Бардоштҳо аз Анҷумани илмӣ-амалии байналмилалии “Хонишҳои VII-уми Артуч“

Муаллиф: Раҳмонов Мирсаид

Расм

( 14-16 соли 2025, шаҳри Панҷакент )

      Нақши олимону адибон, сафирон, рӯзномаву маҷаллаҳо, китобу мақолаҳо ва институтҳову марказҳои тадқиқотиву таҳлилӣ дар рушди илму маориф хело муҳим арзёбӣ гардида, тавассути истифодаи неруи хирад ва малакаву маҳорати муаллимону мураббиёну муҳомиёни ҷомеа пайваста тавсеа ва рушд менамояд.

      Донишмандону муҳаққиқон, донишгоҳу пажӯҳишгоҳҳои илмӣ дар тарбия ва таълими ҷомеаи солиму созандаву сарфароз нақши  муҳим бозида, аз равишу  роҳҳои муҳим маҳсуб меёбад. Барои камина мояи шарафу ифтихор аст, ки санаи  14-16 июли соли 2025 дар  Анҷумани байналмилалии “Хонишҳои VII-уми Артуч” бахшида ба “Масоили мубрами илмҳои педагогӣ, иҷтимоӣ-гуманитарӣ ва фанҳои дақиқ дар замони муосир” (Эҳёи Тоҷикистон), ки дар лагери кӯҳнавардии Артучи шаҳри Панҷакент бо ташаббуси Донишкадаи омӯзгории  Панҷакенти Тоҷикистон баргузор гашт, иштирок намуда, аз масъалаҳои муҳимми илмҳои гуманитарӣ, табииву риёзӣ ва мубрами замони муосир огаҳӣ пайдо кардам. Ҳамасола Анҷуман зери номи “Хонишҳои Артуч”  дар пойгоҳи машҳури кӯҳнавардию сайёҳии «Артуч» дар мавзеи дараи Уреҷи кӯҳҳои Фони шаҳри Панҷакент, дар баландии 2200 м буда, баргузор  мешавад, ки мухлисону ҳаводорони сайру сайёҳат ҳамеша барои боздид ба табиати зебоманзар, кулҳои зебо ва дарёчаҳою чашмасорони инҷо  сайёҳони хориҷу дуру наздик  омада, аз табиати он ҳаловат бурда, бо замзамаи шеъри падари шеъри форсӣ-тоҷикӣ,  Рӯдакии  бузургвор- “Ин ҷаҳонро нигар ба чашми хирад”....як  ҷаҳон шодиву  хуррамӣ дарёфт мекунанд.

       Масофа байни пойгоҳи кӯҳнавардию сайёҳии «АРТУЧ»  ва  шаҳрҳои Душанбе-280 км, Хучанд-285 км, Панҷакент-70 км ва  Самарканди Ҷумҳурии Узбекистон 140 км ташкил медиҳад. Пойгоҳ дорои табиати зебои нотакрор бо тамддуни муосир омехташуда ва меҳмоннавозии тоҷикона мебошад. Дар масофаи 40 дақиқа аз Пойгоҳи «Артуч» дар мазеи зебоманзари “Кули Чукурак” варзишгоҳи табии куҳнавардӣ мавчуд аст, ки дорои имконияти беҳтарин барои такмили варзиши кӯҳнавардӣ дар шароити бароҳат мебошад. Пойгоҳи сайёҳӣ ҳамасола гурӯҳҳои оилавӣ, сайёҳон ва варзишгаронро аз Ҷумҳурии Тоҷикистон, ИДМ ва дигар давлатҳоро қабул мекунад.  Дар пойгоҳ утоқҳои каммасраф,миёна, хубтар ва инчунин ҷойҳои барои хаймаҳо мавҷуданд, ки  иштирокчиёни Анҷумани “Хонишҳои Артуч” аз ҷумла нигорандаи сатрҳо  даруни хаймае  ҷой  гирифта, аз  табиати замину  осмони он  як  ҷаҳон  ҳаловат дарёфт кард. Ҳамин тариқ, баргузории Анҷуман дар чунин фазои зебову  хуррам заминаро дар  муаррифии  маконҳои сайёҳҳии Тоҷикистон ва ҳунармандандии онҳо бештар фароҳам  хоҳад  кард.  Зимнан бояд ишора кард, ки Президенти Тоҷикистон дар суханрониҳои худ  ишора  кардааст, ки «Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ муаррифгари тамаддуну фарҳанги миллӣ дар арсаи ҷаҳонӣ мебошад”. Ҳамин тавр, ҷамъшавии олимон аз  манотиқи гуногуни кишварҳои Осиёи Марказӣ  дар ин маркази сайёҳии  Тоҷикистон  заминаро дар рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ муаррифгари тамаддуну фарҳанги миллӣ дар арсаи ҷаҳонӣ бештар фароҳам  хоҳад  овард.

      Бояд  зикр кард, ки олимону донишмандони зиёд  аз макотиби олии  кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистону Узбекистон дар Анҷуман фаъолона ширкат намуда, аз табиати зебои Артуч  ҳаловат бурда, баҳри сулҳу сафову дӯстӣ, оиди масоили мубрами педагоиву иҷтимоӣ, илмҳои дақиқ, фарҳангу забону адаб, ҳакориву ҳамгироӣ ва пешгирӣ аз таҳдиду хатарҳо  андешаронӣ  карда, пайёму  муждаҳои нек  оварданд.

      Нигорандаи сатрҳо низ дар форуми байналмилалии “Хонишҳои VII-уми Артуч”, (14-16 июли 2025)-и Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент) дар мавзуи “Мактаби сулҳу созандагии Тоҷикистон такмилдиҳандаи афкори солиму сулҳофарини  Ҳофизи Шерозӣ” дар ҳошияи  гиромидошти Ҳофизи Шерозӣ дар ЮНЕСКО “700 сол бо Ҳофиз” маърузаи илмӣ ирсол намуда, суханронӣ дошт.

      Бояд қайд кард, ки рушди муносибатҳо ва ҳамгироии минтақавӣ ва фароминтақавӣ дар раванди рушди иҷтимоиву иқтисодӣ байни кишварҳои аз масъалаҳои меҳварӣ ба ҳисоб рафта, дар партави «Стратегияи миллии рушди кишвар барои давраи то соли 2030» дар Тоҷикистон тадриҷан амалӣ мегардад. Шарофату шаҳомат ва ҷасорату матонати Тоҷикистону тоҷикон дар даврони соҳибистиқлолии кишвар дубора эҳё гардид, ки заминаҳои асосиашро эҷоди ҳамгироиву сулҳу ваҳдат ташкил медиҳад.Ин кишвар тавонист аз мактаби сулҳу  созандагиву худогоҳиву худшиносӣ кор гирифта, дар миёни халҳои ҷаҳон чун ташаббускору  созанда машҳур гардидааст. Ҳамин тариқ, миллат дар натиҷаи талошу заҳматҳои шабонарӯзии Президенти  дилсӯзу меҳрубон ва мардуми бонангу номус заминаи амну суботу осоиштагӣ гардид. Талошу  муборизаҳо баҳри сулҳу  созандагӣ сабаби равобити ҳасанаи кишвар бо ҳамаи мамлакатҳои дунё ҳамчун давлати комилҳуқуқи узви ҷомеаи ҷаҳонӣ шуд. Бешак сулҳу ваҳдати миллӣ моделу падидаи беназир мебошад, ки дар натиҷаи он санаи 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Москва Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расида, саҳифаи созандагӣ дар ин диёр бунёд  гардид.

      Бо чунин ташаббусу тадобир мактаби сулҳофаринӣ бунёд гардида, чун намуна ва мисоли ибратбахш барои дигар мамолики дунё пазируфта шудааст, ки  ҷойгоҳу мақоми он дар барномаҳои сулҳофаринии Созмони Милали Муттаҳид ва созишномаи сарҳадии дӯстии миёни Тоҷикистону Узбекистону Қирғистон аз нодиртарин таҷрибаи сулҳи ҷаҳон мебошад, ки  то ба имрӯз боқӣ мондааст.

      Бояд ишора кард, ки аз қадимулайём мардумони кишварҳои Осиёи Марказӣ ё ба ибораи дигар “Мовароннуҳар” дорои илму маърифат, ҳунару маҳоратҳое буданд, ки оламиёнро бо чунин шарофат, санъат тасхиру мафтуни худ гардониданд. Зеро илму маърифат, забону адаб ва санъати  меъморӣ дар ин минтақа  аз васоиле мебошанд, ки тавассути онҳо фарҳанг, сиёсат ва ҳунару маҳоратҳои мардумӣ  инъикос ёфта, аз фарҳангу тамаддуни ҷаҳонӣ ва дастовардҳо  нодиру ноёб арзёбӣ шуда, баҳогузорӣ мешаванд.

      Имрӯз фарҳангу тамаддун ва осори мардумони Осиёи Миёна,  ба хусус Тоҷикистону Ӯзбекистон, Қирғизистону Қазоқистону Туркманистону дар  миёни мамолики  Осиёи Ҷанубӣ ба хусус Ҳиндустону Покистону Бангладеш ва дигар манотиқ баръало мушоҳида шуда, аз он шаҳодат медиҳад, ки гузаштагони инҷо ҷаҳонро  бо хирад нигариста, бо истифода  аз заковату санъат ва ҳунар онро зебову тазйин додаанд. Ҷойгиршавии макону минтақаҳо ба мисли Ҳисори шодмону Душанбеи ҷавон, Бухорои  таърихсозу Самарқанди сайқали ҷаҳон, Тошканду Куқанду Хуҷанди бостон аз шаҳрҳое мебошанд, ки дар марказу навоҳии Шоҳроҳи бузурги Абрешим қарор дошта, заминаҳоро дар рушду нумуи илму маърифат, сайру сайёҳат ва савдову тиҷорат пайваста  фароҳам оварданд.

      Ташкили чунин форуму  анҷуманҳо бо ҷалби донишмандону аҳли адаб, санъату маҳоратҳо ва маконҳо на танҳо комёбию бозёфтҳои онҳо буда, балки таҷассумгари анъанаи бой ва нозукиҳои илму маърифат, забону адаб ва санъати меъмории Осиёи Миёна низ буда, бо ҳамкориву ҳамзистиву ҳамсоягӣ ин манотиқ бештару беҳтар зебову шодону ободу хуррам мегарданд.

      Бояд зикр кард, ки дар Конфронси мазкур  донишманду муҳаққиқони варзида аз  Тоҷикистону Узбекистон , ҷумла, ректори  донишкадаи Панҷакенти Тоҷикистон профессор Муаззамхон Ансорӣ (тариқи онлайн), профессор Шодмон Воҳид (ташкилотичии  асосии Анҷуман), Мирсаид Раҳмонов аз Шуъбаи Осиёи Ҷанубу Шарқии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ, Қодиров Қаҳрамон Раҳмонович (Ректори IPAK YOLI INNOVATSIALAR UNIVERSOTY-Узбекистон),  профессор Ҷумаев Маманазар Иргашевич ва хонуми Улдуз аз Донишгоҳи педадогии Тошкент ба номи Низомӣ, устоди забону адабиёти форсу тоҷик Урозбой Абдуллоев, Баҳром Ғойибов, Анахон, Мунаввар, Муҳаббат ва Аноргул аз Хоразм,  Шаҳноза, Бобоев Отабек (мутарҷими Мавлоно бо забони олмонӣ), Маҳмудбек ва Эркин (адабиётшинос ва  моҳири забони олмонии Донишгоҳи давлатии Бухоро), муҳаққиқони  ҷавон Шароф ва Наргиз аз Донишгоҳи давлатии Ҷиззах, Ҷаҳонгир, Хуршеда, Каромат аз Тошкент ва дигар донишмандон аз Академияи фанҳои Узбекистон иштирок намуда, дар мавзуъҳои мубрами рӯз ибрози  андеша  намуданд. Иштирокчиён дар муддати иқоматашон дар бинои таърихии лагери куҳнавардии   Артучи шаҳри Панҷакент аз фазои зебову куҳҳои осмонбусу манзараҳои дилкаши  инҷо  ҳаловат бурда, аз  дар давоми се рӯз аз ҷониби иштирокчиён маърузаҳои назариву амалӣ ироа гардид.

      Бештари онҳо аз масоили педагогӣ, иҷтимоӣ ва фанҳои дақиқ аз ҷониби коршиносон бо зикри мисолу масъалаҳои таҷрибавӣ маънову мафҳум ва шарҳу тавсифҳо  фаҳмондадиҳӣ намуданд, ки аз нукоти муҳими Анҷуман ба ҳисоб меравад.

      Ҳамгироии илмиву фарҳангии кишварҳои Осиёи Марказӣ  баҳри рушди илму маърифат, роҳҳои пешгирии хатару хатарафсоиҳо миёни мамолики ҷаҳон ва пайомадҳои манфии он ба хотири мардумони осоиштаи ҷаҳон ва тарғиби пайёми  сулҳу сафову  дӯстӣ буда, заминаҳои хубро дар  дарки масоили мубрами замони муосир фароҳам  хоҳад  овард.

      Ҳамин тариқ, роҳу равишҳои навини илмиву педагогӣ бо истифодаи методҳои муосир, ки аз мақсадҳои чунин анҷуману семинари омӯзишӣ аз ҷумла, ҳалли мушкилоти мавҷуда, таҳияи стратегияҳои нави рушд, ба роҳ мондани мусоҳибаҳои дуруст бо донишманжону коршиносони илмӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ, иттилоотӣ, экологӣ  ва ғайра буда, барои  нигорандаи сатрҳо бениҳоят ҷолибу хотирмон ва саривақтӣ ҳисобида  мешавад.

      Дар ҳақиқат чунин Анҷуману форумҳо ба  хусус  “Хонишҳои Артуч”, ки  нигорандаи  сатрҳо бо ирсоли нахустин мақола соли 2018 бо ин Анҷуман шиносоӣ  пайдо кардам, ки бо ҷалби олимону мутахассисони моҳиру барҷастаи кишварҳо заминаро баҳри сохтани ҷомеаи ободу орому огоҳу нақши калидӣ гузошта, зери шиори “Ҳамбастагӣ барои рушду нумуи ҷомеа созгору солиму сарфароз”  ба сӯи қуллаҳои баланд роҳнамоӣ карда, ҷомеа ва мардумонро аз хатару таҳдидҳои номатлуб хубтару беҳтар  огаҳӣ  медиҳанд. Бо  хатми чорабинӣ ҳамаи  иштирокчиён бо ифтихорномаву  сипоснома қадрдонӣ  шуданд.

      Бешак чунин Анҷуманҳо  баҳри таълиму тарбияи ҷомеа, ба хусус насли ҷавон барои бештар ва беҳтар  бохирадтару ҳушмандтар шуданд, заминаи хуб  фароҳам  оварда, маҳорату салоҳиятҳоро баҳри  тавсеаву тавонбахшӣ ва таҳкими зеҳнии  онҳо кӯмак  хоҳад  кард.

      Ҳамин  тариқ, бо таълиму  тарвиҷи илму дониш бо ҷалби олимону мутахассисон ҳамаи қишри ҷомеа,  аз  ҷумла,  насли  хурду калон дар худ тафаккуру таҳлилҳои нақдӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва ҳушёриву зиракӣ  комёбӣ ҳосил намоянд. Зеро ба  қавли  Мавлоно

Ин ҷаҳон кӯҳ асту феъли мо нидо,

Сӯи мо ояд нидоҳоро садо.... буда, худшиносиву худогоҳӣ аз натиҷаи дарки дурусти  таълиму тарбия ба вуҷуд омада, роҳро барои ҷомеаи орому  обод боз хоҳад  кард. Ба андешаи Мавлоно  ҷаҳон  ба монанди  кӯҳҳо  баланду устувор буда, кору кирдори инсонҳо ба ҳайси нидоҳое  мебошанд, ки ба сӯи тамоми аҳли башар садоҳо меоварад.   

     Дар кори конференсияи мазкур олимону мутахассисон ва коршиносони минтақа ширкат дошта, бо гувоҳномаҳо сарфароз гардонида шуданд.

     Дар воқеъ чунин маҳфилу форумҳои илмӣ дар маконҳои хуби сайёҳии кишварҳои минтақа барои рушди илму маърифат муфиду муҳим буда, муҳаққиқонро сари дастархони хираду маърифат ҷамъ оварда, тавассути онҳо масоили мубрамро ҳаллу фасл намуда, ҷомеаро ба сӯи қуллаҳои олӣ дар партави озодиву оромиву ободӣ рушд медиҳад. Ташаббусҳову ташаббусгарони чунин маҳфилҳоро метавон аз фуруғдиҳандагони машъали илму маърифат донисту икдомҳои онҳоро бояд дастгирӣ карда, амалӣ намуд.

      Ҳамин  тавр, донишмандону мардони камоли адабу сухани  Осиёи Марказӣ ба хусус  Тоҷикистону Узбекистону Қирғистон ва ҳамаи ҳамсоягон дар ташфиқу тарғиби инсондӯстиву инсонгароӣ  ва эҷоди ҷомеаи сулҳу суботу созандагӣ бо рушду нумуи маърифатҳои илмӣ таваҷҷӯҳ дода, ба ибораи дигар,  "қадри зар заргар шиносад, қадри ҷавҳар ҷавҳарӣ"  миён ҳам бештару беҳтар ҳамкориҳо  хоҳанд кард.  Аҳли адабу ақвому ҷаҳон, аз ҷумла  халҳқои Осиёи Марказӣ ифтихор аз он  мекунанд, ки дорои фарзонагони адабу фарҳанг буда, бо доштани фасоҳату фаросати олии худ тамаддун ва забону адабу фарҳангро ба авҷи камол расонида баҳри созандагии ҷаҳониён саҳми  сазовор гузошта,  мардумони худро ба зиндагии солиму созанда дар меҳвари дӯстиву ҳамзистӣ  роҳнамоӣ мекунанд. 

      Дар ниҳоят  хотироти нигорандаи сатрҳо бо забони шеър, ки дар субҳи 16-уми моҳи июли соли 2025 дар рӯзи ҷамъбастии Анҷумани “Хонишҳои Артуч” эҷод    шуд, пешкаш  мегардад:

 Аз диёри Рӯдакӣ эй дӯстон,

Мужда овардем баҳри оқилон.

Хайма зада донишмандон,

Аз мактабҳои илми ҷаҳон.

 Баҳри сулҳу саломи дӯстӣ,

Оварданд  устоду шогирдон.

Дар Артучи  Тоҷикистон,

Ҷамъ шуда ҳама  ҷаҳон.

Баҳри пайғоми сулҳу дӯстӣ,

Сабаб шуда, Муаззамхону Шодмон.

Пайваста  онҳо  кӯшанд,

То ҷамъ шаванд  олимон.

Баҳри меҳру  муҳаббат,

Худро кунанд  қурбон.

Ин аст паёми  дӯстӣ,

Аз мулки Тоҷикистон.

Бибояд  донист  қадраш,

То бимонад хотирмон.

 

Мирсаид РАҲМОНОВ

ходими калони илмии шуъбаи Осиёи Ҷанубу  Шарқии

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

БОЗГАШТ