АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Дӯстии тоҷику туркман поянда бод!

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

 

4 - 5 августи соли 2021  Асосгузори  сулҳу  ваҳдати  миллӣ, Пешвои  миллат – Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон ба кишвари Туркманистон   сафари  давлатӣ  анҷом доданд. Тавре  маълум аст, сафари  мазкур бо  даъвати  Президенти  Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов  сурат  гирифт.
Тибқи  протоколи  дипломатӣ  сараввал  вохӯрии  ихтисосии  президентони  ҳарду  кишвар ва  сипас  музокирот  дар   формати  васеъ гузаронида  шуд.   
Таҳлили  иттилооти   расмии  аз  натиҷаи  сафар  тариқи  васоити ахбори   омма, расонаҳои  интернетӣ  пахшшуда  нишон  доданд, ки  тамоми  вохӯриву  мулоқотҳои  гуногунсатҳаи  анҷом  додашуда  дар  фазои  ниҳоят дӯстиву  ҳусни  тафоҳум  доир  гардиданд.
Дар  суханрониҳои  худ  роҳбарони  давлатҳо   бори  дигар  собит  намуданд, ки  дӯстиву  ҳамчивории  тоҷику  туркман  пояндаву  ногусастанӣ  аст,  муносибатҳои   шарики  стратегӣ  байни  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ва  Туркманистон  бошад,  минбаъд  рушду  густариш  меёбад.
 Дар ин бора дар Изҳороти муштараки Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон ва  Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов  чунин  қайд гардидааст: «Президентҳо рафти иҷрои амалии санадҳои дуҷонибаи қаблан имзошударо муҳокима намуда, сатҳи баланди рушди муносибатҳои байналмилалиро дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, илмию техникӣ, фарҳангию гуманитарӣ  ва  ѓайра  таъкид  карданд.
Сарони давлатҳо изҳори итминон карданд, ки хислати устувор ва боэътимод доштани муносибатҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон ба манфиатҳои ҳаётан муҳим ва дарозмуддати мардумони ду кишвар ҷавобгӯ буда, ҳамчун омили калидии таъмини сулҳу субот ва амният дар минтақа  хидмат  мекунад».[1]
Ба  имзо  расидани  19  санади  нави  меъёрӣ  -  ҳуқуқи  байни  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ва  Туркманистон  аз  он  шаҳодат  медиҳад, ки  ҳарду  кишвар  дар  оянда робитаҳои  дуҷонибаи байнихудӣ ва  бисёрҷонибаро  дар  доираи  созмонҳои  байналмилалӣ,  боз  ҳам  ривоҷу  равнақ  медиҳанд.
Дар ин  замина, бо  итминон  метавон  гуфт,  ки имзо шудани  санадҳои  зерин:
-Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон  дар  бораи  ҳамкорӣ  дар  соҳаи  нақлиёти  роҳи  оҳан;
-Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон  оид  ба  ҳамлу  нақл, транзити  мол  ва  мусофирон;
-Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи интиқоли маҳсулоти нафтӣ ва гази моеи карбогидридӣ,  ба  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  имконият  медиҳанд,  ки  дар кутоҳтарин фурсат мушкилоти транзитии муваққатан  эҷодгардида, хусусан  дар  самти  боркашонӣ, транзити  молу  мусофирон аз тарики  қаламрави  Туркманистон, камбуди маводи  сӯзишворӣ дар Ҷумҳурии  Тоҷикистон, роҳи  ҳалли  худро  меёбанд. Барои ин  имконияту  шароити  лозима  дар  ҳарду  кишвар  мавҷуданд.
Ҳамин  тариқ  метавон  хулоса  кард, ки  сафари  давлатии  Пешвои миллат – Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ба  Туркманистон,    дар  таърихи  робитаҳои  дуҷонибаи  халқҳои тоҷику  туркман,  саҳифаи  навро  кушоданд.   
   
Адабиёт:
  1. Изҳороти муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон  ва Президенти  Туркманистон  Гурбонгулӣ  Бердимуҳаммадов.
https://khovar.tj/2021/08/iz-oroti-mushtaraki-prezidenti-um-urii-to-ikiston-emomal-ra-mon-va-prezidenti-turkmaniston-gurbongul-berdimu-amedov/
 
[1] Изҳороти муштараки Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон  ва Президенти  Туркманистон  Гурбонгулӣ  Бердимуҳаммадов.
https://khovar.tj/2021/08/iz-oroti-mushtaraki-prezidenti-um-urii-to-ikiston-emomal-ra-mon-va-prezidenti-turkmaniston-gurbongul-berdimu-amedov/


Сангинов Н.Н., н.и.с.
мудири шуъбаи Осиёи
Марказии ИОМДОА  АМИТ
 

БОЗГАШТ