АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Чаро зарурати ҳифзи истилоҳи забони тоҷикӣ пеш омадааст?

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

(Чанд андеша дар хошияи баҳсҳои имрӯзӣ дар атрофи забони тоҷикӣ)

   Дар ҷараёни таърихи такомули забонҳои минтақаҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла кишварҳои имрӯзаи Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон, Ҳиндустону Покистон ва як қисме аз Чин забонҳои ҳиндуаврупоие чун санскрит, суғдӣ, бохтарӣ, паҳлавӣ, пашту, урду ва чандин забонҳои дигар ташаккул ёфта, дар омезиш бо ҳамдигар забони ҷадидеро ба вуҷуд оварданд. Дар ин раванди табиӣ ва таҳаввулоти иҷтимоӣ баъзе забону гӯишҳо истиқлолияти нисбии худро ҳифз намуда, баъзе гӯишҳои як забоне воҳид аз ҳам ҷудо шуданд ё аз байн рафтанд. Ин раванди табиии такомули таърихии забонҳоро азҳамҷудошавӣ (диференсиатсия) ё якшави (интегратсия)-и забонҳо меноманд.

    Дар замони Ҳахоманишиҳо ин раванд бо таъсири сиёсати замон як тамоили ҳамгироӣ касб кард ва махсусан, шохаи портӣ-паҳлавии забонҳои бумии қаламрави Ҳахоманишиён нисбат ба дигар шохаҳои забон авлавият пайдо кард, зеро маҳдудаи ягонаи сиёсӣ табиатан тақозо менамуд, ки дар саросари қаламрави кишвар забоне ягона мавриди истифода қарор бигирад. Аммо ин раванд баъди шикасти давлати Сосониён ва ҳуҷуми арабҳо ба он сарзамин марҳилаи дигари забониеро ба вуҷуд овард. Ба ибораи дигар, марҳилаи таҳаввул ва инқилоби иҷтимоии охирҳои асри VI ва VII, ки дар минтақа сурат гирифт, ба забон низ таъсир гузошт.

   Дар ин марҳилаи таърихӣ хат омили муҳимми баҳамоварандаи фарҳангҳо буд, зеро хати паҳлавӣ бо хати суриёниву ибрӣ ва хатҳои дигари қавмҳои сомӣ бунёде ягона дошт. Аз ин рӯ, хати форсӣ ҳамчун хатти умумӣ баъд аз 200 сол дар баробари забони арабӣ чун хати расмиии хилофат қабул гардид ва то ибтидои асри XX мавриди истифодаи мардумони мусулмони ин марзу бум қарор гирифт. Аммо баъди асри 15-16 таҳаввулоти дигаре дар минтақаи Хуросон ва Мовароуннаҳр сурат гирифт. Ба қудрат расидани Сафавиён мазҳаби ташайюъро расман мазаҳаби давлатӣ қарор доданд. Ин омил сабаби ба вуҷуд омадани гусасти азиме дар байни форсизабонон гардид. Маҳз ҳамин омил яке аз сабабҳои аз ҳам дур гаштани гӯишҳои забони ягона гардид.

   Дар қарни XX, баъди тақсимоти нави ҷаҳон аз тарафи абарқудратҳо, дар заминаи осори адибию фарҳангии асрҳои 16-17 тамоили дигаре ба таври ошкоро дар фарҳангу забони миллии мо ба вуҷуд омад, ки онро мафҳумҳое чун «форсии тоҷикӣ», («тоҷикии форсӣ») ва ё «забони тоҷикӣ» ифода мекунанд. Ин се истилоҳ низ мафҳумҳое мебошанд, ки дар раванди инқилобҳои иҷтимоӣ ба хотири ҳимоят аз ҳувияти миллию арзишҳои илмию фарҳангии гузаштагони ин марзу бум аз ҷониби донишмандоне чун устод Садриддин Айнӣ матраҳ гардида, дар фурсати андак мавриди истифодаи умум қарор гирифтанд.

   Забон мафҳуме зинда ва ҳамвора дар ҳаракат аст ва ҳамқадам бо рушду пешрафти ҷомеа тағйиру такомул ва инкишоф меёбад. Ҷараёни таҳаввулу ташаккули таърихи забони модарии мо, тоҷикон пайваста дар тараққию такмил аст. Дар ин раван, албатта, омили геополитикиро наметавон сарфи назар кард. Миллати тоҷик (баъди солҳои 20-уми асри ХХ) мисли гузашта, ба диференсиатсияи забонӣ дучор гардид. Барои ҳимояи манфиатҳои худ дар минтақаҳои гуногуни қаламрави як забон дар асоси гӯишҳои маҳаллӣ забонҳои гуногун ба вуҷуд омаданд. Бо баёне дигар, сохторҳои мустақили сиёсии қаламрави як забон муҷиби ба забони мустақил мубаддал гардидани гӯишҳои мухталифи як забон гардид. Падидаи забони порсӣ дар кишвари Эрон, забони дарӣ дар кишвари Афғонистон ва забони тоҷикӣ дар Тоҷикистон мисоли равшане аз масъалаи диференсиатсияи забонист, ки ҷанбаҳои назарии он дар илми забоншиносии муосир хеле густардаву жарф пажӯҳида шудаанд. Ҳамзамон бояд зикр кард, ки ин диференсатсия боиси шукуфоӣ ва заминаи гуногунандеширо дар ҳавзаи фарҳанги ориёӣ ба вуҷуд овардааст, ки дар оянда метавонад чандфарҳангӣ ва гуногунандеширо дар Эрон, Афғонистону Тоҷикистон тарвиҷ диҳад.

   Дар ин раванди азҳамҷудошавӣ махсусан дар Тоҷикистон бояд аз ҷиҳате забон ба шинохту андешаи қишрҳои мухталифи ҷомеа наздик карда мешуд, то мерос ва андӯхтаҳои илмию фановарии ҷаҳони муосир дастраси ҳамагон қарор мегирифт ва аз тарафи дигар, идеологияҳои ҳоким барои бароварда сохтани ҳадафҳову мудирияти сиёсии худ ба мардум наздик мешуданд, ки ин хосси тамоми идеологияҳо мебошад. Масалан, назарияпардозон ва созандагони идеологияи ислом ва коммунизм тамоми масъулиятҳои иҷтимоиро сода ва оммафаҳм гардониданд, то ҳамагон ба дарки моҳияти он ба осонӣ даст ёбанд ва ба ин васила мудирияти сиёсии ин идеологияҳо осон шавад.

   Ҷиҳати дигари таҳаввулоти иҷтимоии ин давра бо таъсири инқилоби равшангароёни Аврупо, ки аз роҳи Туркияву Россия ба қаламрави фарҳанги бумии Осиёи Марказӣ ворид шуда, тамоилҳои гуногунро ба вуҷуд оварда, барои густариши андешаҳои маорифпарварон ва эҳёи илмҳои табиатшиносӣ замина фароҳам овард, сурат гирифт. Аммо бояд мутазаккир шуд, ки фарҳанги дунявии аврупоӣ аз тариқи шинохти туркҳо ва русҳо ба манотиқи Осиёи Марказӣ интиқол ёфт, ки бо асли аврупоии он фарқ мекард, яъне то андозае таҳриф гардида, дар ҷомеа ниҳодина нашуд.

   Забони асрҳои миёна, ки бо таъсири исломи сиёсии он даврон ва арабипардозиҳову туркигароиҳо ташаккул ёфта, аз оммаи мардум фосила дошт, ба таҳаввулоти асрҳои XIX-XX мувофиқ шуда наметавонист. Ин забон бештар забони ашрофию дарборӣ буда, мардумписанд набуд ва барои осон кардани мушкилоти зиндагии мардум кореро анҷом намедод. Ҳамчунин илмҳои табиӣ ва дақиқ дар хидмати идеологияҳои динӣ қарор доштанд.

   Яке аз мушкилоти ин давр барои абарқудратон ва истеъморгарони дар қаламрави таҳти тасаллуташон қарордошта миллатсозие буд, ки ба манфиаташон хидмат кунад. Аз ин рӯ, дар ин раванди геополитикӣ моделҳои гуногуни миллатсозиро пешниҳод менамуданд. Иттиҳоди Шӯравӣ аз модели миллатсозии фаронсавиҳо истифода карда, забонро унсури асосии миллатсозӣ қарор дод ва унвони кишварро аз забони он баргирифт. Пеш аз ҳама, дар ин раванди бисёр ҳассосу тақдирсоз маҳз олимону ходимони сиёсӣ барои сохтани миллати тоҷик ва ҳифзи арзишҳову манфиатҳои миллии худ мубориза бурда, дар асоси арзишҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии муосир нафаси тозае бар умри миллати хеш афзуданд.

   Воқиятҳое, ки дар боло зикрашон рафт, зарурати дар заминаи лаҳҷаҳои гуногуни минтақаҳо забони дигареро бо вижагиҳои фарқкунандаи худ ба вуҷуд оварданро матраҳ намуд. Дар ин марҳилаи таърихии таҳаввулоти иҷтимоию сиёсӣ миллати тоҷик дар заминаи мероси ғании фарҳангии суннатӣ ва забонҳои бумӣ (манзур забонҳои шарқӣ ва ғарбии эронӣ), забони тозаеро барои ҳифзи ҳувияти хеш ба вуҷуд оварда, дар баробари идеологияҳои муҳоҷим то андозае муқовиматпазир шуд. Талошҳои пайгиронаи рӯшангарону донишмандони ин давра моро аз нобудшавӣ нигоҳ дошта, барои сохтмони худӣ заминаҳои муносиберо фароҳам овард, ки моро дар ниҳоят, ба истиқлоли миллӣ расониданд.

   Баъд аз пароканда гардидани Иттиҳоди Шӯравӣ ва тағйири равандҳои геополитикӣ боз як раванди дигари баҳамоӣ ва азҳамҷудоӣ ба таври табиӣ дар ҳоли ташаккул ва такомул аст. Дар ҳоле ки ҷаҳон ба раванди ҳамгироӣ ё ба иборае дигар, ҷаҳонишавӣ рӯ оварда истодааст, иддае аз коршиносон бар ин назар ҳастанд, ки забони форсӣ ё порсӣ метавонад дар ин ҳамгироӣ ва бархӯрди тамаддунҳо барои таҳаввули ҳамгироии минбаъдаи забонҳои минтақавӣ (тоҷикӣ, форсӣ ва дарӣ) мусоидат кунад. Амо яке аз хатарҳое, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ ва махсусан, ҷомеаи моро рӯз то рӯз бисёр таҳдид мекунад ва осебпазирии ҷомеаҳоро бештар месозад, фазо ва заминаи сиёсишавии ислом ва ифротишавии ҷомеаҳои ин ҳавзаи забонӣ аст. Ин тасмими қатъии коршиносон аз пуштибонии забони ягонаи порсӣ ё форсӣ раванди ифротишавии мардуми ин минтақаро метавонад вусъат бахшад, ки ин таҷрибаро ҷомеаи тоҷик дар ибтидои солҳои истиқлолият дошт ва ҷомеаи камогоҳу камдониши моро ба ҷомеаҳои хатарзои Покистону Афғонистон ва Эрон табдил дода, ҳазорҳо нафар қурбони ин вабои аср метавонад бошад. Ин аст, ки ба ин масъала, ки аз ҳассосиятҳои сиёсию мадании муосир маҳсуб меёбад, ҷиддӣ таваҷҷуҳ бояд намуд, то иштибоҳоти пешина моро дунболагир нашаванд ва амнияту суботи минтақавиро халалдор насозанд.

   Хулоса, ба ақидаи мо, истилоҳи забони тоҷикӣ барои вазъи имрӯзи мо ва сохтани ҳувияти миллӣ муносиб мебошад. Моро лозим аст, ки ба мушкилоти дигари ҷомеа таваҷҷуҳи бештар намоем, яъне ислоҳоти иҷтимоию сиёсӣ ва иқтисодиро марҳила ба марҳила пайгирӣ карда, сатҳи зиндагӣ ва рифоҳи шаҳрвандонро бештар ба вуҷуд оварем, то аз таҳдидҳо эмин монда, ҷойгоҳи худро дар сохтори имрӯзаи ҷаҳон ҳифз кунем.

 

Ниёзӣ Ёрмаҳмад Бобо,

номзади илмҳои фалсафа

 

БОЗГАШТ