АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Чанд сухан дар боби робитаҳои адабӣ

Муаллиф: Қодиров Ғиёсиддин

Расм

Тоҷикистони ҷавон ва мардуми куҳансоли он аз ворисони фарҳангу тамаддуни шукуҳманди бостонӣ ва бахши як миллати мутамаддину некноми дунёи қадим мебошанд, ки ватани онҳо сарзаминҳои паҳновари як хитаи бузурги оламро фаро мегирифт.

Дар тӯли умри дарози таърихӣ ва фарҳангии хеш ин мардум бо васфи сарнавишту саргузашти ноҳамвор ва замонаҳое тираву фоҷеабор ҳамбастагии таърихӣ, ягонагии фарҳангиву маънавӣ ва шукуҳу азамати фарҳангу тамаддуни ҳудро нигоҳ дошта меоянд.

Мо ба ин ҳақиқат хӯ гирифтаем ва ифтихор мекунем, ки аҷдодони мо офарандагони асосии яке аз зеботарин шеъру адаби дунё мебошанд, то ҷое, ки ҷомеаи фарҳангии ҷаҳон дар бисёр маврид моро тавассути ҳамин адабиёт ва фарзандони номдори он мешиносад. Ин адабиёт ҳамон оинаи тамомнамоест, ки ҳалкҳои дигар дар он чеҳраи фарҳангӣ ва сирату сурати маънавии моро, бидуни ороишҳои дурӯғин, ошкору равшан мебинанд ва дар хоҳанд ёфт, ки ниёкони хушному хушкори мо дар тӯли таъриҳи дуру дарози зиндагии хеш чи нақши фарҳангие дар минтақа бозиданд, чи доду гирифте бо ҳамсоягон доштанд, ба онҳо чи доданд, аз онҳо чи гирифтанд ва монанди он, ки барои шинохти миллати мо бисёр арзишманд аст.

Шояд муболиға набошад агар гӯем, ки сиришти маънавӣ ва сохтори фикрии мардуми мо чунон нарму латиф ва хаёлангезу бадеӣ бофта шудааст, ки ҳеч ангезаву эҳсосоти дигари отифӣ дар рӯҳи ӯ ба андозаи шеър нуфузу таъсир надорад. Ба қавли Зебуннисои нозукхаёл: “Ҳар ки дорад майли дидан, дар сухан бинад маро".

Ингуна суҳанпарастӣ ва қадри он бисёр сухансанҷу фарҳангшиносонро ба шигифт оварда ва онҳо дар ҳайратанд, ки ин чӣ миллатест, ки фарзандони вай аз сухан муъҷиза сохтанд?

Дар бораи чойгоҳи тоҷикон ва Тоҷикистони кунунӣ дар ин чуғрофиёи фарҳангӣ ва таърихи тӯлонӣ кофист суханони устод Саид Нафисиро ба ёд биёрем, ки гуфтааст:

"Бад - ин гуна ҳаргоҳ Тоҷикистон бигӯянд, мақсуд ҳамон сарзаминест, ки аз оғоз ориёиёни эронӣ ва порсизабонон дар он ҷо зистанд ва сарзамини аслии забони дарӣ, яъне форсии адабии имрӯз аст.

Тоҷикон ва Тоҷикистон то оғози қарни даҳуми ҳиҷрӣ (XVII), ки ӯзбекон дар Осиёи Марказӣ мусаллат шуданд, ҳамеша бо тарихи Эрон шарик буданд ва таърихи Эрон ва Тоҷикистонро наметавон аз ҳам чудо кард".[1]

Аммо тайи ду-се садсолаи ахир, чунон ки болотар шунидем, қаламрави интишори ин забону адабиёт коҳиш ёфта ва имрӯз дар он чанд давлати хурду калони ба ҳам дӯсти ором ва баъзеъҳо, мутаассифона ноором ҷойгир аст.

Бино ба муносибатҳои неки ҳамсоягӣ миёни Тоҷикистон ва Эрону Афғонистон дар замони шӯравӣ, аз солҳои 1950 - ум ба ин тараф омӯзиш ва таҳқиқи адабиёти муосири ин кишварҳо дар Тоҷикистон ба таври ҷиддӣ оғоз шуд ва ба тадриҷ дар адабиётшиносии тоҷик мактаби наве ба номи шарқшиносӣ, бо риштаҳои эроншиносӣ вa афғонистоншиносӣ боз гардида, осору намунаҳои шеъри баъзе шоирони муосири ин кишварҳо ба чоп расид. Аз ин рӯ ҳонандагони тоҷик бо намунаҳои ин девони нави шеъри ҳамсоя ва бисёр гӯяндагони номдори он аз дер боз ошно буда, суруду таронаҳои дилкаши онро мехонад ва меписандад.

Аммо бо кӯшоиши боби Истиқлол дар таърихи навини Тоҷикистон муносибатҳои байни ин кишварҳо мазмуну маънои сиёсии ба куллӣ нав гирифта, ба робитаҳои бевоситаи давлатҳои мустақили арсаи байналмилалӣ табдил ёфт.

Бинобар ин таҳаввулоти нави сиёсӣ ва густариши муносибатҳои мустақими сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ заминаҳо барои таҳкими робитаҳои адабӣ миёни адабиёти ин мамлакатҳои ҳамфарҳанг фарохтар ва дарвозаҳо барои ҳамкорӣ калонтар боз гардид.

Дар натиҷа, дар андак замон теъдоди зиёди китобу рисолаҳои илмӣ дар заминаи адабиёти муосири ин мамлакатҳо ва намояндагони барҷаста ва намунаи ашъори онҳо дар саҳфаи рӯзномаву маҷаллот ва дар шакли китобҳои мустақил пешкаши хонандагон гардид, ки зикри номи ҳамаи онҳо бемуболиға дафтаре ҳоҳад шуд. Аммо ҷои ташвишу нигаронист, ки хатароту таҳдидҳои сиёсӣ ва фарҳангии асри нав барои кишварҳои ҳавзаи фарҳанг ва забону адабиёти мо на танҳо идома дорад, балки печидатар шуда истодааст.

Мисоли равшани он сарнавишти сиёсии ҳамсояи ҳамфарҳангу ҳамзабони мо Афғонистон аст. Ҷангу лашкаркашиҳои маълуми абарқудратҳои дирӯзу имрӯз, низоъҳои тӯлонии дохилӣ, фирори фавҷ-фавҷи мардум, муҳоҷирати фарҳангиён ва оқибатҳои он, роҳи нашри ҳар гуна илму донишҳои ҷадид, офариниши шеъру ҳунар ва навҷӯиву навгӯиро дар миёни сокинони ин диёри адабпарвару фарҳангзо заиф сохтааст. Ва ё ҷангҳои хунини эълоншудаву эьлоннашуда, бо номҳои мухталифу ҳадафҳои мушаххас, авҷи ҷунбишҳои ифротгароиву террористӣ аз ҳар ҷониб, ки аз оғози садаи XXI дар Шарқи Наздик, ҷараён дорад, на танҳо оромиши сиёсӣ ва истиқлолияти мамлакатҳои минтақаро таҳдид мекунад, балки аллакай ҷони одамони бешумор, ҳаёти давлатҳо ва бисёр мероси таърихӣ ва фарҳангии миллатҳоро фуру бурдааст ва монанди он.

Дар чунин авзои мураккабу хатарзои сиёсӣ ва фарҳангии минтақа, дар баробари ҳифз ва пойдору устувор нигаҳ доштани истиклолияти ватан ва ваҳдати миллӣ, фарҳанг ва забону адабиёти мо низ барои муқовимат бо ин гирдбодҳои нави таърих ниёз ба ҳамкорӣ ва таҳкими робитаҳои адабӣ бо кишварҳои ҳамзабон ва муаррифии бештари чеҳраи худ дар ин ҳавзаи васеи адабӣ дорад.

Гомҳои ислоҳпазири зерин дар ин роҳ шояд беҷо набошанд:

- Ин матлаб низ ногуфта намонад, ки агар мо дар 60-70 соли гузашта муваффақиятҳое дар шинохти адабиёти муосири кишварҳои ҳамзабон дошта будем, вале дар мавриди омӯзиши шеъру адаби тоҷикии наздиктарин ҳамсоягони Мовароуннаҳри хеш - Ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна, ки таърихи фарҳангу тамаддуни ҳудро бо ҳам оғоз карда ва дар як киштии фарҳангӣ равон гаштем, кори назаррасе тақрибан сурат нагирифтааст. Бинобар ин хуб мебуд, агар осори адибони тоҷики ин мамлакатҳо бештар чоп ва ба хонандагони мо муаррифӣ мешуд, то он ки ҳам ҳамкории адабӣ бошад ва ҳам мояи ташвиқу рӯҳбаландии онҳо гардад.

- Ҳамчунин бояд дар назар дошт, ки тоҷикон бо ҳамзабонони хеш асрҳо боз дар кишварҳои гуногуни минтақа, дар шароити иҷтимоиву иқтисодӣ ва муҳити фарҳангии гуногун ва ҳатто низомҳои сиёсии мухалиф зиндагӣ карда, роҳҳои ноҳамгуни таърихиро паймудаанд.

Вобаста ба ин дар шеъру адаби онон, махсусан аз оғози садаи ХХ ба ин тараф, таҳаввулоту дигаргуниҳои зиёде рух додааст. Мактабҳои нави адабӣ, сабку шеваҳои бесобиқа падид омаданд ва суханварони барҷаста, зуҳур карда, осори гаронқадре ба адабиёти кишварҳои замони худ ва дар маҷмуъ ба ганҷинаи умумии шеъри даврони нави форсӣ-дарӣ-тоҷикӣ афзудаанд.

- Бинобар ин таърихи нави адабӣ ва ин девони ҷавони рангоранг бояд баррасӣ ва намунаҳои он пешкаши ҳонандагони тоҷик гардад, то он ки ҷавонони шеърсарои мо аз дастоварду бозёфтҳои адабии онон баҳра бардоранд. Чунин доду гирифтҳои адабӣ ва ё таъсирпазирӣ дар таърихи адабиёти муштараки мо ҳамеша вуҷуд доштааст. Сухансароёни гузаштаи мо аз ҳар шаҳру деҳоти ин ҳавзаи адабӣ, ки барнахоста бошанд, барои ҳамаи мардуми ин сарзамини васеъ яксон азизу муҳтарам буданд, аз ашъори якдигар илҳом гирифта, ҳамдигарро тақлиду пайравӣ мекарданд, ки ин ҳам як навъ эҳтирому ихлос буд ва гоҳе ҳам майдони кувваозмоӣ.

- Ин огаҳиҳову ошноиҳо дар маҷмуь, манбаи илҳом, сайқали маҳорати ҳунарӣ, сабқату мусобиқа, ва кӯшишҳои баробархоҳиву бартариҷӯӣ дар байни шоирони ҷавон гардида, дар маҷмуь боиси навҷӯиву навоварӣ хоҳанд шуд.

Аз сӯи дигар, дар сурати ҷамъ омадани чунин маводу маълумот, шинохти амиқтар, муқоисаву муқобилаи ашъори муосирони суханвари ҳамзабон, чеҳраи воқеъии шеъри нави тоҷикӣ, вазъи кунунӣ, вижагиҳо ва дар маҷмуъ ҷойгоҳи он дар ҷуғрофиёи имрӯз ҳам васеи адабиёти форсӣ, дарӣ ва тоҷикӣ равшантар намоён ҳоҳад шуд.

- Дар ҷараёни сохтмони ин "ҷабҳаи дифоъ” албатта , ҳимоят ва ташвиқу муаррифии дастовардҳои адабиёти нави тоҷикӣ ва пешсафони он набояд фаромӯш шавад. Инҷониб бо камбуди азими дониши худ дар ин замина, дохили баҳсу доварӣ дар ин фан нашуда, ин ҳақиқатро гуфта метавонем, ки ин фасли нави китоби куҳан аз нигоҳи вусъати андеша, сабку шеваҳои адабӣ, зуҳури истеъдодҳо ва осори зебо аз фаслҳои дурахшони таърихи адабиёти мо буда, комёбиҳои зиёди ҳунарӣ, навовариҳои солим ва суҳансароёни тавоно дорад.

- Мавзӯи дигаре, ки барои адабиёти мо аҳамияти амалӣ дорад, он аст, ки шеъру адаби мо, бо вуҷуди коҳиши ҷугрофиёи он, ки болотар ёд шуд, ҳанӯз ҳам дар минтақа бозори гарми серхаридор дорад. Бино ба тахминҳо хеле бештар аз сад миллион одамони рӯи замин бо мо ҳамзабонанд ва теъдоди зиёди дигаре аз дӯстдорони шеъру адаби мо мебошанд.

- Бино ба чунин бозори гарм адабиёти мо бояд ба ин бозор колои ба истилоҳ “рақобатпазир”, ки хушбахтона дар ганҷинаи он чунин бори нафисаи бозоргир бисёр ҷамъ шудааст, пешниҳод намояд. Бо доштани чунин сарвату дороӣ мо ба ин бозори пурмуштарӣ бояд ба ҷуръат дохил шуда, маҳсулоти тару тозаи адабии худро ба намоиш гузорем ва дар ин дунёи паҳновар, қадам бебоктар гузорем, зеро ки мо ҳам дар ин куҳандиёр аз соҳибхонаҳоем.

 

Қодиров Ғиёсиддин,

ходими пешбари илмии

шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздик

 

 


[1] Саид Нафисӣ. Таърихи халки тоҷик, маҷ. Паёми навин, давраи 6, № 11-12, Теҳрон, 1343, - с. 136

 

БОЗГАШТ