АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Дар Ӯзбекистон филми мустанадро дар бораи меҳнати маҷбурӣ ба навор гирифтанд.

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

Филмномаи «COTTON 100%» коргардони ӯзбекистонӣ Михаил Бородин ба барномаи асосии озмунии синамои филмҳои мустанад «Артдокфест» шомил гардид. Филмнома оид ба меҳнати маҷбурӣ дар пахтазорҳои Ӯзбекистон ва зиндагии ду зани қавиирода нақл менамояд, ки яке аз онҳо ҳуқуқҳои пахтачинҳоро ҳимоя менамояд, зани дуюмӣ бо мушкилоти ҳаёти деҳот мубориза мебарад.
  Дар бораи филмнома ва оид ба он, ки ба чи хотир ин мавзӯъ солҳои минбаъдаи тӯлонӣ актуалӣ ва доғ боқӣ мемонад, яке аз офарандагони филм Тимур Карпов нақл намудааст.
  Дар Ӯзбекистон дар муддати даҳҳо сол аз оғози маъракаи пахтачинӣ кормандони ташкилоти буҷавӣ ва ширкатҳои давлатӣ, мактаббачагон ва доншҷӯёни макотиби олиро ба ҷамъоварии пахта ба пахтазорҳо сафарбар менамуданд. Ҳукуматдорон исрор меварзиданд, ки меҳнати маҷбурӣ дар Ӯзбекистон вуҷуд надорад, ҳомиёни ҳифзи ҳуқуқ бошад, бо диққати тамом мисолҳои баръаксро аз забони шоҳидони чунин ҷараёни кор рӯйи коғаз сабт мекарданд. Аз натиҷаҳои ин мушоҳидаҳо ҳамасола гузоришҳои тимсоли Форуми ӯзбекию олмонӣ оид ба ҳуқуқҳои инсон ба табъ расонида шуда манзури хонандагон мегардид. Феълан ин Созмон «Форуми ӯзбекӣ оид ба ҳуқуқҳои инсон» номида мешавад.
  Баъди ба сари қудрат омадани президент Шавкат Мирзиёев роҳбарияти Ӯзбекистон маъракаи зидди меҳнати маҷбуриро ба роҳ монд, аммо то худи соли 2020 ҳомиёни ҳуқуқ шикоятҳои мунтазами пахтачинонро сабт мекарданд.
  Дар соли 2021 чунин арзу шикоятҳо қатъ гардиданд.
  Ба суоли дар бораи он, ки байни миқёси меҳнати маҷбурии дар филмномаи «COTTON 100%» тасвиршуда ва ҳолати ҳозира оё таззоде нест, продюсери филм посухи манфӣ дод.
«Дар филм масоили зиёде ба ғайр аз меҳнати маҷбурӣ баррасӣ мегардад, он ҳам бошад, муносибат ба соҳибкорони соҳаи кишоварзӣ – фермерон ва сохтору таркиб ва танзими тамоми низоми хоҷагии қишлоқ мебошад. Онҳо барои Ӯзбекистон солҳои тӯлонӣ доғ ва лозимӣ боқӣ мемонанд. Азбаски ягон намуди ислоҳот дар низоми кишоварзӣ ва умуман ислоҳоти системавӣ дар мамлакат сурат нагирифтааст», таъкид намудааст ӯ.
  Тимур Карпов дар назар дорад, ки ҳукумати кишвар бояд ҳоло корҳои бисёреро анҷом диҳад, то меҳнати маҷбурӣ тамоман аз байн бурда шавад.
  «Дар навбати аввал ҳукуматдорон бо ин фаъолият танҳо танҳо се соли охир машғул ҳастанд, аммо ин муддат барои пурра решакан кардани амалияи меҳнати маҷбурӣ кифоя нест, азбаски чунин рафтор дар мамлакати мо дар тӯли зиёда аз сад сол ҳамчун меъёр маъмул буд. Ва дуюм он аст, ки агар ҳатто фаразан бигирем, ки дар Ӯзбекистон меҳнати маҷбурӣ вуҷуд надорад, ин маънои онро надорад, ки чунин ҳолат набуд. Ҳеҷ кас то мо чунин филмҳои мустанадро дар бораи амалияи меҳнати маҷбурӣ ва таркибу сохтор ва танзими саноати пахта, ба хусус тавассути таърихи шахсӣ ба навор нагирифта буд. Ин ҳуҷҷати муҳими таърихӣ мебошад», —қайд намудааст Тимур Карпов.
  Кинофестивали «Артдокфест» аз 3 то 8 марти соли ҷорӣ дар шаҳри Ригаи Латвия баргузор гардида, баъдан барномаи озмуниро дар шакли ихтисоршуда дар шаҳри Москва аз 31 март то 7 апрели соли 2022 тамошо кардан мумкин аст.
  Кӯшиши ба навор гирифтани филмнома оид ба ҷараёни меҳнати маҷбурӣ ҳангоми ҷамъоварии пахта ва тасвири мушкилоти ҷойдошта дар бораи гузаронидани ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ бори аввалин дар таърихи кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошад.
К.Камолов
ходими илмии
шуъбаи Осиёи Марказӣ

БОЗГАШТ