АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Баррасии раванди сулҳофаринӣ ва мубориза бо терроризм

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

    2-юми майи соли 2019 дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки олимону муҳақиқони дохиливу хориҷӣ Конфронси байналмилалии илмӣ дар мавзӯи “Масъалаҳои мубрами Шарқи Наздик ва Миёна: раванди сулҳофаринӣ ва мубориза бо терроризм” баргузор гардид.
   Дар Кофнронси мазкур масъалаҳои таҷрибаи сулҳи Тоҷикистон ҳамчун модели сулҳофаринӣ барои кишварҳои буҳронзада, раванди сулҳофаринӣ дар кишварҳои буҳронзадаи Афғонистон, Сурия, Ироқ, Фаластин ва Яман, нақши қудратҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ дар ташкили музокироти сулҳи Афғонистон, ҷараёни ҳамкориҳои кишварҳои абарқудрат ва минтақавӣ дар раванди сулҳофаринӣ дар кишварҳои буҳронии Шарқи Наздик, ҳамкориҳои мутақобилаи кишварҳои минтақа ва таҷрибаи мавҷуда алайҳи терроризм ва экстремизм, мақом ва ҷойгоҳи СММ дар раванди сулҳофаринӣ дар ҷаҳони муосир, омилҳои дохилӣ ва берунаи низоъ дар кишварҳои Шарқи Наздик: мушкилоти шинохт ва ташхиси он, таҷрибаи миллии Тоҷикистон дар самти муқовимат бо экстремизм ва терроризм дар шароити муосир, сиёсати кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ дар самти ҳалли низоъҳои дохилии давлатҳои ҷангзадаи Шарқи Наздик ва ҷойгоҳи созмонҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ дар ҳалли низоъ ва муқовимат бо экстремизм ва терроризм мавриди баррасӣ қарор дода шуд.    Аз ҳузури ҳаводорону мухлисони зиёд, мақолаҳои дар ҳошияи ин ҳамоиш нигошташуда ва ҳатто суханрониҳои ифтитоҳӣ маълум буд, ки Коефронси мазкур бо баҳсу мунозираҳо ва баёни андешаҳои мухталиф ҷараён хоҳад гирифт.

   Конфронси байналмилалиро Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон академик Фарҳод Раҳимӣ оғоз намуда, меҳмонон ва ҳозиринро хайрамақдам гуфт. Ӯ зикр намуд, ки ҷаҳони имрӯза даргири мушкилоти глобалӣ аст, ки онро ном терроризм аст, ки он ба ҳастии инсоният таъсири манфӣ расонида истодаанд. Ба таъкиди ӯ терроризм ва эктримизм чист ва он чӣ оқибатҳо дорад, имрӯз барои тамоми ҷаҳон равшан аст ва он нооромиву бесуботие, ки дар кишваҳои минтақа ва кулли ҷаҳон ҷой дорад, инсониятро ҳушдор медиҳад, ки дар мубориза бар зидди ин зуҳуроти номатлуби аср бетараф набошад.
   «Терорзим барои мардуми тоҷик бегона нест, чунки онҳо солҳои 90 –умро аз сар гузарониданд ва ҳизбу ҳаракатҳоеро диданд, ки ҳамчун ҳизби таррористӣ то ба имрӯз ба амнияти кишвар хатар доранд ва бадбахтиҳои зиёдеро сари мардум оварданд ва то ба ҳол дар фикри овардани бадбахтӣ ба сари мардуми тоҷиканд. Агар пеши роҳи ҷанги шаҳрвандӣ гирифта намешуд, Тоҷикистон ба нестӣ мерафт ва моро ба Афғонтон табдил медоданд. Аз ин рӯ, мо бояд ҳамаи дониши худро ба хотири роҳ наёфтани ин зуҳуроти аср равона намоем», - қайд намуд Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон.
   Ба гуфтаи мавсуф имрӯз ягон кишвари дунё, аз ҷумла Тоҷикистон аз тероризм эмин нест.

   Ф. Раҳимӣ изҳори умедворӣ намуд, ки натиҷаи Конфронси мазкур, ки яке аз нахустин конфронсҳое аст, ки дар сатҳи баландтар доир мегардад, дар роҳи мубориза бо тероризм як қадами бузург хоҳад гузошт ва ин имконият медиҳад, то тавонем ба ин раванди манфии ҷомеа муборизаи беамон барем.
   Муовини раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода Ризо қайд намуд, ки имрӯз тероризм хусусияти глобалӣ касб намуда, дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон доман густурдааст. Ба ақидаи ӯ тероризм беш аз ҳарвақта авҷ гирифта, бо оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба проблемаҳои ҷиддитарини инсоният дар асри 21 табдил ёфтаст.
   Ӯ дар мавриди роҳҳои ҷалби ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва инчунин, роҳҳои мубориза барои ҷалби ҷавонон ба ин ҳузбу ҳаракатҳо таъкид намуд. Ба таъкиди ӯ ҷавонони Тоҷикистон кӯшиш менамоянд, зиракии сиёсии худро аз даст надиҳанд, чунки аз андак сустии ҷавонон гурӯҳҳои ифротӣ фаъол мегарданд ва кишварро ба пораҳо тақсим менамоняд.
   Оид ба роҳҳои мубориза бар зидди ин вабои аср муовини сардори Ситоди Генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майор Эгамзода Шараф суханронӣ намуда, оид ба нақшаи созмону ташкилотҳо байналмилалӣ дар мавриди мубориза бар гурӯҳҳои террористӣ ва экстримистӣ маълумот дод.
   Сармутахассиси шуъбаи назорати Дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Соҳибназарзода Манучеҳр Соҳибназар дар навбати хеш тероризмро падидаи манфии иҷтимоӣ маънидод намуда, гуфт, ки он на танҳо диққати кишварҳои Ховари Миёна, балки тамоми ҷомеаи ҷаҳониро ба худ ҷалб намудааст. Ба таъкиди ӯ тароризм ба устувории давлат ва вазъи осоиштагии ҷомеа таъсири манфӣ расонида, давлату миллатро ба нестӣ мерасонад.
   Терроризм ва хусусиятҳои номатлуби он аз мавзуъҳои меҳварии конфронс ба ҳисоб мерафт, ки ба он таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шуд. Дар ин мавзуъ ноиби Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон ва узви вобастаи он Муҳаммад Абдураҳмон Наврӯз маърӯзаи пурмуҳтавое қироат намуд. Ӯ гуфт, ки тероризм нав пайдо нашудааст, он хеле таърихи кӯҳан дорад ва дар замони Риму Юнони қадим ин террору кушторҳо вуҷуд доштанд. Асосгузрони терорзим дар Шарқ Ҳасани Сабоҳ аст, ки дар қалъаи Аламут даст ба террор зада буд. Инчунин, куштори Низомулмулк дар бозор низ як навъ террор буд, ки ба хотири аз байн бурдани як вазири бузурги тоҷик анҷом дода шуд: “Терроризм дар кадом намуде бошад, бад аст. Бештар баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ шаклу намуди терроризм гуногун шуд ва бештар ба шакли этникӣ ва динӣ табдил ёфт. Баъди фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ як ҳувияти хосае дар кишварҳои посошӯравӣ ба вуҷуд омад, ки дар ин кишварҳо масъалаи миллатгароӣ ба намуди терористи динигароӣ инкишоф ёфт. Дар бисёре аз кишварҳо онҳо ба қисматҳо тақсим шуданд. Баъди ин муноқишаҳо сар заданд, ки Тоҷикистон низ аз ин орӣ набуд. Ин ҷанги таҳмилӣ ҳам хатарӣ этникӣ ва ҳам динӣ дошт. Яъне ҳаракати террористие, ки имрӯз маҳкум мекунем, дар тамоми кишварҳои ҷаҳон рух додааст”.
Дар конфронси мазкур ҷараёни ҳаводиси Ховари Миёнаи навин дар асри ҷаҳонишавӣ низ мавриди таҳлил қарор дода шуд.     Ноиби сардори Маркази омӯзиш ва пажуҳиши стратегии давлати Амороти Муттаҳидаи Араб доктор Аҳмад ал-Марзуқӣ зимни суханронии худ ба ҷониби Тоҷикистон, махсусан ба Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо ва Академияи илмҳои Тоҷикистон барои ташаббус ва саҳмашон дар доир намудани ин Конфронси муътабари илмӣ изҳори сипос намуда, дар баромади худ омилу сабабҳои ноамниҳои дохилӣ ва берунӣ равшану дақиқ мавриди таҳқиқу баррасӣ қарор дод.

   Ба гуфтаи ӯ Шарқи Миёна имрӯз аз ҷониби роҳбарони он ба як минтақаи ҷудогонаи сулҳ, шукуфоӣ, ҳамкорӣ ва таҳаммулпазирӣ равона карда шудааст. Расидан барои ин арзишҳои ахлоқӣ, талошу кӯшишҳо аз тарафи роҳбарон амалан ҷонибдорӣ ва дастгирӣ ёфтаанд.
   Мавсуф ҳамчунин дар бораи ҳадафҳои Маркази омӯзиш ва пажуҳиши стратегии давлати Амороти Муттаҳидаи Араб, сохтори он ва ҳамкориҳои он бо марказҳои ҳамгунаи хориҷӣ ва ғайра нақл кард. Изҳори умедворӣ намуд, ки ҳамкории дуҷонибаи судманд миёни Маркази омӯзиш ва пажуҳиши стратегии давлати АМА ва Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АИ ҶТ барқарор хоҳад гашт. Ва ин ҳамкори ба манфаати ҳар ду тараф хизмат хоҳад кард. Аз ҷумла, ал-Марзуқӣ таъкид кард, ки ин ҳамкории дуҷониба метавонад ба мубориза бо терроризму ифротгароӣ, барои истиқрори сулҳу амният дар минтақа, барои пешрафти иқтисодию иҷтимоии ҳарду давлат равона гардад.
   Таҷрибаи сулҳи Тоҷикистон ва аҳамияи байналхалқии он дар маърӯзаи мудири шуъбаи Шарқи Наздик ва Миёнаи Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо, узви вобастаи АИ ҶТ Мирзо Муллоаҳмад низ рӯшани гардид ва ӯ иброз дошт, сулҳе ки дар Тоҷикистон ба вуҷуд омад, падидаи нодир дар таърихӣ аст ки хеле кам вохӯрда мешавад. Бинобар ин таваҷҷуҳ ба ин падидаи муҳими иҷтимоию сиёсӣ дар тамоми дунё зиёд аст. Ба гуфтаи ӯ дар марказҳои зиёди таҳқиқотии ҷаҳон ин масъала омӯхта мешавад, чандин мақолаву китоб навишта шудаанд ва ҳамоишҳо илмӣ баргузор мегарданд.
   Номбурда аз ҳамоиши байналмиалалии “Таҷрибаи таърихии сулҳи Тоҷикистон”, ки чанде пеш дар Душанбе баргузор гардида, дар он зиёда аз 60 нафар мутахассис аз кишварҳои гуногуни олам ширкат ва суханронӣ намуданд, ёдовар шуда, қайд намуд, ки таҷрибаи сулҳофаринӣ дар Тоҷикистон метавонад, барои хомӯш намудани оташи ҷанг дар минтақаҳои ҷангзада сабақ шавад.
   Ба таъкиди М. Муллоаҳмадов сабаби асосии зуд ба ифоқа омадан ва ба сулҳ расидани Тоҷикистон ба табиат ва ҳувияти мардуми тоҷик вобаста буд. Яъне аз қадим мардуми тоҷик дар рӯҳияи сулҳу оштӣ тарбият ёфтаанд ва ин чиз ҳатман дар рӯҳияву табиати инсон таъсир мерасонад. Яъне маҳз тинати хираддӯстии мардуми тоҷик буд, ки ба сулҳ расидем “Омили дигаре, ки ба сулҳ оварда расонид ин кӯшишҳои бевоситаи роҳбарияти кишвар аз ҷумла, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки заҳматҳои зиёд кишиданд. Ҳамчунин, дар истиқрори сулҳ саҳми созмонҳои байналмиалалӣ, кишварҳои ҳамсоя низ калон аст”.

   Инчунин, масъалаҳои “Фенонмени тероризм ҳамчун мутаммарказгардонандаи ихтилофҳои глобалӣ” аз маърӯзаи узви вобастаи Академияи илмҳои Қазоқистон, профессор Байдаров Эркин, “Ҷавонон зидди радикализм” дар маърӯзаи мудири кафедраи Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон Осими Оқил, “Зиндагии пурмашаққати занони афғон дар давраи ҳукмронии толибон” дар маърӯзаи ходими калони илмии АИ ҶТ Хуҷова Мавҷуда, “Қонунгузории зиддиэкстрмистӣ ва зиддитеррористии Тоҷикистон” дар гузориши директори Маркази илмӣ-таҳқиқотии мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм дар назди Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия Абдуҳамитов Валиҷон ва “Рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ дар раванди пешгирии тундгароии исломӣ ва экстремизм” дар гузориши саромӯзгори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Шоҳсанами Ризо мавриди баҳсу мунозира қарор гирифтанд.

   Дар охир, баёнияи Конференсияи байналмилалии илмӣ таҳти унвони “Масъалаҳои мубрами Шарқи Наздик ва Миёна: раванди сулҳофаринӣ ва мубориза бо терроризм” қабул гардид.

БОЗГАШТ