АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Бархурдҳои сиёсии файласуфи озодандеш Абдурраҳмони Бадавӣ ва шоири мутафаккир Аббос Маҳмуд Аққод дар Миср (асри ХХ)

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

 
Аббос Маҳмуди Аққод
Доир ба устод Аққод чизе навиштан, дар назари аввал хеле осон менамояд. Чаро ки услуб ва сабки эҷоди ӯ дар мақоланависӣ, китобнависӣ ва шеър аз равшан ҳам равшантар аст. Ҳар мавзӯъро ба дараҷае густурда ва амиқ фаро гирифтааст, ки баъди мутолиаи китоби ӯ дигар ба он мавзӯъ муроҷиат намудан ниёзе намебинӣ. Бо як калима: аз шарҳи мавзӯъ билкул қонеъ мегардӣ. Ин хулосаи таҷрибаи ман аз мутолиаи баъзе китобҳои ин устод аст. Унвони устод бо ҳарфи калон дар ҳаққи Аббос Маҳмуди Аққод дар кишвари Миср як ҳақиқати маълум ва эътирофшудааст. Барои мисол, файласуф ва адиби муосири Миср Анис Мансур (1924-2011) дар китоби “Маҳфили Аққод” ки зиёда аз 700 саҳифа мебошад (нашри сеюм, соли 1993 дар Қоҳира)[1] дигар мутафаккиронро бо номашон зикр карда, аммо Аққодро ҳамаҷо бо номӣ “Устод” зикр мекунад. Дар ҳеҷ китоби дастаҷамъие дар олмаи араб вуҷуд надорад, ки доир ба Аққод бобе ҷудо накарда бошанд.
Мо ки дар ин навишта Аққодро ҳамчун адиб ва шоири муҳофизакор ном мебарем, истилоҳи, “муҳофизакор як истилоҳи шартӣ ва эътиборӣ (формалӣ, шаклӣ) мебошад. Вагарна, шахсияти ӯ дар ин мафҳуми танг ва маҳдуд, ғунҷоиш надорад. Ин истилоҳро соҳиби ин қалам интихоб намудааст, вагарна худи муҳаққиқони араб Аққодро ба истилоҳи Устод, Аллома, Устоди бузург, шоири тавоно, мутафаккири забардаст ва ғайра ном мебаранд.[2]
Мо дар ин баҳс ва навиштаи нотамоми худ ба баъзе ҷиҳатҳои ин мавзӯъ ишора менамоем.
                                                                       (1)
Аббос Маҳмуди Аққод дар китоби тарҷимаиҳолии худ бо номи “Ано” (Ман)[3] мегӯяд, ки падари ман мисрӣ асту модарам аз милати курд. Чеҳраи зоҳирии ҷисмонии ман ва ахлоқи шахсии ман ба модарам шабоҳат дорад. Дар бархурдҳои фикрие ки бо муосиронаш дошт, худро ориёӣ ҳисоб мекард. Вале ориёи будани Ҳитлерро рад мекард ва бар зидди ӯ дар ҳаҷми 350 саҳифа бо номи “Ҳитлер дар тарозуи андеша” соли 1943 дар Қоҳира ба чоп расонд. Соли 1943 ки фиристодагони низоми натсистии Ҳитлер ба воситаи киштӣ дар соҳили Искандарияи Миср аз киштӣ ба замин фуруд омаданд, Аққод ба Судон гурехт. Ин муҳоҷират дуру дароз давом накард.
                                                                      (2)
Муҳаққиқони муосири Миср бар ин ақидаанд, ки Аққод асосан мақоланавис буд. Яъне ҳунари мақоланависиро дар ҷаҳони араб касе баробари ӯ ҷолиб ва ҷиддӣ навишта натавонистааст. Ва бисёре аз китобҳои ӯро маҷмӯаи мақолаҳо ташкил медиҳанд. Забонаш дар наср ва шеър забони меъёри адабии имрӯзаи араб аст. Ин назари муҳаққиқон аст. Худи Аққод дар ҷаҳони араб касеро шоир, адиб ва мутафаккир дар сатҳи худаш эътироф намекунад. Доир ба файласуфи машҳури муосири Миср ва адиб Абдураҳмони Бадавӣ мегӯяд ки: “Ӯ як ҷоҳил аст. Фақат аз китобҳои европоӣ ва андешаҳои онҳо рӯйнавис мекунад. Ва худро шогирди онҳо ба шумор меорад”.
                                                                       (3)
Яке аз соҳаҳои муҳими фаъолияти эҷодии Аққод нақди адабӣ мебошад. Муҳаққиқе аз муҳаққиқони муосири араб доир ба ӯ китобе таълиф намуда, бо номи “Аққод ва нақди адабӣ”. Ин китоб қариб 1000 саҳифаро дар бар мегирад.
Аққод бо ин фаъолияти танқидиаш қариб ҳамаи ҳунармандон ва зиёиёни эҷодкори ҷаҳони арабро аз худ ранҷонидааст. Ду аср пеш файласуфи машҳури немис Артур Шопенгауэр ҳамин корро карда буд ва ҳама аз ӯ озурдахотир шуда, буданд. Баъдҳо собит гардид, ки дар воқеъӣ Шопенгауэр ба ин нақдҳои тезутунди худ ҳақ дошт. Ба истиснои баъзе бархурдҳои ночиз, дигар ҳама нақдҳои ӯ нишонрас ва воқеъи будаанд. Ҳамин тавр, мухолифони Аққод низ дар ҷавоби нақдҳои ӯ суханҳои гуфтание пайдо намекарданд.
                                                        (4)
Муҳаққиқони араб (Анвар ал-Ҷундӣ ва дигарон) ишора мекунанд, ки Аққод дар ҷавониаш фаъолияти худро бо танқид оғоз кард. Танқиди сахт ва метавон, гуфт ки ин аз танқид гузашта, ҳуҷум буд. Аввалан ба адибон Аҳмад Шавқӣ ва Ҳофиз Иброҳим ҳуҷум кард. Дар ин фаъолият бо ӯ шоир Маъзинӣ ширкат мекард... Муддати 20 солро бо бархурдҳои сиёсӣ сипарӣ намуд. Ҷуръате нишон дод, ки ҳамзамонон чунин ҷуръатро аз худ зоҳир накарда буданд. Дар ин нақдҳо ва ҳуҷумҳо ҳама ҳудуду сарҳадҳоро шикаст.. Сӣ соли тамом ба адабиёти гузаштаи араб ҳуҷум кард.. Мегӯяд: “Мо ба бутҳои адабиёти қадими араб ҳуҷум кардем, фаъолияти онҳоро инкор кардем. Андешаҳои инҳоро ноқис ёфтем, ва онҳоро ба сӯи андешаҳои солеҳ баргардондем. Аксари сухани онҳоро иборат аз мадҳу афсусу сӯгворӣ ёфтем.. Дар нисбати ашъори Имрулқайс ва Абутайиб забони эътироз кушодем. Аққод дар минтақаи Асувон таваллуд шуда буд. Асувон дорои осмони соф аст. Дорои обу ҳавои муътадил.[4] Муҳаққиқони Араб менависанд, ки ба беморие гирифтор шуд. [ Ва мо то ҳол намедонем, ки ин беморӣ чи беморие буд. К.Б.]. Ба сабаби ин беморӣ Аққод гушанишинӣ ихтиёр кард. Барои мутолиаву андеша вақту замони муносибе пайдо намуд. Муддатҳои тулонӣ ба мутолиа машғул буд. Устоде надошт, ки ӯро зери наззора қарор диҳад. Балки ин худи Аққод буд, ки устодонро худаш интихоб мекард. Ба ин маъно ки ҳар китоберо ки мехост худаш интихоб мекард. Мутолиаи тулонӣ ба Аққод кӯмак кард, ки ба беморӣ ғалаба кунад. Ва ин ғолибият сабаб гашт, ки Аққод сахт зиндагиро дӯст дорад ва ба хотири хубиҳои зиндагӣ бар зидди мухолифони зиндагӣ байрақи исён бардорад.
Дар баъзе аз мақолоти худ доир ба ибтидои фаъолияҳо илмӣ ва фарҳангии худ чунин ишора менамояд:
“Дар ибтидо се қисм китобҳоро мехондам:
Якум: Китобҳои адабиёт. Дуюм: Доир ба метафизика (илоҳиёт) сеюм: зистшиносӣ (биология) . Ҳаррӯз ду соат мутолиа менамудам. Баъдҳо муддати мутолиаам ба ҳафт-ҳашт соат расид. Ҳар моҳ то панҷ ҳафт китобро мутолиа мекардам.[5]
Китоби бисёр мехонд. На аз рӯи ихтисос. Балки ба хотири он ки мутолиа дар зандагии шахсии ӯ маъно мебахшад. Дар ибтидои зиндагиаш тасаввур мекард, ки шояд дар оянда аз се ихтисос якеро соҳиб шавад: якӯм: пешвои ҳарбӣ; дуюм: донишманди тасаввуфӣ; сеюм: олими соҳаи зироат. Мегӯяд: “Дар ибтидо китобҳои бисёр, гуногунсоҳа ва дорои чопҳои кӯҳна мехондам.[6] Доир ба саргузашти бузургони дин ва авлиё м6ехандам ва мехостам, ки мисли онҳо шавам... Ҳоло ҳам шамшери сарбозӣ дар мутолиа бо ман аст, мавзӯъи дин ва метафизикаро тарк накардаам.... корҳои зиндагӣ ва сиёсат ҳам наметавонад монеъи машғулиятҳои ман дар мутолиаи дину метафизика шавад.
Аққод соли 1941 (моҳи сентябр) навишта, ки танҳо адабиётро илме ёфтам, ки маро бо худам ба таври шоиста шинос менамояд.[7]
Аққод дар зиндагии шахсӣ ва иҷтимоияш ба соҳаҳои гуногун даст зада буд:
ба муаллимӣ, рӯзноманигорӣ, адабиёт, мақоланависӣ, шоирӣ ва қасиданависӣ. Вале авҷи ҳунари ӯ дар навиштани мақолаҳои таҳлилӣ ба таври хос маълуми ҳамагон гардид.
Ба андешаи муҳаққиқ Закӣ Муборак “Аққод нависанда аст, вале аз нависандагӣ дида дар шоирӣ дасти болотар дорад... Баъзеҳо ӯро ҳунарманде осмонӣ тасаввур мекунанд, ва гуруҳе ӯро аҳли замин медонанд. Вале ба эътирофи ҳамагон Аққод аз табақаи якуми нависандагон мебошад. Аққоди мунаққид дар андешаҳои танқидии худ хеле мӯътадил ва мунсифона ҳукм меронад, ба истиснои як ҳолат. Ҳолати баҳо додан ба муосироне, ки нисбат ба ӯ хурдагирӣ мекунанд. Дар ин ҳолат аст, ки Аққод баъзан ба бероҳа меравад. Барои мисол дар нисбати файласуфи машҳури Миср Абдураҳмони Бадавӣ маҳз ба хотири он ки фалсафаи Урупоро дар олами араб тарғибу ташвиқ мекунад, ӯро ҷоҳил номидааст, ки ба ҳеҷ, яке аз қонунҳои нақди адабӣ ва фалсафӣ мувофиқ намекунанд. Ва ҳамагон бар ин назаранд, ки Бадавӣ бузургтарин файласуфи муосири Мисри араб мебошад ва бузургтарин тарғибгари мероси гузаштаи миллати араб низ ҳаст. [Ба ин мавзӯъ дар саҳифаҳои оянда бармегардем.]
Аққод ба дороиҳои зиндагӣ ва молу сарват таваҷҷӯҳе надошт ва ҳатто мегуфт, ки:
“нисбат ба мардони сарватманд ҳеҷ эҳтироме қоил нестам”.
Сайру саёҳатро дӯст медошт. Вале дар зиндагӣ ду бор ба муддати кутоҳе ба Фаластину Ҳиҷоз рафту бас. Дигар минтақаҳои дунёро аз рӯи мутоилаи китобҳо сайёҳат мекард ва бо ин сайёҳат худро қонеъ нигоҳ медошт. Ба ин маъно, ки сайёҳатро як ҳаваси давраи ҷавони меҳисобат ва сайру сайёҳати асосиро иборат аз шинохти олам аз рӯи китобҳо медонист. Аққод зоҳиран навиштани хотиротро дӯст намедошт. Вале муҳаққиқон мегӯянд, ки ӯ дар шаклҳои гуногун ёддоштҳое боқӣ гузошта, ки метавон гуфт симо ва сурати зоҳирӣ ва ботинии Аққод бо беҳтарин шакл ба қалами худаш тасвир гардидааст.
Дар баъзе навиштаҳои худ доир ба феълу атвори шахсии худ хеле ошкоро ва холисона эътирофномаи шахсии худро боқӣ гузоштааст: Мегӯяд: “Ман табиатан майли гушанишинӣ дорам. Ин одатро аз падару модарам омухтаам. Худоро шукр, ки дар ин одат нишоне аз уқдаҳои нафсии маъмулӣ чизе вуҷуд надорад.. Қатъи дӯстӣ бо ёрон ҳеҷ гоҳ аз ҷониби ман сурат нагирифтааст... Дар нисбати таъом шеваи зоҳидона дорам. Дар бисёр ҳолатҳо ............. суханро аз даст медиҳам. Ва баъди таҳлил маълум мешавад, ки ҳоҷати таассуф нест. Чаро ки ошкорбаёнӣ аз кинагрирӣ беҳтар ва муфидтар аст. Ман тавозӯъ ва хоксории козибро таҳаммул надорам. Чаро ки он риёест аз ҷониби гӯянда ва ғафлатест аз ҷониби шунаванда. Ва ман эътироф мекунам, ки шуҳрат ва ҷовидонагии шахсияти худро дуст медорам, ба шарте, ки дар ин роҳ ба иззати нафси ман латмае ворид нагардад.[8]                  
Аққод аз шахсиятҳои муосири худ ду нафарро эътироф мекард: Якум ислоҳталаби динӣ ва иҷтимоӣ Муҳаммад Абда ва шахсияти сиёсии он давраи Миср Саъд Зағлулро. Саъд Зағлул сарвари патияи ҳукмрони замони Аққод буд. Доир ба ҳарду ин шахсият китоби алоҳида таълиф намудааст.
Доир ба Муҳаммад Абда мегӯяд, ки “ин мард” бузург буд, ки андешаҳои ӯро чун раҳнамои зиндагии маънавии худ пазируфтам ва аз ин корам ҳеҷ пушаймон нестам.[9] Аз боби нажод падари Муҳаммад Абда туркман буд ва модараш мисрӣ. Зикри ин нуқта ба ин хотир аст, ки масъалаи нажодӣ дар асри XIX ва XX ҳатто дар кишварҳои шарқи исломӣ ҳам тарафдороне дошт.
Доир ба мақоми зан бештар вақт назари манфӣ ва нима манфӣ дошт. Шояд дар ин масъала зери таъсири анъанаи арабӣ-исломӣ қарор дошта бошад. Ӯ таъсири анъанаро дар андешаҳои худ инкор мекунад ва мегӯяд, ки ба таърихи башарият нигаред. Зан дар таърих ҳамеша нисбат ба мард мақоми поинтаре доштааст. Ва ҳамеша дастнигори мард аст. Ҳатто он занҳое, ки ба мақоми сарварӣ расидаанд. Кор ба дараҷае расид, ки Аққод то охири умр муҷаррад зист ва зан нагирифт. Дар ҷавонӣ бо духтари ҳамсояаш ба номи Соро ошиқ шуд ва баъдҳо бо номи “Соро” китобе ҳам навишт. Вале кор ба издивоҷ нарасид. Яке аз сабабҳо шояд характери шахсии Аққод буд, ки хеле тунд ва зудранҷ буд. Занҳо ин қабил характерро дуст намедоранд. Дар солҳои камоли умр ва манавияташ бо нависандаи Лубнонӣ бо номи Майа зиёда мукотибаи ошиқона дошт. Ин дафъа ҳам кор ба издивоҷ нарасид. Сабабашро муҳаққиқон аз ин иборат медонанд, ки Мийа(=Марям) масеҳӣ буду Аққод мусулмон. Аққод ин ақидаро инкор мекунад. Муноқишаҳои калони ин ду нафар дар мактубҳояшон омадааст. Аққод дар васиятномааш навиштааст, ки мактубҳои моро ҳоло ки зиндаем, чоп накунанд. Ҳангоми вафоти Аққод як зан бо духтараш дар ҷанозаи ӯ даъво намудаанд, ки ин духтар духтари Аққод аст. Ва ин даъво то ҳол ба исбот нарасидааст. Вафоти Аққод соли 1964 буд ва дар зодгоҳаш- Асувон дафн карда шуд. Минтақае, ки мисриҳо ва шуравиҳо стансияи электрикии обӣ дар он ҷо сохтанд.
Аққод адабиёти бо ном: урён ва мактуфи замони худро намеписандид. Ва далелаш ҳам ин буд, ки ин адабиёт барои насли ҷавон зарарнок аст. Дар ин замина ба ӯ пешниҳод гардид, ки “Боғи Эпикур”-и Анатол Франсро ва романи “Леди Шатерли”-ро ба арабӣ тарҷума кунад. Аққод ин пешниҳодро қатъиян манъ кард. Ба ин хотир ки ин ду асар машҳуртарин осори ҳунарии адабиёти урён шуморида мешуданд.
Муҳаққиқони араб менависанд, ки Аққод нисбат ба масъалаи нажоду миллат ҳассосияти хос нишон медод. Аз он, ки модараш аз нажоди курду буд, худро ориёӣ ҳисоб мекард. То то ба ҳадде, ки асолати қавмҳои сомиро нодида мегирифт. Ва ҳатто дар бархурдҳои каломӣ ва баҳсу мунозираҳо мухотаби худро мавриди тавҳин ва таҳқир қарор дода, савол мекард: оё китоби Освалд Шпенглерро хондайӣ? Ин китоб “Шикасти Ғарб” ном дорад ва дар он идеяи бузургии қавми ориёӣ мавриди гуфтугу аст. Ҳизби натсистии Ҳитлер маҳз ҳамин андешаҳои Освалд Шпенглерро шиори сиёсии худ қарор дода буд. Бо вуҷуди ин Аққод сиёсати нажодпарастонаи Ҳитлерро қабул надошт ва он сиёсатро ошкоро сахт танқид мекард. Ва ҳамзамон бар зидди Ҳитлер китоби муфассале (360 саҳифа) навишт бо номи “Ҳитлер дар тарозуи андеша”-яъне арзиши шахсият ва идеологияи ҳитлерӣ.
Ба ин муносибат зикри мухтасари ин ҳодиса шояд зарурат дошта бошад, ки армия Румел чун ба Қоҳира наздик мешавад, саросемавор ба Судон мегурезад. Ин муҳоҷират дуру дароз давом накард. Вале барои Аққод зарари адабии бузурге ба бор овард. Ӯ маҷбур шуд, ки чандин дастнависҳои чопнашудаи худро оташ занад.
Як ҳодисаи таассуфбарангези дигар дар зиндагии Аққод ин буд, ки соли 1930-1931 ба муддати 9 моҳ ба зиндон афтод. Муҳаққиқон менависанд, ки зери таъсири ин ҳодиса Аққод аз бисёре аз идеяҳои ифротии сиёсии худ даст кашид ва чанд соле баъд аз узвияти ҳизби ҳокими замони худ истеъфо дод. Ин иқдом озодии шахсии ӯро бештар намуд, ки ба характери ӯ созгор буд. Дар асл аз нигоҳи сиёсӣ ба озодиҳои низоми демократӣ тамоил дошт ва аз низоми тотолитарӣ ба шиддат интиқод мекард. Аз нигоҳи назарӣ ҳам бар зидди низоми истибдодӣ ва тотолитари китобе навишт бо номи “Низоми ҳукми мутлақ дар қарни бистум”. Ба андешаи муҳаққиқон дар нимаи аввали асри ХХ чунин китобе доир ба истибдод ва тотолитаризм дар олами араб касе таълиф накарда буд.
Дар охир бояд гуфт, ки: Аққод дар 28 июни соли 1889 дар Асувон таваллуд шудааст. Аввалин мақоларо соли 1904 дар рӯзномаи “аз-Зоҳир” ба нашр расонд. Кори таълим ва тадрисро бо ҳамроҳии дӯстонаш ал-Маъзинӣ ва Фарид Абуҳадид соли 1915 оғоз бахшид.
Зиёда аз 200 китоб ба нашр расонд: “Соатҳое дар байни китобҳо”, “Мутолиаҳо”, “Ру ба китобҳо”, китобҳои таҳлилӣ ва интиқодӣ доир ба Муҳаммад Абда, Саъд Зағлул, Ибни Румӣ, Мутанаббӣ, Муҳаммад (с), Умар, Абубакр, Алӣ, Ҳусайн, Билол; ва китобҳое чун: “Аллоҳ”, “Фалсафаи Қуръонӣ” ва ғайра. Муҳаққиқон равияи асосии эҷодиёти Аққодро навиштани автобиографияи психологӣ ташхис додаанд.
Аққод ҳамеша аз ин ҳолат шикоят доштааст, ки ҳодисоти сиёсии дохилӣ ва хориҷии Миср ва ҷанги дуюми ҷаҳон маро аз навиштани китобҳои ҷиддии илмӣ боз медоштанд.
Ахиран дар эътирофномае ки соли 1954 дар синни 65 солагӣ навишта мегӯяд, ки “орзуҳои ҷавонии ман дар роҳи расидан ба лашкаркаши ҳарбӣ ва олими зироӣ чун дақиқтар мулоҳиза намудаи, майли асосӣ ва ботинии ман ба сӯи адабиёт будааст”.

Комил Бекзода, файласуф
 
  1. Анис Мансур. “Маҳфили Аққод, нашри 3, соли 1993. Дор-уш-шуруқ. Қоҳира. Номи пурраи ин китоб: Дар салони Аққод мо рӯзгоре доштем.
[2] Аббос Маҳмуди Аққод “Ман”
[3] Аббос Маҳмуди Аққод “Ман” Қоҳира
 
[4] Аққод. Рӯзномаи “Ал-Асос”, 19-10-1951.
[5] Анвар Ҷундӣ. Бузургони фикр ва адаб. Силсилаи фикр. мазҳабҳо ва шахсиятҳо. Қоҳира, 1951. (Минбаъд: Анвар Ҷундӣ. Бузургон. с.)
[6] Маҷаллаи “Мусаввар”  феврали соли 1944.
[7] Анвар Ҷундӣ. Бузургон, саҳ. 146.
 
[8] Анвар Ҷундӣ. Бузургон, с. 148-149
[9]Анвар Ҷундӣ. Бузургон, с. 150
 

БОЗГАШТ