АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Дарахти дӯстӣ биншон

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

Санаи 14-15 сентябри соли ҷорӣ дар толори конфронсии Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, семинарӣ илмӣ-амалӣ барои устувор кардани муносибатҳои дӯстӣ, ҳамҷаворӣ ва кушодани саҳифаи ҷадид дар муносибатҳои дуҷониба ва шарикии стратегӣ миёнӣ Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор гардид.
Ҳамоиши мазкур бо иштироки Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, сафири фавқуллода ва муовини якуми раиси Палатаи қонунгузории Олии Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон Акмал Саидов, ноиби президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Узбекистон ва як гурӯҳ устодону олимони соҳаҳои гуногун аз Тоҷикистону Ӯзбекистон баргузор шуд.
Дар рафти конфронс аз тарафи олимону муҳаққиқон қайд зикр гардид, ки халқҳои ӯзбек ва тоҷик аз замонҳои қадим паҳлӯ ба паҳлӯ зиндагӣ карда, душвориҳоро якҷоя паси сар мекарданд ва ин ҳама таҷрибаи ғаниро дар оянда метавон барои рушди ҳамкориҳои судманд ва беҳтар намудани муҳити минтақаро истифода кард.
Дар ин бора, роҳбарони ду кишвар дар ҳамаи вохӯриашон иброз мекарданд. Чунончи:
“Бо амри тақдир тоҷикон ва узбекон, ҳамсояҳои наздик шуданд, дар як минтақаи ҷуғрофӣ зиндагӣ мекунанд ва аз як дарё об мехӯранд”, - Э. Раҳмон.
«Халқҳои ӯзбек ва тоҷик шабеҳи ду шохаи як дарахт, ду шохоби як дарё мебошанд. Мо як дин, замин ва оби муштарак дорем. Мо дар шодиву ғам якҷояем, сарнавишти муштарак онҳоро муттаҳид мекунад. Анъанаҳои неки ниёгонамонро идома дода, мо бояд дӯстии халқҳоямонро таҳким ва ҳифз намоем ”, - Ш. Мирзиёев.
Баъд аз қисми асосии конфронс иштирокчиён ва олимон ба бахшҳои гуногуни самти илмӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ, ки тибқи протоколи расмии конфронс қабул шудааст, идома доданд.
Дар рӯзи дуюм Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо муовини якуми Раиси Палатаи қонунофарии Олии Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон Акмал Саидов, ки барои иштирок дар кори конфронси илмӣ-амалии “Саҳми роҳбарони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар таҳкими дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва эътимод ва кушодани саҳифаи нави муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистону Узбекистон” ба Душанбе ташриф оварда буд, вохўрї гузаронид.
Мо итминон дорем, ки дӯстии миллатҳои тоҷику узбек бо мурури замон қавитар шуда, сабаби рушди иқтисод, омӯзишу кашфи илму техника, дастовардҳои бузурги сиёсию иҷтимоӣ шуда, зиндагии мардуми азизамонро осону осоишта мегардонад.
 
Сомон Ғафуров,
Шуъбаи Осиёи Марказӣ
 
 
 
 
 
 

БОЗГАШТ