротиба зиёдтар буд. Даромади аҳолӣ бо ҳисоби доллар 9 маротиба афзуда, сатҳи камбизоатӣ 10 маротиба аз 40 то 4,6 фоиз коҳиш ёфт. Худи ҳамон сол созишномаҳое эътибор пайдо карданд, ки Фазои ягонаи иқтисодии Қазоқистон, Русия ва Беларусро ташкил доданд.
 Конец формы
Начало формы
23. Соли 2013 дар кишвар татбиқи Стратегияи дарозмуддати рушди “Қазоқистон-2050” оғоз гардид. Моҳи декабри соли 2012 дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон ба мардум Стратегияи рушди Ҷумҳурии Қазоқистон то соли 2050 муаррифӣ карда шуд. Мақсади асосии он бунёди ҷомеаи дорои некӯаҳволии устувор дар асоси давлати пурқувват, иқтисоди мутараққӣ ва имкониятҳои меҳнати умумӣ, дохил шудани Қазоқистон ба 30 кишвари пешрафтаи ҷаҳон буд. Стратегияи “Қазоқистон-2050” татбиқи 7 афзалияти дарозмуддати марбут ба сиёсати прагматикии иқтисодӣ, дастгирии соҳибкорӣ, кафолатҳои иҷтимоӣ ва масъулияти шахсиро пешбинӣ мекунад. Ислоҳоти системаи маориф, тайёр кардан ва такмили ихтисоси кадрҳо пешбинӣ шудааст. Стратегия инчунин ба таҳкими давлатдорӣ ва рушди демократияи Қазоқистон, сиёсати пайваста ва пешгӯинашавандаи хориҷӣ, ватандӯстии нави Қазоқистон равона гардида буд.
Конец формы
Начало формы
24. Соли 2014 бо имзои созишнома дар бораи таъсиси ЕАЭС, барномаи “Нұрлы жол” дар хотир монд. Дар соли 2014 Нурсултон Назарбоев Паёми “Роҳи Қазоқистон-2050: Ҳадафи умумӣ, манфиатҳои муштарак, ояндаи умумӣ”-ро ироа карда, дар он вазифа гузошт, ки дар Қазоқистон як қатор принсипҳо ва стандартҳои Ташкилоти ҳамкории иқтисодӣ ва тараққиётро (ОЭСР) ҷорӣ карда, ба 30 кишвари пешрафтаи ҷаҳон ворид шаванд. Таҳияи барномаи нави васеъмиқёси рушди “Нұрлы жол” анҷом ёфт, ки дар он Паёми нави Президент ба халқи кишвар барои соли 2015 бахшида шуда буд. Руйдоди муҳим дар заминаи ҳамгироии Авруосиё  сурат гирифт. Президентони Қазоқистон, Русия ва Беларус дар бораи Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё созишнома имзо карданд.
Конец формы
Начало формы
25. Соли 2015 бо интихоботи президентӣ ва имзои созишнома дар бораи шарикии васеъ бо Иттиҳоди Аврупо ёдовар мешавад. Имсол кишвари мо ба СҶТ дохил шуд. Қазоқистон чораҳои зиддибӯҳрониро дар доираи барномаи “Нұрлы жол”, ки чаҳорчӯби асосии сиёсати иқтисодӣ гардид, идома дод. Нурсултон Назарбоев дар доираи маъракаи интихоботӣ вокуниши ғайримуқаррарӣ ва қавӣ ба чолишҳои глобалии Қазоқистонро пешниҳод намуда, панҷ ислоҳоти институтсионалиро ба миён гузошт. Аввалин Президенти кишвар бо барномаи мушаххаси амалӣ ба интихобот омад ва пирӯзии комил ба даст овард. 26 апрел мардум дар интихобот фаъолияти рекордӣ нишон дод - 95,22 фоизи интихобкунандагон иштирок карданд. Бинобар маълумоти Комиссияи марказии интихоботӣ, ба ҷонибдории раисиҷумҳур 8 миллиону 833 ҳазору 250 нафар ё 97,75 фоиз дарсади интихобкунандагон овоз додаанд.
Конец формы
Начало формы
26. Дар соли 2016 Қазоқистон узви ғайридоимии Шӯрои Амнияти СММ интихоб шуд. Манифести Нурсултон Назарбоев “Ҷаҳон. Асри XXI.”, Созишнома дар бораи ба ҳам пайвастани барномаҳои стратегии Ҷумҳурии Қазоқистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин “Нурлы Жол” ва “Як камарбанд – як роҳ” ба имзо расид. Соли 2016 бо таҷлили 25-умин солгарди Истиқлолият ва татбиқи Нақшаи Миллии “100 қадами мушаххас” ҷиҳати татбиқи Панҷ  ислоҳоти институтсионалӣ гузашт. Дар иктисодиёт самараи мусбати индустрикунонӣ қайд карда шуд. Дар арсаи сиёсати хориҷӣ Қазоқистон дар Брюссел бо раиси Шӯрои Аврупо Доналд Туск ва раиси Комиссияи Аврупо Жан-Клод Юнкер мулоқот анҷом дод. Аввалин Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон барои иштирок дар Нишасти IV оид ба амнияти ҳастаӣ ба Вашингтон сафар кард. Манифести Нурсултон Назарбоев “Ҷаҳон. Асри XXI.” стратегияи глобалӣ барои муайян кардани амалҳои муштарак ва масъулиятноки давлатҳо барои аз байн бурдани ҷангу низоъҳо пешбинӣ шудааст. Бо назардошти ин ва дигар ташаббусҳои Нурсултон Назарбоев ба унвони як сулҳпарвари ҷаҳон эътирофшуда, интихоби Қазоқистон  ба ҳайси узви ғайридоимии Шӯрои Амнияти СММ барои солҳои 2017-2018 мантиқан дуруст буд.
27.Соли 2017 Қазоқистон ба платформаи ҳалли мусолиматомези низои байнисуриёӣ табдил ёфт. Намоишгоҳи байналмилалии тахассусии EXPO-2017 дар пойтахт баргузор шуд, Қазоқистон то соли 2019 узви ғайридоимии Шӯрои амнияти СММ гашт. Татбики барномаи “Рухани жаңғыру” оғоз ёфт. Кишварҳои кафили раванди Остона - Русия, Туркия ва Эрон мебошанд. Қазоқистон барои гуфтушунид замина фароҳам овард. Ҳамаи ин дар бораи обруи баланди байналхалкии Қазоқистон ва боварии ҳамаи тарафҳои дар он иштирокдошта шаҳодат медиҳад. Дар Намоишгоҳи байналмилалии EXPO-2017 - 115 давлат ва 22 созмони байналмилалӣ ширкат варзиданд. Дар намоишгоҳ зиёда аз 4 миллион нафар одамон иштирок карданд, ки ним миллион нафари онҳо аз дигар мамлакатҳо омаданд. Намоишгоҳ далели муҳими комёбиҳои иқтисодии Қазоқистон, аз тарафи аҳли ҷаҳон эътироф гардидани комёбиҳои мамлакат гардид. Барномаи “Рухани жаңғыру” дар асоси муқаррароти мақолаи Президенти нахустин Нурсултон Назарбоев “Назар ба оянда: модернизатсияи шуури ҷамъиятӣ”, ки 12 апрели соли 2017 нашр шуд, таҳия шудааст. Дар он ҳадафи асосии миллат дар давраи нави таърихӣ: ҳифз ва афзун намудани арзишҳои маънавию фарҳангӣ, ворид шудан ба 30 давлати пешрафтаи ҷаҳон зикр шудааст. Барнома якчанд лоиҳаҳоро дар бар мегирад, ки барои ноил шудан ба ин ҳадафҳо нигаронида шудаанд.
Конец формы
Начало формы
28.Дар соли 2018 Маркази байналмилалии молиявии Остона таъсис дода шуд, Нақшаи рушди стратегии Ҷумҳурии Қазоқистон то соли 2025 тасдиқ гардид ва он равандҳои модернизатсияи сеюми кишварро оғоз мекунад, ки Сарвари давлат дар оғози соли 2017 эълон карда буд. Он вазифаҳои босуръат тараққӣ кардани иқтисодиёт ва баланд бардоштани дараҷаи зиндагонии аҳолиро ба миён мегузорад. Ҳадафи асосӣ то соли 2025 ноил шудан ба эҳёи босифат ва устувори иқтисодӣ, ки боиси болоравии некӯаҳволии мардум дар сатҳи кишварҳои Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушд мебошад.
Конец формы
Начало формы
29.Соли 2019 Қосим-Ҷомарт Тоқаев бо раъйи мардумӣ раисиҷумҳури Қазоқистон интихоб шуд. Нурсултон Назарбоев, президенти нахустини Қазоқистон, шоми 19 марти соли 2019 дар паёми худ ба мардум эълом кард, ки ихтиёран аз ваколатҳои президентӣ даст кашид. Ба гуфтаи Назарбоев, масъалаи идомаи қудрат аз тариқи конститутсионӣ ҳал шуда, салоҳияти президент то анҷоми давраи интихобот ба раиси Сенат вогузор мешавад. Ин вазифаро он вақт Қосим-Ҷомарт Тоқаев ба ӯҳда дошт. Нурсултон Назарбоев ӯро поквиҷдон, масъулиятшинос номида, қайд кард ки мо метавонем идораи Қазоқистонро ба ӯ бовар кунем. Интихоботи умумихалқии Президенти нав 9 июни соли 2019 баргузор шуд. Қосим-Ҷомарт Тоқаев дар интихобот бо пуштибонии беш аз 70 дарсади интихобкунандагон пирӯз шуд. Президент Тоқаев самти модернизатсияи сиёсиро эълон кард ва платформаи нави муколамаи байни давлат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ - Шӯрои Миллии Эътимоди Ҷамъиятӣ таъсис дода шуд. Президент Созишномаи нави иқтисодӣ ва консепсияи “давлати шунаво”-ро пешниҳод кард. Сармояи инсонӣ ва сифати зиндагӣ афзалияти давлат номида шуд.Конец формы
Начало формы
Конец формы
Начало формы
30.Дар солҳои 2020-2021 як қатор ислоҳоти иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва тадбирҳои дастгирии аҳолӣ ба амал бароварда шуда, натиҷаҳои аввалини ислоҳоти демократӣ зоҳир гардиданд. Сарфи назар аз пандемия, Қазоқистон тавонист суботи иқтисоди миллиро ҳифз кунад, ба шаҳрвандон, соҳибкорони хурду миёна, ки аз пандемия зарар дидаанд, кумак расонад ва суботи иҷтимоиро нигоҳ дорад. Тадбирҳои дастгирии шуғли аҳолӣ дар соли 2020 - 1,4 миллион нафар, аз ҷумла 238 ҳазор нафар дар доираи Барномаи “Роҳи шуғли аҳолӣ” фаро гирифта шудаанд. 700 ҳазор соҳибкор имтиёзҳои андоз гирифтанд. 80% қарзгирандагон аз соҳаҳои зарардида ба таъхир андохтани қарз гузаронида шуданд. Қариб 40 ҳазор лоиҳаи соҳибкорон бо ставкаи имтиёзнок маблағгузорӣ шуд. Ёрии тиббӣ ба аҳолӣ дар сатҳи баланди касбӣ ташкил карда шуда, ҷиҳати пешгирии оқибатҳои сирояти коронавирус (COVID-19) чораҳо андешида шуданд. Қариб дар ҳамаи соҳаҳои бахши воқеӣ ва намудҳои алоҳидаи хизматрасонӣ суръати мусбати афзоишро нишон доданд. Инҳо сохтмон, иттилоот ва коммуникатсия, кишоварзӣ, истеҳсолот, маориф мебошанд. Дар соли 2020 рушди бахши воқеӣ муҳаррики иқтисодӣ гардида, 2,0 фоизро ташкил дод. Қариб дар ҳамаи соҳаҳои бахши воқеӣ ва намудҳои алоҳидаи хизматрасонӣ суръати мусбати афзоишро нишон доданд. Бахши хизматрасонии сол бо оқибатҳои пандемия манфӣ бо нишондодӣ 5,6% ба охир расид, ҳарчанд дар охири сол динамика ба барқароршавӣ шурӯъ кард. Сарвари давлат Қосим-Жомарт Тоқаев соли 2021-ро Соли 30-солагии Истиқлолият эълон кард. Ҷашн зери нишони ислоҳоти иқтисодӣ ва сиёсӣ, рақамисозӣ, ҳифзи ҳуқуқи кӯдакону маъюбон ва ҳалли мушкилоти экологӣ мегузарад. Соли 2021 аввалини ислоҳоти демократӣ, ки раисиҷумҳур эълон кардааст, аллакай натиҷа доданд. Интихоботи њокимони дењот баргузор гардид. Интихоботи Маљлис бартарии низоми бисёрњизбиро нишон дод. Мубориза бар зидди рафъи оқибатҳои пандемия идома ёфт. 26 апрели соли 2021 татбиқи ваксинаи QazVac дар кишвар оғоз ёфт.
 
Тарҷума аз маҷаллаи “Казахстанская правда”.
https://kazpravda.kz/news/obshchestvo/top-30-samih-znakovih-sobitii-nezavisimogo-kazahstana
Муаллиф И.Прохоров
 
Ходими калони ИОМДОА
АМИТ
Саримсаков И.К.
15.12.2021 с.
 

БОЗГАШТ