АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Дар Душанбе конференсияи байналмилалии «Густариши ҳамкории мамлакатҳои Осиёи Марказӣ дар бахши обу энергетика» идома меёбад

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

Имрӯз дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар мавзуи «Густариши ҳамкории мамлакатҳои Осиёи Марказӣ дар бахши обу энергетика» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ идома меёбад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар конференсия аз ҷумла, масъалаҳои вобаста ба таҳлилу мониторинги ҳамаҷонибаи вазъи кунунӣ ва дурнамои тавсеаи ҳамкории мамлакатҳои Осиёи Марказӣ оид ба масъалаҳои амнияти об, инчунин таҳия ва пешбурди механизму воситаҳои оптималии ҳавасмандгардонии ин раванд муҳокима мегардад.

Тавре таъкид гардид, Осиёи Марказӣ аллакай зери таъсири тағйирёбии иқлими дунявӣ қарор гирифтааст, ки ин боиси норасоии неруи барқ ва об мегардад. Дар натиҷа камшавии давомноки баҳри Арал, ки дар замони собиқ барои истеҳсоли пахта дар минтақа аз ҳад зиёд истифода мешуд, шадидтар шудааст. Таҳлили солҳои охир нишон медиҳад, ки бодҳо намакҳоро аз қаъри ин баҳр ба пиряхҳои баландкӯҳи минтақаи Помир, ки макони асосии ташаккули захираҳои оби Осиёи Марказӣ мебошанд, мебарад. Ин ба обшавии пиряхҳо дар баландкӯҳҳои минтақа суръат бахшида, ба амнияти об хатари иловагӣ мегардад. Ҳамчунин дар мамлакатҳои дорои рӯдхонаҳои фаромарзӣ ва сохтмони идомаёбанда ва дар пешистодаи иншооти нави бузурги ирригатсионӣ метавонад дастрасиро ба об дар Осиёи Марказӣ коҳиш диҳад.

Конференсия имрӯз  идома ёфта, дар он коршиносон, масъулон ва олимони соҳаи энергетика аз мамлакатҳои Осиёи Марказӣ, Аврупо ва ИМА тариқи ҳузурӣ ва маҷозӣ дар ҳалли масоили мазкур ибрози ақида менамоянд.

Дар ҷаласаи пленарӣ иштирокдорон мавзуъҳои «Равишҳои нав ба идоракунии амнияти обу энергетикӣ дар шароити тағйирёбии иқлим», «Таъмини устувории тағйирёбии иқлим дар Осиёи Марказӣ тавассути эҷоди барномаи таълимӣ оид ба идоракунии захираҳои об», «Офатҳои табиии марбут ба пиряхҳо ва захираҳои об», «Санъати дипломатӣ барои ҳалли мушкилоти обу энергетикӣ дар Осиёи Марказӣ», «Мушкилоти тақсими захираҳои об ва истифодаи дурусти онҳо», «Ҳолати кунунӣ ва роҳҳои имконпазири танзими захираҳои обии фаромарзии Амударё» ва ғайраро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд.

Бознашр аз сомонаи АМИТ "Ховар": https://khovar.tj/2024/04/dar-dushanbe-konferensiyai-bajnalmilalii-gustarishi-amkorii-mamlakat-oi-osiyoi-markaz-dar-bahshi-obu-energetika-idoma-meyobad/  сана 26.04.2024

БОЗГАШТ