АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

БУРҲОНИДДИН РАББОНӢ – ЗИЁИЕ ДАР ҲАЛҚАИ СИЛАҲШӮРОН

Муаллиф: Эшонқулов Эшонқул

Расм

Моҳи сентябр барои мардуми Афғонистон ёдовари воқеоти талхест. 10 сентябри соли 2001 Қаҳрамони миллии Афғонистон, Шери Панҷшер Аҳмадшоҳ Масъуд ва 20 сентябри соли 2011 собиқ Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, раиси ҳизби «Ҷамъияти Исломии Афғонистон», Раиси Шӯрои олии сулҳ, профессор Бурҳониддин Раббонӣ дар хонаҳои худ, аз дасти меҳмононашон, ба шаҳодат расиданд.

Соли 1940, замоне ки Раббонӣ дар деҳаи Девонбегии Файзобод ба дунё омад, Афғонистон дар байни Ҳиндустони Англия ва Осиёи Миёнаи Руссия, миёни феодализм, капитализм ва сотсиализм ба таҳаввулоти иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсию фарҳангӣ дучор шуда буд. 28 феврали соли 1919 Амонуллохон бо илҳом аз Инқилоби Октябр дар маросими тоҷгузории худ истиқлолияти кишварро эълом дошт ва баъд аз як ҷанги семоҳа бо Англия, ки ба номи Ҷанги сеюми Афғонистону Англия машҳур аст, онро ба тасвиб расонд. Апрели соли 1923 аввалин Конститутсияи Афғонистон қабул карда шуд.

Дар Афғонистон дигаргуниҳои демокративу сотсиалистӣ оғоз шуданд. Аз соли 1947 ба ин тараф созмонҳои сиёсии миллӣ-демократии «Веш залмиён», «Ҳизби Ватан», «Ҳизби Халқ» зуҳур карданд. Солҳои 1964-1973 созмонҳои «Халқ» ва «Парчам» ташкил ва муттаҳид шуда, ҳизби Халқӣ-Демократии Афғонистонро ба арсаи сиёсат оварданд.

Дар вокуниш ба ин таҳаввулот неруҳои сиёсии исломӣ низ оҳиста-оҳиста ба вуҷуд меоманданд. Вазъи сиёсии Ҳиндустони ҳамсоя ба Афғонистон соя андохт, масалан, роҳбарияти созмони «Ҷамоати исломӣ»-и Ҳидустон дар Афғонистон қарор дошт ва ҳатто ба ташкили мадрасаҳо барои ҷавонони афғонӣ пардохта буд. Ин мадрасаҳо, ба наҳве зерсохтори Дорулулуми Девбанд буданд. Аз сӯи дигар, дар пайи Ҷамолуддини Афғонӣ намояндагони ҷавонони Афғонистон дар Донишгоҳи Ал-Азҳари Миср таҳсил карда, идеяҳои сиёсиро бо худ меоварданд. Метавон гуфт, ки ақидаҳои фаъолони сиёсии исломии Афғонистон дар асоси таълими ҳамин ду донишгоҳ шакл мегирифтанд.

Ҳамин тавр, соли 1957 дар мадрасаи Абӯҳанифаи Кобул, ки Бурҳониддин Раббонӣ ҳамон сол ба он дохил гардида буд, аввалин маҳфили сиёсии динӣ дар кишвар аз тарафи профессор Ғуломмуҳаммад Ниёзӣ, фориғуттаҳсили мадрасаи Ал-Аҳзари Қоҳира, таъсис дода шуд ва Раббонӣ аз аввалин аъзоёни он буд. Аз ҳамон давра сарнавишти Бурҳониддин Раббонӣ бо муборизаҳои сиёсӣ гиреҳ хурд. Баъдтар ин гуна маҳфилҳо дар донишгоҳҳо низ доман паҳн карданд. Бурҳониддин Раббонӣ ҳангоми таҳсил дар Донишгоҳи факултети шаръиёти Кобул низ узви ҳамин гуна маҳфил буд. Соли 1963 баъд аз хатми факултети шаръиёт дар ҳамин донишгоҳ ба тадрис пардохт ва аз соли 1964 таҳсили диниро дар донишгоҳи маъруфи Ал-Аҳзари Қоҳира, дар риштаи фалсафаи ислом идома дод. Соли 1968 дар Туркия дар мавзуи «Ҷанбаҳои илмию фалсафии эҷодиёти Абдурраҳмони Ҷомӣ» рисолаи илмӣ дифоъ кард ва ба Кобул бар гашта, ба тадриси фиқҳи исломӣ дар факултетҳои шаръиёт, адабиёт ва муҳандисии Донишгоҳи Кобул машғул шуд. Ин солҳо дар Афғонистон муборизаҳои сиёсӣ авҷ мегирифтанд. Ҳизби демократӣ-халқии Афғонистон муборизаро бо режими подшоҳӣ барои ҳокимият вусъат медод.

Фаъолиятҳои сиёсии динӣ низ пинҳонӣ, махсусан дар Донишгоҳҳо, ҷараён доштанд, устодон низ аз фаъолону роҳбарони он буданд. Соли 1969 маҳфилҳои факултетҳои шариат ва муҳандисӣ ба ҳам муттаҳид гардида, созмони «Ҷавонони мусулмон»-ро таъсис доданд ва Бурҳониддин Раббонӣ ба ҳайати роҳбарии он ворид шуд. Ин аввалин созмони сиёсии исломӣ дар Афғонистон буд. 

Соли 1973 Муҳаммад Довуд, ки дар натиҷаи табаддулоти давлатӣ ба сари қудрат омада буд, Афғонистонро ҷумҳурӣ эълон кард. Бурҳониддин Раббонӣ, албатта мухолифи сохти ҷумҳурӣ буд, аммо иқдоми бо роҳи шӯриши мусаллаҳона сарнагун кардани Довудро, ки ҷиноҳи ифротии «Ҷавонони мусулмон» ва махсусан Гулбуддин Ҳикматёр ба он омодагӣ мегирифт, дастгирӣ накард. Шӯришиён баъд аз шикаст ба Покистон фирор карданд ва Бурҳониддин Раббонӣ, ки аз оғоз исломи муътадилро мехост, соли 1975 аз Ҳикматёри тундгаро ҷудо шуда, ҳизби «Ҷамоати исломии Афғонистон»-ро таъсис дод. Дар Покистон Бурҳониддин Раббонӣ ба таълифи асарҳои илмиву назарӣ, тарҷимаи асарҳои мутафаккирони исломӣ, таҳияи маводи тарғиботӣ пардохта, ҳизби худро тақвият мебахшид ва унвони устодро гирифта буд.

Соли 1978 аз тарафи Ҳизби халқӣ-демократии Афғонистон Инқилоби Савр ба амал омад, ки он аслан табаддулоти ҳарбӣ буд. Мухолифони ин инқилоб на танҳо тарафдорони ҳукумати шоҳӣ ва аҳзоби исломӣ буданд, балки дар дохили худи ҳизб ҳам «халқиён» ва «парчамиён» ба рақобату тарафкашӣ пардохтанд. Дар натиҷа Афғонистон ба вартае афтод, ки то имрӯз дар он муҳлика дасту по мезанад.

Ҳизбу ҳаракатҳои исломӣ, ки тайи ду даҳсола омодагӣ медиданд, ба муборизаи мусаллаҳона бархостанд. Бо вуруди артиши шӯравӣ ин муборизаҳо номи «ҷиҳод»-ро гирифта, густариши саросарӣ пайдо кард. Устод Раббонӣ, ки дар ин давра ҳамчун олими муътабар ва сиёсатмадори варзида мавқеи худро устувор карда ва ҳамчунин дар кишварҳои исломӣ шинохта шуда буд, ба яке аз шахсиятҳои калидӣ табдил ёфт. Нерӯҳои ҳизби ӯ чанд хафта пас аз инқилоб ба Афғонистон ворид шуда, ба ҷангҳои партизанӣ оғоз карданд.

Ташкилаҳои Ҳизби Исломии Афғонистон бештар дар Парвон, Каписо, Бадахшон, Самангон, Тахор, Қундуз, Бағлон, Балх, Ҷузҷон, Форёб, Бодғис, Ҳироат ва ҳамчунин Кобул, Вардак, Лағман, Кунар, Пактиё, Ғазнӣ ва Нимрӯз амал мекарданд. Дар шимолу шарқ, махсусан дар Панҷшеру Бадахшон нерӯҳои бузургтари ӯ таҳти фармони Аҳмадшоҳи Масъуд меҷангиданд. Нерӯҳои мусаллаҳи ҳизб сершумортарин танзим ба ҳисоб мерафт ва аз намояндагони тоҷикон, ҳазораҳо, ӯзбекҳо, туркманон ва паштуҳо иборат буд. Дар сафҳои он роҳбарони ҳукуматҳои маҳаллӣ ва кормандони сохторҳои қудратӣ низ кам набуданд.

Аз соли 1982 як қатор гурӯҳҳои мухолифини мусаллаҳ Шӯрои олии «Иттиҳоди исломии муҷоҳидини Афғонистон»-ро ташкил доданд, устод Раббонӣ чаҳор моҳ раис ва баъдан то соли 1984 муовини раис ва роҳбари кумитаи ҳарбии ин шӯро буд.

«Ҷамъияти исломии Афғонистон» дар минтақаҳои зери назорати худ ба таъсиси мақомоти давлатӣ бештар диққат дод. Бар хилофи Г. Ҳикматёр, ки шахсан ба амалиётҳои мусаллаҳона раҳбарӣ мекард, устод Раббонӣ пайваста дар Покистон буд ва асосан ба роҳбарии умумии сиёсӣ ва таъминоти модии ҳизб машғул буд.

Дар ин солҳо ӯ дар ҳалли сиёсии масъалаи Афғонистон чун Ҳикматёр, Холис ва Сайёф мавқеи оштинопазир дошт, хуруҷи комил ва бе шарту банди нерӯҳои шӯравӣ ва ташкили давлати исломиро қотеона талаб мекард. Аммо аз нимаи соли 1986 дар мавқеъгирии устод Раббонӣ тағйироти ҷиддӣ ба амал омад. Ин тағйирот шояд аз он сабаб зоҳир шуд, ки ӯ аллакай марзи миёнсолиро убур кардаву дар майдони муборизаҳои сиёсиву мусаллаҳона таҷрибаи зиёде андӯхта ва ба камоли хирадмандӣ расида буд. Тайи ин солҳо ӯ аз идеалҳо ба воқеият, аз китобҳои хондаву навиштааш ба зиндагӣ баргашта ва муҳити мушаххаси худро, ки Афғонистон ва Шарқи исломӣ ном дорад, бештару хубтар шинохта буд. Ӯ акнун дар ҳалли буҳрони Афғонистон бештар маслиҳатпазирӣ зоҳир карда, мавқеияти ҷиноҳи миёнарави мухолифини мусаллаҳро муаррифӣ мекард. Ин мавқеи ӯ, масалан, дар барқарор шудани робитаи ӯ бо Россия ва Амрико барои дарёфти роҳҳали барқарории сулҳ дар хоки Афғонистон, мулоқоти ӯ дар соли 1987 бо Роналд Рейган дар Кохи сафед ва дидору гуфтугӯҳои ӯ бо роҳбарияти Русия зимни сафари ба Маскав аз 11 то 15 ноябри соли 1991ва бархурдҳои ӯ ба иқдомҳои байналмилалӣ ва музокироти дохилиафғонӣ равшан зоҳир мегардид.

Устод Раббонӣ баъд аз 14 сол ба Кобул баргашта, тибқи қарори Шӯрои ҷиҳоди танзимҳои Афғонистон дар Равалпиндии Покистон, роҳбарии ҳукумати интиқолиро баъд аз ду моҳи роҳбарии Сибғатулло Муҷаддадӣ ба уҳда гирифт ва то соли 2001 Президенти Афғонистон буд, аммо дар Кобул танҳо то соли 1996 нишаст. Нерӯҳо ва шахсиятҳое, ки то дирӯз гӯё барои арзишҳои муштарак, махсусан арзиши миллияти исломӣ, бо ӯ дар як ҷабҳа мубориза мекарданд, насаби паштуниро болотар гузошта, президентии як нафар тоҷикро таҳаммул накарданд. Кушторҳо ва харобкориҳое, ки, масалан Ҳикматёр ба роҳ андохт, мудҳиштар аз даврони ҷиҳод бо шӯравӣ буд. Танҳо дар ҳамлаи машҳури соли 1994 ба пойтахт 4 ҳазор нафар аз аҳолии осошта кушта ва даҳҳо ҳазор тан маҷруҳ гардид, Кобул маҳз дар ҳамин солҳо ба хароба табдил ёфт.

Ин ҷо посухи устод Раббонӣ дар моҳи майи соли 1992 ба саволи рӯзноманигори «Комсомолская правда» Умед Бобохонов: «Дар гузашта Афғонистонро намояндагони қавмҳои пашту сарварӣ мекарданд. Оё акнун ба сари қудрат омадани намояндагони миллатҳои дигар имкон дорад?» ба ёд меояд, ки гуфта буд: «Дар режимҳои гузашта, ки меъёрҳои исломро дастур қарор намедоданд, имкон дошт якеро ба роҳбарӣ роҳ диҳанду дигареро роҳ надиҳанд. Имрӯз, ки ҳукумати исломӣ сари қудрат аст, миллати роҳбар аҳаммият надорад. Хар киро, ки мардум интихоб кунад, - хоҳ тоҷик бошад, хоҳ ӯзбек, ҳазора ё паштун – касе ҳақ надорад муқобилат кунад. Охир, мо ҳама мусулмонем». Баъдтар сарнавишти устод Раббонӣ нишон дод, ки режими исломии Афғонистон то чӣ ҳад дар меъёрҳои исломӣ побарҷост ва он ҷангҳои хунинро то куҷо «Ҷиҳод» метавон номид. 

Албатта, ин ҷо ба ҷуз омили аслӣ, яъне қавму қабилагароӣ, шояд омилҳои дигар, аз ҷумла терроризми байналмилалӣ низ ҳузур доштанд. Ҳамчунин Бурҳониддин Раббонӣ ба фарқ аз сарони ҳизбҳои дигар хеле бештар аз истиқлоли мавқеву андеша бархурдор буд, дар муносибат бо кишварҳои зидахл пеш аз ҳама манфиатҳои Афғонистонро дар назар мегирифт…  

Соли 1996 ҷунбиши «Толибон», ки барои ҷойгузинии Ҳикматёри қавмгарои заифшуда ташкил ёфта буд ва хеле мутаассибтару ваҳшитар аз ӯ буд, Кобулро ғасб кард, ки албатта, бе мадади Ҳикматёру ҳомиёнаш набуд. Устод Раббонӣ ба шимол ақибнишинӣ карда, дар он ҷо «Ҷабҳаи муттаҳидаи исломӣ барои наҷоти Афғонистон»-ро созмон дод. Шимоли Афғонистон ягона минтақае буд, ки то ташкили давлати интиқолӣ бо «Толибон» мубориза мекард.  То соли 2001 ҷомеаи ҷаҳонӣ ӯро ҳамчун Президенти қонунии Афғонистон мешинохтанд. Амну осоиш дар минтақаҳои таҳти роҳбарии ӯ таъмин буд. Духтарон иҷоза доштанд, берун аз хона кор кунанд, ба мактабу донишгоҳ раванд…

Баъд аз фурӯпошии режими «Толибон» устод Раббонӣ, ки то он замон Президенти қонунии Афғонистон шинохта мешуд, қудратро расман ба Ҳ. Карзай, Раиси ҳукумати интиқолӣ вогузор кард. Дар таърихи Афғонистон ин нахустин бор буд, ки қудрат бо роҳи қонунӣ ба дигаре вогузор мешуд Сол 2005 устод Раббонӣ дар интихоботи порлумонӣ ширкат карда, узвияти маҷлиси намояндагонро ба даст овард. Ҳамчунин ӯ раҳбарии як гурӯҳи умдаи оппозитсиониро таҳти унвони «Ҷабҳаи миллӣ» ба уҳда дошт.

Соли 2010, вақте ки масъалаи гуфтугӯ бо «Толибон» ва ташкили Шӯрои Олии Сулҳ пеш омад, дар ҳукумати Ҳ. Карзай сиёсатмадоре бо фарохои назар ва вусъати андешаву огоҳӣ, таҳаммулгароиву маслиҳатпазирӣ бар пояи устод Раббонӣ набуд, то аз ҷониби ҳукумат бо он оштинопазирон ба созиш бирасад. Бино бар ин, ӯро раиси Шӯрои Олии Сулҳ интихоб карданд ва ӯ ба хотири наҷоти Афғонистон ин симатро пазируфт, ҳар чанд ҷонибдоронаш мухолифи музокирот бо террористон буданд.

20 сентяри соли 2011 дар яке аз музокирот бо намояндаи «Толибон», ки намояндагони дастгоҳи Карзай низ ҳузур доштанд, ҳангоми хушомадеду оғушкушоӣ аз бомбае, ки намояндаи «Толибон» дар саллааш гузошта буд, устод Раббонӣ ба шаҳодат расид. Ҳамин тавр зиндагии як зиёие, ки дар ҳалқаи силаҳшӯрони чашмашон хунгирифта барои Афғонистони озоду обод мубориза мекард, ба поён расид.

Суолҳои зиёде аз шунидани ин ҳодисаи мудҳиш ба зеҳнҳо хутур мекунад, масалан, чаро чунин шахсиятҳои бузург, қаҳрамонони майдони ҷанг ва далерони арсаи сиёсат дар хонаҳои худашон ва аз дасти меҳмононашон кушта шуданд? Шояд замони меҳмоннавозиву меҳрубонии тоҷикӣ гузаштааст? Чаро чунон ки Ҳабибуллои Калаконӣ ба савганди Нодиршоҳ дар ҳошияи «Қуръон» бовар карда, худу ёрони худро ба куштан ва қудратро аз даст дода буд, саллаи он террористро муқаддас дониста, тафтиш накарданд? Чаро инон аз саргузашти Ҳабибуллои Калаконӣ сабақ нагирифтанд? Ё шояд дар ҷаҳони муосир ҳикмати «Муъмин бародари муъмин»-и исломӣ ба «Одам ба одам гург»-и Лок бадал шудааст? Шояд Бурҳониддин Раббонӣ ва Аҳмадшоҳи Масъуд, ки ҷонибдори Афғонистони воҳид ва мутамарказ буданду идеяи федерализмро қабул надоштанд, дар тасмимгириҳои худ ормонгароӣ мекарданду намехостанд воқеиятро бипазиранд?

Устод Раббонӣ барои барқарории сулҳу оштии миллии Тоҷикистон низ хидмати бузург карда аст. Ҳанӯз моҳи майи соли 1992, вақте ки гирдиҳамоиҳои майдонҳои Душанбе ба авҷи шиддат расида буд, ба рӯзноманигор Умед Бобохонов дар мусоҳибаи мазкур гуфта буд, ки «Бо Тоҷикистони бародари мо ҳамаҷиҳата наздикем ва самимона мехоҳем, ки дар ин кишвар сулҳу оромӣ ҳифз шавад. Дар вохӯрӣ бо Муҳаммадшариф (Муҳаммадшариф Ҳимматзода раиси Ҳизби наҳзати ислом) ман гуфтам, ки бояд барои ҳамкории созанда бо ҳукумат тамоми талошро ба харҷ дод, то субот дар ҷумҳурӣ халалдор нашавад. Барои Тоҷикистон, ки имрӯз давлати мустақил шудааст, ин шарти асосии рушд ва тавсеаи иртибот бо кишварҳои дигар аст». Мутаассифона, мухолифини ҳукумати Тоҷикистон маслиҳати касеро, ки тамоми ҳаёташро дар муборизаҳое чунин сипарӣ кардааст, ба инобат нагирифтанд ва «Протоколи созиш»-е, ки ба имзо расонданд, аз «ҳамкории созанда» орӣ буд. Дар натиҷа чунон шуд, ки шуд.

Баъдтар, соли 1994, вақте ки Асосгузори сулҳу ваҳдат, Сарвари Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои баргардондани гурезаҳо ба Афғонистон сафар кард, устод Раббонӣ зимни суҳбат бо ӯ гуфта буд: «Ин боздид барои миллати афғон хеле муҳим аст, мо намехоҳем, ки Тоҷикистон ноором бошад. Аз ин рӯ, дар ҳалли масоили сарҳад ва ба ватан баргардондани гурезаҳо мусоидат менамоем, зеро мо ҳам заҳри ғарибиро зиёд чашидаем, ҳоло ҳам садҳо ҳазор ҳамватанони мо дар ғурбат ба сар мебаранд».

Устод Раббонӣ баътар дар Кобул барои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Раҳбари Иттиҳоди нерӯҳои мухолифи тоҷик А. Нурӣ мулоқоте ташкил намуд, ки он роҳро барои музокирот ва сулҳу ваҳдат боз намуд. Устод Раббонӣ бо таҷриба аз муборизаҳову муноқишаҳо ва ҷангҳову харобиҳои Афғонистон ва саргардониҳову хориҳои мардуми он барои мусолиҳаи миллии Тоҷикистон воқеан саҳми бузург гузошт. Бинобар ҳамин хидматҳо ӯро Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ордени Исмоили Сомонӣ, дараҷаи I, қадршиносӣ намуд.

 

Эшонқул Эшонқулов

ходими калони илмии

Институти Осиё ва Апрупо

 

БОЗГАШТ