АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

БАРНОМАРЕЗИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ ТОҶИКОН

Муаллиф: Ашуров Ардамеҳр

Расм

Ваҳдат ва мафҳуми он дар таърихи мардуми тоҷик мақоми муҳим дошта, аз тарафи бузургону адибонамон ба сифати омили осоиши ҷомеа маънидод гардидааст. Воқеан, Ваҳдат кафолати устувориву ободиву рушду тараққиёт аст.

Дар адабиёт ва фалсафаи муосир мафҳуми ваҳдати миллӣ бештар маънои умумияти иҷтимоӣ ва муттаҳидии аъзои ҷомеаро дошта, қариб дар ҳамаи давраҳо чун таъмингари субот ва пешравии миллату давлат ба ҳисоб меравад.

Агар ба таърихи давлатдории тоҷикон назар афканем, миллати тоҷик ҳамеша миллати сулҳҷӯву сулҳхоҳ, ваҳдатсарою ватандӯст, некбину таҳаммулгаро ва покзамиру хайрхоҳ ҳувайдост. Фарзандони бо нангу номус ва ватандӯсти ин миллат тӯли қарнҳо барои ҳифзу пойдории сулҳу субот ва таъмини осоиштагии миллати худ мубориза бурдаанд.

Мусаллам аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар радифи дигар муборизону ватанхоҳону ватанпарастон ва миллатдӯстдорони миллати тоҷик, ки дар тӯли таърихи тоҷикон борҳо номуси ватандориро нишон додаанд, ҳамчун роҳбари муборакқадаму покдил то чи андоза дар барқарорсозии сулҳу субот ва ваҳдати миллии тоҷикон заҳмат кашидаасту талош варзидааст.

Ба дигар маъно, суханони пурмуҳтавои Пешвои миллат инъикосгари ин гуфтаҳост, ки бамаврид таъкид доштаанд: “Мо бояд ифтихор дошта бошем, ки миллати тоҷик таърихан ва табиатан сулҳдӯст, фарҳангпарвар ва созанда мебошад. Маҳз ҳамин фазилатҳои неки азалӣ ва ифтихори миллӣ аст, ки мардуми моро ба ҳамдигарфаҳмӣ, ҳамдигарбахшӣ ва сулҳу оштӣ ҳидоят намуда, имрӯз роҳи моро ба сӯи созандагиву бунёдкорӣ, ободонии ватан, ҳифзи дастовардҳои истиқлолият ва таҳкими онҳо равшан мекунанд”.

Зарурат ва аҳамияти бузурги ваҳдати миллӣ махсусан дар давраи соҳибистиқлолии давлатӣ эҳсос мегардад, ки дар таҳррезиву бунёд ва подориву устувории он ибтикору саҳму ҷаҳду талоши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон басо пурарзиш ва бориз аст. Зеро дарёфти сулҳу ваҳдат барои ҳар як халқу кишвар амали саҳлу кори осон нест. Роҳи расидан ба истиқлолият ва ваҳдати миллӣ шояд дар тасаввур осон намояд, вале ҳаёт нишон медиҳад, ки ҳифзи истиқлол ва ваҳдати миллӣ аз ҳар як сокини кишвар ҷаҳду талошҳои зиёд, маърифатнокӣ ва фарҳанги сиёсии баландро талаб менамояд.

Ҷойи дигар, зикри сухани волои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маврид аст, ки фармудаанд: “Имрӯз бисёр зарур аст, ки мо андешаи Сулҳу Ваҳдатро ҳамчун рукни боэътимоди истиқлолият ба яке аз ғояҳои давлатдории миллӣ табдил диҳем ва онро миёни наврасону ҷавонон ҳамчун шарти асосии бақои амнияти ҷомеа ва пойдории давлат васеъ тарғиб кунем.”

Бо гузашти солҳо мо амиқан дарк кардем, ки ваҳдати миллӣ омили муҳимтарини рушди ҷомеа, шарти асосии пешрафти иқтисод ва иҷтимоиёту фарҳанги мардуми мо ба ҳисоб меравад. Мо бояд дар мафкураи мардум арзишу ормонҳоеро ҷой диҳем, ки таҷассумгари ҳадафҳои созанда бошанд ва на танҳо омили таҳкимбахши суботи сиёсӣ, балки воситаи муҳимми ҳимояи рукнҳои давлатдорӣ дар кишвар қарор гиранд. Маҳз ба ҳамин хотир, миллати тоҷик ҳифзи истиқлолият ва ваҳдати миллиро аз ҷумлаи рисолатҳои инсонии худ мешуморад.

Хулоса, тарҷрибаи сулҳу ваҳдатофарии миллати тоҷик, ки бе шак дар оғозу бунёди он саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ниҳоят бузургу арзишманд аст, миллату давлати мо огаҳанд ва мардуми азизи Тоҷикистон хурду калон имрӯз ба ин неъматҳо арҷ мегузоранду хидматҳои наҷибу бузурги Пешвои муаззами худ – Эмомалӣ Раҳмонро ба ҳеҷ ваҷҳ фаромӯш намесозанд.

 

Ардамеҳр Ашуров

ходими пешбари илмии

шуъбаи Аврупо ва Америка

БОЗГАШТ