АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Дар Берлин мулоқоти Президентҳои Олмон ва давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор мегардад

Муаллиф: Воҳидова Санавбарбону

Расм

Тибқи иттилои сомонаи расмии Президенти Олмон Президенти Ҷумҳурии Федеративии Олмон Франк-Валтер Штайнмайер дар Берлин бо сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ мулоқот хоҳад кард. Гуфта мешавад, ки президентҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ рӯзи 29 сентябр соли 2023 ба пойтахти Олмон ташриф меоранд. Мулоқоти Штайнмайер бо Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳаммадов, Қазоқистон Қосим Жомарт Токаев, Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Ҷапаров, Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Ӯзбекистон Шавкат Мирзиеев баргузор мегардад. Франк-Вальтер Штайнмайер омодагии Олмонро барои таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ изҳор доштааст.[1]

Тибқи маълумот, мулоқоти сарони давлатҳо ва маросими аксбардорӣ дар Қасри Белвю, қароргоҳи Президенти Олмон, дар Берлин баргузор мешавад. Хабари мулоқоти ба нақша гирифташудаи Президентҳо дар Олмон таваҷҷуҳ ва аҳамияти афзояндаи робитаҳои дипломатӣ ва ҳамкорӣ байни ин минтақа шаҳодат медиҳад. Чунин чорабинӣ дар сатҳи олӣ  бо роҳбарони кишварҳо имкон медиҳад, ки масъоили гуногунҷанба, аз қабили сиёсат, иқтисод, амният ва мубодилаи фарҳангиро баррасӣ намоянд.

Бояд қайд кард, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ дар минтақа бо захираҳои бой ва мавқеи геополитикӣ нақши муҳим доранд. Олмон яке аз давлатҳои тариққиёфтаи Аврупо мебошад ва ба рушди ҳамкории давлатҳои Осиёи Марказӣ бо Олмон чунин мулоқотҳо муҳиманд. Қазоқистон, Узбекистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Туркманистон дар минтақа бо захираҳои ғанӣ ва мавқеи геополитикӣ зери таваҷҷуҳи давлатҳои тариққиёфта қарор доранд. Чунин таваҷҷуҳ ба давлатҳои ОМ имконият медиҳад, ки манфиатҳои миллии худ ва иқтидори кишварҳои худро ба чунин воситаҳо истифода ва амалӣ намоянд.

Олмон дорои иқтидори рушди соҳаҳои стратегии миллии давлатҳои ОМ-ро дорост. Олмон яке аз абарқудратарин дар Аврупо ва дар саросари ҷаҳон аст, ки чунин иқтидорро доро мебошад:

1. Иқтисоди қавӣ: Олмон дорои иқтисодиёти бузург буда, дар бахшҳои қавии саноатӣ, аз қабили кимиё, мошинсозӣ ва ғайра мебошад. Ин Олмонро ба яке аз бузургтарин содиркунандагони ҷаҳон табдил додааст.[2]

2. Тадқиқот ва инноватсия: Олмон бо институтҳои тадқиқотӣ ва  дастгирии қавии инноватсия рушдёбанда буда, дар ҷаҳон машҳур аст. Рушди инноватсия ба кишвари мазкур имконият медиҳад, ки дар соҳаҳои технологияҳои иттилоотӣ, биотехнология, энергетика ва ғайра дар ҷойҳои пешқадам боқӣ монад.[3]

3. Касбият ва қувваи корӣ: Олмон бо сифати таҳсилоти касбӣ ва омодагии коргаронаш машҳур аст. Чунин самт барои сармоягузорон ва соҳибкорони хориҷӣ ҷои муҳим мебошад.

4. Инфрасохтор: Олмон дорои инфрасохтори пешрафтаи нақлиётӣ ва коммуникатсионӣ мебошад.[4] Ба кишвар мазкур имкон медиҳад, ки ба осонӣ дар саросари кишвар ва ба бозорҳои байналмилалӣ барояд.

5. Маориф ва илм: Олмон дорои яке аз беҳтарин системаҳои таълимӣ дар ҷаҳон аст. Шумораи зиёди Донишгоҳҳо ва институтҳои тадқиқотии бонуфуз мебошад. Олимони ҷавон ва донишҷӯёнро аз тамоми ҷаҳон ҷалб мекунад, ки ин ба навоварӣ ва пешрафт дар соҳаҳои гуногун мусоидат мекунад.[5]

Хулоса. Муколамаи байни Олмон ва давлатҳои Осиёи Марказӣ метавонад ба рушди иқтисодиёт, фарҳанг, маориф ва амният мусоидат намояд. Дар баробари он иқтидори  Олмон метавонад самтаҳои ҳамкориҳои минбаъдаро бароҳ монад.

Мавриди зикр аст, ки чунин мулоқоти Президентҳо нишондиҳандаи таҳким ва аҳамияти муносибатҳои байни Олмон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошад. Аз ин рӯ, дар оянда муколамаи метавонад барои рушд дар соҳаҳои гуногун дурнамо ва иқтидори зеринро барои дурнамои ҳамкориҳо пешниҳод менамоем:

  1. Ҳамкории иқтисодӣ: Осиёи Марказӣ дорои захираҳои ғании табиӣ, аз қабили газ, нафт, уран, тилло ва ғайра мебошад. Олмон, дар навбати худ, иқтисоди қавӣ ва таҷрибаи технологияи навин дорад. Ҳамкорӣ дар соҳаи сармоягузорӣ, савдо ва ҳамкории техникӣ байни Олмон ва Осиёи Марказӣ метавонад барои ҳарду ҷониб судманд бошад.
  2. Маориф ва илм: Олмон яке аз беҳтарин системаҳои маориф дар ҷаҳон аст ва бо сатҳи баланди таҳқиқоти илмӣ машҳур мебод. Ҳамкорӣ бо донишгоҳҳо ва институтҳои илмии Осиёи Марказӣ метавонад ба рушди таҳсилоти олӣ ва иқтидори илмӣ дар ин минтақа мусоидат кунад.
  3. Ҳамкории энергетикӣ: Осиёи Марказӣ дар соҳаи энергетика мавқеи стратегӣ дорад, зеро он як минтақаи транзитӣ барои як қатор лоиҳаҳои энергетикӣ мебошад. Олмон метавонад иштироки худро дар таҳия ва навсозии инфрасохтори энергетикӣ дар минтақа васеъ кунад, ки ба субот ва рушди он дар ин соҳа мусоидат мекунад.
  4. Ҳамкории амниятӣ: Осиёи Марказӣ аз сабаби мавқеи ҷуғрофии худ минтақаи афзалиятнок барои таъмини амнияти ҷаҳонӣ мебошад. Олмон метавонад дар ҳамкорӣ дар мубориза бо терроризм, қочоқи маводи мухаддир ва дигар таҳдидҳо дар минтақа иштирок кунад.
  5. Мубодилаи фарҳангӣ: Олмон ва Осиёи Марказӣ таърихи бой ва мероси фарҳангӣ доранд. Мубодилаи барномаҳои фарҳангӣ, намоишгоҳҳо ва дигар чорабиниҳо метавонад робитаҳои байни ин минтақаҳоро мустаҳкам кунад ва ба фаҳмиш ва ҳамкории тарафайн мусоидат кунад.[6]

 

Воҳидова Санавбарбону

доктори илмҳои таърих, профессор

мудири шуъбаи Аврупо ва Америка

 

 

 


[1] В Берлине состоится встреча президентов ФРГ и стран Центральной Азии https://telegra.ph/V-Berline-sostoitsya-vstrecha-prezidentov-FRG-i-stran-Centralnoj-Azii-09-22

[2] Экономический обзор Германии http://ukrexport.gov.ua/i/imgsupload/file/economic-overview-germany-russisch.pdf

[3] Зарицкий Б.Е. Инновационный потенциал ФРГ

[4] Факты о Германии https://www.tatsachen-ueber-deutschland.de/files/2020-11/tatsachen_2018_rus.pdf

[5] Яник А.А., Попова С.М. — Основные особенности современной научной политики в Германии // Современное образование. – 2016. – № 2. – С. 25 - 51. DOI: 10.7256/2409-8736.2016.2.18931 URL: https://nbpublish.com/library_read_article.php?id=18931

[6] Сравнение Германии с другими странами: история, экономика, культура, туризм

Источник: https://investim.guru/faq/sravnenie-germanii-s-drugimi-stranami-istoriya-ekonomika-kultura-turizm

БОЗГАШТ