АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Дастовардҳои сиёсати дохилию хориҷии Пешвои миллат (бахшида ба “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон”)

Муаллиф: Соҳиби Баҳруло

Расм

Ҳамасола 16 ноябр “Рӯзи Президент” ҷашн гирифта мешавад, ки он ҳамчун рамзи истиқлолият арҷгузорӣ карда мешавад. Маҳз сиёсати дурандешонаи Пешвои тоҷикони ҷаҳон, Асосгузори сулҳи ваҳдат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикисон Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки дар сарнавишти халқи мо нақши тақдирсоз бозидааст. 16 ноябри соли 1992 дар шаҳри бостонии Хуҷанд Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд, ки дар он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби вакилон ба ҳайси раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид. Дар таърихи 16 ноябри соли 1994 Эмомалӣ Раҳмон бори нахуст ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди халқи тоҷик савганд ёд кард.

15 апрели соли 2016 вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар мавриди ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” баррасӣ ва қабул карданд, ки дар асоси он ҳар сол 16 ноябр дар кишвар ҳамчун “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” бидуни истироҳат арҷгузорӣ карда мешавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мухтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ва худи ватан Президенти мардумию сулҳовар эътироф гардидааст. Зеро маҳз тавассути хизматҳои шабонарӯзии Пешвои миллат буд, ки кишвари азизамон ба як қатор дастовардҳои назаррас ноил гардид, аз ҷумла, хотимаи ҷанги шаҳрвандӣ, истиқрори сулҳу ваҳдат, оромӣ ва субот дар ҷомеаи имрӯз; тақвияти пояҳо ва рукнҳои асосии давлатдории миллӣ, барқарорсозии ниҳодҳои ҳукумат, шохаҳои ҳокимияти сиёсӣ, фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, қонуният, адолат ва тартиботи ҳуқуқӣ дар мамлакат; ислоҳоти конститутсионӣ, низоми ҳуқуқӣ, таҳия ва қабули Конститутсияи нави Тоҷикистони соҳибистиқлол, ва иқдом ва ташаббус  дар самти эҷод ва қабули қонунҳои нави миллӣ; таъмини рушди устувори ҷомеа, пешрафти иқтисодиёт, боло бурдани сатҳи зиндагии мардум ва коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ; таъмини истиқлолияти энергетикии кишвар, аз байн рафтани маҳдудиятҳо дар таъминоти барқ; аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо додан ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон; таъмини амнияти озуқавории мамлакат, ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти хушсифати ватанӣ ва молҳои ниёзи мардум; саноатикунонии босуръати кишвар барои таъмини устувории иқисодиёт; таҳкими ғоя ва андешаи миллӣ, худшиносӣ, худогоҳӣ, ҳуввияти миллӣ, ватандӯстии мардум ва эҳёи мерос ва суннатҳои таърихиву фарҳангӣ.

Самтҳои дар боло зикргардида, яке аз хизматҳои асосии Роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати дохилии кишвар ба шумор меравад ва инчунин дар сиёсати хориҷӣ низ нақши назарраси худро гузоштааст. Чунончи, иқдом ва ташаббусҳо дар самти ҳалли масъалаҳои умумибашарӣ оид ба об, дипломатияи об ва ҷонибдории он аз ҷониби созмонҳои бонуфузи байналхалқӣ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ, ташаббус дар ҳалли қазияи Афғонистон; поягузории сиёсати муваффақонаи хориҷӣ, муаррифии шоистаи Тоҷикистон дар арсаи байналхалқӣ, сиёсати дарҳои кушод, ҳамкории мутақобилан судманд бо кишварҳои ҷаҳон бар пояи баробарӣ, дахолат накардан ба корҳои дохилии якдигар.

Бояд қайд кард, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун сиёсатмадори барҷаста ва ташаббускор дар сатҳи ҷаҳонӣ эътироф гардиданд. Тайи 31 соли даврони истиқлолият Президенти кишвар бо чандин ташаббусҳои созанда ва манфиатбахш баромад намуданд, ки муҳимтарини онҳо иборатанд аз:

  1. Ҳанӯз дар солҳои 90 дар давраи авҷи ҷанги шаҳрвандӣ дар Афғонистон Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки ҷанги бародаркӯш дар ин кишвар хотима дода шуда, тарафҳои даргир ба музокира даъват карда шаванд.
  2. Соли 1998 Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Созмони Миллали Муттаҳид пешниҳод намуданд, ки ба хотири пешгирӣ аз қочоқи маводи мухаддир дар атрофи Афғонистон камарбанди амният ташкил карда шавад.
  3. Шуруъ аз соли 2000 Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо силсила ташаббусҳо дар сатҳи ҷаҳонӣ аз рӯи масъалаи об баромад намуданд, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфтанд. Ба ин ташаббусҳо дохил мешаванд:

-Эълон кардани соли 2003 соли оби тоза;

-Эълон кардани Даҳсолаи          “Об барои ҳаёт” солҳои 2005-2015;

-Эълон кардани соли 2013 соли дипломатия об;

-Эълон кардани Даҳсолаи “Об барои рушди устувор” солҳои 2018-2028;

-Эълон карадани соли 2025 соли ҳифзи пиряхҳо.

3. Соли 2000-ум дар шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии гурӯҳи панҷгонаи Шанхай бо иштироки Россия, Хитой, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон баргузор гардид. Дар ин ҳамоиш Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки панҷгонаи Шанхай ба созмони байналмилалӣ табдил дода шавад. Пешниҳоди мазкур аз ҷониби кишварҳои аъзо дастгирӣ ёфт ва ин ташкилот номи худро ба Созмони ҳаикории Шанхай табдил дод, ки то имрӯз бо чунин ном фаъолият менамояд.

4. Ташаббуси дигари Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон он аст, ки оби кули Сарези Помир ба кишварҳои дигар интиқол дода шавад. Ин ташаббус аз ҷониби ҷамеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфт.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сарвари давлат аз рӯзҳои аввали ба сари ҳокимият омадан таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонро ба вазъи фалокатовари Афғонистон, хусусан мушкилоти сиёсӣ, иқтисодӣ ва хатари режими асримиёнагии «Толибон» ҷалб менамуд.

Дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун шахси сулҳофару сулҳпарвар, сарҷамъкунандаи миллату мардумсолор, амалисозандаи заҳматҳои ояндабинона баҳри рушду нумӯъ ва ободии Ватан фароҳам овардани шароити арзанда барои мардуми кишвар, ташаббускори ҳалли масъалаҳои глобалӣ шинохта шудани Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро на танҳо сокинони кишвар, инчунин ҷаҳониён эътироф намудаанд. Имрӯзҳо таҷрибаи сулҳи тоҷикон дар бобати ҳалли мусолиматомези низоъ ҳам аз лиҳози назариявӣ ва ҳам аз нигоҳи амалӣ ба сарвати илми сиёсатшиносии ҷаҳонӣ мубаддал шудааст.

Маҳз сиёсати дарҳои боз ва бисёрсамтаи Сардори давлат аст, ки имрӯз Тоҷикистон бо 182 давлати ҷаҳон муносибаҳои дипломатӣ барқарор намуда, бо 100 кишвари ҷаҳон робитаҳои иқтисодӣ дорад. Ба шарофати ин сиёсат Тоҷикистон мавқеи худро дар сиёсати байналмилалӣ мустаҳкам намуда, манфиатҳои миллии худро дар муносибатҳои мутақобилан судманд таъмин кард. Сиёсати “дарҳои боз” меҳвари сиёсати хориҷии Тоҷикистон мебошад. Маҳз сиёсати дохилию хориҷии Пешвои миллат, Президенти Ҷмуҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки Тоҷикистон ва миллати тоҷик дар ҷаҳон ҷойгоҳи худро пайдо намуд.

Аз ин рӯ, мардуми кишварро зарур аст, ки барои ободии кишвар, сулҳу ваҳдат, таҳкими арзишҳои динию маънавӣ ва фарҳангӣ дар атрофи Пешвои миллат муттаҳид гардида, баҳри татбиқи нақшаҳои нек – ҳифзи истиқлолият, дину оин, номуси ватандорӣ ва таъмини шароити хуб барои ояндаи миллат саҳмгузор бошем.

 

Соҳиби Баҳруло,

ходими илмии шуъбаи

Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқӣ

 

БОЗГАШТ