АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

COVID – 19 - «аслиҳаи биологии» замони муосир

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

Таҳлили кунунии раванди вазъияти сиёсӣ – иҷтимоии байналмилалӣ ва минтақавӣ нишон медиҳад, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ бо сабаби пандемияи коронавирус COVID – 19, буҳрони амиқи сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва ҳарбиро аз сар гузаронида истодааст. Ин падидаи ғайриоддӣ тавонист, ки дар як муддати кӯтоҳ ба тамоми соҳаҳои зиндагӣ таъсири манфӣ расонад, кишварҳоро аз ҳам ҷудо намуда, тамоми ҷараёнҳои ҷаҳонишавию ҳамгироиро боздорад.
Ба ақидаи мо, коронавирус COVID – 19 «аслиҳаи биологӣ» - и замони муосир маҳсуб ёфта, аз тарафи абарқудратҳои ҷаҳониву минтақавӣ дар чорчӯбаи «ҷангҳои биологӣ» ҳамчун яке аз технологияҳои «ҷангҳои омехта» татбиқ карда мешавад. Зикр бояд кард, ки инсоният технологияҳои ҳамчун «аслиҳаи биологӣ» истифода бурдани заҳр, бемориҳои мухталифи сирояткунанда, дору ва дармонҳои гуногуннавъи мадҳушкунанда ё кушандаро, аз қадим медонист. Масалан, он замонҳо як тарафи ҷанганда бе истифода аз нерӯи азими ҷангӣ, хунрезиҳои зиёд, усулҳои ғайриҷангӣ ба монанди: заҳролуд кардани чоҳҳои оби ошомиданӣ, паҳн кардани касалиҳои марговар ва ғайраро ба кор андохта, сарбозони бешумор, сарлашкарон ва шахсиятҳои барҷастаи тарафи дигар ё душмани худро аз байн мебурд ва ғалаба ба даст меовард.
Имрӯз низ истифодаи «аслиҳаи биологӣ» ҳамчун усули ғайриҷангии «ҷангҳои омехта» аз байн нарафта, бо мурури замон такмил ёфтааст. Коронавирус COVID – 19 дастоварди ахири «аслиҳаи биологӣ» мебошад, ки ҳамто надорад.
Хориқияти коронавирус ҳамчун «аслиҳаи биологӣ» аз омилҳои зерин бармеояд:
  1. Ба фарқ аз Эбола, вабо, СПИД, илтиҳоби шуш ва ғайра, аз нигоҳи масоҳати паҳншавӣ ва фарогирӣ афзалият дорад. Бо вуҷуди сатҳи камтари марговарӣ, он тавонист имрӯз тамоми ҷаҳонро фаро гирифтааст. Ин омил рӯ ба рушд ниҳодааст. Шумораи гирифторон дар миқёси ҷаҳон аз марзи понздаҳ миллион нафар убур карда, қурбониёни он то ба як миллион расида истодааст. Дар ҳоли ҳозир ягон нуқтаи ҷаҳон намондааст, ки дучори коронавирус набошад.
  2. Фаъолияти тамоми созмон ё ташкилоти ба таъмини амнияти дастаҷамъонаи ба абарқудратҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ вобастабуда аз қабили САҲА, блоки Атлантикаи шимолӣ, СААД ва ғайраро, фалаҷ гардонид.
  3. Ба ҷараёнҳои ҷаҳонишавӣ, ҳамгироӣ таъсири манфӣ расонид ва ғайра.
Аз рӯзи аввали нуфуз пайдо кардани коронавирус дар байни абарқудратҳои ҷаҳониву минтақавӣ дар мавзӯи: коронавирус оё «аслиҳаи биологӣ» мебошад ё не; он дар шароити лабораторӣ коркард ёфтааст ё табиатан пайдо шудааст; кадом як аз абарқудрати ҷаҳонӣ ва минтақавӣ дар истеҳсоли коркард ва паҳн кардани он даст дорад; ваксинаи он чи тавр ва дар куҷо мавриди коркард қарор дорад; ки киро бо ин маризӣ сироят кунонидааст; аз лабораторияи кадом кишвар коронавирус ихроҷ шудааст; оё зуҳури мавҷҳои дуюм ва минбаъдаи он имконпазир аст ва ғайра, баҳсҳо идома доранд. Чунин муқобилиятро олимону коршиносон, ВАО аллакай чун «ҷангҳои коронавирусӣ» - яке аз намудҳои «ҷангҳои биологӣ» номида, дар атрофи он ақидаронӣ доранд.
Вобаста ба ин, аз тарафи абарқудратҳои ҷаҳониву минтақавӣ иттилооти манфиатдор ё бардурӯғ паҳн карда мешавад. То имрӯз ягон абарқудрати ҷаҳонӣ ва минтақавӣ масъулияти коркард ва паҳн кардани коронавирусро ба души худ нагирифтааст. Дар ин кор ҳама ҳарифи худро гунаҳкор медонанд, яъне амрикоиҳо ва шарикони онҳо - хитоиҳо ва шариконашонро айбдор мекунанд ва баръакс.
Аз ин лиҳоз, мавҷи бузурги иттилооти бардурӯғ имконият намедиҳад, ки кишвари ба коркард ва паҳншавии коронавирус дастдошта мушаххас карда шавад. Дар ин ҷода ақидаю назарияҳои гуногуни илмӣ, конспирологӣ ва ғайра низ, ба миён омадаанд. Маҳз ҳамин ҳолат барои ҳамчун яке технологияи «ҷангҳои омехта» донистани «ҷангҳои коронавирусӣ» асос шудааст. Зеро яке аз принсипҳои асосии «ҷангҳои омехта» ин аст, ки иҷрокунандаи онро муайян кардан ғайриимкон мебошад. Яъне, ягон кишвари абарқудрати ҷаҳонӣ ба минтақавӣ ошкор намекунад, ки аз чунин усулҳои ғайриҷангии «ҷангҳои омехта» истифода менамояд.
Дар натиҷаи таҳлил ва баррасии маводи илмию техникӣ, ВАО – и хориҷӣ ва ватанӣ маълум гардид, ки дар масъалаи ҳамчун «аслиҳаи биологӣ» донистани коронавирус COVID – 19 дар байни олимон, коршиносон, мутахассисони соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, низомӣ, тиб ва ғайра, мавқеи ягона вуҷуд надорад. Баъзеҳо онро, яъне коронавирусро, «аслиҳаи биологӣ» медонанд, гурӯҳи дигар бошад инро инкор мекунанд.
Масалан, олими рус И.Н. Панарин COVID – 19 - ро «аслиҳаи биологӣ» ҳисобида, дар лабораторияи биологӣ тавлид шудани онро тасдиқ мекунад. Дар ин маврид ӯ чунин гуфтааст: «Дар ин бора ман ягон шубҳае надорам. Коронавирус ва мавҷи иттилооти дар атрофи он бардошташуда ба таври сунъӣ пайдо шудаанд». [1]
Ин фикрро сардори Раёсати тандурустии Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Эрон Ҳ. Ароқизода тасдиқ намуда чунин қайд кардааст: «Коронавирус «аслиҳаи биологӣ» ва ҳамчун яке аз унсурҳои «ҷангҳои биологӣ» ба ҳисоб меравад. [2]
Олимони рус Д. Курганов [3], К. Сивков [4], А. Чепурнов [5] ва ғайра бошанд, баръакс ҳамчун «аслиҳаи биологӣ» будани коронавирус COVID – 19 – ро инкор кардаанд.
Ба ақидаи мо бошад, COVID – 19 «аслиҳаи биологӣ» буда, он дар шароити лабораторӣ, аз тарафи яке аз абарқудратҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ истеҳсол карда шудааст. Зеро он ба ихтиёри худ пайдо шуда наметавонад.
Дар навбати худ, аксарияти олимону коршиносон, таҳлилгарон ИМА ва ҶХХ–ро ҳамчун коркардкунанда ва паҳнкунандагони ин «аслиҳаи биологӣ» медонанд. Чунончи, тибқи хабари канали телевизионии WCVB - и ИМА, ки моҳи майи соли 2020 расонаӣ гардидааст, дар ИМА ихтироъкунандаи коронавирус доктор Чарлз Либер – сардори шуъбаи химия ва биологияи Донишгоҳи Ҳарвард дастгир гардидааст. Мақомоти ИМА изҳор намудаанд, ки мавсуф бо донишгоҳи шаҳри Ухани ҶХХ дар тамос буда, ба ҷониби хитоиҳо дар ивази маблағи 1,5 миллион доллари ИМА иттилооти махфиёнаро оид ба коронавирус фурӯхтааст. [6]
Бо дарназардошти гуфтаҳои боло, метавон хулоса намуд, ки дар коркард ва паҳн кардани коронавирус абарқудратҳои ҷаҳониву минтақавӣ, пеш аз ҳама ИМА ва ҶХХ даст доранд. COVID - 19 дар лабораторияҳои махфии ин кишварҳо ба ҳайси «яроқи биологӣ» озмоиш ва истеҳсол карда шудааст.
Зеро, баҳси асосӣ ҳам, то ҳол дар байни кишварҳои мазкур идома дорад. Дар шароити кунунии авҷгирии «ҷанги сард» байни ИМА ва ҶХХ, ки бо истифода аз технологияҳои гуногуни «ҷангҳои омехта»- «ҷангҳои иқтисодӣ», «ҷангҳои таҳримӣ», «ҷангҳои гумрукӣ», «ҷангҳои дипломатӣ» ва ғайра сурат гирифта истодааст, ин хулоса ба ҳақиқат наздик буда метавонад.

                                                     Адабиёт
  1. Панарин И.Н. Операция COVID-2019 – это игра на свержение Путина, Трампа и Си Цзиньпина;
https://centrasia.org/newsA.php?st=1586842620
  1. Коронавирусная инфекция – биологическое оружие: Генштаб Ирана. http://realtribune.ru/news/news/4045
  2. Курганов Д. Новый коронавирус "сбежал" из лаборатории? В России разработана секретная программа. https://tsargrad.tv/articles/novyj-kronavirus-sbezhal-iz-laboratorii-v-rossii-razrabotana-sekretnaja-programma_235920
  3. Астахов С. Версию о «применении» COVID-19 против США объяснили политической игрой https://nsn.fm/policy/versiu-o-primenenii-covid-19-protiv-ssha-obyasnili-politicheskoi-igroi
  4. Дагаева К., Нижельская. Есть теория, что коронавирус создали как биологическое оружие. https://360tv.ru/news/tekst/covid-bioweapon/
  5. В США арестован создатель Covid-19. https://1107552.howto-news.info/v-ssha-arestovan-sozdatel-covid-19/ ?utm_medium=referral&utm_source=lentainform&utm_campaign=howto-news.info&utm_term=1254370&utm_content=8535195
 
Сангинов Н.Н.,
мудири шуъбаи Осиёи Марказии
Институти Осиё ва Аврупои АМИТ

БОЗГАШТ