АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

ЧОРААНДЕШИҲОИ ИТТИҲОДИ АВРУПО ВОБАСТА БА ПЕШГИРИИ МУҲОҶИРАТИ ҒАЙРИҚОНУНӢ

Муаллиф: Мирвайсов Мамурҷон

Расм

Раванди муҳоҷират дар баробари инсоният таърихи қадима дорад. Дар ҳама давру замон муҳоҷират омили тавсеаву ташаккул ва густариши фарҳангҳо, иқтисодҳо ва ҷомеаҳои мухталиф буд. Масалан, дар замонҳои пеш, вақте ки аҳолии Аврупо бо суръат афзоиш меёфт, мардумии бумии ин кишвар аз камбизоатӣ ва гуруснагӣ ба он тарафи уқёнус ҷиҳати дарёфти кору зиндагӣ ҳиҷрат мекарданд.

Айни замон масъалаи муҳоҷират ва муҳоҷирин дар рӯзномаи ҷаласаву чорабиниҳои ИА дар мадди аввал қарор гирифтааст. Яъне, имрӯзҳо муҳоҷират дар Аврупо пеш аз ҳама ҳамчун як мушкилоти сиёсиву иҷтимоӣ, иқтисодиву фарҳангӣ арзёбӣ мешавад, зеро ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳукуматдорони ИА аз миқёси муҳоҷирати ғайриқонунӣ нигаронӣ доранд.

Муҳоҷирати номунтазам ва ғайриқонунӣ ҳамчун мушкилоте ба миён омадааст, ки солҳои тӯлонӣ Иттиҳоди Аврупо (ИА) ва ҷаҳонро ба ташвиш овардааст. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки буҳрони муҳоҷирати аврупоӣ дар тирамоҳи соли 2015 ба далели афзоиши чандкаратаи ҷараёни гурезаҳо ва муҳоҷирони ғайриқонунӣ ба Иттиҳоди Аврупо (ИА) аз кишварҳои Африқои Шимолӣ, Ховари Миёна ва Осиёи Ҷанубӣ авҷ гирифта, проблемаҳои зиёдеро вобаста ба қабул ва ҷойгиркунии онҳоро пеш овард. Сабабҳои асосии воридшавии муҳоҷирини ғайриқонунуниро таҳлигарон дар натиҷаи низоъҳои дохиливу минтақавӣ, паст будани сатҳи зиндагӣ, авҷгирии фаъолияти ташкилотҳои ифротгароӣ, тағйирёбии иқлим ва офатҳои табиӣ ва дигар омилҳо меҳисобанд.

Ҳамаи ин таҳаввулот аз ҷумлаи он мушкилотест, ки кишварҳои мухталифи ИА қаблан ҳам ҳангоми қабули муҳоҷирини меҳнатӣ рӯбарӯ мешуданд, дучор шуда буданд.

Ба ин далел, Иттиҳоди Аврупо барои кам кардани таъсири мавҷи муҳоҷирати ғайриқонунӣ чораҳои гуногун андешиданро оғоз карданд, ки феълан онро идома медиҳанд.

Хусусан, пас аз ҷанги дохилӣ, ки дар Сурия соли 2011 сар зад, миллионҳо суриягиҳо кишварҳои худро тарк карда, ба кишварҳои ҳамсоя ё Аврупо муҳоҷират карданд. Барои ҷилавгирӣ аз ин муҳоҷират Иттиҳоди Аврупо бо кишварҳои мухталиф созишномаҳои дипломатӣ баст, ки ҳадафи он коҳиш додани шиддати муҳоҷиратро дошт. Дар ин замина Иттиҳоди Аврупо мехост амнияти худро бо маҳдуд кардани муҳоҷират таъмин кунад. Дар замони эпидемияи Ковид-19, ки дар соли 2019 оғоз ёфт, ҷараёни муҳоҷирати ғайриқонунӣ барои муддате коҳиш ёфт, вале он мушкилоти мавҷударо бартараф карда натавонист. Ба ин далел, коршиносони Иттиҳоди Аврупо дар мавриди бозгашти муҳоҷирон ба кишварҳои худ таҳқиқоти мухталиф анҷом дода, пешниҳодҳои худро ба ҳукуматҳои кишвари худ ва ба таври умум ба ИА ироа намуданд. Дар ин замина Иттиҳоди Аврупо дар соли 2021 340,500 қарори нав қабул кардааст. Бо вуҷуди ин, танҳо 21% аз ин қарорҳо аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо иҷро карда шуданд.

Аз тарафи дигар, Иттиҳоди Аврупо дар самти муҳофизати ҳуқуқҳои шаҳрвандони худ аз дастгирии ҷомеаи фаъол бархурдор аст. Вақтҳои охир мушоҳида мешавад, ки фаъолияти ултраростгароҳои радикалӣ дар Аврупо майли пурзӯршавӣ дорад. Аз ин рӯ, ҳукуматҳо ва раҳбарони ростгароёни аврупоӣ, ки бо ваъдаи берун кардани гурезаҳоро аз кишвар ба кор мегиранд, ба майдони сиёсӣ меоянд. Яке аз фаъолтарини ин равия дар Аврупо сарвазири Италия Ҷорҷия Мелонӣ ҳисобида мешавад. Мелонӣ дар бисёре аз суханрониҳои худ зикр кардааст, ки муҳоҷиронро аз кишвар ихроҷ мекунад. Ба ин васила ба вай муяссар шуд, ки овозҳои мардуми Италияро ба даст орад ва ба сари қудрат ояд. Ин вазъият шаҳодат медихад, ки дар Аврупо истифодабарии омили муҳоҷирин аз ҷониби ҳизбу ҳаркатҳои радикалии ростгароёна зиёд шуда истодаанд. Мелонӣ, ки аз замони ба қудрат расиданаш мавриди интиқоди дигар кишварҳои ИА қарор гирифт, айни замон кӯшиш дорад, ки бо эҳтиёткорӣ таваҷҷуҳи худро ба масъалаҳои дигар ҷалб намуда, шиорҳои зидди муҳоҷиринро муддате мавқуф гузорад.

Аз сӯйи дигар, Юнон ахиран дар марзҳояш ба сохтани девор шуруъ намуд ва ба ин васила саъй дорад, ки ҷараёни муҳоҷирони ғайриқонуниро боздорад. Юнон тарғиб мекунад, ки тавассути сиёсатҳояш сарҳади ИА-ро ҳифз мекунад. Инро метавон ҳамчун талоши Итолиё ва Юнон барои ҳифзи марзҳои Иттиҳоди Аврупо маънидод кард. Ҳамзамон, Юнон аксар вақт бо масъалаҳои ғарқ гардидани киштиву қаиқҳои муҳоҷирин ва ба марг дучор гаштани онҳо дар васоити ахбори умум мавриди танқиди созмонҳои байналмилалӣ ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ мегардад. 

Бо вуҷуди ин, Комиссияи Аврупо изҳор намудааст, ки шумораи дархостҳои паноҳандагӣ дар кишварҳои пешрафтаи Аврупо 50% афзоиш ёфтааст. Дар ин замина, Комиссия изҳор дошт, ки шумораи дархостҳои паноҳандагӣ ба кишварҳои аврупоӣ дар соли 2022 924,000-ро ташкил додааст.[1] Илова бар ин, Иттиҳоди Аврупо як бастаи таҳримҳоро алайҳи кишварҳое эълон кард, ки талаботу муқаррарот ва меъёрҳои ҳамкориро дар робита ба пешгирии муҳоҷирони ғайриқонуниро риоя намекунанд.[2]

Чуноне ки муайян аст, тасмим гирифта шудааст 21% муҳоҷирони ғайриқонунӣ, ки ба Аврупо меоянд, ба кишварҳои аслии худ бозагрдонида мешаванд.[3] Бо ҳамин васила Иттиҳоди Аврупо кӯшиш мекунад, ки фаъолияти ин дигар кишварҳое, ки интиқолдиҳандаи муҳоҷирини ғайриқонунӣ ҳисобида мешаванд, дар самт назорат кунад, то гурезаҳое, ки мавриди бозгашт қарор дода мешаванд, ба кишварҳои худ баргарданд. Дар ин замина, раиси Комиссияи Аврупо Урсула фон дер Лейен гуфт, ки онҳо бояд чорабиниҳои бозгашти муҳоҷиринро пурзӯр кунанд ва таъкид намуд, ки онҳо мехоҳанд бо кишварҳои баромадани онҳо, аз қабили Миср, Покистон, Марокаш, Тунис ва ғайра созишномаҳо дар ҷода банданд. [4]

Мутобиқи маълумотҳои мавҷуда бо суръати хеле паст инкишоф ёфтани иқтисодиёт дар Аврупо (1,8%), паст шудани афзоиши аҳолӣ, аз ҷумла кам шудани шумораи аҳолии корӣ ва тибқи маълумотҳои оморӣ пиршавии қисми зиёди аҳолии Иттиҳоди Аврупо, эҳтиёҷотро ба кувваи корӣ дар ин кишварҳо афзудааст. Аз як тараф воридшавии муҳоҷирини ғайриқонунӣ ба пайдошавии проблемаҳои гуногун оварда расонад ҳам, аз ҷониби дигар зарурият ба қувваи корӣ ҳукуматдорони ИА водор месозад, ки сиёсати оқилона ва дуруст дар самти танзим ва назорати раванди қабули муҳоҷирин дар Аврупо роҳандозӣ намояд. Дар ин самт, Кэтрин Вуллард, директори Шӯрои Аврупо оид ба гурезаҳо ва бадарғашудагон, пешниҳод кардааст, ки барои муҳоҷирони иқтисодӣ роҳҳои гуногун вуҷуд дорад ва мумкин аст барои афзоиши ҷараёни муҳоҷирати иқтисодӣ, ки 20 сол боз коҳиш ёфта буд, чораҳои иловагӣ таҳия шаванд.[ 5] Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки Иттиҳоди Аврупо нисбат ба бахши беихтисоси муҳоҷирони ғайриқонунӣ таваҷҷуҳ надорад.

Хулоса, кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо дар асоси таҷрибаи қаблии худ дар идоракунии буҳрони муҳоҷирати ғайриқонунӣ нисбатан то андозае муваффақ шуда истодаанд. Ин маънои онро дорад, ки кишварҳои аврупоӣ майл ба қабули меъёран маҳдуди муҳоҷирони соҳибкасб ва ихтисосманд буда, дар мувофиқа бо давлатҳои буферӣ ва интиқолдиҳандаи муҳоҷирин ва қабули санадҳои меъёрии мутаносиб ин равандро ба танзим дароранд. Ҳамзамон ҳукуматдорони ИА тасмим пеша намуданд, ки дар баробари ин, чорабиниҳо оид ба бозгардонидани муҳоҷирини ғайриқонуниро идома дода, аз вуруди муҳоҷирони нав ҷилавгирӣ кунанд. Аз ин лиҳоз, мантиқан чунин хулосабарорӣ намудан мумкин аст, ки ИА сиёсати худро вобаста ба масъалаҳои муҳоҷиратро дар зери таъсири ултраростгароёне, ки рӯз ба рӯз мавқеашон устувор шуда истодааст, роҳандозӣ хоҳад кард. 

 

Мирвайсов Мамурҷон,

ходими калони илмии

шуъбаи Аврупо ва Америкаи

Институти омӯзиши масъалаҳои

кишварҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

 

БОЗГАШТ