АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Бонуи тоҷик дар Шабакаи ҷаҳонии CNN

Муаллиф: Меҳр Собириён

Расм

Бонуи тоҷик дар Шабакаи ҷаҳонии CNN

18-06-2021

Ҳар рӯз шабакаи телевизионии CNN-ро тамошо мекунам. Бегоҳ ҳатман ним соат ё зиёда аз он хабарҳои охиринро аз ин шабака дастрас мекунам. Ин шабака дар тамоми нуқоти ҷаҳон хабарнигорони худро дошта, барномаҳои хабарии хеле ҷолиби тахассусӣ ва босифатро пешкаши бинандагони худ мекунад. Аз тамошои ин барномаҳо хеле манфиат мегираму ба омодасозони он сипос мегӯям. Аммо намедонистам, ки дар омода сохтани барномаҳои сатҳи баланд, саҳми бонуи тоҷик, як хоҳари мо, низ ҳаст.

  Ахиран, дар сомонаи “asiaplustj.info” маводе бо номи Зарифмо Асламшоева: тоҷикестки корманди CNN асту модари Дилафрӯзеки мушовири тими Байден шуд”  нашр шудааст, ки боиси хушнудӣ ва ифтихори мо гардид. Маълум гардид, ки як бонуи худшинос ва донишманди тоҷик бо номи Зарифмо Асламшоева дар шабакаи телевизионии CNN ба ҳайси продюсери калон кор мекардааст. Ин бонуни тоҷик яке аз офарандагони ҳамон барномаҳои баландсифат ва хабаррасониҳои фаврӣ будааст. Яъне тоҷикон низ дар баробари намояндагони дигар миллатҳо дар офаридани барномаҳои баландсифати шабакаи телевизионии CNN саҳм доштаанд.

  То имрӯз дар миёни кормандони шабакаи телевизионии CNN, ки аз миллатҳои англисзабон набуданд, ба Кристин Амонпур (эронӣ) ва Фарид Закариё (покистонӣ) таваҷҷуҳи зиёд доштем. Ин ду журналисти қавӣ намунаи хубе метавонанд бошанд, ки як ҷавондухтар ва ё ҷавонписари тоҷик, тавонад барои худ улгу интихоб кунад ва таҷрибаи кору фаъолияти ҳирфаиро дар шабакаҳои телевизионии ҷаҳонии англисзабон аз онҳо омӯзад.

  Мо барои журналистони ҷавоне, ки дар шабакаҳои байналмилалӣ дар сатҳои олӣ кор кардан мехоханд, намуна ва улгӯ Зарифмо Асламшоеваро медонем. Корномаи ин бону ибратбахш ба назар мерасад ва бояд бештар муаррифӣ гардад.

  Муваффақияти корӣ як ҷониби масъала аст. Ҷониби дигаре аз кору фаъолияти як инсон, ки дар аҳамият камтар аз муваффақияти корӣ нест, ин худшиносӣ ва меҳанпарастӣ мебошад. Омӯзишҳои муқаддимотии маводу барномаҳои шабакавие, ки бо ҳузури бонуи фарзонаи тоҷик таҳия гардидаанд,  моро ба натиҷае мерасонад, ки Зарифмо Асламшоева эҳсосу масъулияти баланди худшиносии миллӣ ва меҳанпарастӣ дорад. Хубро аз бад фарқ мекунад. Камбудиҳои ҳамватанони худро бо далел ошкор месозад. Қаҳрамонони воқеии ин миллатро мешиносад ва худро пайрави онҳо муаррифӣ мекунад. Ба тамоми ҷаҳон ҷасурона муроҷиат карда мегӯяд: “Шотемур худро ҳамеша тоҷик меномид, ҳатто вақте ки дигарон миллати худро пинҳон мекарданд, то ҷойи кори беҳтаре пайдо кунанд. Ӯ ифтихор дошт, ки тоҷике аз Бадахшон аст ва ман низ ифтихор дорам.”

  Дар бисёр маврид зиндагӣ дур аз ватан барои солиёни зиёд инсонро аз худ бегона месозад. Вале инсонҳои қавӣ худ, ҳувияти худ ва ватани худро ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунанд. Мо намунаҳои зиёд дорем ва акнун номи Зарифмо Асламшоева ба ин рӯйхат ворид шуд. Дар тӯли 25 соли зиндагӣ дур аз ватан заррае меҳри ин сарзамин аз дили ин бону кам нашуда будааст. Дар ин муддат фарзандонро низ дар рӯҳияи тоҷикият ва ифтихори баланди миллӣ тарбия намудааст. Мавсуф мегӯяд, фарзанди ман озодона ба забони шуғнӣ ҳарф мезанад ва кӯшиш мекунад аз ҳама хабарҳои Тоҷикистон огоҳ бошад.

  Масъалаи муҳоҷират дар ҳама кишварҳое, ки замини кам, вале аҳолии дар ҳоли афзоиш доранд, ба миён меояд. Вақте чанд бефарҳанге муҳоҷири ин миллатро дар сатҳи “Равшану Ҷамшуд” муаррифӣ кардан мехоҳанд, маҳз тоҷиконе ба монанди Зарифмо Асламшоева, Манижа Сангин, Ҳафиз Бобоёров ва садҳои дигар ҳастанд, ки бо донишмандиву меҳнати босамари худ дар даҳони душманони миллат мушти обдор мезананд.

  Мардум ва давлати миллии тоҷикон аз ин намояндагони худ дар хориҷи кишвар ҳамеша ифтихор мекарду мекунад. Дар фарқият аз гурӯҳҳое, ки дар ҳама ҷо ба зидди ин давлату миллат фаъолият мебаранд, нафароне ба монанди Зарифмо Асламшоева бо меҳнати ҳалол ва муаррифии дурусти давлати тоҷикон дур аз ватан хизмати шоиста карда истодаанд.

  Зарифмо Асламшоева ҳамчун бонуи огоҳ ва меҳандӯст мегӯяд, “Шириншо Шотемур ифтихор дошт, ки тоҷике аз Бадахшон аст ва ман низ ифтихор дорам. Ба онҳое, ки мегӯянд, ки помириён, бадахшониҳо тоҷик нестанд, ман ба онҳо мегӯям: Шотемур аз тоҷикони помирие буд, ки Тоҷикистонро обод карданд!”  Ин баёнгари он аст, ки қишри фаъол ва донишманди кишвар, аксаран ҳамақидаи Зарифмо Асламшоева мебошанд. Ин қишр пуштибони асосии давлати соҳибистиқлол, дунявӣ ва ҳуқуқбунёди Тоҷикистон аст, ки имсол 30 - сола мешавад.

  Дар охир, мо ба бонуи хирадманд ва меҳанпарвари тоҷик Зарифмо Асламшоева саломатии бардавом ва муваффақият таманно мекунем. Бигзор, сафи ин афрод, ки дар хориҷи кишвар парчамбардори миллат ва Тоҷикистонанд, зиёд шавад ва аз тариқи фазилату ҷасорат ва ташаббусу ибтикороти пайвастаи онҳо манофеи миллӣ дар сатҳи байналмилалӣ ҳифзу ҳимоят гардад. Аз ин гузашта, дар шароите ки бо сели иғвогарию иттиҳомоти фирориёни наҳзатӣ дар шабакаҳои иҷтимоию фазои маҷозӣ мувоҷеҳем, ба шахсиятҳои миллие назири бонуи сарафрози тоҷик Зарифамо Асламшоева эҳтиёҷ дорем.

 

Меҳр Собириён

3.06.2021

БОЗГАШТ