АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

БАЁНИЯИ КОНФЕРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ИЛМӢ ТАҲТИ УНВОНИ “МАСЪАЛАҲОИ МУБРАМИ ШАРҚИ НАЗДИК ВА МИЁНА: РАВАНДИ СУЛҲОФАРИНӢ ВА МУБОРИЗА БО ТЕРРОРИЗМ”

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

   Меҳмонони азиз, ҳозирини гиромӣ!
   Ташкил ва гузаронидани конференсияи мазкур баҳри дар амал татбиқ намудани сиёсати давлатии Тоҷикистон дар самти мубориза бар зидди терроризм, ҷараёни сулҳофаринӣ дар ин раванд, ки бо ҷиноятҳои трансмиллӣ алоқа доранд, ба ҳисоб рафта, инчунин, барои баланд бардоштани сатҳи малакаи дониши ҷомеа ва таҷрибаи касбии ҳайати шахсии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои қудратии мамалакат ва сокинони он мусоидат ҳоҳанд кард.
   Дархосту тавсияҳои дар ҷараёни кори конференсия аз ҷониби маърӯзачиён пешниҳодкардашуда, роҳҳои муҳимтарин ва беҳтарини фаъолиятро дар самтҳои чораҳои пешгирӣ, аз байн бурдан, ошкорнамоӣ ва тафтиши ҷиноятҳои дар ин самт алоқамандбударо муайян намуданд.
   Маърӯзаҳо ва музокираҳое, ки имрӯз дар ин толор садо доданд, аз лиҳози мазмуну мундариҷа хеле пурмӯҳтаво буданд ва ҳар яке дар алоҳидагӣ таъсири амиқи худро ба шунавандагон гузоштанд.
   Дар кори конфронси имрӯза меҳмонон аз дохилу хориҷи ҷумҳурӣ, намояндагони сафоратхонаҳои муқими Тоҷикистон, мутахассисон, коршиносон, намояндагони созмонҳои гуногун, муассисаҳои таълимӣ, илмӣ-тадқиқотӣ, олимон, намояндагони ВАО ва ғайра иштирок намуда, дар баромад, баҳсу мунозира, маърӯза ва музокираҳо фикру назар, ақоид, андеша ва пешниҳодоти хешро дар атрофи масъалаҳои баррасишаванда иброз намуданд.
   Боварӣ дорем, ки масъулин, намояндагони идораву ташкилотҳо ва муассисаҳои дар толор ҳузурдошта, қувваю восита, таҷриба, донишу малакаи худро баҳри таъмини иҷрои талаботи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм», «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)», «Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кӯмак ба қурбониёни савдои одамон» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дархосту тавсияҳои пешниҳоднамудаи мутахассисон – иштирокчиёни конференсияи мазкур ва муваффақ шудан ба нишондиҳандаҳои назаррас дар мубориза бар зидди ин зуҳурот, ки бо ҷиноятҳои трансмиллии характери террористӣ, экстремистӣ, савдои одамон, гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар алоқаманданд, сафарбар хоҳанд кард.
   Баёнияи конфронс дар сомонаи интернетии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо ва дигар ВАО нашр карда шуда, инчунин ба иштирокчиёни конфронс, институтҳо ва марказҳои илмию таҳқиқотии манфиатдор фиристода мешавад.
   Иштирокчиёни конфронс барои ташаббус дар ташкил ва гузаронидани конфронси мазкур ба Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, алалхусус ба президенти АИ ҶТ, академик Фарҳод Раҳимӣ миннатдорӣ баён мекунанд.
   Тавсияҳо ва дархостҳо аз натиҷаи конференсияи байналмилалии илмӣ таҳти унвони “Масъалаҳои мубрами Шарқи Наздик ва Миёна: раванди сулҳофаринӣ ва мубориза бо терроризм”
  1. Баргузории конфронсро бомуваффақият ҳисобида, ба муассисаҳои илмии кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки дар самти омӯзиши таърихи терроризму экстремизм ҷаҳд ва талошу кор мебаранд, тавсия дода шавад, ки минбаъд гузаронидани ҳамин гуна конфронс ва ҳамоишҳои илмиро бо ҷалби доираи васеи олимони варзидаи минтақа ва ҷаҳон ба роҳ монанд;
  2. Муҳаққиқони институтҳои илмӣ-тадқиқотӣ, Маркази тадқиқоти стратегӣ, кафедраҳои фанҳои ҷамъиятии макотиби олӣ ва коллеҷҳоро зарур аст, ки омилҳои берунии таъсиррасонии мафкураи ғайр ва воридшавии таъсири амалиётҳои террористӣ ва дигар гурӯҳҳои динӣ-экстремистиро омӯхта, баҳри пешгирӣ ва густариши онҳо дар миёни аҳолӣ тавсияҳои мушаххаси хешро пешниҳод намоянд;
  3. Аз тарафи созмону ташкилотҳои хориҷӣ масъалаи маблағгузории ташкилотҳо ва созмонҳои террористӣ амиқан омӯхта шуда, масъалаи такмили ихтисоси мутахассисон, кормандон ва муассисаҳои дар ин самт муборизабаранда созмон дода шуда ва ҳамкориҳо бо кишварҳои хориҷӣ дар ин раванд мақсаднок ба роҳ монда шавад;
  4. Бо мақсади пешгирӣ ва мубориза бо зуҳуроти террористию ифротгароӣ корҳои тарғиботию ташвиқотӣ дар самти тарбияи ватандӯстӣ, садоқатмандӣ ва пойдории ваҳдати миллӣ дар миёни аҳолӣ, бахусус ҷавонон, ки табақаи осебпазири ҷомеаро ташкил медиҳанд, чорабиниҳои мушаххас бо ҷалби олимон, адибон, намояндагони дин ва васоити ахбори омма ба роҳ монда шавад;
  5. Аз ҷониби мақомотҳои салоҳиятдор ва муассисаҳои махсуси сарукордошта масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатии сокинони ҷумҳурӣ ба хориҷи кишвар, раванди таҳсили ҷавонон, махсусан дар макотиби диннии кишварҳои хориҷ, ки аз беназоратӣ ба зери таъсири ҳизбу ҳаракатҳои тундгаро ва динию-экстремистӣ маҷбуран шомил гардонида шуда, дар низоъҳои мусаллаҳона истифода бурда мешаванд ба зери назорат гирифта шуда, мавриди омӯзиш қарор дода шавад;
  6. Мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти маҳаллӣ, сохторҳои кор бо занон ва оила, ҷамоатҳои шаҳраку деҳотро зарур аст, ки бо мақсади пешгирӣ намудани таъсири манфии муҳоҷирати меҳнатӣ, ҷудошавии оилаҳои ҷавон, табақаҳои камбизоати аҳолӣ ва дигар омилҳоро ҷиҳати расонидани кӯмак ва дастгирӣ ба зери назорат гирифта, ташкили хизматрасонии иҷтимоӣ, таъмини дастгирии руҳию равонӣ ва иҷтимоиро дар сатҳи маҳалла, мактаб ва оилаҳои ниёзманд ба роҳ монанд ва барои ҳалли дурусти ин самт воҳиди мушаххаси кориро ташкил намоянд;
  7. Бо мақсади баланд бардоштани рӯҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ, тақвияти ақидаҳои солим, маърифати хуби илмӣ ва ривоҷи анъанаҳои ниёгон беҳтар мебуд, ки соатҳои дарсию машғулиятҳои сексионӣ ва берун аз дарсӣ аз фанни Таърихи халқи тоҷик зиёд карда шуда, омӯзиши фарҳанги тамаддуни миллатамон бештар аҳамият дода шавад;
  8. Ба хотири пур кардани фазои идеологӣ, бетаъсир кардани нуфуз ва мавқеи ифротгароёни диннӣ дар ҷомеа мақомотҳои салоҳиятдори давлатӣ, ҳукуматӣ ва созмону ташкилотҳои ҷамъитиро зарур аст, ки чораҳои муассирро роҳандозӣ намоянд.
  9. Давлатҳо ва ҳукуматҳои минтақаро зарур аст, ки дар самти пешгирӣ ва бетаъсир гардонидани фаъолияти созмону ҳаракат ва ташкилотҳои хусусияти террористӣ ва тундгароии динӣ дошта ҳамкориҳои судманд ва мушаххасро ба роҳ монанд.
   Ҳозирини гиромӣ!
   Дар охир аз фурсати муносиб истифода бурда, шахсан аз номи роҳбарият ва Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба ҳар яки иштирокчиёни конфренсияи илмӣ-амалӣ, аз ҷумла ба:
  • Абдуллозода Аҳтам Рустам- Раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • Генерал-майор Эгамзода Шараф-муовини сардори Ситоди Генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • Соҳибназарзода Манучеҳр Соҳибназар- сармутахассиси Шуъбаи назорати Дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе;
  • Амонзода Ширин- муовини раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • Муҳаммад Абдураҳмон Наврӯз- узви вобастаи АИ ҶТ, ноиби Президенти АИ ҶТ;
  • Доктор Аҳмад-ал-Марзуқӣ, муовини директори Маркази таҳқиқоти стратегии Амороти Муттаҳидаи Араб;
  • Қосимшо Искандаров- и.в. саркотиби илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои таърих, профессор;
  • Мирзо Муллоаҳмад, узви вобастаи АИ ҶТ, мудири Шуъбаи Шарқи Наздик ва Миёнаи Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АИ ҶТ;
  • Абдухамитов Валиджон Абдухалимович- доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, директори Маркази илмӣ-таҳқиқотии мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм дар назди Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия;
  • Лоиқназар Мумин- сармутахассиси Раёсати таҳсил ва ояндабинии сиёсати хориҷии Маркази таҳқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ;
  • Осими Оқил- номзади илмҳои техникӣ, мудири кафедраи коркарди конҳои канданиҳои фоиданоки Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон;
  • Хуҷова Мавҷуда- номзади илмҳои филология, ходими калони илмии Маркази мероси хаттии АИ ҶТ;
  • Шоҳсанами Ризо- саромӯзгори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ;
  • Очилова Меҳринисо Илҳомовна- номзади илмҳои филология, дотсенти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд;
  • Исроилов Раҳматшоҳ- ходими илмии Маркази мероси хаттии АИ ҶТ;
  • Эркаев Сафар Абдулхайрович- номзади илмҳои таърих, дотсенти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд;
  • Одинаев Абдуҳалим- ходими пешбари илмии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АИ ҶТ., миннадорӣ баён намоям!
   Бо ҳамин Конференсияи илмӣ-амалии байналмилалӣ дар мавзуи «Масъалаҳои мубрами Шарқи Наздик ва Миёна: раванди сулҳофаринӣ ва мубориза бо терроризм»-ро пушида эълон менамоям.
   Ба диққататон ташаккур!

БОЗГАШТ