АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Булбули Ҳиндустон Лата Мангешкар аз олам гузашт

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

6 феврали соли ҷорӣ маъруфтарин овозхони Ҳиндустон Лата Мангешкар дар шаҳри Мумбай дар синни 93 – солагӣ аз олам гузашт. Барои поси хотири ин ҳунарпешаи маъруф, ки тамоми зиндагии худро ба санъати кино, аз ҷумла сурудхонии паси парда дар филмҳо ва бо ин васила ҳосили ин ҳунари худро ба ҳамаи мардумони фарҳангдӯсти Ҳиндустон бахшидааст, дар саросари ин мамлакат ба муддати ду рӯз – 6 ва 7-ми феврал аз ҷониби ҳукумати Ҳиндустон мотам эълон карда шуд.
  На ҳама вақт чунин мешавад, ки шахси дорои истеъдоди бузург дар муҳите тавлид шавад, ки он барои инкишофи ин истеъдод шароит муҳайё намояд. Аммо ин айнан ҳамон ҳолати дилхоҳест, ки маликаи тахтнишини мусиқӣ - Лата Мангешкар дар он қарор дорад. Маҷаллаи «Таймс» ӯро чун «Хонуми шумораи якуми мусиқии синамо» ва «Маликаи бебаҳс беҳамтои сарояндагони паси парда» муаррифӣ кардааст. Вай боз сазовори чандин унвонҳои ифтихорӣ гардидааст, аз ҷумла доктори ифтихории шаш университет мебошад. Ба мукофотҳои Бҳарат Ратна (олитарин мукофоти давлатии Ҳиндустон) ва Дадасаҳиб Паҳлке сарфароз гардидааст. Академияи Сангит Натак ӯро бидуни гузаштан аз интихобот ҳамчун узви худ пазируфтааст.
  Ба ифтихори ӯ ҳукумати музофоти Мадҳя Прадеш, ки зодгоҳи ӯ мебошад (вай дар шаҳри Индаур таваллуд шудааст), мукофоти ба номи Лата Мангешкарро таъсис додааст. Ин мукофот ҳар сол ба машҳуртарин сарояндагон ва навозандагон дода мешавад. Дар қатори ин ҷоизадорон намоёнтарин устодони санъатро ба мисли Анил Бисвас, Навшад, хоҳари Лата Аша Бҳосл ва бародараш Ҳридянатҳ Мангешкар дида метавонем.
  Ҳар вақте, ки Вай суруди миллии «Саре ҷаҳан ce ачҳа Ҳиндустан ҳамара» («Дар тамоми ҷаҳон  Ҳиндустони мо беҳтарин аст») ё худ суруди мотамии «Эй мере ватан ке логон» («Эй ҳамдиёрони ман») ва ё суруди динии «Оллоҳ тера нам, ишвар тера нам» (Оллоҳ номи туст, Ишвар номи туст»)-ро мехонд, дар қалби миллионҳо ҳамватанонаш меҳри ватандӯстӣ боз бештар ҷӯш мезад.
  Лата Мангешкар 28 сентябри соли 1929 дар шаҳри Индаур таваллуд шудааст.Ӯ ба ташаббуси падараш Динаннатҳ Мангешкар, ки ҳамчун сарояндаи шеърҳои маратҳӣ машҳур шуда буд, вориди олами мусиқӣ шудааст. Ҳанӯз дар синни шашсолагӣ Лата метавонист нотаҳои мукаммале, ки яке аз донишҷӯёни падараш иҷро мекард, муайян ва ислоҳ кунад. Ин донишҷӯро падараш барои дарс додани мусиқии классикӣ дар хонаи худ, дар масофае, ки ба Лата гӯшрас буд, истифода мекард. Динанатҳ қобилияти азхудкунии шеъру мусиқиро дар зеҳни духтараш дарк намуда, ин истеъдоди ӯро аз синни хурдиаш сайқал додан гирифт ва ба ӯ усули шеърхонии К.Л. Сайгали бузургро тавсия дод. Аз ҳамон вақт Лата пайрави усули Сайгал (1904-1947 машҳуртарин ҳунарпеша ва овозхони Ҳиндустон) шуд ва чи тавре, ки худаш мегӯяд, ин усул дар давоми тамоми фаъолияти сурудхониаш ӯро ҳамроҳӣ мекард.
  Баъди ним аср ӯ ду ҷилд аудиокассетаи худро бо номи «Шраддҳанҷалӣ» («Изҳори эҳтиром») барои мусиқии филмҳои ҳиндӣ баровард ва бо сурудани шумораи зиёди мусиқиҳои фаромӯшнашаванда ба усули Сайгал мақоми боло бахшид.
  Дар синни нӯҳсолагӣ, ӯ аллакай мисли ситораҳои санъат суруд мехонд, дар синни ёздаҳсолагӣ бошад, вай дар озмуни мусиқӣ, ки аз ҷониби Панчоли Арт Пикчерси Лоҳур, ки дар Колҳапур ташкил шуда буд, сазовори ду медал мегардад.
  Устод Динанатҳ тарки саҳна намуда, ба филмбардорӣ машғул мешавад, аммо аз аввалин навори худ зарари бисёр мебинад. Ин боиси дилмондагии ӯ гардида, ӯро ба касалӣ гирифтор мекунад ва дар натиҷа устод дар соли 1942 аз сактаи қалб вафот мекунад. Динанатҳ баъди сари худ ҳамсараш Шудҳматӣ, духтари калониаш Лата, ки ҳанӯз ба синни 13 нарасида буд ва дигар фарзандони худ Мина, Аша, Уша ва Ҳридянатҳро дар ҳолати бечорагӣ ва бенавогӣ мегузорад.
  Ҳамин тавр, дар оилаи бе сарпараст монда зарур мешавад, ки барои таъмини рӯзгор касе кор ёбаду мушкилоти оиларо осон намояд. Латаи хурдсол ба қароре меояд, ки дар филмҳо нақшҳо офарад ва сарояндагӣ кунад, зеро ин ягона коре буд, ки вай аз ӯҳдааш мебаромад. Пас яке аз ошноҳои падараш вайро ба устод Винаяк (падари ҳунарпеша Нанда) муаррифӣ менамояд. Лата аввалин нақши худро дар филми мазҳакавии ширкати Маратҳӣ Продакшн Пабили Манглагур ба сифати кӯдаки шӯх иҷро кардааст. Дар ин филм ӯ инчунин сурудеро таҳти роҳбарии Дада Чандекар иҷро кардааст.
  Аввалин суруди ӯ ба забони ҳиндӣ бо мазмуни ватандӯстӣ, соли 1944 ба навор гирифта шуд, ки дар филми маратҳӣ “Гаҷҷабау” истифода шудааст. Нахустин филме, ки ба забони ҳиндӣ бо шумораи зиёд ва ба таври васеъ паҳн шудааст ин “Аап ки сева мей” мебошад, ки дар он сурудҳоро Лата хонда аст. Ин филм аз ҷониби кинорежисёри маъруфи Ҳинд Васант Ҷоглекар (1914-1933) коргардонӣ шуда буд. Дар ин филм Лата аввалин маротиба ҳамчун нақшофарандаи паси парда баромад кардаст.
  Лата инчунин, дар зери коргардонии Винаяк дар филмҳои маратҳӣ ба мисли “Чимкула Сансар (1943), ва ҳиндӣ “Бади маа” (1945), “Ҷиван яатр”(1946), Суббадра (1946) ва Мандир (1948) нақшҳо офаридааст.
  Вақте ки устод Винаяк аз Колҳапур ба Мумбай мекӯчад, оилаи Мангешкар низ макони худро иваз мекунад. Дар Мумбай Лата донишҳои минбаъдаи мусиқиро аз устод Амон Алихон, Амонатхон ва Пандит Тулсидас, ва низоми вокалии классикиро аз Ғуломалихон омӯхтааст.
  Филми “Бади маа”, ки дар он иҷрокунандаи нақши асосии сарояндагиро Нурҷаҳон (баъдтар ҳамчун «Малика-е- тараннум»-и Покистон шинохта шудааст) офаридааст, раванди ҷангӣ дошта, дар давраи ҷанги дуюми ҷаҳон ба навор гирифта шудааст. Бо нишондоди ин филм минбаъд роҳбарони бритониёгӣ аз ҳамаи филмбардорон талаб мекарданд, ки ба мисли ҳамин филм филмҳои ташфиқотӣ ба навор гиранд. Лата дар ин филм нақши ҷавондухтареро бозида, бо Нурҷаҳон аз наздик шинос мешавад ва аз вай сеҳри санъати сарояндагиро аз худ мекунад.
  Бо тақсим шудани Ҳиндустон дар соли 1947 Нурҷаҳон ба Покистон меравад ва саҳнаи сарояндагӣ барои Лата пурра кушода шуд. Дар саҳна танҳо Сурайё ҳамчун ҳунарпешаи сароянда боқӣ монда буд. Дигар занҳои сарояндаи паси пардагии ба мисли Амирбайи Картанаки, Зуҳра Бегим Амбалӣ, Шамшод Бегим, Раҷ Кумар, Ситораи Кампурӣ, Гита Дут, Мина Капур ва ғайра сурудҳое мехонданд, ки хотирмон буданд.
  Ба гуфтаи худи Лата, ҳамчун сароянда ӯро устод Ғулом Ҳайдар шинохтааст, ки дар сурудхонии ӯ ояндаи дурахшонро дида тавониста, ӯро ҳамчун намоёнтарин ситораи оянда дар соҳаи мусиқии Шибҳи Қора тасаввур мекард. Вай ҳатто дуети Лата ва Мадан Моҳанро соли 1948 барои филми “Шаҳид”-и ширкати Филмистон сабт намуд. аммо продюсер Муҳерҷӣ С. ин сабтро дар филм ҷой накардаст. Лекин дар соли 1949 се филми дигари ӯ – “Мабал”, “Андаз” ва “Барсат”, ки аз ҷониби Ҳемчанд Пракаш, Наушад ва Шанкар Ҷайкишен барин киношиносон баҳои баланд дода шуд, расидани ӯро ба қуллаҳои баланди шуҳрат наздик намуд. Пас аз ин дигар илоҷе набуд ва оҳиста-оҳиста ҳамаи мудирони бахши мусиқии филмҳо мехостанд, ки барои онҳо танҳо Лата сарояд.
  Лата ба тариқи Нурҷаҳон сурудхонӣ мекард. Мудирони мусиқии он давра ба монанди Анил Бисвас, Рамачандра С. ва Шиям Сундер низ сурудҳои ӯро, ки бо усули Нурҷаҳон иҷро мешуданд, боз як вақти муайян сабт мекарданд. Танҳо баъди гузаштани якчанд сол Лата аз ин усул озод шуда, усули хоси овозхонии худро сайқал дод ва тавонист мустақиляти худро нишон диҳад.
  Чоряки аввали давраи истиклолияти Ҳиндустон давраи тиллоии мусиқии филми ҳиндӣ ба шумор меравад ва Лата Мангешкар машҳуртарин зани сароянда дар олами кинои ҳиндӣ буд. Мудирони бахши мусиқии филмҳо бо якдигар барои киро кардани ӯ рақобат мекарданд. Бисёр шеърҳои иҷрокардаи ӯ умри ҷовидонӣ гирифтаанд. Лата аз хурдӣ истеъдоди фавқуллода дошт, вале ӯ яку якбора ба сарояндаи мукаммал ва дилнишин табдил наёфт. Ин табадулот танҳо баъди меҳнати давомнок ва сангин ба даст омадааст ва маҳз натиҷаи машқҳои зиёд аст, ки ӯро ба қуллаҳои баландтарини касб ва шуҳрат баровард. Дар ин соҳа вай кариб 70 сол боз ҳукмрони мутлақ буд.
  Лата ба дараҷае ба олами санъати худ фурӯ рафта буд, ки фикру андешаи башавҳар баромадан дар ягон вақт барои ӯ муҳим нашуд. Лата меҳри модариро ба ҷиянҳояш, ки онҳоро хеле дӯст медошт ва тарбия низ мекард, муносиб дидааст.
  Лата Мангешкар ба дин эътиқоди ҷиддӣ дошт ва дар зиндагӣ хело сахӣ буд. ӯ қисми зиёди даромадҳои худро барои чорабиниҳои муҳими иҷтимоӣ бахшидааст. Вай ду мактаб ва як коллеҷро дар Маҳараштра таъсис додааст ва дар пешравии онҳо фаъолона иштирок намудааст.
  Азбаски ба ӯ додани мукофоти сарояндаи беҳтарини пасипардагии филмҳоро ҳар сол, аз соли 1969 шурӯъ сазовор медонанд, вай минбаъд аз гирифтани ин ҷоиза ба хотири сарояндагони ҷавон ва умедбахш даст мекашад. Аммо, сарфи назар аз ин ба ӯ боз мукофотеро барои “Дастовардҳо дар зиндагии ба филмҳо бахшида”, дар соли 1994 пешниҳод карданд.
  Лата дар ҷаҳон аз рӯи сабтҳо дар миёни занҳои сароянда аз ҳама сермаҳсултарин буда, қисми зиёди сурудҳои ӯ соҳиби шуҳрати бемисл шудаанд. Вай инчунин, шумораи зиёди сурудҳои ғайрифилмиро сабт кардааст. Ҳаводорони ӯ натанҳо се насли аҳолии Ҳиндустон, балки дӯстдорони мусиқӣ дар тамоми ҷаҳон мебошанд. Соли 1974 вақте муайян шуд, ки вай бештар аз 25 ҳазор суруд хондааст,ӯро ба китоби Гиннесс дохил намуданд. Соли 1984 дар китоби Гиннесс 30 ҳазор суруд хондани ӯ эълон шуд. Дар солҳои навадум бошад ин шумора ба 50 ҳазор расидааст. Дар ин умри бобаракати худ Лата Мангешкар ин қадар мукофотҳо гирифтааст, ки ин ба ягон каси дигар дар ин соҳа муяссар нашудааст. Ҳамин далелро ҳам як навъ рекорди Лата Мангешкар гӯем хато намешавад.
  Машҳуртарин овозхони ҳиндӣ Лата Мангешкар дар тамоми дунё, аз ҷумла дар Тоҷикистон ҳазорҳо ҳаводорон дорад. Аз ёди дӯстдорони савту суруди ҳиндӣ ин ном ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳад шуд.
Таҳияи Ҳабибулло Раҷабов.
Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои
Осиё ва Аврупои АМИТ

БОЗГАШТ