ЧОПИ МАҚОЛАҲО ДАР КИШВАРҲОИ АРАБ

Муаллиф: Шаҳлохон Муродалӣ

Расм

ЧОПИ МАҚОЛАҲО ДАР КИШВАРҲОИ АРАБ

Вебгоҳи арабии https://syriahomenews.com дар Ҷумҳурии Арабии Сурия рӯзи 18 июни соли 2024 мақолаи ходими хурди илмии шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Шаҳлохон Муродалиро таҳти унвони “Тоҷикистон: рушди илмии ҳамаҷониба” ба забони арабӣ нашр кард.

Мақола бардошти муаллиф аз мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илму маориф, ки 30 майи соли ҷорӣ баргузор гардида буд, мебошад. Дар он муаллиф хонандаи арабро бо рушди илму маориф дар Тоҷикистон тайи солҳои истиқлолияти давлатӣ ва дурнамои он шинос мекунад.

Ҳамчунин дар ин рӯз мақолаи дигари муаллиф Шаҳлохон Муродалӣ таҳти унвони “Душанбе ва ар-Риёз: шарикӣ дар масъалаҳои об” дар вебгоҳи https://essiyahacom.com Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, вебгоҳи https://www.alakhbarianews.com дар Ҷумҳурии Мисри Араб ва 7 вебгоҳи дигари гуногун дар ҷаҳони араб ба забони арабӣ нашр шуд.

Дар он иштироки ҳайати баландпояи Арабистони Саудӣ бо роҳбарии Вазири муҳити зист, об ва кишоварзӣ Абдураҳмон ал-Фазлӣ дар Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ки рӯзҳои 10-13 июни соли ҷорӣ дар Душанбе доир гардид, натиҷабардорӣ шудааст.

Ҳамзамон муаллиф дар мақолаи худ иштироки Президенти Бонки исломии рушд д-р Муҳаммад ал-Ҷосир дар Конфронси оби Душанбе ва ҳамкории судманди ин ниҳоди молиявиро бо Тоҷикистон мавриди арзёбӣ қарор додааст.

Манбаъ:

https://syriahomenews.com/%d8%b7%d8%a7%d8%ac%d9%8a%d9%83.../

https://www.alakhbarianews.com/2024/06/blog-post_662.html

https://essiyahacom.com/.../%d8%a7%d9%84%d8%b1%d9%8a%d8.../

https://mustaqbl.net/%d8%a7%d9%84%d8%b1%d9%8a%d8%a7%d8.../

https://eyounbaldna.com/%d8%a7%d9%84%d8%b1%d9%8a%d8%a7.../

https://eyounbaldna.com/%d8%a7%d9%84%d8%b1%d9%8a%d8%a7.../

https://modonnew.com/.../%d8%a7%d9%84%d8%b1%d9%8a%d8%a7.../

https://el-omma.com/.../%d8%a7%d9%84%d8%b1%d9%8a%d8%a7.../

https://shams-alyaoum.com/%d8%a7%d9%84%d8%b1%d9%8a%d8%a7.../

https://heidinews.net/?p=68175

БОЗГАШТ