АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Боздиди Пешвои миллат аз НБО-и "Роғун"

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

    26-уми июли соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» ошно шуданд.

   Тавре аз дафтари матбуотии Президент иттилоъ доданд, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ин сафар Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ҳамроҳӣ намуда, аз ҷараёни корҳои сохтмонии ин иншоот, ки айни замон дар 78 қитъа бо сатҳу сифати баланд, шабонарӯзӣ идома дорад, шинос шуда, бо муҳандисону кормандони техникӣ мулоқоту суҳбатҳои судманд анҷом доданд.

    Гуфта мешавад, ки шиносоии Сарвари давлат нахуст аз мавзеи бунёди навбати аввали сарбанди Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун», ки яке аз марҳилаҳои муҳими сохтмони ин иншооти гидроэнергетикии кишвар ба ҳисоб меравад, оғоз гардид.

   Дар ин ҷо ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дар вақти сохтмони марҳилаи аввали сарбанд баробари иҷрои корҳои заминӣ, корҳои техникӣ, ба вижа васлу насби асбобҳои санҷишӣ-ченкунӣ низ амалӣ гардид.

   Гуфта мешавад, ки тибқи иттилои масъулин то ба имрӯз дар сарбанди нерӯгоҳ 48 адад асбоби санҷишӣ-ченкунӣ васлу насб ва дар асоси лоиҳа беш аз 45 ҳазор метри мураббаъ масолеҳи сохтмонии геомембрана, ки ҳамчун маводи зиддиполоишӣ бештар дар кишварҳои Аврупо истеҳсол карда мешавад, истифода гардидааст.

   Геомембрана дар қисмати пеши сарбанд қисм-қисм ва қабат ба қабат дар якҷоягӣ бо дигар маводи зиддиполоишӣ насб гардида, ба гуфти масъулони сохтмон, амалӣ намудани ин тадбир имкон фароҳам меорад, ки оби дохили обанбор аз пешдарғот нагузарад.

   Пешвои миллат коргарони муҳандисию техникии НБО “Роғун”-ро таъкид карданд, ки ҳар амали  сохтмонӣ дар асоси лоиҳа бо сатҳу сифати баланд иҷро карда шавад, зеро иншооти мазкур ҷузъи асосии нерӯгоҳ ба ҳисоб рафта, бунёди саривақтии он, пеш аз ҳама дар роҳи расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат - таъмини истиқлолияти энергетикӣ нақши калидӣ хоҳад дошт.

   Баъди шиносоӣ бо ҷараёни корҳо дар қисматҳои алоҳидаи сарбанди НБО “Роғун” Президенти кишвар дар маросими мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани марҳилаи аввали хати конвейрӣ иштирок намуданд.

    Бояд гуфт, ки бунёди хати конвейрӣ, ки асосан барои интиқоли маводи сохтмонии сарбанд, аз ҷумла сангу шағал басо мусоид аст, аз ҷониби ширкати “Салини Импреҷило” сурат гирифта, дар ҳоли ҳозир 4 ҳазору 200 метрро ташкил медиҳад. Корҳои заминӣ ва оҳану бетониро дар ин минтақа мутахассисони ширкати сохтмонии «Тоҷикгидроэлекторомантаж» ба анҷом расонида, васлу насби таҷҳизот аз ҷониби ду ширкати хориҷӣ амалӣ карда шудааст.

   Дастгоҳу таҷҳизоти хати конвейрӣ, ки истеҳсоли ширкатҳои бонуфузи аврупоӣ, ба хусус Италия, Франсия ва Олмон мебошад, дар як соат имкони интиқол додани 3 ҳазор тонна сангу шағалро дорад. Акнун бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани он, аз конҳои алоҳида бе харҷи зиёдатӣ ва сарфаи вақт сангу шағал ва дигар ҷинсҳои кӯҳӣ ба мавзеи бунёди сарбанди асосӣ интиқол дода мешавад.

   Ёдовар мешавем, ки барои бунёди сарбанд ва дигар иншооти нерӯгоҳ беш аз 50 миллион метри мукааб омехтаи сангу шағал ва дигар намуди ҷинсҳои кӯҳӣ захира карда шудааст ва имрӯзҳо дар ин самт бо истифода аз техникаю механизмҳои замонавӣ корҳо бо суръат идома доранд.

   Дар саргаҳи хати конвейрӣ ҳамзамон ду коргоҳи коркарди маводи шағалзамин сохта шудаанд, ки вобаста ба зурурият тариқи автоматӣ ҳамагуна ҷинсҳои кӯҳиро барои истифода дар сарбанд мутобиқ месозанд.

   Бо бунёди марҳилаи дуюм масофаи хати конвейрӣ маҷмӯан ба 9 километр мерасад, ки нуқтаи ниҳоии он мавзеи сохтмони садди асосӣ хоҳад буд.

   Қайд кардан ба маврид аст, ки Ширкати итолиёвии «Салини Импреҷило» - “Salini Impregilо”- и Италия соли 2016 барандаи озмуни байналмилалӣ барои сохтмони НБО «Роғун» гардида буд ва маросими ба тасвиб расонидани Созишномаи ҳамкорӣ байни нерӯгоҳи «Роғун» ва Ширкати зикршуда якуми июли соли 2016 баргузор гардид.

   Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбари ширкати “Салини Импреҷило” ҷаноби Пиетро Салини низ ҳамон рўз сурат гирифта, ки зимни он масъалаҳои вобаста ба ҳамкории ҷониби Тоҷикистон бо Ширкати «Салини Импреҷило» дар соҳаи гидроэнергетика, хусусан ҳамкорӣ дар сохтмони Нерўгоҳи барқи обии "Роғун" баррасӣ шуд.

   Дар ин суҳбат гуфта шуд, аз рӯи баҳодиҳиҳои техникиву иқтисодӣ ва экологиву иҷтимоии лоиҳаи ин неругоҳ, ки аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ амалӣ гардид, сохтмони нерӯгоҳ аз ҷиҳати бехатарӣ, техникӣ, иқтисодӣ ва экологиву иҷтимоӣ манфиатнок арзёбӣ карда шудааст.

   Бо дарназардошти таҷрибаи ғанию имконияти васеи сармоягузорӣ ва ғолиби озмуни байналмилалӣ оид ба сохтмони иншооти НБО «Роғун» гардидани ширкати «Салини Импреҷило» ин ширкати сохтмонӣ ҳамчун шарики умедбахши Тоҷикистон дар идомаи сохтмони НБО-и "Роғун" арзёбӣ гардидааст. Дар ҳамин замина иттилоъ дода шуд, ки байни Тоҷикистон ва Ширкати «Салини Импреҷило» доир ба лоиҳакашӣ, харид ва сохтмони иншооти НБО-и “Роғун” ба маблағи 3,9 миллиард доллари ИМА шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расидааст.

   Ҷонибҳо изҳори боварӣ намуданд, ки фаъолияти ширкати «Салини Импреҷило» дар Тоҷикистон боз як омили пешравӣ дар рушди иқтисодиёт гардида, ба ҷалби ин ширкати бонуфузи сохтмонӣ дар татбиқи дигар лоиҳаҳои сармоягузории кишвари мо мусоидат менамояд.

   Бояд гуфт, ки дар робита ба сохта ва ба истифода додани ин нерўгоҳи азими аср ҳукумати кишвар ҳамасола талош меварзад, то ки сохтмони онро ба анҷом расонад. Ва барои сохтмони ин нерўгоҳ харҷи зиёд ҳам намудааст.

   Дар ҳамин асос эълон оид ба гузаронидани тендерҳои байналмилалӣ вобаста ба лоиҳакашӣ, харид ва сохтмони иншооти НБО-и «Роғун» мутобиқи 4 Лот дар воситаҳои ахбори омма ва сомонаҳои соҳавӣ дар даҳаи сеюми моҳи феврали соли 2015 ба нашр раси-ид ва 40 ширкати ватанию хориҷӣ аз 17 давлати ҷаҳон ҳавасмандии худро барои иштирок дар сохтмони иншооти НБО “Роғун” изҳор намуданд. Дунболи раду бадалҳо ахиран ғолиби тендер ширкати итолиёвии «Салини Импреҷило»  дониста шуд.

   Масъулони ин ширкат ваъда додаанд, ки дар соли 2018 ду агрегати нерўгоҳ ба истифода дода мешавад. Ҳамакнун интизор меравад, ки то охири сол ин ваъда амалӣ гардад. Ин ҳам як паёмади бузурге дар таърихи мардуми тоҷик аст, ки ба дунболи он имкони ба истифода додани дигар агрегатҳои он мегардад.

   Гуфтан ба маврид аст, ки аз аввали сохтмон, яъне аз соли 2007 то нимсолаи аввали соли 2015 барои  ин нерўгоҳ беш аз 6 миллиард сомонӣ сарф шудааст.

   Барои сохтмони НОБ-и "Роғун" маблағ асосан аз ҳисоби буҷаи давлат ва пули саҳмияҳое, ки аз ҷониби мардуми тоҷик харидорӣ шуда буд, ҷудо карда мешавад.

   Мувофиқи маълумоти Вазорати молия то ҳол саҳмияҳои Роғун бо маблағи беш аз 859 млн. сомонӣ аз тарафи аҳолии кишвар харидорӣ шуд, ки он маблағҳо асосан дар бонкҳо ҷамъоварӣ шуда ва ҳудуди 60 млн. сомонӣ масраф гардидааст ва боқимонда маблағҳо дар суратҳисоби Вазорат маҳфуз аст.

   Вазири энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ, Усмоналӣ Усмонзода чанде пеш оид ба ин иншооти аср чунин гуфта буд: «Феълан ҷиҳати ба истифода додани ду агрегати нерӯгоҳ масолеҳи сохтмонӣ вуҷуд додад, ки қисме аз ин масолеҳ дар Тоҷикистон аз замони Шуравӣ боқӣ монда ва қисми дигари масолеҳ аз самти ширкатҳои сохтмонии кишвари Ураина ба кишвар оварда шудааст».

   Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон шуруъ аз оғоз талоши худро ба харҷ доданд, то ҳар чи зудтар ин нерўгоҳи бузурги минтақа сохта ва ба истифода дода шавад.

   Президенти кишвар дар як суҳбати худ таъкид доштанд: «ҳар як бинокори ин иншооти тақдирсоз бояд хуб эҳсос намояд, ки нерӯгоҳи Роғун барои садсолаҳо пешбинӣ шудааст ва сифати корҳо бояд ба ин ҳадафи воло мутобиқ бошад». Пешвои миллат, ҳамчунин изҳор дошт, ки: «нерӯгоҳи Роғун бояд асрҳо ба мардуми Тоҷикистон ва кулли минтақа хизмат карда, танҳо манфиат расонад ва ҳеҷ зиёне надошта бошад».

   Собиқ вазири умури хориҷаи кишвар, Ҳамрохон Зарифӣ ҳам аз минбари Созмони Миллали Муттаҳид изҳор дошта буд, ки ҳадафи сохтмони «Роғун» танҳо пайгирии манфиати худӣ буда, сохтмон иншоот ба кишварҳои ҳамсояи зиён намерасонад. Ў таъкид карда, ки мо ҷонибдори самимии ҳамкориҳои минтақавӣ ҳастем ва хоҳем монд.

   Умед аст, ки ин нерўгоҳ  таҳти назорати Президенти кишвар ва бо мусоидати ширкати итолиёвӣ ба анҷом мерасад. Чаро ки Ширкати «Салини Импреҷило» тибқи иттилои мавҷуда беш аз 110 сол боз ба сохтмони иншооти азим, бунёди сад нерўгоҳҳои барқӣ-обӣ, роҳи оҳан, нақбҳои зеризаминӣ, пулҳо ва шоҳроҳҳои байналмилалӣ ва ғайра машғул мебошад. Аз ҷумла, то ҳол бештар аз 250 садд дар ҷаҳон бунёд намуда, шумори коргаронашро ҳудуди 34 ҳазор нафар тахмин мезананд.

   Ба ҳар сурат мо ҳамагон ба қадри имкони худ бояд талош варзем, то ин нерўгоҳ сохта ва ба истифода дода шавад, чаро ки дар сурати сохта ва ба истифода дода шудани нерўгоҳ имкон дорад, бозори минтақаро бо маводи худ ҷалб созад. Пас дар ин сурат имконоти зиндагии хубтар мо мардуми пуршарафи тоҷикро интизор аст.

Умед Пудинаев,

ходими илмии Институт

БОЗГАШТ