АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Дӯстии ҷовидон

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

    Мардумони тоҷику эронӣ  ду шохи бузурги дарахти тануманди ориёианд, ки дар тӯли таърих аз як хоку ҳавою об ғизо гирифта самар додаанд. Аз самараи ин дарахти пурбор на танҳо худи онон, балки кулли  ҷаҳониён баҳраманд мешаванд. Онҳо ба рағми ҳама душвориҳову чолишҳои  рӯзгор ҳамеша фирӯзу сарбаланд буда, барои пешрафти тамаддуни башар хидмат кардаанд. Хидмати онҳо ба хусус дар пешбурди фарҳанг хеле назаррас аст. Яке аз қадимтарин китобҳои дунё «Авесто», қадимтарин суруду таронаҳо ва  пандномаву андарзномаҳоро онҳо офаридаанд.  Бузургтарин шоирону донишмандони оламро мисли  Рӯдакиву Фирдавсӣ, Ибни Синову  Берунӣ, Саъдиву Ҳофиз, Ҷомиву Донишҳо ба камол расондаанд. Онҳо забони форсии тоҷикиро падид оварда, дар кишварҳои паҳновари олам густариш доданд.

     Фарҳанги муштараке, ки халқҳои тоҷику форс  эҷод карданд, ҳаёти мардумро босафову рангинтар  намуда, ғановати тамаддуни башарро афзуд, мардуми оламро  ба некиву накӯкорӣ ва роҳи рости зиндагӣ  ҳидоят кард.

     Ҳарчанд дар масири таърих борҳо  ин мардумон  дучори  зарбаҳои сахти аҷнабиён шуда,   сарсону парешон гаштанд, вале ҳамеша  бо ҳам робитаву  ҳамкорӣ доштанд. Дар асри ХХ тоҷикон бо ҳамзабонони  худ робитаи мустақими сиёсиву иқтисодӣ надоштанд, вале пайванди фарҳангии онҳо  ба ҳар васила ривоҷ дошт. Дар таҳкими  робитҳои илмиву адабии тоҷику эронӣ хидмати устод Садриддин Айнӣ хеле  назаррас аст. Дар ибтидои асри ХХ устод Айнӣ дар мақолаҳои публисистии худ мардуми тоҷикро  бо ҳодисаҳои муҳимми сиёсиву иҷтимоие, ки дар Эрон  ба вуқуъ меомаданд, шинос менамуд. Хонандагони  эронӣ низ тавассути  рӯзномаву маҷаллаҳои «Овози тоҷик», «Шӯълаи инқилоб» ва амсоли инҳо  бо рӯйдодҳои сиёсиву фарҳангии Тоҷикистон ошно мешуданд. Аз ҷумла як зани эронӣ Шукӯҳи Ховариён пас аз хондани тақризи  Раҳим Ҳошим дар бораи  повести «Одина»-и устод Айнӣ дар маҷаллаи «Роҳбари дониш» хеле ба ваҷд омада, ба маҷалла нома мефиристад ва хоҳиши ба даст овардани  китобро менамояд ва менависад: «Ман ҳанӯз ин китоби муқаддасеро, ки намуна аз нолаҳо ва фарёдҳои бадбахтону гирифторони Шарқ аст, надидаам… ва ҳамон навиштаи шумо ба ман ҳам собит мекунад, ки тамоми омолу орзуҳои меҳнаткашони Шарқ, хусусан, форсизабонон дар он ҷамъ хоҳанд буд… Барои ман ба даст овардани ин китоб дар Эрон хеле душвор аст, ночор ба шумо, оре шумо, ки барои бедории афкори заҳматкашони Шарқ ҷиддияту фидокорӣ мекунед, интизор дорам, ки як нусхаи он ҷиҳати ман ба Эрон ирсол доред. Зеро ман ҳам хоҳари заҳматкаши шумо ҳастам ва бо умедвории аз ҳад берун дар интизори расидани ин китоб чашм ба роҳи Тоҷикистони озоду инқилобӣ мебошам ва орзу дорам, ки ҳар чи зудтар муваффақ ба дарёфти он гардам…»1

    Асари  устод Айнӣ «Намунаи адабиёти тоҷик», ки соли 1926 дар Маскав ба ҳуруфи форсӣ чоп шуда буд, дар Эрон низ паҳн шуда, мавриди писанди адибону донишмандон қарор гирифт. Саид Нафисӣ  дар рӯзномаи «Шафақи сурх» тақриз нашр намуда, хондани  он китобро барои  ҳар хонандаи эронӣ зарур мешуморад. Дар бораи устод Айнӣ дар матбуоти Эрон  мақолаҳои Парвиз Нотили Хонларӣ, Муҳаммад Шаҳиди Нуроӣ,  Ҳабиби Яғмоӣ, Карими Кашоварз, Ҳусайни Лисон, Эраҷи Афшор, Мустафо Бобохонӣ ва дигарон  ба табъ мерасанд, ки хонандагони эрониро  бо асарҳои  устод муаррифӣ менамоянд. Ҳамчунин пораҳо аз асарҳои устод Айнӣ дар рӯзномаву маҷаллаҳо чоп мешаванд. Ниҳоят  бо кӯшиши адиби эронӣ Саиди Сирҷонӣ «Ёддоштҳо»-и устод Айнӣ ба таври комил бо муқаддимаву тавзеҳоти муфассал  ба нашр мерасад. Китоби мазкур илова бар чаҳор ҷилди «Ёддоштҳо» асари дигари  устод Айнӣ «Мухтасари  тарҷумаи ҳоли худам»-ро низ  дар бар мегирифт. Соли 2016 дар Теҳрон Анҷумани осор ва мафохири фарҳангии Эрон «Маросими бузургдошти хадамоти илмӣ ва фарҳангии устод Садриддин Айнӣ»-ро баргузор менамояд ва маҷмуаи «Зиндагинома ва хадамоти илмӣ ва фарҳангии марҳум устод Садриддин Айнӣ»-ро ба нашр мерасонад.

    Абулқосим Лоҳутӣ, ки зодаву парвардаи Кирмоншоҳи Эрон  буд, ба Тоҷикистон омада, ин ҷоро ватани дувуми худ қарор дод ва барои пешрафти адабиёту фарҳанги  он хидмати бузург намуд. Осори ӯ дарвоқеъ ҳалқаи пайванди ду адабиёт буда, аз ягонагиву якпорчагии онҳо шаҳодат медиҳад.

   Дар солҳои 20-40 асри ХХ ҳамчунин як гурӯҳ равшанфикрони эронӣ мисли Баҳром Сирус, Дайламӣ, Дастурӣ, Зореъ, Тарбият, Ҷонфидо, Ҳасанлӣ дар ҳаёти илмиву фарҳангии Тоҷикистон фаъолона ширкат намуданд.

   Адабиёти нави тоҷик аз ибтидои аср  таваҷҷӯҳи хонандагони  эрониро ҷалб менамояд. Дар  нашрияҳои гуногуни Эрон асарҳои адибони тоҷик Мирзо Турсунзода,  Сотим  Улуғзода, Ҷалол Икромӣ, Муъмин Қаноат, Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир, Гулназар, Гулрухсор, Ашӯр Сафар ва дигарон  ба табъ мерасанд.

   Дар  Тоҷикистон низ асарҳои адибони эронӣ бо теъдоди зиёд интишор меёбанд. Ашъори Эраҷ Мирзо, Маликушшуаро Баҳор, Нимо Юшич, Нодири Нодирпур,  Сиёвуши Касроӣ, Соя,  Фурӯғи Фаррухзод, Симини Беҳбаҳонӣ, роману ҳикояҳои Мушфиқи Козимӣ,  Содиқи Ҳидоят, Саид Нафисӣ, Ҷамолзода, Бузурги Алавӣ, Ҷалол оли Аҳмад, Фаридуни  Тункобунӣ, Содиқи Чӯбак, Симини Донишвар, Хусрави Шоҳонӣ ва амсоли  инҳо писанди мардуми тоҷик низ гаштаанд. Дар пайравии Нимо Юшич ва  Нодири Нодирпур  шеъри нави нимоӣ дар адабиёти тоҷик рушду тавсиа пайдо кард.

    Барои ҳар тоҷику эронӣ ашъори Рӯдакиву Ҳофиз, Умари Хайёму Саъдӣ, Ҷомиву Қоонӣ ва садҳо шоирони форсигӯй мӯнису дилнишинанд. Ба қавли Мирзо Турсунзода «дили тоҷику эронӣ муҳаббатгоҳи Ҳофиз шуд». Аз ин рӯ шоири дардошнои миллат Лоиқ Шералӣ  онҳоеро, ки миёни ин ду халқи бародар ҷудоӣ меандохтанд, маҳкум намуда гуфта буд:

                        Яке гуфто: ту эронӣ, дигар гуфто: ту тоҷикӣ,

                        Ҷудо аз асли худ мирад касе моро ҷудо кардаст.

    Робитаҳои илмӣ  дар асрҳои ХХ - ХХ1 хеле густариш ёфта, донишмандони  тоҷику эронӣ дар таҳқиқи масъалаҳои гуногуни таърихи забон ва адабиёти тоҷику форс ба дастовардҳои  муҳимми илмӣ  ноил гардиданд. Асарҳои пурарзиши устод Садриддин Айнӣ дар бораи   Рӯдакиву Фирдавсӣ, Ибни Синову Саъдӣ, таҳқиқоти бунёдии Саид Нафисӣ оид ба Рӯдакӣ, асарҳои Забеҳулло Сафо, Ризозода Шафақ, А. Мирзоев, Х.Мирзозода, Бадеуззамон Фурӯзонфар, Ш. Ҳусейнзода, Р. Ҳодизода, Шафеъии Кадканӣ, Муҳаммад Ҷаъфари Маҳҷуб, Муҳаммад Ҷаъфари Ёҳақӣ, Насрулло Имомӣ, Х.Шарифов, А. Сатторзода Ф.Наҷмонов, Н. Салимов, А. Насриддинов, О. Хоҷамуродов ва амсоли онҳо ба таҳқиқи масъалаҳои  муҳимми адабиёти  тоҷику форс бахшида шуданд.

     Ҳамоишҳои илмие, ки ба муносибати 1100 ва 1150-солагии устод Рӯдакӣ,  1000-солагии «Шоҳнома»-и Абулқосими Фирдавсӣ, ёдбуди Ибни Сино, Умари Хайём, Ҳофиз, Амир Хусрави Деҳлавӣ, Носири Хисрав, Камоли Хуҷандӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Мирсайид Алии Ҳамадонӣ, Абӯрайҳони Берунӣ, Камолиддини Беҳзод, Аҳмади Дониш ва дигар адибону донишмандон  дар шаҳрҳои  Душанбе, Теҳрон, Хуҷанд,  Нишопур ва шаҳру ноҳияҳои дигари  Тоҷикистону Эрон  баргузор гардиданд, ба ҷашни бошукӯҳи адабиву фарҳангӣ табдил ёфтанд.

      Дар таҳкими робитаҳои  фарҳангии Тоҷикистону Эрон  дар радифи  муассисаҳои илмиву таълимии Академияи миллии  илмҳои Тоҷикистон ва донишгоҳҳои ҷумҳурӣ Анҷумани  дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистону Эрон  низ саҳми калон мегузорад. Ҳамоишҳои илмиву фарҳангӣ, намоиши китобҳо, вохӯриву мулоқотҳо бо аҳли илму адаб ва тадбирҳои дигар барои   шиносоии бештар бо фарҳанги муосири кишвари  ҳамзабон мусоидат  менамоянд.

      Сафари расмии раиси Ҷумҳурии исломии Эрон  Сайид Иброҳими  Раисӣ ба Тоҷикистон ва узвияти  ӯ ба Созмони Ҳамкории Шанхай, тавре ки  Пешвои миллат, Президенти муҳтарами Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  ҳам таъкид намуданд, фасли тозае дар  робитаҳои сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангии ду кишвари  дӯсту  ҳамзабон оғоз намуд. Умед       аст, ки он самараҳои  боз ҳам бештар  ба бор хоҳад овард.

                                                            Мирзо Муллоаҳмад,

раиси Анҷумани дӯстии Тоҷикистон ва Эрон                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                 

БОЗГАШТ