БУҲРОНИ ОБ ВА ТАҚДИРИ БАҲРИ АРАЛ ДАР МЕҲВАРИ РӮЗНОМАИ ҶАЛАСАИ КИШВАРҲОИ МУАССИСИ ФОНДИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАҶОТИ АРАЛ ДАР ОСТОНА

Муаллиф: Шарифов Искандар

Расм

(дар ҳошияи сафари Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Қазоқистон ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи кишварҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал ва Саммити минтақавии экологӣ, 22 - 24 апрели 2026, Остона)

 

          Об манбаи асосии ҳаёти инсон аст. Дар назари аввал чунин ба назар мерасад, ки дар Замин оби кофӣ мавҷуд аст, яъне қариб 70 фоизи сайёраи мо бо об пӯшонида шудааст. Аммо, танҳо як қисми хеле ночизи ин захираи бузург, камтар аз 1 фоизи он оби тозаест, ки барои истеъмоли инсон мувофиқ аст. Аз ин рӯ, дар асри XXI масъалаи об на танҳо ба як мушкили экологӣ, балки ба як мушкили иқтисодӣ ва геополитикӣ табдил ёфтааст.

          Норасоии об, яъне кам шудани оби тоза, яке аз мушкилоти экологӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ пазируфта шудааст. Тибқи маълумоти Созмони Милали Муттаҳид, то соли 2030 беш аз 700 миллион нафар метавонанд маҷбур мешаванд, ки аз сабаби норасоии об хонаҳои худро тарк кунанд. Тибқи маълумоти Институти захираҳои ҷаҳонӣ, 17 кишвар, аз ҷумла Ховари Миёна, Африқои Шимолӣ, Ҳиндустон, Покистон ва Узбакистон, то соли 2040 бо норасоии шадиди об рӯбарӯ хоҳанд шуд.

          Осиёи Марказӣ ба марҳилаи муҳими норасоии об ворид мешавад. Дастрасии об ба сари аҳолӣ дар Осиёи Марказӣ дар тӯли чор даҳсолаи охир беш аз се маротиба афзоиш ёфтааст. Аз сабаби тағйирёбии иқлим, афзоиши аҳолӣ ва набудани ҳамоҳангӣ байни кишварҳо дар масъалаҳои об, тамоми минтақа дар давоми 5-10 сол бо бӯҳрони бузурги об рӯбарӯ мешавад. 

          Ба гуфтаи коршиносони як маркази таҳлилии байналмилалии New Lines Institute, ин норасоии обро яке аз таҳдидҳои асосӣ барои рушди иқтисодии минтақа мегардонад. Дар гузориши ин институт, ки моҳи феврали соли 2026 нашр шуд, гуфта мешавад: “Норасоии об яке аз таҳдидҳои муҳимтарин барои рушди иқтисодӣ ва субот дар Осиёи Марказӣ мегардад.” 

          Барои огоҳӣ пайдо кардан нисбати ин буҳрони дар пеш истода, бояд ба рақамҳо нигоҳ кунем, ки то кадом андоза ин буҳрон наздик аст ва чи оқибатҳои худро ногуворро дар пайи худ дорад: а) 80% - саҳми умумии истифодаи об дар Осиёи Марказӣ дар соҳаи кишоварзӣ; б) 40% - миқдори обе, ки аз сабаби системаҳои кӯҳнаи обёрӣ аз даст меравад; в) 1700 м³ - сатҳи норасоии музмини об, ки то соли 2030 пешбинӣ мешавад; г) 92% - аз даст додани ҳаҷми об дар баҳри Арал; ғ) 8–20% - эҳтимолан коҳиши ҷараёни Амударё аз ҳисоби канали Қуштеппа; д) 5 миллион нафар - шумораи одамоне, ки дар минтақа дар 25 соли оянда зери хатари муҳоҷирати иқлимӣ қарор дорандмегиранд.

         Суръати тағйирот нигаронкунанда аст. То солҳои 2030-2040, эҳтимол дорад, ки Осиёи Марказӣ бо норасоии музмини об рӯбарӯ шавад. Пиряхҳои Тян-Шони Ғарбӣ дар ду даҳсолаи охир тақрибан 27 фоиз кам шудаанд. Ин таҳдиди мустақим ба ҷараёни дарёҳои Амударё ва Сирдарёро ба вуҷуд меорад. Дар натиҷа, ин дарёҳо ба миқдори кофӣ ба баҳри Арал намерасанд ва қаъри баҳри хушкшуда ба манбаи тӯфонҳои намак ва чанг табдил меёбад. Тибқи пешгӯиҳои коршиносон дар соли 2026 10-12 туфони намаку чанг аз баҳри Арал мехезад, ки ба экосистемаҳо, пиряхҳо таъсири бевосита мерасонад. Аз сабаби каналҳо ва шабакаҳои кӯҳнаи тақсимот, нисфи об пеш аз расидан ба истеъмолкунанда аз даст меравад. Қисми зиёди об ба кишоварзӣ равона карда мешавад, аммо усулҳои кӯҳнаи обёрӣ дар он ҷо то ҳол истифода мешаванд. Интизор меравад, ки то соли 2040 аҳолии минтақа боз 25 фоиз афзоиш ёбад, ки ин талабот ба оби нӯшокиро ба таври назаррас афзоиш медиҳад.

         Осиёи Марказӣ ба тобистони соли 2026 бо захираҳои хеле камтари об нисбат ба солҳои қаблӣ ворид шуда истодааст. Тибқи пешгӯиҳо, тобистони соли 2026 барои Осиёи Марказӣ аз ҷиҳати норасоии об давраи муҳим хоҳад буд, зеро минтақа ба мавсими кишт бо об дар ҳавзаҳои асосии дарёҳои худ, Амударё ва Сирдарё нисбат ба солҳои қаблӣ ворид мешавад. Ин пеш аз ҳама дар кишварҳои поёноб Қазоқистон, Туркманистон ва Узбекситон хеле назаррас ба чамш мерасад.

          Минтақаҳои ҷанубии Қазоқистон - Қизилурда, Туркистон ва Ҷамбул - аллакай ба марҳилаи норасоии об ворид шудаанд. Тибқи ҳисобҳо, норасоии об барои обёрӣ метавонад ба 1 миллиард метри мукааб бирасад. Интизор меравад, ки ҷараёни об дар ҳавзаи Сирдарё 3,2 миллиард метри мукааб камтар аз меъёр кам шавад. То мавсими кишт, ҳаҷми умумии об танҳо 1-2 миллиард метри мукааб ҳисоб карда мешавад, ки ин аз талабот хеле камтар аст. Обанбори Шардара, иншооти асосии нигоҳдории об дар минтақа, айни замон то камтар аз нисфи иқтидори лоиҳавии худ пур шудааст.

          Тибқи пешгӯиҳо Туркманистон дар соли 2026 бо норасоии шадиди об рӯбарӯ хоҳад шуд. Деградатсияи чарогоҳҳо ва маҳдуд будани обёрӣ дар минтақаҳои Ахал ва Мари боиси коҳиши шумораи чорво ва ҳосили ғалладонагиҳо мегардад.

          Ӯзбекистон бошад бо сабаби зичии аҳолӣ ва бахши калони кишоварзии худ бо вазъияти боз ҳам душвортар рӯбарӯ аст. Тибқи пешгӯиҳо, ҷараёни дарёи Амударё имсол то 65 фоиз коҳиш хоҳад ёфт. Тошканд сармоягузориҳоро барои барқарорсозии каналҳо суръат мебахшад, зеро талафоти об ҳангоми интиқол метавонад то 40 фоиз расад. Инчунин, шумораи зиёда аз 50 обанбори хурду калон аз ҳисоби обҳои Сирдарё танҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Узбекистон вуҷуд дорад ва ҳаҷми обанбори системаи Арнасой-Ҳайдаркӯли ин кишвар зиёда аз 38 млрд. метри мукааб обро ташкил медиҳад. Қаъри ин обанборҳо аксаран аз регу гил иборат буда, миқдори зиёди об беҳуда исроф мешавад. Аз ин нуқтаи назар бояд Узбекистон системаи обёрии худро пурра модернизатсия созад, то ки талофоти об коҳиш ёфта, меъёри муайянкардаи кишварҳои минтақа ба баҳри Арал рафта резад.

          Дар чунин шароит, низоъҳо байни кишварҳои болооб ва поёноб метавонанд боз ҳам шадидтар шаванд. Аммо ин мушкилотро тавассути равиши илмӣ ва сиёсати масъулиятнок метавон коҳиш дод. Масъалаи об як озмоиши беназири қобилияти давлатҳо барои амал кардан аз ҷиҳати стратегӣ аст. Дар ин радиф Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз кишварҳои табашаббускор дар сатҳи байналмилалӣ ба шумор рафта, бо пешниҳоди чандин ташаббусҳои башарӣ маъруф аст. Аз ҷумла, маҳз бо дастгириву ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба масъалаҳои марбут ба об дар якҷоягӣ бо кишварҳои узви Созмони Миллали Муттаҳид ва сохторҳои дахлдори он, як қатор ташаббусҳои ҷаҳонӣ, аз ҷумла “Соли байналмилалии оби тоза, 2003”, Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт, 2005-2015”, “Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013” Даҳсолаи нави байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028”- ро пешниҳод намудаанд, дар ҳалли проблемаи ҳавзаи баҳри Арал низ замина мегузорад.

          Дипломатияи об, ки бо исми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯи кор омадааст, метавонад як механизми муҳим дар ҳалли буҳрони обӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ бошад. Ҳамзамон бояд ёдовар шуд, ки 70 фисати обҳои минтақаи Осиёи Марказӣ аз кӯҳҳои Тоҷикистон маншаъ мегирад ва Тоҷикистон ватани оби тоза дар минтақа аст. Сиёсати самарнок ва башардӯстонаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боиси коҳиш ёфтани буҳрони экологӣ ва об то имрӯз боис гашта истодааст. Аммо тавре дар боло низ ишора кардем, бо кандани канали Қуштеппа боиси нигаронии амиқи кишварҳои поёнобӣ минтақа гардидааст. Зеро то тобистони соли 2026, таъсири канали Куштеппа ба ҳавзаи Амударё ба таври возеҳ эҳсос хоҳад шуд. Гирифтани обҳои танзимнашуда метавонад ҷараёни обҳои поёнобро 15-25 фоиз коҳиш диҳад. Ҳамзамон иштирок накардани Афғонистон дар созишномаҳои минтақавии тақсими об як холигии ҳуқуқиро ба вуҷуд меорад, ки онро механизмҳои мавҷуда пур карда наметавонанд. Дар натиҷа, Осиёи Марказӣ ба нуқтае наздик мешавад, ки системаҳои анъанавии идоракунии об, ки асосан реактивӣ ва бар асоси меъёрҳои давраи Шӯравӣ асос ёфтаанд, дигар самаранок нестанд.

           Хатари ҷиддитаре, ки вазъи экологии минтақаро зери суол қарор дода истодааст, ин ҳолати вазнини баҳри Арал ба шумор меравад. Гарчанде ки пешбинӣ шуда буд, ки минтақаи баҳри Арал дар соли 2025 975 миллион метри мукааб об мегирад, ҷараёни воқеии об, ки дар гидрографи Коратерен чен карда шуда буд, ҳамагӣ 589 миллион метри мукаабро ташкил дод, ки 386 миллион метри мукааб камтар аз интизорӣ аст. Баҳри шимолии (хурди) Арал, ки аксар вақт қисман барқароршаванда эътироф мешавад, бо озмоиши ҷиддӣ рӯбарӯ аст. Бо вуҷуди сарбанди Кукорол, ҷараёни об аз дарёи Сирдарё, ки дар мавҷи гармии тобистон то камтар аз 50 м³/с паст мешавад, наметавонад бухоршавии шадидро ҷуброн кунад. Баъзе коршиносон бар он ақидаанд, ки то моҳи август сатҳи об 50-70 см коҳиш хоҳад ёфт. Ин боиси ақибнишинии соҳил ва афзоиши шӯрӣ мегардад, ки барои моҳидории халиҷи Саришиганак таҳдид мекунад. Тобистони соли 2026 ғайриоддӣ гарм хоҳад буд ва эҳтимолияти тӯфонҳои намакро аз қаъри баҳри хушкшуда зиёд мекунад. Хатари 10-12 ҳодисаи бузурги чанг вуҷуд дорад, ки қодиранд намакҳои заҳролуд ва боқимондаҳои пеститсидҳоро ба садҳо километр паҳн кунанд. Ин на танҳо ба Қарақалпоқистон, балки ба Хоразм ва ҳатто  ба пиряхҳои доманакӯҳҳои Тян-Шан низ таъсир мерасонад.

           Ҳолати нигаронкунандаи баҳри Арал  на танҳо тақдири фауна ва фулораи минтақаро зери суол мебарад, балки он боиси авҷ гирифтани бемориҳо гардида, таҳдид ба ҳаёт ва саломатии аҳолии наздики худро низ дар пай дорад. Аз ҷумла, тибқи маълумотҳо бемориҳои чашм ва роҳҳои нафас, инчунин камхунӣ ва саратон дар минтақаи баҳри Арал рӯ ба афзоиш аст. Аз солҳои 1960 инҷониб, бемории ишемияи дил 18 маротиба, илтиҳоби шуш 19 маротиба ва бронхити музмин 30 маротиба афзоиш ёфтааст. Сифати пасти оби нӯшокӣ боиси 4,2 маротиба афзоиши сангҳои гурда дар деҳоти Қарақалпоқистон шудааст.

           Муҳаққиқон тахмин мезананд, ки 46,4 фоизи бемориҳои роҳи нафас дар кӯдакон ва 38,9 фоизи бемориҳо дар калонсолон аз ифлосшавии ҳаво бо сулфатҳо, ки аз тӯфонҳои чанг ба вуҷуд омадаанд, ба вуҷуд меоянд.

           Тадбири асосии коҳиш додани оқибатҳо табдил додани қаъри хушкшудаи баҳри Арал ба ҷангалҳо мебошад ва интизор меравад, ки то нимаи соли 2026 саксаул ва дигар растаниҳои ба шӯр тобовар, ки дар Қазоқистон ва Узбекистон шинонда шудаанд, 1,7-2 миллион гектарро фаро гиранд.

            Ғайр аз ин, Вазорати экология ва захираҳои табиии Қазоқистон дар қаъри баҳр як ниҳолхонаи ҷангалпарвариро бо иқтидори солонаи 1,5 миллион ниҳол бунёд мекунад.

            Ин “сипарҳои сабз” ба пешгирии муҳоҷирати рег ва намак мусоидат мекунанд, аммо зинда мондани онҳо аз сатҳи обҳои зеризаминӣ, ки коҳиш ёфта истодаанд, вобаста аст.

            Бо вуҷуди талошҳои яктарафа аз ҷониби Қазоқистон ва Узбекистон, ҳамчунин кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ Фонди байналмилалии наҷоти Аралро  соли 1993 таъсис намудаанд, ки ҳамчун як механизми муассир ҷиҳати пешгирии нобудшавии баҳри Арал мебошад. 

            Дар шароити нави муносибатҳои минтақавӣ марҳила ба марҳила заминаи шартномавӣ – ҳуқуқии низоми идораи захираҳои обӣ-энергетикии минтақа бунёд гардид. Аз ҷумла, 26 – уми марти соли 1993 дар сатҳи роҳбарони давлатҳои минтақа Созишнома “Оид ба амалиёти муштарак ба ҳалли проблемаи минтақаи баҳри Арал, барқарорсозии муҳити зист ва таъмини рушди иҷтимоию иқтисодии ҳавзаи баҳри Арал” имзо шуд, ки дар заминаи он Бунёди байналмилалии наҷоти Арал таъсис гардид. Ба ин васила, таъсисдиҳандагони Бунёди байналмилалии наҷоти Арал кишварҳои Осиёи Марказӣ – Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон ба ҳисоб рафта, 28 феврали соли 1997 сохтори ниҳоии ташкилии Бунёди байналмилалии наҷоти Арал аз ҷониби сарони давлатҳои минтақа қабул шудааст.

            Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 маротиба роҳбарии Фонди байналмилалии наҷоти Аралро солҳои 2002-2008 ва солҳои 2020-2023 ба уҳда дошта, аз моҳи январи соли 2024 ба муддати се сол Раёсат дар Фонди байналмилалии наҷоти Арал аз Тоҷикистон ба Қазоқистон интиқол гардида буд. Раёсати Тоҷикистон дар солҳои 2020-2023 ба 30 солагии таъсиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал рост омад, ки дар шаҳри Душанбе ҷаласаи сарони кишварҳои узв баргузор гардид. Дар давраи раҳбарии Тоҷикистон дар Фонд чаҳор маҷлиси Раёсати Фонди байналмилалии наҷоти Арал ташкил ва гузаронида шудааст, ки дар доираи онҳо аз рӯи равандҳои муҳимтарини фаъолияти Фонд тақрибан 30 қарор қабул шудааст. Дар натиҷаи ҷаласаҳои Фонд Барномаи чоруми амал оид ба кумак ба кишварҳои ҳавзаи баҳри Арал (БҲБА-4) ва Барномаи минтақавӣ оид ба ҳифзи муҳити зист барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ тасдиқ шуданд. Ҳамзамон дар давраи раёсати Тоҷикистон дар Фонди байналмилалии наҷоти Арал 8 ҷаласаи Гурӯҳи кории минтақавӣ оид ба мукаммалсозии Фонд баргузор гардида, дар натиҷа дар ин самт пешравиҳои муайян ба даст оварда шуданд.

             Тавре дар боло ишора кардем, раёсати Фонди байналмилали наҷоти Арал аз соли 2024 ба Ҷумҳурии Қазоқистон интиқол ёфта буд. Инак, имсол раёсати Қазоқистон дар доираи Фонди байналмилалии наҷоти Арал ба поён мерасад.  Дар таърихи 22 -24 апрел дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон ҷаласаи навбатии иштирокорони Фонди байналмилалии наҷоти Арал ва Саммити минтақавии экологӣ (RES)  баргузор мешавад. Ба ин муносибат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок ба ҳамоиши мазкур 21 апрели 2026 бо сафари корӣ ба Ҷумҳурии Қазоқистон сафар намуданд, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазири энергетика ва захираҳои об ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

              Дар фурудгоҳи байналмилалии ба номи Нурсултон Назарбоев Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ва дигар намояндагони воломақом гарму самимӣ истиқбол гирифтанд. Ҳамзамон худи ҳамин рӯз  дар шаҳри Остона мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев баргузор гардид.

              Дар ҷараёни суҳбат сарварони ду давлат ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи дӯстӣ ва ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистонро дар заминаи шарикии стратегӣ ва ҳампаймонӣ мавриди муҳокима қарор доданд.

              Ҷонибҳо аз ҷараёни баланди густариши шарикии ду кишвар дар ҳамаи самтҳо изҳори қаноатмандӣ намуданд. Аҳаммияти таҳкими минбаъдаи муколамаи сиёсии байнидавлатӣ, тавсеаи робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузорӣ дар соҳаҳои мавриди манфиатҳои тарафайн, бахусус дар бахшҳои саноат, нақлиёт, логистика ва аграрӣ таъкид гардид. Ба сатҳи хуби афзоиши ҳаҷми тиҷорати дуҷониба, ки аз рӯйи натиҷаҳои соли 2025 1,2 миллиард долларро ташкил дод, ишора карда шуд. 

              Рӯйдоди муҳиме, ки  22-24 апрел дар Остона баргузор мешавад, метавонад занҷираи мушкилоти обро дар минтақа коҳиш диҳад. Рӯзномаи он барномаҳои муштарак барои ҳавзаи Арал, ислоҳоти Фонди байналмилалии наҷоти Арал, идоракунии устувори захираҳои оби фаромарзӣ ва ҷорӣ намудани системаҳои рақамии баҳисобгирии обро дар бар мегирад.

              Ғайр аз ин, дар пешниҳоди Қосим-Ҷомарт Тоқаев барои таъсиси Созмони байналмилалии об дар доираи СММ таҳаввулоти мусбат интизор аст.

 

ШАРИФОВ Искандар

ходими илмии шуъбаи ИДМ -и Институти омӯзиши

масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

БОЗГАШТ