АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Дар кори хайр сарф кун иқболи хешро

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

(Андешаҳое дар ҳошияи китоби «Шоирони Мовароуннаҳр»). Таҳияву тадвини матн бо муқаддима ва шарҳи луғоту тавзеҳоти Алии Муҳаммадии Хуросонӣ
 – Душанбе: Истеъдод, 2019. – 520 саҳ.)
Алии Муҳаммадии Хуросонӣ, ки тамоми фаъолияти илмии хешро ба таҳқиқу тарвиҷи осори гузаштагон бахшида, китобе, ки соли 2006 таҳти унвони «Шоирони Мовароуннаҳр» таҳияву тадвин карда, бо муқаддимаву шарҳи луғоту тавзеҳот ва иловаҳо бори дигар нашр намуд. Вожаи «Мовароуннаҳр» дар унвони китоб ба сарзамине, ки дар миёни ду дарё – Аму (Ҷайҳун) ва Сир (Сайҳун) ҷой гирифта, ишора мекунад. Ин маконро арабҳо Мовароуннаҳр ва порсизабонон Фарорӯд (Варорӯдон, Фарорӯдон, Варазрӯд, Варозрӯд ва ғайра) меноманд, ки бахше аз Осиёи Миёна аст. Ҳаводорони сухани манзум дар ин китоб бо беҳтарин намунаҳои осори гурӯҳе аз шоирони асрҳои  X-XX, ки дар ин қаламрав умр ба сар бурдаанд, ошно мешаванд. Дар китоби «Шоирони Мовароуннаҳр» намунаи ашъори шасту ҳашт шоири соҳибдевони ин воҳиди ҷуғрофӣ фароҳам оварда шудааст, ки «дар инкишофи адабиёти форсии тоҷикӣ то ибтидои асри XX ҳиссае гузоштаанд».
Мусаллам аст, ки адабиёт ба қавли Арасту бозофаринии зиндагии инсонҳо бо забони ҳунарист. Бар иловаи ин, ки адабиёт ба инсон лаззати бадеӣ бахшида, завқи зебоишиносии ӯро рифъат медиҳад, боз бар донишҳои вай афзуда, огоҳиҳои нодир ва жарфу шигарферо аз расму оин ва ҷаҳонбинии гузаштагон дар хеш таҷассум мекунад, ки назираш дар осори дигари илмию таърихӣ нест. Дар пешгуфтори китоб мураттиб мефармояд, ки агар назми беш аз ҳазорсолаи порсии тоҷикиро ба баҳри азим шабеҳ намоем, бешак, яке аз дарёҳои бузурги онро шеъри ғаррои варорӯдиён ташкил медиҳад (саҳ.7). Воқеан, ҷараёнҳои бофтаву печ андар печи ҳавзаҳои гуногуни шеъри Варозрӯд аз кӯҳсорону водиҳои зархези Хуҷанду Истаравшан,  Раштону Бадахшон, Хатлону Дарвоз, Ҳисору Зарафшон, Фарғонаву Чағониён, Хеваву Хоразм Марву Балху Бухоро шодоб гардида, бар уқёнуси бекаронаи шеъри порсии тоҷикӣ фурӯрез шудаанд. Ин адабиёт дорои вежагиҳои хоси лафзию маъноист, ки то ҳанӯз ба қадри кофӣ омӯхта нашудааст.
Аз он замоне, ки девори баланди мазҳабӣ дар байни ҳавзаҳои адабии Эрону Варозрӯд барафрошта шуда, ба тадриҷ сарҳадеро миёни қалбҳои ҳамзабонон эҷод кард, қаламрави ягонаи адабию фарҳангӣ пора-пора гардид. Ин омил бар бозшинохт ва эҳёи мероси ягонаи адабию фарҳангӣ низ таъсири манфӣ гузошт. Дар ин иртибот Муҳаммадкозими Козимӣ, шоир ва пажӯҳишгари тоҷики афғонистонии муқими Эрон бо дареғу афсӯс изҳор кардааст, ки «дар Тоҷикистон бузургдошти Рӯдакӣ ва Носири Хусрав боб шуд, дар Афғонистон номи Саноӣ ва Ҷомӣ  ва то ҳудуде Мавлоно беш аз пеш бар сари забонҳо афтод ва дар Эрон ҳам, албатта, Фирдавсӣ ҳарфи аввалро мезад..., барои форсизабонони Покистони имрӯз ҳам чорае ҷуз ин намонд, ки ба Иқбол паноҳ бибранд». Гарчанде дар ҳамаи ин кишварҳо бузургони номбурдаи шеъру адаби ин гӯшаҳои қаламрави ягонаи фарҳангӣ мояи ифтихори ҳамагон будаанд, ин падида нишоне аз ҷудоии робитаҳои зоҳиран хуби байни кишварҳои бародари ҳамзабон аст.
Аз қарни шонздаҳум ба баъд адабиёти порсии тоҷикӣ дар Варозрӯд бо хусусиятҳои вежа ва мутафовит аз давраҳои пешин инкишоф ёфтааст, ки таровату шодобии он бо азамату шукӯҳмандии ҳукумати Сомониён пайванд дорад. Шахсияти беназири Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ – падари шеъри порсии тоҷикӣ ва муаллими шоирони дунё дар гаҳвораи модари тоҷик парвариш ёфт. Суннати тазкиранигорӣ низ дар ҳамин ҷо оғоз гардидааст. Низомии Арӯзии Самарқандӣ  ин расмро бино ниҳод, Муҳаммад Авфии Бухороӣ тавоноиҳои онро дар густараи васеътаре ҷилва дод ва мунҳасиран Давлатшоҳи Самарқандӣ дар қарни XV анъанаи тазкиранависии форсии тоҷикиро оғоз бахшид. Баъдтар тазкиранигорӣ дар Эрону Ҳинд роиҷ гардид ва дар қарни XIX ин суннат дар Варозрӯд вусъати бештаре пайдо карда, як идда тазкираҳои дигар ба иншо расиданд.
 Дар қарни бистум низ анъанаи нигоштани тазкираҳо идома ёфт. Аз оғози қарни XX, бо интишори  «Намунаи адабиёти тоҷик»-и  устод Садриддин Айнӣ ба баъд мусташриқин ба омӯзиши ин густараи шеъри порсӣ бештар пардохтанд. Рисолаҳои арзишманди устоди тозакору пуркор Садрӣ Саъдиев «Таърихи адабиёти тоҷик дар Самарқанд» (2007), «Маркази адабии Самарқанд дар шоҳроҳи таърих» (Тошканд, 2012) чандин симоҳои барҷастаи адабиёти Варозрӯдро ба хонандагон ошно карданд. Устоди фақид Усмон Каримов дар рисолаи пурбори худ таҳти унвони «Адабиёти тоҷик дар асри XVI (сарчашмаҳои адабию таърихӣ ва инкишофи равияҳои асосӣ)» (1985) ҷараёнҳои адабӣ дар Осиёи Марказиро мӯшикофона таҳқиқ кардаанд. Расул Ҳодизода дар «Адабиёти тоҷик дар нимаи дуюми асри XIX» маълумоти муфассалу фаровонеро дар бораи шоиру нависандагони тоҷик ироа кардааст. Ҳамчунин, як силсила таҳқиқоти устод Субҳони Амир дар ин замина аз осори муҳимми адабиётшиносӣ ба шумор мераванд. Дар паҳлуи таърихномаҳои адабиёт як идда тазкираҳои шоирони Варорӯд, монанди  «Тазкираи суханварони сайқали рӯи замин»-и Т. Зеҳнӣ ва С. Саъдиев, китобҳои арзишманди Амирбек Абибов «Ганҷи Бадахшон», «Ганҷи парешон», «Ганҷи Зарафшон» ва «Мероси адабии шоирони Ҳисор» густариши шинохти мероси арзишманди шоирони Варозрӯдро тавсеа бахшид. Бахше аз «Таърихи адабиёти форсию тоҷикӣ»-и олими чех Иржи Бечка «Адабиёти тоҷик дар асрҳои XVI-XX» унвон дорад. Баёзи панҷҷилдаи «Гулшани адаб» низ дар ин қатор яке аз арзишмандтарин манобеъ ба шумор меравад. Тазкираи шоирони Хуҷанди устоди фақид Абдулманони Насриддин, ки бо номи «Донишмандон ва сухансароёни Хуҷанд» низ нашр шудааст, ки дар муаррифии бузургтарин намояндагони адабиёти ҳавзаи Хуҷанди Варозрӯд аз арзиш ва аҳамияти муҳимме бархўрдор аст.  «Тазкираи шоирони Зарафшон», ки ба кӯшиши номзади илмҳои филологӣ Маҳмадшо Маҳмадшоев таҳия гардид, қисмате аз шоирони дар ин ҳавза зиндагӣ ва эҷоднамударо муаррифӣ ва намунаҳое аз осорашонро муаррифӣ намудааст. Ҳамзамон, дар Варозрӯд манобеи дигари адабию илмӣ ба монанди сафинаву ҷунгу баёзи ашъор ва таърихномаҳое нигошта шудаанд, ки дар онҳо симоҳои адабӣ ва намунаи осори онон зикр гардидааст.
Бо ишора ба ахбори фавқуззикр нигорандаи ин авроқ гуфтанист, ки адабиёти ҳавзаҳои мухталифи Варозрӯд хеле ғанӣ ва доманадор буда, даҳҳо шоиру нависандаи бузургро дар маҳди хеш парваронидааст, ки ниёз ба таҳқиқу пажӯҳиш доранд. Теъдоди зиёде аз шоирони бузург мисли гавҳарҳое дар умқи дарёи пуршўри шеъри Варозрӯд то ҳанӯз аз ҳолаи гумномӣ бадар наомадаанд. Ному нишони онҳоро бояд аз чоҳи фаромӯшӣ раҳо карда, ба ҷаҳониён ошно кунем. Бояд ҳаводорони илму адаб, бавежа шеър донанд, ки ба ғайр аз Рӯдакӣ, Носири Хусрав, Низомии Арӯзии Самарқандӣ, Сӯзании Самарқандиву Муҳаммад Авфии Бухороӣ, Мавлонову Камоли Хуҷандӣ, Сайидои Насафию Камолуддини Баноӣ, Сайфи Фарғонию Адиб Собири Тирмизӣ ва даҳҳои дигар дар ин сарзамин адибони зиёде зиставу эҷод кардаанд, ки бидуни мероси адабии онњо наметавон таърихи адабиёти ин сарзаминро комил донист.
 Ба ғайр аз ин, симоҳои намоён шумораи зиёде аз адибони тоҷик ҳанӯз дар гӯшаи фаромӯшӣ, дар рафҳои ганҷинаҳои дастнависҳои кишварҳои ҷаҳон интизори пажӯҳишгарони хешанд. Дар ин замина, назари намояндагони мактаби формализми русӣ хеле ҷолиб аст. Онҳо ба ин ақида буданд, ки дар омӯхтани равандҳои адабӣ бояд ба тамоми падидаҳои он новобаста аз мақоми шоир ё нависанда дар муҳити адабӣ таваҷҷуҳ кард, зеро маҳз дар ҷузъиёти дар назари аввал хурду назарногир хусусиятҳои ҳунарии адабиёт нуҳуфтааст.  Формалистони русӣ таъкид меварзанд, ки адибонро ба дараҷаи аввалу дараҷаи дувум, ё муқаллидони адабӣ нашояд ҷудо кард. Мутолиаи мӯшикофонаи анъанаҳои адабӣ нишон медиҳад, ки маҳз адибони камшинохтаю музофотӣ омили тағйироти навъҳо ва сабкҳои адабӣ гардидаанд. Яке аз саромадони ин мактаб Борис Эйхенбаум дар мақолае таҳти унвони «Назарияи «равиши суратгароӣ»» нигоштааст: «Дар ин иртибот бисёре аз номҳо ва иттифоқоти фаромӯшшуда дубора зоҳир мешаванд ва арзишгузории мутадовил нафй мешавад ва тасвирҳои анъанавӣ тағйир мекунад ва бахусус рафта-рафта фароянди таҳаввули адабӣ ошкор мешавад».  
Аз лиҳози назарӣ низ бидуни ворид шудан ба ҷузъиёти раванди адабӣ наметавон хулосаҳои куллӣ баровард. Навиштани таърихи адабиёти ҷомеъ бидуни нақди осори адабӣ ғайриимкон аст. Шоирони миёнамоя ва мутавасситро набояд нодида гирифт. Аз ин дидгоҳ бояд таҳқиқи жарфу густардаи ҳавзаҳои адабии Варозрӯд яке аз масъалаҳои мубрами адабиётшиносии тоҷик гардад. Дар ин роҳ қадамҳои устувори  муассисаи илмии «Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ»-ро метавон қайд намуд, ки то кунун девонҳои Камоли Хуҷандӣ,  Хаёлии Бухороӣ, Шайдоии Хуҷандӣ, Шухии Хуҷандӣ ва дигаронро ба нашр расонидааст ва, ҳамзамон, бо ибтикори бахши суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон девонҳои Рӯдакӣ, Сайфиддини Исфарангӣ, Нақибхони Туғрали Аҳрорӣ ба чоп расидаанд. Аммо ҳоло шуарои зиёде дар ин қаламрав зиндагӣ ва эҷод кардаанд, ки бояд аз амъоқи ганҷинаҳои дастнависҳо берун оварда шаванд. Ҳамчунин, ба шинохт, таҳқиқ ва тасҳеҳу нашри девони ашъори шумораи зиёде аз адибони тоҷик, ки аз қаламрави Варозрӯд берун рафта, дар Ҳиндустон, Туркия ва дигар гӯшаҳои ҷаҳони паҳновар асолати миллии хешро дар ному пайкорашон ҳифз намудаанд, низ таваҷҷуҳи вежа зоҳир карда шавад.
Дар замони истиқлоли давлатӣ, ки бозшинохт ва тақвият бахшидан ба ҳувияти миллӣ яке аз масъалаҳои мубрам ба шумор меравад, вазифаи муҳимми олимони тоҷик бояд омӯзиши жарфу густардаи адабиёти тоҷики Варозрӯд дар асоси дастовардҳои навини назарияи каломи бадеъ ва зебоишиносӣ маҳсуб шавад, то ба ин васила заминаҳои амалии таҳияи таърихи мустанад ва дақиқу ҷомеи адабиёти тоҷики асрҳои XVI-XIX нигошта шавад. Ба ҳамин маънӣ Пешвои муаззами миллат дар суханронии пурмояву омӯзандаи хеш дар Анљумани байналмилалӣ ба ифтихори 700-солагии Камоли Хуҷандӣ таъкид карданд, ки «дар баробари ифтихор доштан бо ин мероси пурғановат ба ҳар яки мо зарур аст, ки онро амиқ омӯзем, ҳамаҷониба таҳқиқ кунем ва барои тарбияи ахлоқию фарҳангии наврасону ҷавонон васеъ истифода намоем. Зеро омӯзишу таҳқиқ ва тарғиби эҷодиёти ниёгони некноми мо беҳтарин восита ва пули пайвандкунандаи гузашта бо имрӯз мебошад. Ба имрӯзиён фаҳмонидани моҳияти аслӣ ва арзиши офаридаҳои ҷовидонии гузашта роҳи бисёр муассири ба камол расонидани насли ояндаи бедору ҳушманд ва худшиносу худогоҳ ба ҳисоб меравад».
Шоистаи таъкид аст, ки созмон додани ниҳоди илмие чун муассисаи илмии «Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ», ки бо ибтикори бевоситаи Пешвои муаззами миллат сурат гирифт, дар як фосилаи замонии кӯтоҳ ба маркази тавонои илмию пажӯҳишӣ табдил ёфта, дар паҳлуи таҳқиқоти зиёди арзишманди илмӣ дар тарбияи насли ҷавони пажӯҳишгарон низ фаъолияти босамар дорад. Аз ин рӯ, пешниҳод мешавад, ки дар маркази вилояти Хатлон, шаҳри Бохтар муассисаи нави давлатие бо номи «Маркази илмии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ» таъсис дода шавад, ки ба ин васила пажӯҳишҳои низомманд дар бораи фарзанди овозадори тоҷик Мавлонои Балхӣ сурат гирифта, дар ин поя таваљҷуҳи пажӯҳишгарон ба шинохту таҳқиқи ҳавзаҳои адабии ин бахши кишвар бештар аз пештар ҷалб карда шавад.
Дар поёни суханронии хеш Пешвои миллат изҳор доштанд, ки «дар марҳалаи нави таърихие, ки ҳоло кишвари мо дар он қарор дорад, рисолати шумо — донишмандону олимон, аҳли зиё, аз ҷумла шоирону нависандагон ба сатҳи ҷаҳонӣ бардоштани корҳои илмӣ, ба василаи забонҳои мухталифи дунё тарғибу ташвиқ намудани мероси пурғановати адабиёти миллиамон дар арсаи олам ва тарҷумаву нашри таҳқиқоти донишмандони ҷаҳонӣ ба забони тоҷикӣ ба шумор меравад». Аз ин рӯ, насли имрӯзаи пажӯҳишгарони тоҷикро лозим аст, ки ба мероси адабии миллат таваҷҷуҳи вежа зоҳир намуда, чопу интишори осори адабии шоирони ношинохтаи ин марзу бумро вазифаи муҳимми хеш шуморанд. Дар марҳилаи аввал бояд чопи матни илмию интиқодии девону куллиёти осори адибон ба роҳ монда шавад ва дар гоми баъдӣ ба пажӯҳиши ин осор ҳадафмандона ва тибқи равишҳои илми адабиётшиносии муосир ва таҳти назорат ниҳоде ягона – Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон пардохта шавад.
Да зеҳни ин ҷониб ҳамеша суоле пайдо мешавад, ки чаро теъдоди зиёде аз шоирони сарзамини адабпарвари Варозрӯд то имрӯз гумном мондаанд? Чун дар саргаҳи омӯзиши адабиёт пажӯҳишгарон ғолибан ба таҳқиқи рӯзгору осори симоҳои овозадору забардаст машғул гардиданд ва ин раванд ба тадриҷ ба расме нонавишта табдил ёфта, таваљҷуҳ ба шоирони дигар камтар гардидааст. Дар асоси ин расм пажӯҳишгарон бештар дар атрофи масоил ва симоҳои маълуми адабӣ таҳқиқот анҷом додаанд.
Сабаби дигари мавриди таҳқиқ қарор нагирифтани қофилаи бузурге аз шоирон камҳавсалагӣ, камкӯшӣ ва камкории аҳли таҳқиқ дар кишвари мост. Ба ҷои он ки ба омӯзиши рӯзгору осори намояндагони гумноми адабиёти сарзаминамон машғул шавем, симоҳои адабии шинохташудаву машҳурро, ки дар бораашон даҳҳо пажӯҳиш дар ҳавзаҳои илмии эроншиносии берун аз кишвар сурат гирифтааст, мавзӯи таҳқиқи хеш қарор дода, ба бознависию такрори гуфтаҳои дигарон иктифо мекунем ва мероси адабии пурбору пургуҳари хешро чун “худиҳои бегонапаймон” нодида мегирем.
Ба ҳамин сабаб китоби «Шоирони Мовароуннаҳр» дар берун овардани ному нишон ва осори чанд тан аз адибони ин хитта аз гӯшаҳои фаромӯшхонаи таърих бисёр судманд аст. Дар ин маҷмӯа нахустин бор намунаи ашъори шоирон Абдуҳайи Муҷахарфӣ, Мазмуни Зарободӣ, Нозеҳи Пасрӯдӣ, Муҳаммадраҳими Ғармӣ, Маҳзуни Рашнагӣ ва Комили Рашнагӣ, ки ҳама соҳибдевонанд,  муаррифӣ гардидааст.
Чун мураттиб худ шоир ва соҳиби завқе латифу зариф аст, он даста аз ашъореро пешниҳоди хонандагон мекунад, ки дар он аз шодию нишот, хушгузаронї ва ғанимат шумурдани умр, бовар ба ояндаи нек сухан ба миён омадааст. Шумораи зиёде аз ашъори ҳакимонаву ахлоқӣ низ дар тазкира гирдоварӣ шудааст. Ин авроқи мамлу аз суханони њикматбор хонандаи имрӯзро ба панду ибратомӯзӣ ҳидоят карда, ба шод зистану рӯзгори осуда доштан дар ин дунё роҳнамоӣ мекунад. Ҳамчунин, мураттиби китоб бо такя бар ақидаи Расул Ҳодизода вежагии осори ин даврро эътирози адибон аз беқадрии аҳли илму адаб медонад ва намунаи ашъори дар ин баёз гирдоваришуда низ ба ҳамин нукта таъкид мекунад.
Албатта, китоби «Шоирони Мовароуннаҳр» барои идомаи роҳи бузург дар шинохти чеҳраҳои адабии Варозрӯд аз Рӯдакӣ то шоирони асри ХХ кори арзишмандест. Умедворам муҳаққиқони тоҷик барои муаррифии ҳар яке аз ин чеҳраҳо ва симоҳои ҳанӯз ношинохтаи ин сарзамин камари ҳиммат хоҳанд баст. Аммо, мутаассифона, ин нукта фаҳмида намешавад, ки дар асоси кадом асл маводи китоби мазкур таҳия карда шудааст? Бегумон, шумораи шоирони соҳибдевони дар ин марзу бум зиндагию эҷод карда, ба маротиб бештар аз он аст, ки дар ин тазкира омадаанд ва осорашон дар шакли девони ашъору куллиёт ё дар дохили баёзу сафинаҳо дар ганҷинаҳои нусахи хаттии китобхонаҳову марказҳои илмии шарқшиносии кишварҳои ҷаҳон интизори пажӯҳишгаронанд, вале маҳз 68 адибро аз байни онҳо интихоб кардани мураттиби «Шоирони Мовароуннаҳр» бар он маъно метавонад бошад, ки ин кор ҳанӯз идома дорад. Дар акси ҳол хонандаи ноогоҳ гумон хоҳад кард, ки дар ин қаламрав ҳамин миқдор шоир будаасту бас. Ғайр аз ин, агар бар маълумоти мухтасаре, ки дар бораи замони зиндагии шоирон ва теъдоди ашъорашон дар китоб зикр гардидааст, боз чанд ҷумлае дар бораи сабку салиқаи ҳунарии онҳо илова мегардид, хонанда метавонист аз ҳусну қубҳ ва фасоҳату балоғати шоирон ошно шавад ва бад-ин васила вежагиҳои назми ин гӯшаи бузурги қаламрави шеъри порсии тоҷикӣ дар назараш ҳувайдотар гардад.
 Беҳтар мешуд, агар ин тазкира «Гулчине аз ашъори шоирони Варозрӯд» номгузорӣ мегардид, зеро гунаи дурусти номи Мовароуннаҳр ба забони мо Варозрӯд аст, ки дар байте мансуб ба Рӯдакӣ ва гоҳе ба Фирдавсӣ ба шакли тахфифии «Варазрӯд» омада:
Агар паҳлавонӣ надонӣ забон,
Варазрӯдро Моваруннаҳр хон.
Дар ин бора дар ибтидои солҳои 2000-ум нависанда ва пажӯҳишгари тозакору хушном Қодири Рустам дар ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» мақолае чоп карда буд. Муаллиф бо далелҳои устувор собит кардааст, ки дар як нусхаи «Луғати Фурс» вожаи «Варозрӯд» дар байти фавқуззикр ба шакли таҳрифшудаи «Варорӯд» омада ва ин шакли ғалат машҳур шудааст. Номи «Варорӯд» комилан ғалат аст, зеро «варо» арабист. Ҳоло эрониёни муосир ин воҳиди ҷуғрофиро «Фарорӯд» мегӯянд, ки гунаи форсии ҳамон «Варорӯд»-и нима арабӣ ва нима форсӣ аст. Баъзе тоҷикон низ ин номро истифода мекунанд, ки дуруст нест, чи агар барои эрониён сарзамини мо «кишвари он сӯйи рӯд» аст, барои худи мо ки ин тарв нест.
Шумораи хеле ками  чопу нашри ин асар дастрасии онро ба ҳавзаи васеи ҳаводорони илму адаб мушкил мекунад. Аз ин рӯ, дар ҳар шакл ва ба ҳар теъдод таҷдиди чоп ва интишор ёфтани ин гуна мавод ба фоидаи ҷомеа хоҳад буд.
 
Шодимуҳаммад Сӯфизода
доктори илмҳои филологӣ,
сарходими шуъбаи Осиёи Ҷанубии
Институти омӯзиши масъалаҳои
Осиё ва Аврупои Академияи
 миллии илмҳои Тоҷикистон
 
 

БОЗГАШТ