АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Чӣ гуна бояд фарзанди хуб тарбия намуд?

Муаллиф: Қурбонзода Фарида

Расм

Тарбияи фарзанд яке аз омилҳои асосӣ барои ташаккули сармояи инсонӣ баҳри рушди ояндаи ҷомеа ва давлат ба ҳисоб меравад. Раванди тарбияи фарзанд асосан дар оила, дар муҳити падару модар шурӯъ мешавад. Баъдан фарзанд ба муассисаи таълимӣ рафта илму дониши худро густариш медиҳад ва ифтихори волидайн мегардад. Мутаассифона, дар байни ҷомеаи мо оилаҳое пайдо мешаванд, ки фарзандашонро, хусусан духтаронро баъд аз синфи 9 бароварда, онҳоро барои ба шавҳар баромадан омода месозанд. Ба ақидаи чунин оилаҳои бемасъулият, идомаи таҳсил кардани духтарашон, гӯё онҳоро аз барпо намудани оилаи нав бозмедорад. Ба назари мо фарзандоне, ки дарсгурезӣ мекунанд, даст ба ҳар гуна корҳои ғайриқонунӣ мезананд, маҳз дар муҳити ҳамин гуна волидайни бемасъулият ба воя мерасанд. Модаре, ки маълумоти пурраи олӣ нагирад ва ҷаҳонбинии илмӣ надошта бошад, чӣ тавр дар оянда фарзанди хуб тарбия дода метавонад?

Баъзан мактаббачагон дар ҳар кунҷу атрофи мактаб нишаста, ба кашидани тамоку машғул мешаванд, ки ин падида боиси ташвиш аст. Пӯшида нест, ки шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам яке аз роҳҳои ҷалби наврасон ба корҳои ғайриқонунӣ маҳсуб меёбад. Бо истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ, ба монанди Facebook, Instagram, Tik Tok, Oдноклассники наврасону ҷавонон ба сомонаҳои гурӯҳҳои экстремистӣ шомил шуда, ба доми онҳо меафтанд. Дастрасӣ доштани ҳизбу ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ ба воситаҳои навтарини иттилотӣ ба онҳо имкон медиҳад, ки ғояҳои ифротгароёнаи худро ба таври густурда дар байни ҷавонон паҳн намуда, сафи тарафдорони худро аз ҳисоби афроди ноогоҳу манфиатҷӯ зиёд намоянд.

Дар асре, ки илму технология рушд кардааст, мо ҳамчун фарзанди ватандӯсти кишвар бояд дар иҷрои вазифаҳои шаҳрвандии худ масъулиятшинос бошем. Тарбияи насли ҷавони худогоҳ вазифаи ҳам давлат ва ҳам ҷомеа аст. Дар самти пешгирии зуҳури таассубу ифротгароӣ дар муҳити ҷавонон бояд аз мероси маънавии ниёгон истифода намуд. Мероси маънавӣ яке аз сарчашмаҳои аслии ташаккули худшиносии миллӣ ба шумор меравад. Дар солҳои охир бинобар афзудани хатарҳои ифротгароиву бегонапарастӣ зарурати бештар барои муаррифии осори лабрез аз ғояҳои инсондӯстона ва адолатмеҳваронаи ниёгон мушоҳида мегардад. Ба ҳамин хотир, Президенти кишвар пешниҳод карданд, ки асари безаволи А. Фирдавсӣ “Шоҳнома” бознашр ва ба ҳар як оилаи тоҷик тақдим гардад, зеро то ҳол муҳимтарин арзишҳои маънавии башарӣ ва меъёрҳои ахлоқӣ, ки ситоиши онҳо ҷавҳар ва зевари «Шоҳнома»-ро ташкил медиҳад, аз замони таълифи ин шоҳкор то кунун эътибори худро дар матни ҳамаи фарҳангҳои милали ҷаҳон ҳифз намудаанд.

Рӯзи 28 декабри соли 2023 Асосгузори сулху ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ таъкид карданд “Ғамхорӣ нисбат ба ҷавонон, ҳалли мушкилоти онҳо ва истифодаи дурусти ин захираи стратегии миллӣ барои пешрафту ободии Ватан ва таъмини амнияту суботи ҷомеа яке аз афзалиятҳои асосии Ҳукумати мамлакат ба шумор меравад, зеро шумораи бештари аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд”.

Ҳамин тариқ, қайд намудан ҷоиз аст, ки дар меҳвари ташаббуси ҷавонони ояндасози миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд. Маҳз бо ташаббус ва пешниҳодҳои созандаи Сарвари давлат Тоҷикистон рушд ва пешрафт намуда, ҷавонон дар он мақом ва манзалати созанда ва ояндасози миллатро касб менамоянд.

Ба ҳамин хотир, олимони ҷомеашиноси тоҷик бояд дар коркарду татбиқи нақшаву барномаҳо вобаста ба касбу кори ҷавонон ва занон, масъалаҳои тарзи дурусти истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ, дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ тарбия намудани ҷавонон ҳамчун такягоҳи боэътимоди Ватан, арҷ гузоштан ва эҳтиром намудани муқаддасоти миллӣ саҳми худро гузоранд.

 

Қурбонзода Фаридахон,

ходими илмии Шуъбаи ИДМ

ИОМДАА АМИТ

Бознашр аз газетаи “Истиқлол” №9 (120) 28 – уми феврали соли 2024 

БОЗГАШТ