АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Бозтоби Наврӯз ва оинҳои он дар шеъри суханварони асрҳои IX-XI

Муаллиф: Зиёев Субҳиддин

Расм

Бозтоби Наврӯз ва оинҳои он дар шеъри

суханварони асрҳои IX-XI

Баромад боди субҳу бӯйи Наврӯз,

Ба коми дӯстону бахти пирӯз.

Муборак бодат ин солу ҳама сол,

Ҳумоюн бодат ин рӯзу ҳама рӯз.

Наврӯз яке аз ҷашнҳои аҷдодӣ ва қадимии халқи тоҷик ба шумор рафта, таърихи куҳан дорад. Аксари пажӯҳишгарон мутахассисон ва муҳаққиқони соҳа асосгузори Наврӯзро Ҷамшед медонанд, ки ҳазораи дуйи пеш аз милод умр ба сар бурдааст. 

Маҳмуди Гардезӣ асосгузори Наврӯзро Ҷамшед медонад. Ӯ дар асараш «Зайн ал- ахбор» чунин меорад: «Ҷамшед Наврӯзро бо шукронаи он, ки Худованд, гармову сармову бемориву маргро аз мардумон гирифт ва сесад сол бар ин ҷумла буд, таҷлил намуд ва дар ҳамин рӯз буд, ки вай савори гусолае сӯи ҷануб рафт ба ҳарби девон ва сиёҳон ва бо он ҳарб карду ҳамаро маҳқур кард» [1, 1-2].

Умари Хайём дар асари машҳури худ «Наврӯзнома» қайд намудааст, ки «.. чун Каюмарс аввалин мулуки Аҷам ба подшоҳӣ биншаст, хост, ки айёму солу моҳро ном ниҳад ва таърих бисозад, то мардум инро бидонанд. Бингарист, ки он рӯз бомдод Офтоб ба аввалин дақиқаи ҳамал омад, мубадони Аҷамро ҷамъ овард ва бифармуд, ки таърих аз ин ҷо оғоз кунанд» [6, 118]. Абурайҳони Берунӣ дар «Осор-ул-боқия»-и хеш қайд менамояд, ки Наврӯзро дар як сол ду маротиба ҷашн мегиранд [2, 432].

Муҳаммадқул Ҳазратқулов бо такя бар ин сарчашмаҳои таърихӣ низ асосгузори Наврӯзро Ҷамшед мегӯяд ва ин андешаро дар китоби «Наврӯзи оламафрӯз ва дигар идҳои суннатии сол» чунин иброз доштааст: «Ҷашни Наврӯзи ҳуҷастаро аксари маъхазҳо ва сарчашмаҳои фарҳангии чи аҳди бостон ва чи асрҳои миёна ба Ҷамшеди пешдодӣ нисбат додаанд» [4, 24]. Дар ҳақиқат ҳам агар даврони подшоҳии амирону подшоҳони гузаштаро ёдовар шавем, мебинем, ки дар он даврони салтанаташон як коре ё маросимеро ёдгор мондаанд. Ин ҳам бошад ёдгории таърихӣ ё маросиме, ки аз шоҳ Ҷамшед ба мо мерос мондааст, ин Наврӯзи ҳуҷастапай мебошад.

Ҳамин тавр, то имрӯз ҳар сол ин иди аҷдодиро мардуми мо бо фараҳ таҷлил мекунанд ва перомуни ин ҷашни аҷдодӣ шоирони даврони муосири мо сурудаҳои дилангезе эҷод намудаанд, ки агар ҳамаи он шуарое, ки барои Наврӯз шеърҳо эҷод кардаанд ҷамъоварӣ шавад, фикр мекунам даҳҷилдаҳо китоб хоҳад шуд. Вале барои намуна порчае аз шеъри Муҳаммадсолеҳи Нодимро  меоварам, ки чунин менигорад:

Фасли Наврӯз асту олам хуррам аз файзи гул аст,

Бӯстон бингар, навопардози савти булбул аст.

Дашту кӯҳ аз сабзаи шодоб махмалпӯшранг,

Наварӯси боғ мушкин, нури ҷаъди сунбул аст [5, 138]!   

То имрӯз ин ҷашни фархундаро мардуми кишварҳои зиёди дунё ҷашн мегиранд. Алалхусус, ин ҷашни фирӯз дар ҷумҳурии мо бо як шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил карда мешавад. Бо ташаббус ва зинда гардонидани мероси ниёгон Асосгузори сулҳу ваҳдат,  Пешвои миллат, Президенти кишвар, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  Наврӯз ҳамчун ҷашни байналмилалӣ шинохта шуд.

Гуфтан ба маврид аст, ки дар соли 2016 аз ҷониби Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ангораи ҷашни Наврӯзӣ тасдиқ карда шудааст, ки он дар айёми тантанаҳои наврӯзӣ метавонад чун рамзи ин ҷашни пурифтихори бостонӣ истифода гардад.

Перомуни ин ҷашни байналмилалӣ муҳаққиқон асарҳои зиёде офаридаанд. Яке аз муҳаққиқони тоҷике, ки тамоми ҳаёти худро перомуни Наврӯз бахшидааст Рӯзӣ Аҳмад мебошад, ки аз таронаҳои мардумӣ то таъсири Наврӯз ба шеъри шоирони асрҳои гунонгун асарҳои ҷолибе офаридааст. Яке аз он осор «Таронаҳои наврӯзӣ» мебошад, ки ҳама нозукиҳо ва анъанаҳои мардумие, ки нисбат ба Наврӯз суруда шудаанд ҷамъоварӣ шуда, таҳлилу баррасӣ гардидаанд, ки яке аз ҷанбаъҳои он суфраҳои наврӯзӣ дар оини мардумиро нишон медиҳад.

Наврӯз дар адабиёти асрҳои гузашта ва имрӯзаи мо нақши муҳим дорад. Аз ин хотир агар ба ашъори шоирони гузаштаву имрӯза назар афканем дармеёбем, ки дар ҳақиқат шоирони мо нисбат ба фасли баҳору айёми шукуфоии табиат ва Наврӯзу бедоршавии Замин ва инчунин перомуни шукуфоии гулу сабза ашъори пурғановате сурудаанд, ки далели ин гуфтаҳоро бемуҳобот дар ашъори шоирони асрҳои IX – XI мушоҳида менамоем. Ба ин хотир бо роҳнамоӣ ва дастгириву кумакҳои маънавии яке аз донишмандони тоҷик, доктори илми филология, профессор Мирзо Муллоаҳмад бо ҳаммураттибӣ ҷилди якуми китоби бисёрҷилдае бо номи «Ҳафт суфраи Наврӯз»-ро нашр намудем. Ҷилди якуми ин китоб бошад перомуни Наврӯз дар шеъри шоирони асрҳои IX – XI-ро дар бар гирифтааст, ки ин шоирон аз Абуабдуллои Рӯдакӣ то Анварии Абевардиро дар бар мегирад. Инчунин як бахши дигари ин китоб перомуни таронаҳои мардумӣ мебошад.

Тавре қайд гардид, ҷилди якуми «Ҳафт суфраи Наврӯз» перомуни Навӯз дар назми асрҳои IX – XI мураттаб шудааст, мо дар ин ҷо шеъри баҳории Абубабдуллоҳи Рӯдакиро, ки асосгузори адабиёти классикии форсу тоҷик мебошад бо таронаҳои рангини наврӯзиву баҳоронааш истиқбол мегирем. Рӯдакӣ ба қатори дигар асарҳои офаридааш нисбат ба баҳору Наврӯз низ сурудаҳои дилнишине дорад. Ин шоири машҳур таҷлили Наврӯзро дар соле як маротиба дониста, дидори дӯстону наздиконро дар ин рӯз як муждаи дубора зиёдтаршавии меҳру муҳаббати башарӣ медонад.

Як бор бувад ид ба ҳар сол, ба як бор,

Ҳамвора маро ид зи дидори ту ҳамвор.

Ҳар бор ба сол андар як бор бувад гул,

Рӯйи ту маро ҳаст ҳамеша гули пурбор.

Рӯдакӣ фарорасии бахору борони найсони баҳориро барои бедоршавии табиат ва тару тоза гардидани сайёраи Замин як меҳрубонии илоҳӣ нисбат ба бандагони рӯйи Замин медонад, ки бо омадани баҳор мардуми рӯзгордидаву солхурда низ бо машоми баҳорӣ даврони ҷавониашонро ба ёд меоранду зиндагиро рангин эҳсос мекунанд.

Омад баҳори хуррам бо рангу бӯи тиб,

Бо сад ҳазор нузҳату ороиши аҷиб.

Шояд, ки марди пир бад-ин гаҳ шавад ҷавон,

Гетӣ бадил ёфт шабоб аз пайи машиб [3, 55].

Мунҷики Тирмизӣ айёми баҳорон ва шукуфоии гулу сабзаро чунин тасвир менамояд, ки фақат дар фасли баҳор мо метавонем, гулҳои зебои баҳориро бо рангҳои зебоашон дар хиёбону гулгаштҳо тамошо намоем, ки ба инсон рӯҳи тозае мабахшад. Яъне, ки дар ин айём куҷое бингарӣ ҳатман гулу гулзорро менигарӣ ва ҳама вақт дар ин айём инсонҳо болидахотиранд:

Сурху сапеду зарду бунафшу кабуду лаъл,

Наврӯз карда бар гули садбарг заргарӣ.

Хира шавад ду чашми ту чун бингарӣ бад-ӯ,

Ҳар сӯ, ки рӯ ниҳӣ, надиҳам, ки бингарӣ.

Шоири номдори форсу тоҷик Абдулқосим Фирдавсӣ низ перомуни Наврӯзу баҳор сурудаҳои ҷаззобе ба мерос мондааст.  Ин шоири сутург фарорасии фасли баҳору Наврӯзро аз падидаҳои зебоибахши табиати кураи Замин медонад ва атласпӯш гардидани кӯҳу саҳрову рӯйидани лолаву гулҳои рангоранги дигари баҳорӣ шоирро ба илҳоме овардааст, ки қалам бар даст бигирад ва дар ин маврид чунин қайд намудааст:

Кунун хӯрд бояд майи хушгувор,

Ҳаме бӯйи мушк ояд аз ҷӯйбор.

Ҳаво пурхурӯшу замин пур зи ҷӯш,

Хунук он ки дил шод дорад ба нӯш.

Ҳама бӯстон пур зи барги гул аст,

Ҳама кӯҳ пур лолаву сунбул аст,

Ба полиз булбул бинолад ҳаме,

Гул аз нолаи ӯ биболад ҳаме.

Унсурии Балхӣ Наврӯзро яке аз омилҳои асосии зебоибахши табиати замин медонад. Ба тасвири ӯ Наврӯз бо омад-омади худ ба ҳама ашё ва ҷондорони рӯйи замин нерӯи нав мебахшад. Боди наврӯзӣ ва вазиши шамоли баҳорӣ ҳама дарду ранҷи инсониву ҳама камбудии он чи дар табиат ҳаст барқарор менамояд. Ин аст, ки ӯ чунин мефармояд:

Боди наврӯзӣ ҳаме дар бӯстон бутгар шавад,

То зи сунъаш ҳар дарахте луъбате дигар шавад.

Боғ ҳамчун кулбаи баззоз пурдебо шавад,

Бод ҳамчун таблаи аттор пуранбар шавад.

Фаррухии Систонӣ бошад Наврӯзро бо нигоҳи тоза ҳар соле бо як шукуҳеву навоеву шеъри тозае пешвоз мегирифтааст. Ӯ аз ҷумлаи он шоироне мебошад, ки перомуни баҳору Наврӯз нисбат ба дигар ҳамасронаш шеър зиёд гуфтааст. Ба гуфтаи худи шоир бо тасаввуроту эҳсоси баҳориаш ҳар соле, ки дар ҳаёташ паси сар мешуд дар соли нав навгонии онро вобаста ба баҳор дониста, онро ҳатман ба риштаи назм даровардааст. Шоир дар ин маврид чунин гуфтааст:

Имсол тозарӯйтар омад ҳаме баҳор,

Ҳангоми омадан на бад-ин гуна буд пор.

Пор аз раҳ андар омад чун муфлиси ғариб,

Бефаршу бетаҷаммулу берангу бенигор.

В-ин сол пеш аз он ки ба деҳманзиле расад,

Андар кашид ҳулла ба дашту ба кӯҳсор.

Қатрон низ яке аз намояндагони барҷастаи ин ду аср буда, нисбат ба баҳору Наврӯз шеърҳои ҷаззобе офаридааст. Яке аз хусусиятҳои шеъри баҳории Қатрон дар он аст, ки ин шоири хушзавқ ҳамаи ашёи табиатро аз офарандаи он медонад. Дар шеъраш ҳатто инро исбот кардааст. Шоир дар васфи баҳор шеър навишта, ҳамду санои худро ба офарандаи ин гулу гиёҳ ва зебоибахши онҳо расонида, чунин қайд намудааст:

Боғу бустонро ба саъйи абр кард обод бод,

Сад ҳазорон офарини ҳақ бар абру бод бод.

Бӯстон чун луъбади Навшод гашт аз хуррамӣ,

Булбули ношод шуд з-он луъбади Навшод шод.

Ошиқонро аз висоли дилбарони ҷонфизой,

Булбулон доданд азбас нолаву фарёд ёд.

Агар гӯем, ки ҳама шоирони форсу тоҷик дар васфи баҳору Наврӯз шеър эҷод кардаанд, хато намекунем. Барои ин ки яке аз ҳолатҳои беҳтарине, ки шоирро ба илҳом меорад ин тамошои сабзазору гулу гиёҳ аст ва ин гулу гиёҳ ҳам бошанд дар баҳор мерӯянд. Шоироне, ки мо дар боло зикр намудем чандин шеъри баҳорӣ сурудаанд ва мо бошем барои мисол порчае аз ашъори эшонро инҷо шарҳ додем. Дар оянда низ кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки шаш ҷилди дигари китоби «Ҳафт суфраи Наврӯз»- ро пешкаши хонандагон гардонем.

Китобнома

  1. Абӯсаид Абдулҳай ибни ал-Заҳҳок ибни Маҳмуди Гардезӣ. Зайн ал-ахбор. -Теҳрон, 1347.
  2. Берунӣ Абурайҳон. Осор ал-боқия. –Душанбе: Ирфон, 1990. – 432с.
  3. Мирзо Муллоаҳмад, Субҳиддин Зиёев. Ҳафт суфраи Наврӯз. (Маҷмуаи ашъор ва тасвирҳо). -Душанбе: Эр-граф. 2014. -176с.
  4. Муҳаммадқул Ҳазратқулов. Наврӯзи оламафрӯз ва дигар идҳои суннатии сол. -Душанбе: Эр-граф, 2012.-484с.
  5. Муҳаммадсолеҳи Нодир. Чакомаи Наврӯз. -Душанбе: Адабиёти бачагона, 2012. -140с.
  6. Умари Хайём. Наврӯзнома. –Душанбе: Адиб, 2012, 352с.

Зиёев Субҳиддин

н.и.филология, мудири шуъбаи

Шарқи Миёна ва Наздики

Институти омӯзиши масъалаҳои

давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

БОЗГАШТ