АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Баландтарин муҷассама дар дунё

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

  Моҳи октябри соли 2018 ахбори оммаи Ҳиндустон ба забонҳои гуногуни ин мамлакат оид ба бунёди баландтарин муҷасама дар ҷаҳон хабаре паҳн намуд. Ин муҷасама ҳайкали яке аз машҳуртарин арбоби сиёсии Ҳиндустон, яке аз сарварони намоёни ҳизби Конгресси миллии Ҳиндустон, яке аз муаллифони Конститутсияи нави Ҳиндустони озод, муборизи сарсупурдаи роҳи озодӣ, ҷойнишини аввалин сарвазири ин мамлакат – Валлабҳаи Пател мебошад. Ҳайкали Валлабҳаи Пател 182 метр баландӣ дошта, дар ҷаҳон аз лиҳози баландӣ дар ҷои якум меистад. Албатта, оид ба бунёди чунин ҳайкали баланду боҳашамат бисёр саволҳо пайдо мешаванд. Аз ҷумла, кадом далел боис шудааст, ки ҳукумати Ҳиндустон бунёди чунин ҳайкали баланду бошукуҳро ба Валлабҳаи Пател муносиб дидааст? Валлабҳаи Пател кист, дар кадом солҳо умр ба сар бурда, фаъолият кардааст ва чи нақше дар таърихи Ҳиндустон дорад? Оё сиёсатмадорон ва таърихнигорон ба фаъолияти сиёсии Валлабҳаи Пател якхела баҳо додаанд? Ҷавоби ин саволҳо, албатта, ба ҳамватанони Сардор Пател маълум аст, лекин берун аз Ҳиндустон ба он дараҷае, ки бояд бошад, маълум нест, барои ҳамин ҳам додани як маълумоти кутоҳеро оид ба ин шахсияти бузург лозим донистем. Оид ба бузургиву ҳашамат, масоҳат, ҷои ҷойгиршавӣ ва таърихи сохтмони ин ҳайкали беҳамто низ маълумоте додан дар ин ҷо муносиб медонем. Қабл аз ҳама ҳаминро таъкид карданӣ ҳастем, ки агар Валлабҳаи Пател чун фарзанди вафодор ба халқу ватанаш намешуд ва агар корнамоиҳои беназир барои озодиву истиқлолияти Ҳиндустон намекард, ҳеҷгоҳ насли имрӯзаи халқи ҳинду ва сиёсатмадорони дурандеши он гузоштани чунин ҳайкал ва арзи эҳтироми олиро нисбат ба ӯ лоиқ намедонистанд.
  Валлабҳаи Ҷавербҳай Пателро, ки бештар Сардор Пател ҳам мегӯянд ва ӯ бо ҳамин ном машҳур шудааст. Калимаи “сардор” ба забонҳои Ҳиндустон аз забони форсӣ-тоҷикӣ гирифта шудааст ва чун “сардар” талафуз карда мешавад ва ба маънои сардор, доҳӣ, раҳбар, фармондеҳ ва хӯҷаин дар истифода мебошад. Инчунин агар ба калимаи sardar суфикси ҳиндӣ ni-ро ҳамроҳ кунем,пас маънои ҳамсари доҳӣ, ҳамсари роҳбар ва ҳамсари хӯҷаинро медиҳад. Пеш аз гирифтани номи сикҳи обурӯманд ҳам, аввал ба калимаи sardar шакли sardarj дода, пас номи даркориро мавриди истифода қарор медиҳанд.
  Сардор Пател 31 октябри соли 1875 дар шаҳри Надиад таваллуд шудааст. Ин шаҳр дар музофоти Гуҷарат воқеъ аст ва маркази вилояти Кҳеда мебошад. Оилаи Сардор Пател ба кастаи Лева Пател (Патидар) тааллуқ дорад. Ӯ фарзанди чоруми Ҷавербай Пател ва Ладба Деви мебошад. Сардор Пател пайрави Маҳатма Ганди буда, ҳамчун муборизи роҳи озодӣ, сиёсатмадор, ҳуқуқшинос ва ҷойнишини якуми аввалин сарвазири Ҳиндустони озод - Ҷавоҳирлол Неҳру шинохта мешавад. Валлаҳай Пател арбоби давлатии Ҳиндустон аст. Вай яке аз рохбарони Конгресси миллӣ буда, дар навиштани Конуни Асосии мамлакат ва ташаккули сохти сиёсии он низ иштирок кардааст.
  Сардор Пател пас аз хатми мактаби миёна дар Коллеҷи ҳуқуқшиносӣ таҳсил карда, онро бо баҳои аъло хатм кардааст. Дар давоми даҳ сол аз соли 1900 то соли 1910 дар шаҳрҳои Годҳра ва Балсад ба ҳайси адвокат оид ба корҳои ҷиноятӣ кор кардааст. Вай ба дараҷаи олӣ пешаи худро медонист ва дар давраи нисбатан кӯтоҳи таҷриба гирифтан яке аз ҳуқуқшиносони машҳур ва муваффақи Ҳиндустони мустамликавӣ гардид. Пас  соли 1910 ба шаҳри Лондон сафар намуда, Соли 1910 ӯ ба Лондон рафт ва ба корпоратсияи ҳуқуқии Маъбади Мидл Темпл (Temple Middle Temple) ҳамроҳ шуд. Соли 1913 аз Лондон баргашта, дар шаҳри Аҳмадобод боз ҳамчун ҳуқуқшинос иҷрои вазифа мекунад. Дар ин муддат Валлабхай Пател ба пешвои халқи Ҳинд Маҳатма Ганди ва ғояҳои ӯ аз наздик шинос мешавад. Шахсияти Махатма Ганди ва таълимоти ӯ ба ҷахонбинии Валлабҳаи Пател таъсири калон расондааст. Аз ин ҷо вай дар пеши худ вазифа мегузорад, ки ҳамчун пайрави Маҳатма Ганди то ба ҳадди охир барои аз зулму истисмори аҷнабиён озод намудан ва соҳибистиқлол шудани Ҳиндустон мубориза мебарад. 
  Аввалин ва бузургтарин саҳми Сардор Пател дар ҳаракатҳои миллӣ- озодихоҳӣ дар соли 1918 дар Кҳеда дар Гуҷарат дида мешавад. Дар он сол дар Кҳеда хушксолии шадид буд. Деҳқонон аз ҳукумати Англия хоҳиш намуданд, ки ба онҳо нисбати андозсупорӣ каме сабукӣ диҳад. Вале ин қабул нашуд. Сардор Пател, Маҳатма Ганди ва дигарон ба деҳқонон роҳбарӣ карда, аз онҳо хоҳиш карданд, ки аз супоридани андоз саркашӣ кунанд. Дар охир ҳукумат маҷбур шуд розӣ шавад ва ҳамон сол нисбат ба супоридани андозҳо деҳқонон соҳиби баъзе имтиёзҳо шуданд. Ин аввалин муваффақияти назарраси Сардор Пател буд.
  Дар минтақаи Сурати музофоти Гуҷарат Бардоли ном шаҳр воқеъ аст. Соли 1928 дар ин минтақа намоёнтарин ҳаракати деҳқонон бо сарвари Валлабҳай Пателӣ ба вуқуъ пайваст. Ҳамон вақт ҳукумати музофот аз деҳқонон иҷорапулиро то 30 фоиз расонд. Ба ин иқдоми беадолатона Валлабҳай Пател қатъиян муқобил баромад. Хукумат барои пахш кардани ин ҳаракати одилонаи мардуми бе ин ҳам бенаво чораҳои қатъӣ дид, вале муваффақ нашуд. Дар охир маҷбур ба талабҳои деҳқонон розӣ шавад. 
  Пас аз муваффақияти ин ҷунбиши мардумӣ ба Валлабҳай Пател унвони "Сардор" дода шуд. Дар ин ҳаракати мардумӣ нақши Валлабҳбҳай Пател барало намоён буд. Географияи эътибори ин марди мубориз то рафт васеътар ва шуҳраташ чун ҳомии халқ ва пайрави Маҳатма Ганди афзоиш меёфт.
  Соли 1947 Дар вақти ба ду давлат – Ҳиндустону Покистон тақсим шудани Ҳиндустон дар Ҳиндустон задухурди шадиди ваҳшиёна ба амал омад, ки дар натиҷа садҳо ҳазор аҳолии бегуноҳ кушта ва миллионҳо одамон бе хонаву дар монданд. Зинда мондаҳо аз маконҳои аслиашон ночор ба дигар ҷойҳо кӯч бастанд, дақиқтараш бе доштани бисоте гуреза шуданд, чунки дороияшон тороҷ ва манзилҳояшон ба коми оташ рафта буд. Анбуҳи зиёди мардум ноилоҷ аз Покистон ба Ҳиндустон ва аз Ҳиндустон ба Покистон ҳазорҳо мушкилиҳоро паси сар карда, роҳ гирифтанд. Шояд ягон давлати ҷаҳон ин қадар харобшавии вазнин ва хунинро, ки гуногунмазҳабҳо онро бо дастгирӣ ва дахолати  аҷнабиҳо байни худ раво дидаанд, дар таърихи худ намедонист. Мутобиқи маълумотҳои гуногун, дар ин бархурдҳо аз нисф то як миллион аҳолии бегуноҳ ба ҳалокат расидааст. Дар ҳамин вақт Шуъбаи махсусе, ки ба он Сардор Пател сарварӣ мекард, барои расондани ёрии тиббӣ ба зарардидагон ва гурезаҳо, нигаҳдории тартибу низоми сохторҳо корҳои зиёдеро ба анҷом расондааст. Пас аз ин иқдом шуҳрати Валлабҳай Пател дар байни ҳиндуҳо боз бештар гардид. Пас аз ноилоҷ тақсим шудани Ҳиндустони мустамликавӣ дар таърихи 15 августи соли 1947, Валлабҳай Пател вазифаи муовини сарвазир ва вазири корҳои дохилаи Ҳиндустонро ба уҳда гирифт. Вай яке аз роҳбарони Конгресси миллии Ҳиндустон буд, ки барои пурқувват намудани ин ҳизб саҳми намоён дорад. Сардор Пател ҳамчун ҳуқуқшиноси барҷаста яке аз муаллифони Конститутсияи Ҳиндустони нав ва яке аз офарандагони сохти сиёсии нави мамлакат гардид.
  Дар назди давлати нав озод шуда ва ҳукумати тоза интихобгардидаи Ҳиндустон яке аз вазифаҳои ниҳоят муҳим ин нигаҳдории сарҳадҳои ин мамлакат буд. Сардор Пател кӯшишҳои зиёд ба харҷ додааст, ки Ҳиндустон сарҳадҳои худро мукаммалу бе осеб нигоҳ дорад ва ба бисёр давлатҳои хурд-хурд тақсим нашавад. Ин гуна тақсимбандӣ дар сару дар нақшаи онҳое, ки Ҳиндустонро ба се қисму ду давлат ҷудо карда буданд, доимо чарх мезад. Валлабхай Пател бошад барои нигоҳ доштани якпорчагии ватани хеш саҳмгузор аст. Вазифаи аввалиндараҷаи ӯ ба ҳайси вазири корҳои дохилӣ ин муттаҳид кардани музофотҳои гуногуни Ҳиндустон буд. Дар оғози давраи истиклолият дар Ҳиндустон 562 роҷанишин мавҷуд буд. Сардор Пател ҳамроҳи В.П.Менон чанде пеш аз истиқлолият, дар давраи гузариш барои ба Ҳиндустон ҳамроҳ кардани бисёр музофоттҳои маҳаллӣ ба кор шуруъ кард. (Рао Баҳодур Ваппала Пангунни Менон, (30 сентябри 1893 - 31 декабри 1965) ходими давлатии Ҳиндустон), Пател ва Менон ба роҷаҳои маҳаллӣ боварибахш фаҳмонданд, ки ба онҳо автономия додан ғайриимкон аст ва чӣ оқибатҳо дорад. Дар натиҷа, таклифи дар Ҳиндустони ягона буданро ихтиёран қабул карданд. Фақат музофотҳои Ҷамму ва Кашмир, Ҷунагадҳ (дар Гуҷарат) ва Ҳайдаробод ба ин розӣ нашуданд. Ҷунагадҳ як роҷанишини хурде буд, ки дар наздикии Саураштра (лаби Баҳри Араб. Ин ҳам Гуҷаратҳ). Ҷунагадҳ дар наздикии сарҳади Покистон набуд. Дар он ҷо Навобҳо 15 августи соли 1947 бо Покистон ҳамроҳ шуданро эълон карданд, лекин аксарияти сокинони ин музофот ҳиндуҳо буданд ва мехостанд ба Ҳиндустон ҳамроҳ шаванд. Аз ин ҷо ки ба муқобили Навобҳо муқовимати зиёд ба амал омаду артиши Ҳинд вориди Ҷунагадҳ шуд. Навобҳо ба Покистон фирор карданд ва Ҷунагадҳ низ 9 ноябри соли 1947 бо Ҳиндустон ҳамроҳ шуд. Моҳи феврали соли 1948 дар ин ҷо ба тарафдории ба Ҳиндустон ҳамроҳ шудан референдум гузаронида шуд. Ҳайдаробод - бузургтарин музофот аз ҳар тараф дар иҳотаи Ҳиндустон буд. Низоми, (ҳокимони Ҳайдарободро ҳамчун “Низом” ном мебурданд), он ҷо бо дастгирии Покистон таъсиси як давлати мустақилро эълон кард ва шумораи артиши худро зиёд кардан гирифт. Ба ин ҷо силоҳи зиёд ворид шудан гирифт. Ин ҳолат Валлабҳай Пателро ба ташвиш овард. Ниҳоят, 13 сентябри соли 1948 артиши Хиндустон ба Хайдаробод дохил шуд ва пас аз се рӯз ҳокими он ҷо таслим шуд ва пешниҳоди ҳамроҳ шудан ба Ҳиндустонро дар моҳи ноябри соли 1948 қабул кард. Барои ҳалли масъалаи Кашмир бошад дахолати СММ лозим шуд. Валлабҳай Пател ин гуна масъалаҳоро бе хунрезӣ бисёр оқилона ба анҷом расонд. Барои саҳми бузургаш дар интегратсияи Ҳиндустон ӯ бо номи "Одами оҳанини Ҳиндустон" маъруф шуд. Хизматҳои назарраси Валлабхай Пател дар назди миллати ҳинд боиси он шудааст, ки ба ӯ додани лақаби фахрии «Сардор», яъне пешво чун амали асоси воқеӣ дошта фаҳмида шавад.
  Валлабҳай Пател 15 декабри соли 1950 дар синни ҳафтоду панҷсолагӣ дар шаҳри Бомбей аз олам чашм пӯшидааст. Ин ҳамон соле буд, ки аз вақти қабули Конститутсияи нави Ҳиндустон ва Республика эълон гардидани ин мамлакат ҳанӯз як сол ҳам нагузашта буд. Пас аз марг дар соли 1991 бо мукофоти Бҳарат Ратна мукофотонида шуд.
  Валлабҳай Пател ҳамчун арбоби сиёсӣ ақидаҳои худро дар шакли як силсила китобҳо ба мерос гузоштааст, ки муҳимтаринашон инҳоянд:

  Ба забони ҳиндӣ:
1. Сардор Пател: Мукотиботи мунтахаб (1945-1950), дар ду ҷилд.    
2. Номаҳои барҷаста ва нодири Сардарҷӣ (1918–1950) – дар ду ҷилд.   
3. Тақсимоти Ҳиндустон.  
4. Ганди, Неҳру, Субҳаш.
5. Сиёсати иктисодӣ ва берунӣ.
6. Мусулмонон ва гурезаҳо.
7. Кашмир ва Ҳайдаробод.

  Ба забони англисӣ:
1. Мукотибаи Сардор Пател, 1945—50 (Дар 10 ҷилд). Аҳмадобод.
2. Маҷмуаи асарҳои Сардор Валлабҳай Пател (дар 15 чилд). Деҳлӣ.

  Муассисаҳое, ки номи Пателро гирифтаанд:
  Фурудгоҳи байналмиллалии Аҳмадобод. 
  Донишгоҳи Сардор Пател дар Валлаб Видянагар, Гуҷарат.
  Бунёди ёдбуди Сардор Пател.
  Ёдгории миллии Сардор Валлабҳай Пател, Аҳмадобод
  Сарбанди Сардор Саровар, Гуҷарат
  Полиси Сардор Пател, Донишгоҳи амният ва адолати ҷиноӣ, Ҷодҳпур.
  Академияи миллии полиси Сардор Валлабҳай Пател, Ҳайдаробод
  Осорхонаи полис Сардор Валлабхай Пател, Коллам.
  Донишгоҳи кишоварзӣ ва технологияи Сардор Валлабҳай Пател.
  Институти миллии технологии Сардор Валлабхбхай, Сурат.
  Институти технологии Сардор Пател, Васад.
  Институти технологии Сардор Пател, Мумбай.
  Коллеҷи муҳандисии Сардор Пател, Мумбай.
  Сардор Пател Видялая, Деҳлӣ.
  Сардор Валлабҳай Пател Чоук, (дар Катра Гулаб Сингх, округи Пратапгарҳи Уттар-Прадеш.
  Варзишгоҳи Сардор Пател.
  Варзишгоҳи Сардор Валлабхай Пател, Аҳмадобод.
  Институти “Сандуқи сина” ба номи Валлабҳай Пател.

  Солҳо сипарӣ мешуданд ва ҳамеша дар ёди мардуми Ҳинд номи муборизони роҳи озодӣ садо медод ва имрӯзҳо ҳам садо медиҳад, хусусан дар арафаи ҷашнҳои Рӯзи истиқлолият ва Рӯзи Республика эълон шудани Ҳиндустон. Бахшида ба корнамоии муборизони роҳи озодии Ҳиндустон маҳфилҳо ва рӯзҳои ёдбудашон гузаронида мешавад. Чун рамзи эҳтиром ҳайкалҳо мегузоранд. Дар рӯзҳои ид ё зодрӯзи ин муборизон дар гардани ҳайкалҳо шаддаи гулҳо меовезанд, дар назди ҳайкалҳо гулчамбарҳо мегузоранд.
  Дар давраи сарвазири Ҳиндустон интихоб шудани Нарендра Моди ҳукумат тасмим гирифт, ки чун арзи эҳтиром ба Сардор Пател дар қисмати шимолу ғарбии музофоти Гуҷарат ҳайкали ӯ гузошта шавад. Муҷассама дар муқобили сарбанди Нармада дар ҷазираи дарёи Садху Бет, дар наздикии Раҷпилла ҷойгир аст. Ин муҷассама дар давоми сеюним сол сохта шуд. Дар маросими кушода шудани он сарвазир Нарендра Моди ширкат дошт ва аз ҳамин вақт ин муҷассама номи “Муҷассамаи ягонагӣ”-ро гирифт. Баландии ин муҷассама 182 метр мебошад, ки аз муҷассамаи Озодии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (баландиаш 93 м.) ду маротиба баландтар аст. Муҷассама дар майдони 20 ҳазор метри мураббаъ ҷойгир аст. Дар дохили иншоот ду лифт мавҷуд аст. Дар болои хайкали ёдгорӣ майдони мушоҳида сохта шудааст, ки дар он 200 нафар сайёҳон ҷойгир карда мешаванд. Атрофи ҳайкалро кӯли сунъӣ иҳота кардааст.
  Ҳайкал дар давоми бештар аз як сол тарҳрезӣ шудааст. Сохтмонаш бошад кариб се сол давом кард. Сармеъмор муаллифи асосии лоиҳа ҳайкалтароши машҳури Ҳиндустон Рам Ванҷӣ Сутар (тав. 1925) буд, ки бештар аз 50 муҷассамаҳои нодираш маълум аст. Муҷассама дар муқобили сарбанди дарёи Нармада дар ҷазираи дарёи Садху Бет, дар наздикии Раҷпилла ҷойгир аст. Дар болои он, эҷодкорон як саҳни мушоҳидаро муҷаҳҳаз карданд, ки метавонад дар як вақт тақрибан 200 нафарро қабул кунад. Худи муҷассама якҷоя бо гирду атрофи он масоҳати зиёда аз 20 ҳазор метри мураббаъро дар бар гирифта, бо кӯли сунъӣ бо масоҳаташ 12 километри мураббаъ иҳота шудааст. Сармеъмор ҳайкалтароши машҳури Ҳиндустон Рам Ванҷӣ Сутар буд. Барои сохтани ин муҷассама, ки чор сол давом кардааст, 430 миллион доллар харҷ шудааст. Офарандагон симои Валлабҳай Пателро, дар бетон ва металл абадӣ гардонданд.
  Барои гузоштани муҷассама 210 ҳазор метри мукааб семент, 25 ҳазор тонна пӯлод ва қариб 2 ҳазор 1700 тонна биринҷӣ сарф шудааст. Дар пояи муҷассама осорхонаи хотираи Сардор Пател ҷойгир аст, ки дорои 40 ҳазор ҳуҷҷати расмӣ ва 2 ҳазор акс мебошад. Дар ин ҷо инчунин маркази тадқиқотӣ оид ба ҳаёт ва фаъолияти Пател бунёд карда шудааст. Дар дохили ҳайкал ду лифтҳои баландсуръат ва галерея барои тамошо дар баландии 150 м. мавҷуд аст. Дар як рӯз то 15 ҳазор сайёҳон метавонанд аз ин муҷассама дидан кунанд.
  Ҳайкалро ҳамчун асари дӯстдоштаи сарвазир Нарендра Модӣ, ки худаш зодаи Гуҷарат аст, мешуморанд. Нарендра Моди 31 октябри соли 2013 – замоне, ки ба ҳайси сарвазири музофоти Гуҷарат кор мекард, ба сохтмони муҷассама шурӯъ карда буд. Мувофиқи маълумотҳои расмӣ дар сохтмони ин муҷассама 250 муҳандис ва кариб 3400 нафар коргарон кор кардаанд. Муҷассама метавонад ба шамолҳои тӯфонии то 180 километр дар як соат мевазидагӣ ва заминларзаи то 6,5 бал нерӯ дошта тоб оварад.
 
Ҳабибулло Раҷабов,
сарходими илмии шуъбаи
Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқӣ

БОЗГАШТ