АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Буҳрони ҷаҳонбинӣ ва хатари хушкандешӣ

Муаллиф: Нозим Нурзода

Расм

 (мулоҳизоти куллӣ дар ҳошияи Рӯзи ҷаҳонии фалсафа)

Тибқи муқаррароти Созмони ҷаҳонии ЮНЕСКО, Рӯзи ҷаҳонии фалсафа панҷшанбеи севуми моҳи ноябри ҳар сол таҷлил мегардад. Дар воқеъ, нахустин маросими бузургдошти Рӯзи ҷаҳонии фалсафа таърихи 21 ноябри соли 2002 ба вуқуъ пайвастааст. Ғолибан, дар аксари кишварҳои дунё Рӯзи ҷаҳонии фалсафа панҷшанбеи севум ва ё охири моҳи ноябри сол таҷлил мегардад ва дар ин рӯз, одатан гузоришу суҳбатҳои файласуфони шинохта мавриди истимоъ ва баррасӣ қарор мегиранд. Дар Фаронса баъзан се рӯзро барои таҷлили ин Рӯзи ҷаҳонӣ ихтисос медиҳанд ва дар доираи чорабиниҳои фалсафӣ баҳсу мунозироти фалсафӣ бо ҳузури фаъоли занону бонувони файласуфи фаронсавӣ доир мегардад. Дар фазои пасошуравӣ низ суннати таҷлили Рӯзи ҷаҳонии фалсафа мутадовил шуда, дар ин замина ибтикороти зарурӣ рӯйи даст гирифта мешавад. Ба ин маънӣ, дар Федератсияи Россия, Белоруссия ва як қатор кишварҳои пасошуравӣ моҳи ноябр ба унвони Рӯзи ҷаҳонии фалсафа таҷлил мегардад. Дар ин рӯз гузоришҳои илмӣ, чорабиниҳои фарҳангӣ, нишастҳои ихтисосӣ, намоишгоҳҳои ҳунарӣ, мубоҳисоти фалсафӣ ва маҳофили илмӣ гузаронида мешаванд.

Дар доираҳои илмию ихтисосии мо ҳам таҷлили Рӯзи ҷаҳонии фалсафа ба ҳукми анъана даромадааст ва ба ин муносибат ҳамасола Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва ҳавзаҳои донишгоҳии ҷумҳурӣ чорабиниҳои илмӣ доир менамоянд. Бо таваҷҷуҳ ба ин, 17 ноябри соли ҷорӣ бо ташаббуси мудирияти Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АМИТ дар маҷлисгоҳи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва ҳузури файласуфони муосири миллию ватанӣ маҳфили ихтисосие баргузор гардид ва сари масъалаи “Алоқамандии фалсафа бо илмҳои дигар” мавриди радду бадали илмию ихтисосӣ қарор гирифт. Вале ваҷҳи нигаронӣ ин буд, ки дар толор донишҷӯёни донишкадаву донишгоҳҳои пойтахт кам ба назар расид ва баҳсу мунозираҳои ҷиддии фалсафӣ сурат нагирифт.

Чанд гузориши илмӣ -- гузоришҳои академик Кароматулло Олимов, доктори илмҳои фалсафа, профессор Нигматулло Сайфуллоев, доктори илмҳои фалсафа Заррина Диноршоева бидуни суолу ҷавоб, радду бадал ва баҳсу ҷадали ҷиддӣ, ки ҷавҳари фалсафа ва ҷаҳоншиносии фалсафиро ташкил медиҳанд, ироа гардиданд. Ҳамчунин, ба иллати сарфа кардани вақту фурсат таҳлилу музокироти узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Маҳмадалӣ Музаффарӣ ва доктори илмҳои фалсафа Комил Бекзода хеле маҳдуд карда шуданд. Дар анҷоми чорабинӣ академик Кароматулло Олимов таъкид кард, ки агар худи файласуфону муҳаққиқони фалсафа ба ин илми бунёдӣ бетаваҷҷуҳӣ намоянд, буҳрони ҷаҳонбинӣ ва хушкандешӣ ҳатман дар ҷомеа тасаллут пайдо мекунад ва вазъи буҳрониро дар тамоми соҳоти хоҷагии халқи мамлакат ба вуҷуд меоварад. Ин аст, ки фалсафаро худи муҳаққиқону файласуфон бояд эҳтиёт кунанд ва аз газанди рӯзгор эмин бидоранд. Дар зимн, доктори илмҳои фалсафа Зарина Диноршоева ҳам зимни ироаи гузориши илмӣ ба масъалаи шахси файласуф ва ҷойгоҳи иҷтимоии ӯ таваҷҷуҳ намуда, кӯшиш кард, ки шахсияти файласуф ва ибтикороти ӯро аз рӯйи меъёрҳои илми ҷаҳонӣ ошкор созад. Мавсуф бо такя ба адабиёти илмӣ-таҳқиқии хориҷӣ, аз ҷумла китоби маъруфи файласуфи вуҷудӣ Карл Ясперс “Бузургони фалсафа”, мақоми иҷтимоӣ ва рисолати илмӣ-фалсафиро аз маҳдудиёти дараҷавӣ (манзур доштани унвону дараҷаҳои докторию профессорӣ ва соири ановини илмӣ) берун кашида, нақши шахсияти файласуфро дар ибтикороту ташаббусҳои илмию эҷодӣ ва бахусус, ҷасорати фикрию иҷтимоии шахси файласуф арзёбӣ намуд. Аммо Рӯзи ҷаҳонии фалсафа, чуноне ки мебоист, доир нагардид ва баҳсҳои ҷиддии фалсафӣ дар ин рӯз сурат нагирифт, то ин ки насли ҷавони дар толор қарордошта аз мубоҳисоту муҷодилоти ҷиддии фалсафӣ кайфият барад, ба гуфтугузору муколимоти фалсафӣ одат кунад, ҳунари пурсишгариро ёд бигирад ва бад-ин минвол суннати баҳси фалсафӣ дар муҳитҳои донишгоҳию академии мо мутадовил гардад.

Ба ҳар сурат, дар Рӯзи ҷаҳонии фалсафа мебоист суолу пурсишоти ҷиддии рӯз, аз ҷумла: Файласуфи воқеӣ кист ва чӣ рисолате дорад? Оё мо файласуф дорем? Критерия ва меъёри файласуф будан чист? Фарқ миёни файласуф ва мутафаккир дар чист? Чаро ба фалсафа ҳанӯз ба илми огоҳӣ ва худшиносӣ дуруст таваҷҷуҳ намешавад? Чаро хушкандешӣ дар ҷомеа тасаллут пайдо кардааст? Чаро мушкилоти фикрию мадании мо решашиносӣ намешаванд ва сари он баҳс карданро раво намебинем? Чаро истиқлоли фикрӣ, руҳи интиқодгарӣ, шаккокӣ, гумонварзӣ, ҷасоратмандӣ ва шеваи интиқодпазирӣ, ки хоси биниши фалсафианд, ба ҷомеаи илмию академӣ бегона шудааст? Чаро бемории риққатбори беҳувиятӣ, бегонашавӣ ва манқуртизатсия дуруст ташхис намешавад? Чаро ба сарнавишти миллӣ ва буҳронҳои фикрӣ бетафовутем ва ҳаводиси ноҷури иҷтимоию мафкуравиро, ки ба манфиати халқу миллат нестанд, ҳамчун тамошобин мушоҳида менамоем ва дар баробари ҳассосиёти замонию маконӣ вокуниши ҷиддии фалсафӣ ва илмӣ намекунем? Чаро аз интиқод ва тафаккури интиқодӣ меҳаросем ва ба бархурдҳои солими фикрӣ одат накардаем? Чаро интиқоди мунсифонаро ба унвони таҳқир мепазирем, худро таҳқиршуда мепиндорем ва алайҳи интиқодгарон мешӯрем? Чаро нақдро аз хуқд шуруъ намекунем ва қабл аз ҳама, ба худ хурда намегирем ва аъмолу рафтору пиндору гуфтори хешро аз суҳони хурдабинӣ намегузаронем? Чаро чуну чаро кардан (таркиби Носири Хусрав)-ро дар зиндагии илмию эҷодию иҷтимоӣ ба кори рӯзмарраи иҷтимоию илмию эҷодӣ табдил надодаем ва ҳатто дар фикри роҳандозии ин навъ барномае ҳам нестем? Чаро фикр кардан ва истиқлоли фикрӣ дарёфтанро таҷриба намекунем ва аз ин гуна таҷрибагаройӣ имтиноъ меварзем? Сад ва ҳатто ҳазорон “чуну чароҳо”-и дигар тайи зеҳни мо туғён мекунанд ва посух меҷӯянду металабанд. Албатта, дарёфти посухҳое дар ин замина ба сатҳи донишҳои фалсафӣ ва ҷаҳоншиносии фалсафии мо иртибот мегирад, ки мутаассифона, ба талаботи рӯз ҳамоҳанг нест.

Ба назари мо, баҳсҳои ҷиддие дар заминаи мушкилоти фикрию ҳувиятӣ ва муҳимтар аз ҳама, буҳрони фалсафӣ аз ҷониби файласуфони фақиди миллӣ устодон Султон Наврӯзов ва Абдусамад Самиев (равонашон шод ва хотираи некашон гиромӣ бод!) сурат гирифта буд. Ин ду файласуфи муосири миллӣ ба масоили доғи рӯз – буҳрони ҷаҳонбинии фалсафӣ ва нуфузи хушкандешӣ, ки ҷомеа, миллат ва саранҷом давлатро ба гирдоби парокандагию нобудӣ мекашанд, тамаркуз карда, кӯшидаанд, ки аз тариқи нақди фалсафию илмӣ ба мушкилоти муосири миллӣ расидагӣ намоянд ва ҳавзаҳои илмӣ, муҳити донишгоҳӣ ва ҷомеаи маданиро аз вазъи ноҷури равонию ҳувиятӣ ва билохира ҳолоти буҳронӣ огоҳ созанд, то сатҳи буҳрони фалсафӣ коҳиш ёбад ва роҳҳалҳое дар ин замина манзур гардида, мушкилот бартараф шаванд (барои иттилооти бештару муфассал таваҷҷуҳ шавад ба: Наврӯзов, Султон. Файласуфони гумном ё арвоҳҳо дар фалсафа (Нашри дуюм). –Душанбе: “Ирфон”, 2016. -220 саҳ.; Наврӯзов, Султон. Игры в науку. Книга первая. –Душанбе, 2012; Наврӯзов, Султон. Игры в науку. Книга вторая. –Душанбе, 2012; Самиев, Абдусамад. Нақши фалсафа дар бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ (Суҳбати ихтисосӣ). //Илм ва Ҷомеа, №3-4 (2016). -С.76-86; Самиев, Абдусамад. Фалсафаи тоҷик дар талоши дарёфти худ. //Фараж, №15,16,17 аз 08.04.- 15.04.-22.04.2020). Мунтаҳо, дар заминаи Рӯзи ҷаҳонии фалсафа чанд мулоҳизаи куллии хешро ба таври иҷмолӣ ироа медорем:

Якум. Мардум аз қадимтарин замонҳо барои посух ҷустан ба мушкилот ва муаммоҳои зиндагӣ аз ақлу зеҳн кор гирифтааст ва тавассути сохтмони мағзӣ ба суолоти рӯзгор ҷавоб додаанд. Ба сухани дигар, мардум аз бомдоди зиндагӣ бо фалсафа ва пурсишҳои фалсафӣ ҳамқисмат будааст ва ба истилоҳ, “фалсафидан”-ро меҳвари кори фикрӣ ва ҷисмонии худ қарор додааст. Ҳатто инсонҳои ҷомеаи аввалия (ҷамои ибтидоӣ дар назар аст), бо он ки дар пешорӯйи мушкилоти рӯзафзуни зиндагӣ ва ҷаҳон оҷиз буданд, ҳунари пурсишгариро, ки аз тақвияту ҳаракоти фаъоли зеҳн маншаъ гирифта, нахустзаминаи тафаккури фалсафӣ маҳсуб меёбад, кашф карданд ва дар баробари муаммоҳои ҳаётӣ ҷасурона воистоданд. Аз қадимтарин замонҳо инсон донистан ва шинохтани муаммоҳои олами ҳасту буд ва бар ин мабно тасмим гирифтанро меъёри кор қарор дода буданд. Ба ёд меоварем ду қавли пири файласуфони ҷаҳонӣ Арастуро: “Мардум, табиатан, мехоҳанд бидонанд” ва “Барои файласуф набудан ҳам файласуф бояд буд”. Дар асрҳои миёна мафкурасозони динию мазҳабӣ фалсафиданро, ҳарчанд ки интиқод мекарданд, ба фалсафа ва улуми фалсафӣ таваҷҷуҳ доштанд. Масалан, яке аз сӯфиёни матраҳи асримиёнагӣ Маҳмуди Шабустурӣ дар маснавии машҳури “Гулшани роз” гуфта буд:

Зи дурандешии ақли фузулӣ,

Яке шуд фалсафӣ, дигар фузулӣ.

Аз тарафи дигар, дар асрҳои миёна ба фалсафа ва улуми фалсафӣ на танҳо беэътиноӣ мешуд, балки ин навъ илмро, ки ба тартиботи шаръӣ ва низоми мафкуравии динӣ-мазҳабӣ ҷур дарнамеомад, сахт накуҳиш мекарданд. Шайх Аттори Нишопурӣ, ки аз ҷумлаи мутасаввифони машҳури асримиёнагист, ба фалсафа ва ҳикмати юнонӣ назари хуб надорад ва муддаӣ аст:

Шаръ фармони паёмбар бурдан аст,

Фалсафиро хок бар сар кардан аст...

Ҳикмати Ясриб бас аст, ай марди дин,

Хок бар Юнон фишон аз гарди дин.

Дар ҷойи дигар, Шайх Аттор, бо вуҷуди интиқодоту танаффуроти шахсию ҷамъӣ фалсафаро “илми шигарф” унвон мекунад ва мардона иқрор мешавад, ки худ “марди ин кори шигарф” (аҷибу шавқовар) нест:

То ба кай гӯйӣ ту, ай Аттор ҳарф,

Нестӣ ту марди ин кори шигарф.

Дуюм. Фалсафа (фарзонагӣ ва хираддӯстӣ) донишест, ки ба тааммул, тафаккур ва пурсиш дар бораи масъалаҳои бунёдӣ ва асосие (мисли ҳастӣ, огоҳӣ, воқеият, арзиш, хирад, зеҳн, забон ва амсоли инҳо), ки дар ҷаҳону зиндагӣ бо онҳо мувоҷеҳ ҳастем, посух меҷӯяд ва дар ин замина муколима ва гуфтумонро ба роҳ меандозад. Аз тарафи дигар, фалсафа на танҳо ба унвони тааммули назарӣ, балки ҳамчун “шева ё ҳунари зистан” ва талоше барои “хубу шоиста зистан” муаррифӣ мешавад. Албатта, ҳамеша фалсафа собит кардааст, ки хубу шоиста зистан, қабл аз ҳама, ба талошҳои мудавоми насли ҳушманди башарӣ бастагӣ дорад. Гузашта аз ин, ин хубу шоиста зистан имкон фароҳам меоварад, ки хираддӯстӣ ва фарзонагӣ (фалсафа ва донишҳои фалсафӣ) дар ҷомеа ва қаламрави иҷтимоӣ реша давонанд ва мардумро дар марзи огоҳӣ ва иттиҳоду ҳамбастагӣ мунсаҷим созанд. Ин хуб зистан ва шоиста умр ба сар бурдан аст, ки мардумро ба сӯйи хирадмандӣ, фазилатгаройӣ ва инсонпарастӣ савқ дода, шароити мусоидро барои раҳоӣ аз мушкилоту печидагиҳои зиндагию рӯзгор фароҳам меоварад. Ҳанӯз Суқроти ҳаким дар муколимоту гуфтумонҳои худ миёни ҷавонон ин пурсиши фалсафиро матраҳ мекард: “фазилат чист ва беҳтарин ҳукумат кадом аст?”. Аз ин ҷост, ки фалсафа, аз як тараф, ба моҳияти ҳастиву вуҷуд тамаркуз мекунад ва аз ҷониби дигар, назарияи ахлоқию сиёсиро мабнӣ бар беҳтарин шеваи зист матраҳ месозад. Ба ин маъно, файласуфи ҷаҳонӣ Бертран Рассел фалсафаро ҷузви зиндагии иҷтимоъ донистааст (ниг.: Рассел Бертронд. Таърихи фалсафаи Ғарб ва равобити он бо авзои сиёсӣ ва иҷтимоӣ аз қадим то имрӯз. Тарҷумаи Наҷаф Дарёбандӣ. Нашри электроникӣ, баҳманмоҳи 1388. –С.8). Ҳарчанд ки фалсафа дар доираи илми алоҳида омӯхта шуда, мунҳасир ба як ихтисос аст, ниёзҳои муштараки мардумиро инъикос мекунад. Ин аст, ки мардум ба таври худогоҳ ва нохудогоҳ ба фалсафа алоқаманданд ва ин алоқамандӣ ва ба истилоҳ, шефтагӣ ба ниёзҳои муштараки инсонҳо бастагӣ дорад.

Севум. Фалсафа, қабл аз ҳама, бо шахсияти файласуф ва ҳарфу сухани фалсафӣ тавъам аст. Файласуф нафарест, ки воқеияти зиндагиро дар мизони ақлу мантиқ баркашида, дар баробари мушкилоти ҳаётӣ, зулму истисмор, беадолатию беинзиботӣ, хурофоту таассуби ҳамагиру вогир қад алам мекунад. Ба ин маъно, муҳаққиқон файласуфро виҷдони огоҳ ва бедори башар номидаанд. Аз ҷумла, файласуфи овозадори ғарбӣ Эдмунд Ҳуссерл гуфта буд: “Файласуфон хидматгузорони башар ҳастанд”. Файласуф ҳамеша фаротар аз авом фикр мекунад ва дар ҳолати рӯ задани бархурдҳои иҷтимоию сиёсӣ, мушкилоти маданӣ ва ташаннуҷи хурофоту таассуби динию дунявӣ дар раддаи пеши муборизаҳо қарор мегирад ва дар масири маҳори буҳронҳои маъноӣ, мафҳумӣ ва маънавӣ гомҳои устувор бармедорад. Файласуф дар ҷараёни рӯёрӯйӣ бо таҳдиду хатару мушкилот аз силоҳи донишу мантиқ кор мегирад ва бо ҷасорати мунҳасир ба фард дар майдони муборизоту муқовимоти мафкуравӣ қарор мегирад.

Файласуфони номовари асри бистум Бертран Рассел (1872-1970), Карл Ясперс (1883-1969), Жан Пол Сартр (1905-1980), Албер Камю (1913-1960), Габриэл Марсел (1889-1973), Симона де Бовуар (1908-1986), Мишел  Фуко (1926-1984) ва дигарон намунаи барҷастаи шахсиятҳои фалсафианд, ки дар баробари мушкилоти замон ва буҳронҳои сиёсию иҷтимоӣ ва мафкуравию маданӣ қаҳрамонона воистодаанд ва ҷасоратмандона ба башар паёми озодӣ ва масъулияти инсониро расонидаанд. Бузургӣ, ҷуръатмандӣ, масъулият ва фазилати онон ба дараҷае будааст, ки то имрӯз насли нави файласуфону андешамандон ва донишомӯзон дар Рӯзҳои ҷаҳонии фалсафа навор ва сабти садои суханрониҳои ононро гаштаю баргашта тамошо ва гӯш мекунанд. Маҳз фалсафа ва илмҳои фалсафӣ дар сесад соли ахир Аврупо ва Ғарбро ба мароҳили нави таҳаввулоту тараққиёт расонида, инсонро аз сатҳи як мавҷуди биологӣ ба мақоми баланди шаҳрвандӣ боло бурдаанд. Озодӣ, истиқлол, гуфтумон, муколима, мардумсолорӣ, озодандешӣ, либерализм, ҳуманизм ва ба ин монанд мафоҳими мудерн, ки тору пуди давлат ва ҷомеаҳои ғарбиро ташкил медиҳанд, самараи муборизаи зиёда аз сесадсолаи файласуфону равшанфикрони ғарбист.

Севум. Кори фалсафа гуфтумон аст, гуфтумон барои ҳалли мушкилоти башарӣ ва ҷилавгирӣ аз фоҷеаю мусибатҳо, ки бар асари нодонӣ, хурофазадагӣ, бемасъулиятӣ, саҳлангорӣ, худшефтагӣ, беҳувиятӣ, ҷоҳталабӣ, мансабталошӣ ва амсоли инҳо иттифоқ меафтанд. Ҳоло ки ҷаҳон дучори буҳрони амиқи бемаъноӣ шудааст, вуҷуду ҳузури фалсафа, файласуф ва мабоҳиси фалсафӣ асли зарурат аст. Дунёе, ки дучори бемаъноӣ мешавад, дунёи тафаккурзудо ва хирадситез аст. Муҳаққиқони фалсафаи муосир ба ин нукта ишора мекунанд, ки баҳсу мнозироте, ки дар фейсбук ва дигар шабакаҳои иҷтимоӣ роҳандозӣ мешаванд, ин воқеиятро бозгӯ мекунанд, ки мо бо буҳрони амиқи бемаъноӣ ва тафаккурзудоӣ рӯ ба рӯ шудаем. Ин ки имрӯз бо ҳаракатҳои тундрави динию дунявӣ мувоҷеҳем, натиҷаи ҳамин андешазудоӣ ва тафаккурситезист. Барои як ҳаросафкан ва тундрав ҳама арзишҳо яксонанд ва дунёро дар тарозуи зеҳни худ ва тасоҳуби ҳақиқате, ки худ ва ё муассисонаш ба ӯ додаанд, бармекашад ва арзёбӣ мекунад. Ин аст, ки барои бурунрафт аз халои фикрию зеҳнӣ ва тафаккурӣ ба фалсафа ва пурсишҳои фалсафӣ ниёз дорем. Ҳар қадар ин пурсишҳо зиёд матраҳ гарданд ва зеҳни хоболуди мо, инсонҳоро, ба андешидан ва пурсидан водоранд, ҳамон қадар шароити мусоиди бурунрафт аз мушкилоти фикрию идеологӣ фароҳам меояд. Ба сухани дигар, баҳсҳои фалсафӣ, ки бар мабнои мантиқ тарҳрезӣ мешаванд, озодӣ ва истиқлоли фикрии ҷомеаро таъмин мекунанд. Ба ин маъно, фалсафидан андешидан ва андешидан озод будан аст. 

Чаҳорум. Навиштан ва таълим додан (пири файласуфон Суқроти ҳаким ва шогирдаш Афлотун тавассути таълим ва гуфтугӯ бо ҷомеа ва бахусус, насли ҷавон дар тамос мешуданд ва дар ташаккули ҳунари пурсишгарӣ ва ҷасоратмандӣ саҳми муносиб мегирифтанд) аз муассиртарин фарояндҳои иваз кардани зеҳну тафаккури башар ва махсусан, насли наврас ба шумор меравад. Тавре ки болотар ишора кардем, башар бо буҳрони маъноӣ ва ҳувиятӣ мувоҷеҳ гардидааст. Буҳрони ҳувиятӣ натиҷаи буҳрони маъноӣ аст. Имрӯз, мутаассифона, баъзе аз арзишҳои ҳуманистӣ дар миёни насли ҷавон камтар маъно доранд. Файласуфон, ки пурсишгарони воқеиётанд, тавассути пурсишҳо ва баҳсу гуфтумон ҷомеа ва насли ҷавонро ба сӯйи худшиносӣ савқ медиҳанд. Аз ин лиҳоз, пеши роҳи буҳрони маъноӣ, ҳувиятӣ ва омӯзиширо, ки насли ҷавонро ба чолиш кашидааст, фалсафа ва мабоҳиси фалсафӣ гирифта метавонанд. Воқеият ин аст, ки як гурӯҳ технократҳо пешрафтро танҳо дар рушди улуми табиию риёзӣ ва техникӣ имконпазир медонанд ва мақоми фалсафа ва улуми фалсафиро дар рушди фикрию техникӣ нодида мегиранд. Ин аст, ки арзишҳои инсонӣ ҷойро бар арзишҳои дигар, ки дар қолаби фиребои “инноватсия” инсиҷом ёфтаанд, додаанд ва ба ин тартиб, раванди роботишавии ҷомеаро тақвият кардаанд. 

Панҷум. Собиқ директори генералии Созмони ЮНЕСКО Ирина Бокова дар паёме ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии фалсафа гуфта буд, ки нигаришҳои фалсафа дар бархурд бо печидагиҳои замони имрӯз ва бардоштани гоме ба сӯйи гуфтугӯҳои созанда барои тадвини роҳкорҳои муассири ҳалли мушкилот зарурианд. Фалсафа беҳтарин роҳ барои рӯшангарӣ ва омӯзиши шаҳрвандон ва абзори мубориза бо ҷаҳлу таассуб мебошад. Бино ба гузориши ЮНЕСКО, фалсафа бояд аз пояи дабистон оғоз шавад, то шаҳрвандонро дар баробари офатҳое назири ҷаҳл, таассуб, эътиқоду итоати кӯркӯрона, ки ҷангу хунрезӣ ва даргириҳои зиёдеро дар пай дошта ва дорад, муқовим созад. Дар шароити феълӣ, ки бархӯрдҳои сиёсию тамаддунӣ ташаннуҷ пайдо мекунанд, таҷлили Рӯзи ҷаҳонии фалсафа саривақтӣ ва зарурати таърихист. Рӯзи ҷаҳонии фалсафа ба унвони рӯзи “танаввуи забонҳо”, ки ҳомили фарҳангҳои гуногун ҳам ҳастанд, дар ба ҳам овардану муттаҳид кардани миллияту халқҳои гуногунун нақши калидӣ дорад. Аз ин ҷост, ки фалсафа дар шароити имрӯзӣ бояд мушкилоти фикрӣ, зеҳнӣ, инсонӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангиро расидагӣ кунад ва билохира нармиши фарҳангҳоро ба вуҷуд биоварад. Ба таври куллӣ, фалсафа дамидани рӯҳи интиқодӣ ба ҷисму бадани башар, нақди хушунат ва интиқоди тасоҳуби ҳақиқат мебошад.

Шашум. Файласуфони муосири тоҷик, устодон Аловуддин Баҳоваддинов, Муҳаммад Болтаев, Муҳаммад Осимӣ, Насрин Идибеков, Иброн Шарифов, Султон Наврӯзов, Ғаффор Ашӯров, Аҳмадҷон Муҳаммадхоҷаев, Маҳмадқул Ҳазратқулов, Абдусамад Самиев, Мусо Диноршоев, ки дар қайди ҳаёт нестанд (равонашон шод ва ёдашон гиромӣ бод!), аз ҷумлаи файласуфони миллӣ маҳсуб меёбанд, ки дар рушди фалсафаи миллӣ ҳанӯз дар замони Шӯравӣ нақши асосӣ гузошта буданд. Файласуфони муосири тоҷик, устодон Акбар Турсон, Кароматулло Олимов, Муҳаммадалӣ Музаффарӣ, Комил Бекзода, Саъдулло Раҳимзода ва насли нави файласуфони миллӣ, минҷумла Ҳафиз Холиқзода, Нуриддин Шаҳобуддин, Рустам Ҳайдар, Назрӣ Асадзода, Ёрмуҳаммад Ниёзӣ, Исомиддин Шарифзода ва амсоли инҳо, ки дар коргоҳи илмию эҷодӣ масоили муҳимму мубрами фалсафиро матраҳ мекунанд, дар таҳкими биниши фалсафӣ ва таҳаввули озодандешии миллӣ саҳми муносиб мегузоранд.

Ҳафтум. Буҳрони фикрӣ ва ҳувиятӣ, ки ҳамакнун ба сифати чолиши ҷиддӣ ва мушкилоти саросарӣ ҷомеаи моро аз ҳар ҷиҳат таҳдид мекунад, аз таназзули ҷаҳоншиносии фалсафии минтақа дарак медиҳад ва мутаассифона, воқеияти талхи рӯзи моро ба намоиш мегузорад. Ба ин мушкилу чолишу таҳдид, ки паёмадҳои номатлубу хатарбореро ба дунбол дорад, саҳлангорӣ кардан ва беэътиноӣ варзидан гуноҳи кабира аст. Бахусус, муҳаққиқон, олимон, пажуҳишгарон, коршиносон, зиёиён, файласуфон ва дӯстдорони фалсафа муваззафанд, ки ба вазъи буҳронӣ бетаваҷҷуҳу бетафовут набошанд, мушкилотро шиносоию решашиносӣ намоянд ва ҷиҳати боло бурдани сатҳи биниши миллию фалсафии насли наврасу ҷавони ҷомеа дастаҷамъона саъю талош варзанд. Агар дар ин вазъи ҳассос фориғболию саҳлангорӣ мекунем, хушкандешӣ ба унвони эпидемияи фарогир ва вабои вогир ҷомеаро ба коми худ фурӯ мебарад ва аз фарҳангу фалсафа ба ҷуз ном чизе боқӣ намемонад. Гузаштагону аҷдоди мо таҷрибаи талхи хушкандеширо дар асрҳои миёна аз сар гузаронида, заҳри ҳалоҳилашро ҳам чашидаанд. Бинобар ин, масъалаи буҳрони ҷаҳонбинии фалсафӣ, нуфузи хушкандешӣ ва чолиши беҳувиятиро, ки ба мағзи миллат садамаи ҷиддӣ мезанад, бояд ҳамеша мадди назар қарор дод ва сари ҳалли муаммо, уқдаҳо ва мушкилоти фикрию ақидатӣ ва фарҳангию маданӣ тамаркуз бояд кард. Дар ин замина омӯзиши бардавоми фалсафа, ташаккули ҷаҳонбинии фалсафӣ ва таҳкими тафаккури миллӣ роҳро барои рушди миллату давлати тоҷик ҳамвор месозад. 

Ҳаштум. Ҷаҳон, воқеан, дар буҳрони фикрӣ қарор дорад ва буҳрони фикрӣ аз адами андешамандӣ, фикрсозию фикрдорӣ шуруъ мешавад. Ҷорҷ Бернард Шоу (1856-1950) ба буҳрони фикрӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ таваҷҷуҳ намуда, гуфта буд: “Фақат ду дар сад аз мардуми ҷаҳон меандешанд, се дар сад фикр мекунанд, ки меандешанд ва наваду панҷ дар сад ҳозиранд бимиранд, аммо фикр накунанд” (ниг.: //Бедорӣ. Қонуни хирадмадории ирониён. Моҳномаи шумораи 77, соли чаҳордаҳум (Octoder 2014). Ба қавли Алберт Эйнштейн (1879-1955), “Фикр кардан мушкилтарини корҳо низ ҳаст (ниг.: Ризоқулӣ Алӣ. Ҷомеашиносии нухбакушӣ: таҳлили ҷомеашинохтии бархе аз решаҳои истибдод ва ақибмондагӣ дар Ирон. Теҳрон: Нашри Най, 1377. -С.24). Дар ин миён, фалсафа, пеш аз ҳама, фикр карданро ба инсон меомӯзад ва ӯро бехабару ноаён тағйир медиҳад (дар таваҷҷуҳ ба қавли маъруфи: философия изменяет человека незаметно). Ин аст, ки ҳар қадар ба фикр кардан мутамоил бошем, ҳамон қадар имкони пешрафтро хоҳем дошт ва баръакс, ҳар қадар аз фикр кардан дур бошем, дигарон аз ҷойи мо фикр хоҳанд кард ва сарнавишти моро бо завқу салиқа ва табъу тақозои хеш хоҳанд сохт. Вақте ки миллат аз фикр кардан (яъне фалсафа омӯхтан ва донишҳои фалсафӣ аз бар кардан) бозмонд, эпидемияи хушкандешӣ сирояташ мекунад, худро дар ойинаи воқеияти зиндагӣ мебозад, худбохтаву беҳувият мешавад ва саранҷом сарнавишташро ба дасти дигарон месупорад. Агар миллате тайи таърих ба иттифоқоти баде назири ҷаҳолатмаобӣ, хушкандешӣ, ақибмондагӣ, вопасгароӣ, беҳувиятӣ, худбохтагӣ ва манқуртӣ мувоҷеҳ гардидааст, бешубҳа, ба сабаби камзарфиятию безарфиятии фикру андешааш будааст. Бинобар ин, фалсафа ва илмҳои фалсафӣ дар омӯзишу шинохту ташхиси мушкилоту муаммою уқдаҳои фикрию ҳувиятии мо, ки ҳамагӣ дар батни фарҳанги мо нуҳуфтаанд, кумак мекунанд. Ба ин маъно, бояд ба фалсафа гироиш пайдо намуда, фикр карданро ёд бигирем ва аз ин тариқ, решаҳои мушкилотро шиносем ва баъдан дар пайи дармонашон гом бардорем. Воқеан, мо зодаи фарҳангамон ҳастем, бинобар ин, нақш ва ҷойгоҳи фарҳанги миллӣ дар шаклгирии диду назари умумии ҷомеа бисёр муҳим аст (ниг.: Лодан Амир Ҳусайн. Худосолорӣ ва дармондагӣ. Мубориза барои адолат, озодӣ ва мардумсолорӣ. –Лос-Анҷелес, 2014. -С.16).

Нуҳум. Умед мекунем, ки фалсафа минҳайси ҷаҳонбинии интиқодӣ ва биниши таҳлилӣ дар миёни табақаҳои гуногуни ҷомеаи тоҷик мутадовил гардад ва роҳро барои рушду таҳаввулоти фикрию иҷтимоӣ ва иқтисодию маданӣ ҳамвор созад. Бигзор, Рӯзи ҷаҳонии фалсафа дар қаламрави ҷумҳурӣ ба унвони Рӯзи фарҳангу хиради миллӣ маҳбубият пайдо намояд ва насли ҷавони мо, бо такя ба фарҳанги Симурғӣ, Ҷамшедӣ, Фаридунӣ ва Хусравонӣ дар бунёди давлат ва ҷомеаи мутамаддини миллию дунявӣ саҳми арзанда гузорад.

Рӯзи ҷаҳонии фалсафа муборак, ҳамватанони гиромӣ!

 

Нозим Нурзода

пажуҳишгар

БОЗГАШТ