БАЁНИЯИ КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ – АМАЛИИ ҶУМҲУРИЯВӢ ДАР МАВЗУИ “МАСОИЛИ РАВОБИТИ ГЕОИҚТИСОДИЮ ГЕОСИЁСИИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ ДАР ДОИРАИ ЛОИҲАИ CASA – 1000”

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

        15 – уми сентябри соли 2025 Конференсияи илмӣ – амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзуи “Масоили равобити геоиқтисодию геосиёсии Осиёи Марказӣ дар доираи лоиҳаи CASA – 1000” дар Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ баргузор гардид.

        Бояд қайд намуд, ки ташкил ва гузаронидани конференсияи мазкур баҳри дар амал татбиқ намудани муносибатҳои геоиқтисодию геосиёсии Осиёи Марказӣ дар доираи лоиҳаи CASA – 1000 ба ҳисоб рафта, инчунин, барои баланд бардоштани сатҳи малакаи дониши ҷомеа ва таҷрибаи касбии мутахассисони соҳаи иқтисодиёт, сиёсат, муносибатҳои байналмилалӣ ва энергетика мусоидат ҳоҳанд кард.

        Дархосту тавсияҳои дар ҷараёни кори конференсия аз ҷониби маърӯзачиён пешниҳодкардашуда, роҳҳои муҳимтарини фаъолиятро дар самтҳои ҳамгироии лоиҳаи CASA – 1000 бо кишварҳои Осиёи Марказӣ муайян намуданд.

Маърӯзаҳо ва музокираҳое, ки имрӯз мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор гирифт, аз лиҳози мазмуну мундариҷа мубрам буда, ҳар яке дар алоҳидагӣ таъсири амиқи худро ба шунавандагон гузоштанд.

        Инчунин, дар кори конференсияи имрӯза мутахассисон, коршиносони муассисаҳои таълимӣ, илмӣ-таҳқиқотӣ, олимон, намояндагони ВАО ва ғайра иштирок, баҳсу мунозира, маърӯза ва музокираҳо намуда, пешниҳодҳои мушаххаси худро атрофи масъалаҳои баррасишаванда иброз намуданд.

        Маврид ба зикр аст, ки баёнияи конференсия дар сомонаи интернетии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо ва ВАО нашр карда шуда, инчунин ба иштирокчиёни конференсия, институтҳо ва марказҳои илмию таҳқиқотии манфиатдор фиристода мешавад.

Тавсияҳо ва натиҷаҳои Конференсияи илмӣ – амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзуи “Масоили равобити геоиқтисодию геосиёсии Осиёи Марказӣ дар доираи лоиҳаи CASA – 1000”:

  • баргузории конференсияро бомуваффақият ҳисобида, ба муассисаҳои илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки ба омӯзиши муносибатҳои байналмилалӣ ва муносибатҳои байналмилалии иқтисодӣ машғул мебошанд, тавсия дода шавад, ки минбаъд гузаронидани ҳамин гуна конференсия ва ҳамоишҳои илмиро бо ҷалби доираи васеи олимони варзидаи ҷумҳурӣ ва минтақа ба роҳ монанд;

  • лоиҳаи CASA–1000, ҳамчун як ташаббуси минтақавии энергетикӣ, яке аз заминаҳои муҳимми таҳкими ҳамгироии иқтисодии кишварҳои Осиёи Марказӣ бо Афғонистон ва Покистон мебошад. Ин лоиҳа на танҳо аҳамияти энергетикӣ, балки арзиши стратегии геосиёсӣ низ дорад;

  • ҳамкории минтақавӣ дар доираи лоиҳаи CASA–1000 метавонад заминаи устувор барои рушди муносибатҳои иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ байни кишварҳои минтақа гузорад ва ба паст гардидани шиддатҳои эҳтимолии геосиёсӣ мусоидат намояд;

  • ҳадафҳои CASA–1000 бояд ба равандҳои нави геоиқтисодӣ, аз ҷумла ташаббусҳои дигар (масалан, «Як камарбанд – як роҳ») ҳамоҳанг карда шаванд, то аз рақобати манфиатҳо ба ҳамбастагии минтақавӣ гузарем;

  • лоиҳаи CASA–1000 бо фароҳам сохтани тиҷорати минтақавии нерӯи барқ ва фароҳам овардани шароит барои сармоягузориҳои дигар дар инфрасохтори тиҷорат/интиқол дар минтақа, ба коҳиши камбизоатӣ дар баъзе аз фақиртарин қисматҳои ҷаҳон, инчунин беҳбудии амнияти энергетикӣ ва суботи минтақа мусоидат хоҳад кард;

  • муҳаққиқони институтҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, Маркази тадқиқоти стратегӣ, вазорату идораҳои дахлдор, кафедраҳои фанҳои ҷамъиятии муассисаҳои олӣ ва коллеҷҳоро зарур аст, ки ҷиҳати тавсеа ва таҳкими ҳамкориҳо дар дар доираи лоиҳаи CASA–1000 тавсияҳои мушаххаси хешро пешниҳод намоянд;

  • лоиҳаи CASA – 1000 ҳамчун як қадами муҳимми аввалин дар самти татбиқи иқтидори тиҷорати нерӯи барқ байни Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ хизмат хоҳад кард ва хароҷоти ками сармоя ба коҳиш додани хатарҳои молиявии лоиҳа мусоидат мекунад;

  • лоиҳаи CASA – 1000 манбаи устувори даромади Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистонро фароҳам меорад, ки метавонад барои рафъи камбудии шадиди нерӯи барқ дар фасли зимистон истифода шавад;

  • лоиҳаи CASA – 1000 норасоии нерӯи барқро дар Покистон ва Афғонистон дар мавсими авҷи тобистон, вақте ки талабот ба нерӯи барқ бештар аст, коҳиш хоҳад дод;

  • таҳкими амният ва суботи сиёсӣ дар кишварҳои шарик, махсусан Афғонистон, барои татбиқи муваффақонаи лоиҳа зарур мебошад. Дар ин замина, ҳамкории ниҳодҳои амниятӣ ва сиёсати хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ нақши калидӣ дорад;

  • дорои “механизми дастрасии кушода” барои мусоидат ба интиқоли нерӯи барқ аз кишварҳои дигари минтақа ва тавсеаи имкониятҳои тиҷорат берун аз давраи тобистони ибтидоӣ пешбинӣ шудааст;

  • аз тарафи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ масъалаи инкишофи ҳамкориҳои геоиқтисодӣ ва геосиёсии Осиёи Марказӣ дар доираи лоиҳаи CASA–1000 амиқан омӯхта шуда, ҳамкориҳо бо кишварҳои минтақа дар ин раванд мақсаднок ба роҳ монда шавад;

  • механизмҳои ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла дар самти муназзами тақсими даромад, ҳифзи муҳити зист ва истифодабарии оқилонаи захираҳои табиӣ, бояд бо назардошти манфиатҳои тарафайн таҳия ва татбиқ шаванд;

  • нақши Ҷумҳурии Тоҷикистон дар лоиҳаи CASA–1000 ҳамчун кишвари манбаи асосии нерӯи барқ басо муҳим буда, зарурати рушди инфрасохтори энергетикӣ, мукаммалсозии қонунгузорӣ ва ҷалби сармоягузории хориҷӣ бештар мегардад.

        Бинобари ин, бо дарки масъулияти илмӣ ва шаҳрвандӣ, таъкид менамоем, ки лоиҳаи CASA–1000 метавонад ба омили калидии рушди устувори Осиёи Марказӣ табдил ёбад. Аз ин рӯ, ҷиҳати боз ҳам тағйирёбии муносибатҳои геоиқтисодию геосиёсии Осиёи Марказӣ дар доираи CASA–1000 чунин натиҷагирӣ намудан мумкин аст:

  • ҳамкориҳои илмӣ ва таҳқиқотӣ дар самти таҳлили паёмадҳои геосиёсӣ ва геоиқтисодии лоиҳаи CASA–1000 таҳким меёбад;

  • барои татбиқи пурраи меъёрҳои шаффофият ва устуворӣ дар раванди иҷрои лоиҳаи CASA–1000 мусоидат менамояд;

  • муколамаи доимӣ байни сиёсатмадорон, коршиносон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар мавриди таъсири лоиҳаи CASA–1000 ба равандҳои минтақавӣ рушд меёбад;

  • бо вуҷуди монеаҳову масоили печида дар минтақа, татбиқи лоиҳаи CASA–1000 мушкилоти энергетикии кишварҳоро то андозае бартараф карда, ба баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум мусоидат менамояд ва рушди саноату сармоягузории кишварҳои минтақаро беҳтар мегардонад;

  • лоиҳаи CASA–1000 ҳамчун стратегияи пайвандгари Осиёи Марказӣ бо Осиёи Ҷанубӣ бояд донист, ки баҳри манфиати мардумони минтақа ба роҳ монда шудааст;

  • барои татбиқи лоиҳаи CASA–1000 Шурои байниҳукуматӣ ташкил шудааст, ки дар зинаҳои аввал он ҳамкориҳои самараноки минтақавиро таъмин намуда, дар доираи Шурои байниҳукуматӣ давлатҳо оид ба амалисозии лоиҳа қарор қабул карда, роҳу равишҳоро бо стандартҳои ягонаи техникиву экологӣ барои таъмини бехатарии умумӣ таҳия менамоянд;

  • амалӣ гардидани лоиҳаи CASA–1000  барои ташкили бозори минтақавии электроэнергия дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ (CASAREM) мусоидат менамояд.

БОЗГАШТ