АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Дар Душанбе конференсияи байналмилалии «Муколамаи мутамаддини Русия ва мамлакатҳои Осиёи Марказӣ» оғоз гардид

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

Дар Душанбе конференсияи байналмилалии «Муколамаи мутамаддини Русия ва мамлакатҳои Осиёи Марказӣ» оғоз гардид

ДУШАНБЕ, 12.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе конференсияи байналмилалии «Муколамаи мутамаддини Русия ва мамлакатҳои Осиёи Марказӣ» оғоз гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Конференсия дар доираи Созишномаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Институти миллии рушди иртиботи Русия баргузор шуда, ҷаласаи пленариро муовини директори Институти миллии таҳқиқоти рушди робита Валентина Комлева ифтитоҳ намуд. Дар конференсия директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Рустам Ҳайдарзода, Сафири Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Семён Григорев ва дигарон сухан гуфтанд.

Дар конференсия аз ҷониби олимони институтҳои Академияи илмҳои Тоҷикистон ва Русия, донишгоҳҳои Тоҷикистон ва Узбекистон маърузаҳо пешниҳод гардиданд.

Ҳадаф аз баргузории конференсия- рушди робитаҳои илмӣ ва муттаҳидсозии мавқеи олимону мутахассисони варзида ва коршиносони давлатҳои гуногун, инчунин таҳияи тавсияҳо ва таклифҳо оид ба рушди муколамаи байналмилалӣ ва эътимод ба дипломатияи илмию экспертӣ мебошад.

Бознашр аз сомонаи АМИТ «Ховар»  https://khovar.tj/2024/04/dar-dushanbe-konferensiyai-bajnalmilalii-mukolamai-mutamaddini-rusiya-va-mamlakat-oi-osiyoi-markaz-o-oz-gardid/  санаи 12.04.2024

 

 

 

БОЗГАШТ