АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Дар хизмати Модар-Ватан содиқ бошем!

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

  Тавре аз расонаҳо иттилоъ дорем, сар аз 1-уми апрели соли равон дар тамоми шаҳру навоҳии кишвар даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ оғоз гардид, ки он бо тантана ҷараён дорад. Дар умум, ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвату гусели шаҳрвандони ҷинси марди аз 18 то 27-сола ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар ду мавсим баргузор карда мешавад. Яъне, даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ аз якуми апрел оғоз гардида, он то охири моҳи май идома меёбад ва даъвати тирамоҳӣ бошад, аз аввали моҳи октябр шурӯъ гардида, дар охири моҳи ноябр ба анҷом мерасад.
  Хидмат ба Модар – Ватан ҳам шурӯъ шуд. Ҷавонони бо ғайрату шуҷоъ бидуни ягон мушкилоте ба сафи артиш мепайванданд. Мо ҳам аз шуҷоъату мардонагии ҷавонони ватанӣ умеди бисёр ҳам дорем. Чун сарҳад ором аст, мудом мо ҳам ором мехобем, меравем, сайру гашт мекунем. Нимашабӣ ҳар самте хоҳем равуо менамоем. Чун амнияту субот дар кишвари мо вуҷуд дорад ва мо ҳам мебинем, мутмаин ҳастем, ки ҷавонони бо нангу номуси мо қудрати ҷавонии худро истифода карда, Ватани азизамонро бо ҷону дил ҳимоят мекунанд.
  Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдаи миллӣ, Пешвои миллат, Президенти муҳтарами кишвар - Эмомалӣ Раҳмон зимни як суханронии худ қайд карда буданд, “Ман ба ғайрату матонат, далериву шуҷоат ва ҳисси баланди миллии афсарону сарбозони бонангу номуси Ватан бовар дорам ва аз онҳо ифтихор мекунам. Бо итминони комил изҳор медорам, ки афсарону сарбозони шуҷои Қувваҳои Мусаллаҳ ба савганди ҳарбии худ содиқ монда, рисолати фарзандии худро дар назди Ватан, миллат ва давлати худ ҷавонмардона адо мекунанд”.
  Тавре мушоҳида мекунем, иддае аз ҷавонон ба хоҳиши худ, бо машварати дӯстону наздикон ва бо тавсияи бузургон ба сафи қувваҳои мусаллаҳ мепайванданд. Вале як нукта мавриди нигаронӣ қарор дорад, ки бархе аз ҷавонон мутаассифона ба ҳар баҳонаҳо аз хизмат даст мекашанд. Дар ҳоле ки хизмат ба Ватан на танҳо қарзи имониву виҷдонии ҳар як ҷавонмарди бо нанги тоҷик аст, балки он нангу номус аст.
  Муҳаммадиқболи Лоҳурӣ шоири ширинбаёни мо ҳам дар ин бора ишораи хубе кардааст:
Пушти по зан тахти Кайковусро,
Сар бидеҳ, аз даст мадеҳ номусро
  “Ба доно як ишора” гуфтаанд ва бояд ба наврасон дуруст фаҳмонид, ки хизмат ба артиш аслан тарбия аст. Омӯзиши сабр аст. Чун инсон аз замони наврасӣ эҳтиёҷ ба тарбия дорад. Аз ҷумлаи беҳтарин маконҳо барои тарбияи наврасон ин пайвастан ё хидмат кардан дар сафи қувваҳои мусаллаҳи кишвари азизи мо аст. Чун дар артиш ба инсон, аниқтар ба наврасон замми сабру таҳаммул, ҷавонмардию вафодорӣ ва хирадмадӣ меомӯзанд. Қавиирода будану дӯстдори ёру диёр будан меомӯзанд. Касбу ҳанару дигару дигар.
  Оё наврасон медонанд, ки масалан вафодорӣ чист? Вафодор будан ба чӣ маъност? Бояд фаҳмид, ки вафодор будан, яъне фидокорӣ, субот, садоқат аст. Вафодорӣ ба ормонҳои миллӣ, вафодорӣ ба азизону гузаштагон. Садоқат ба худу дигарон. Ҷойгоҳи вижае дар зиндагии як фард тавассути фидокорӣ ба Ватан дошта бошад, ки ба таври ҷудонопазирӣ бо ишқу муҳаббат ва тавоноиву муҳофизат аз Ӯ, ҳатто ҷон фидо кардан дар роҳи меҳан пайвандӣ дорад.
  Дар сафи артиш барои наврасони мо муқаддас будани Ватанро меомӯзанд. Вақте мо калимаи Ватанро ба забон меорем, Модар пеши назар меояд, зеро агар модар моро ба дунёи ҳастӣ оварда бошад, Ватан моро парваридааст. Ватан ба сари мо дасти навозишкорона гузошта, барои идомаи зиндагӣ оғуш кушодааст. Ватан ифтихор, шаъну шараф ва сарвати бебаҳову беҳамтост. Гузашта аз ин, дӯстдории Ватан аз имон аст!
  Бояд гуфт, ки моҳияти мавзӯи ватандӯстӣ дар ҳама давру замон мавзӯи калидии ватандорон буду ҳаст, чун бидуни Ватан башарият оромиш надорад. Бе Ватан тоифае сарсону саргардонанд. Масалан курдҳоро гирем, ки имрӯз шумораи онҳо беш аз 80 миллионро ташкил медиҳанд. Бо вуҷуди ин, онҳо соҳиби давлати мустақил нестанд. Аз ин лиҳоз, бо миқдори ками аҳолӣ соҳиби давлати алоҳида будани тоҷикон, як саодати бузург аст. Дар бораи нооромиҳои мардуми афғону дигар кишварҳои Шарқ ҷойи ёдоварӣ ҳам нест, чаро ки ҳамарӯза аз тариқи расонаҳо ва шабкаҳои иҷтимоӣ наворҳои даҳшатафкану харобиовар паҳн мешаванд.
  Як андешаи ғалат дар зеҳни мардум ҷой гирифтааст, ки шароити хуб аз қабили хӯрокаву пӯшока ва дигар шароити маишӣ надоранд. Дар ҳоле ки ин андешаҳо чанд сол боз аз мадди назар дур рафтааст. На танҳо мушкилоти хӯрду хӯрок ва пӯшока аз байн рафтааст, балки рӯ ба таҷҳизоти комилан нави замонавӣ овардаанд.
  Танҳо ақидаи дуруст метавонад андешаи ҷавононро дуруст кунад. Аз овони мактабхонӣ наврас бояд нисбати Қувваҳои мусаллаҳ маълумоти дақиқ дошта бошад. Дар дарсҳои фаҳмондадиҳӣ нуктаҳои ҳифзи марзу бум, ватандӯстдорӣ ба наврасон гуфта шавад. Ҷавононро ҳанӯз аз даврони мактабхонӣ ба хизмати Ватан бояд омода кард. Ҷавонони мо мебояд бо як эҳсоси баланди ватандорӣ ба хизмати Ватан омода бошанд.
  Тавре мебинем ва масъулин ҳам арз медоранд, ки тайи солҳои охир обрӯю нуфузи Қувваҳои Мусаллаҳ дар байни аҳолӣ ба хусус, ҷавонон афзун гашта, онҳо мисли солҳои пешин барои ба хизмати ҳарбӣ рафтан ба комиссияҳои даъватӣ ҳозир мешаванд. Омилҳои пеш аз муҳлат анҷом додани нақшаи даъват дар бисёре аз шаҳру ноҳияҳои мамлакат, агар аз як тараф, ин ба дастгириву ғамхориҳои пайвастаи давлату ҳукумати ҷумҳурӣ нисбат ба Артиши миллӣ вобастагӣ дошта бошад, аз ҷониби дигар, ин ба зиёд будани шумораи ҷавонони ихтиёрӣ ва фаъолияти хубу назарраси комиссияҳои даъватӣ низ ба он мусоидат намудааст. Зеро, дар он шаҳру ноҳияҳое, ки масъулин ба ин маъракаи муҳимми сиёсӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, бо мардум ҳамкории зичро ташкилу ба роҳ мемонад, дар чунин минтақаҳо дар самти чорабиниҳои даъватӣ ва гусели шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ, монеаву мушкилот кам ба назар мерасад. Илова бар ин, дар даврони истиқлоли давлатӣ хушбахтона, дар тамоми қисму воҳидҳои низомии Қувваҳои Мусаллаҳ тамоми шароитҳои хизмативу майишӣ ва ҳам таълимӣ муҳайё гардида, шаҳрвандон имкон доранд, ки дар фазои сулҳу суботи кишвар ва дар Ватани азизи худ хизмати пуршарафи Модар-Ватанро адо намоянд.
 
Умед Пудинаев, ходими илмии
Институти Осиё ва Аврупои АМИТ

БОЗГАШТ