АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Боз як роҳбари кишвари Осиёи Марказӣ ба нафақа мебарояд

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

Осиёи Марказӣ, ки яке аз муҳимтарин минтақа дар харитаи сиёсии ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад сол аз сол зери таваҷҷуҳи кишварҳои абарқудрати ҷаҳонӣ ва минтақавӣ қарор дорад. Солҳои охир як қатор дигаргуниҳо дар кишварҳои ОМ ҷой доштанд ва ин дигаргуниҳо таъсири худро ба ҳолати сиёсии минтақа расонданд. Вобаста ба ин воқеиятҳо роҳбарони кишварҳои минтақа кӯшиш ба харҷ дода истодаанд, ки раванди ҳамгироӣ ва кооператсиониро ба роҳ монанд. Ҷумҳурии Туркманистон, ки ягона кишваре мебошад, ки сиёсати бетарафиро пеш мебарад, ӯ низ ҳамкории зич бо ҳамсоякишварҳо манфиатдор аст, аммо Президенти Ҷумҳурии Туркманистон Гурбонгули Бердимуҳаммедов Маликқулович ки аз соли 2007 баъд аз ҳаёт рафтани собиқ перзиденти ин кишвар Сафармурод Ниёзов ба сари қудрат омад қарор баровард, ки ба нафақа мебарояд ва роҳро ба ҷавонон мекушояд.
  "Ман тарафдори он ҳастам, ки роҳ ба идоракунии давлатӣ дар марҳалаи нави рушди кишварамон бояд ба роҳбарони ҷавон дода шавад, ки дар муҳити маънавӣ ва мутобиқ ба талаботи замон тарбия ёфтаанд",- гуфт Бердимуҳаммадов.
  Баъд аз супоридани мансаб Гурбонгули Бердимуҳаммедов хостори вазифаи роҳбари палатаи болоии Маҷлиси Туркманистон шудааст.
  Гуфта мешавад, ки Сардор Бердимуҳаммедов муовини сарвазири кунунии кишвар ва ягона писари Арқадағ (пешвои миллати Туркманистон) Гурбонгули Бердимуҳаммедов дар шӯрои IX ғайринавбатии ҳизби Демократии Туркманистон, ки 14 феврал баргузор гардид, ҳамчун номзад пешниҳод шудааст. Иштирокчиёни Шӯро якдилона номзадии Сардор Бердимуҳаммедовро дастгирӣ намуданд.
  Кумитаи марказии интихоботи Туркманистон санаи интихоботи президентро 12 март муайян намудааст.
Номазди ҷавон таҷрибаи кории бой  дорад, ва ҳамагон бар он хулосаанд, ки ӯ аз уҳдаи вазифаи бар дӯшаш гузошта шуда, мебарояд. Зеро ки дар тӯли фаъолияти кории худ аз вазифаҳои мутахассиси калони Раёсати робитаҳои иқтисодиёти беруна дар Ассотсиатсияи саноати озуқаи Туркманистон оғоз намуда, баъдан аз соли 2001 то 2003 адои хизмати ҳарбӣ намудааст. Аз соли 2003 то соли 2006 ба ҳайси мутахассиси калони шуъбаи асосии сабзавот, баъдан дар Раёсати машруботи Ассотсиатсияи номбурда, дар вазифаи дар боло зикр шуда, фаъолияти касбии худро идома додааст. Аз соли 2008 то 2011 ба ҳайси мушовири сафири Туркманистон дар Федератсияи Россия фаъолият намуда, ҳамзамон таҳсили худро дар Академияи Дипломатии Федератсияи Россия дар назди Вазорати корҳои хориҷии ин кишвар бо ихтисоси “муносибатҳои байналмилалӣ” хатм намудааст. Аз соли 2011-2013 мушовири намояндагии Туркманистон дар дафтари Созмони миллали муттаҳид дар шаҳри Женева (Швейтсария), аз соли 2013 сардори шуъбаи кор бо кишварҳои Аврупо дар вазорати корҳои хориҷӣ (2013-2014), ҳамзамон муовини директори агентии давлатии идора ва истифодаи нафту газ (2013-2016), роҳбари раёсати ВКХ оид ба ахбори байналмилалӣ (2016-2017), аз соли 2016 вакили Маҷлиси якпалатагии Туркманистон даъвати V, аз соли 2017 раиси кумитаи қонунгузорӣ, подполковник ва дорандаи медали “Маликқули Бердимуҳаммедов” барои хизматҳои шоиста дар назди халқу миллат мебошад. Дар интихоботи навбатӣ соли 2018 бори дигар ҳамчун вакил интихоб гардид (то соли 2020) ва ҳамзамон вазифаи муовини вазири корҳои хориҷӣ (то соли 2019), аз соли 2019 муовини раиси вилояти Ахал ва баъд аз 6 моҳ раиси ҳамин вилоят, аз моҳи феврали соли 2020 вазири саноати Туркманистон, аз соли 2021 муовини сарвазири Туркманистон кор кардааст.
  Сардор Бердимуҳаммедов оиладор соҳиби 4 фарзанд мебошад.
  Қобили зикр аст, ки соли 2018 чунин амали интиқоли мансаб дар Ҷумҳурии ба Тоҷикистон дӯст ва шарики стратегӣ Қазоқистон ҷой дошт ва Нурсултон Назарбоев ба хулосае омада буд, ки ба нафақа мебарояд ва номзадии Қосим-Ҷомарт Тоқаевро аз ҳизби Нур Отан ба мансаби президент пешниҳод намуда буд. Имрӯза Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев мебошад.
  Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Туркманистон 27 сентябри соли 1993  созишнома оид ба ҳамкориҳои дипломатиро ба имзо расонидаанд ва соли 2017 созишномаи шарикии стратегӣ зимни сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Туркманистон Гурбонгули Бердимуҳаммедов ба Тоҷикистон ба имзо расонида шуд. Дар пойтахти ду кишвар сафоратҳо фаъолият доранд ва ҳамкориҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, фарҳангиву сиёсӣ хуб ба роҳ монда шудааст.
 
Сомон Ғафуров
ходими хурди илмии шуъбаи ОМ

БОЗГАШТ