АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

ДАСТУРИ АМАЛИИ ҶАНОБИ ОЛӢ БАРОИ ФАРДО

Муаллиф: Назарзода Носир

Расм

ДАСТУРИ АМАЛИИ ҶАНОБИ ОЛӢ БАРОИ ФАРДО

Суханронии пурмуҳтавои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дин, ки санаи 9 марти соли 2024 дар шаҳри Душанбе, дар маҷмааи "Кохи Ваҳдат" баргузор гардида буд, аз тариқи шабакаҳои телевизионӣ чанд маротиб пахш шуда дастраси ҳамагон гардонида шуд.

Ташаккур ба роҳбарияти Кумитаи радио ва телевизиони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки чандин маротиба барои сокинони кишвар ин баромади ватандӯстона ва шуълавари Президенти мамлакатро, ки барои ҳар як бинанда хусусан таассуроти фаромӯшнашаванда гузошт, такрор ба такрор ба маърази сокинон гузошт.

Аз ибтидо то интиҳои суханронӣ, сӯҳбатҳои оташинсухани Ҷаноби Олӣ на танҳо ба аҳли толор, балки инчунин ба ҳар як бинанда ва шунавандае, ки тавассути шабакаҳо диданд ва шуниданд хеле мутаассиркунанда, танзимкунанда ва дастурдиҳанда буду раҳнамудкунанда.

Суханронии пурмуҳтавои Ҷаноби Олӣ дар такя ба таҳлилҳои воқеъӣ, илмӣ, аҳкоми шариати исломӣ ва таъкидҳо аз сураҳои Қуръони Карим сурат гирифта, тамоми таърихи бузурги ниёгони гузаштаву имрӯзаи миллати тоҷикро инъикосгар сафарбаркунандаи ҳама табақоти аҳолии кишвар буданд. 

Баромади хеле ҷолибу ҷаззоб ва орифонаи Сарвари Давлат боварӣ дорам ба ҳар як шунавандаю бинанда ДАСТУРИ АМАЛ аст. Зеро, тамоми самтҳои фаъолиятҳои иҷтимоию сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангию таърихӣ, дипломатӣ, техникӣ, илмӣ, тарбиявӣ, таълимӣ ва амсоли он мавриди ин вохӯрии таърихӣ қарор дода шуда, пешниҳодҳои ватандӯстона, батартибдароварандаи низоми давлату миллат ва тибқи он ҷурнамоии фаъолияту амали дилсӯзонаю ғамхоронаи масъулин ва сокинон баён гашт.

Бо овардани мисолу намунаҳои мушаххас аз таърихи миллату мамолики башарияти инсонӣ бо баёноти соддаву равони илмӣ ва тарбиявӣ, инкишофу пешрафт дар ҳоли имрӯзу ва дурнамои давлату миллатамон дар оянда ба таври муфассал ироа гашт.   

Хусусан, барои мансабдорон, шахсони масъул, ниҳодҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ, созмонҳои иҷтимоӣ ва алалхусус ходимони динӣ бисёр тавсияҳои муфид пешниҳод карда шуд, ки татбиқу амалӣ гаштани онҳо дар оянда боз ҳам дар ҷодаи равнақ ва такомул ёфтани давлатдории тоҷик заминаҳои мусоиде хоҳад гузошт.

Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки воқеъан ҳам дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун як сарвари ташаббускори аҳли башар шинохта шудааст,  барои миллату Ватан пайваста дар талоши ҳамешагист ва ҳар мақсаду ҳадафе, ки гузошт, баҳри ҳосили муродаш чизеро дареғ надошт ва зина ба зина ҷомаи амал пӯшиданд ва ҳамарӯза мавриди татбиқ қарор доранд.

Ҳар як меҳмони хориҷие, ки ба пойтахт ва вилояту шаҳру кишвари мо қадам мегузорад ва ё ба ҷойҳои диданибоб ташриф меоваранд аз тағйиротҳои азими давлати мо бо ҳисси эҳтиром ҳарф мезананд ва аз пешравиҳои МО ба ваҷд меоянд. Вале, чи тавре, ки Ҷаноби Олӣ қайд менамоянд ин дараҷаҳои инкишоф бароямон ҳоло ҳам нокифоя  аст.

Дар ҳама банду фасли Суханронии Ҷаноби Олӣ масъала ва муносибати дурусти шаҳрвандон ва сокинон ба таълиму тарбияи фарзандон, насли наврас, илмомӯзӣ, аз ҳунару маслак бархурдор будани ҳар як ҷавон,  борҳо таъкид гашт, ки дарвоқеъ мо бояд ба ин масоили мубрами ҳаёти давлатамон таваҷҷуҳи бештару пештаре равона намоем. Таъкид гашт, ки давлат аз хонадони ҳар яки мову шумо сарчашма гирифта, тақдири ояндааш ҳам ба дасти мост, ки валло комилан ва воқеъан дуруст аст.

Бесаводӣ, курсаводӣ дар маҷмуъ ҳеҷ гоҳ пояҳои бунёди давлату миллатро таҳким нахоҳад бахшид ва баръакс аз илму дониш бархурдор будани ҳар як хонадони тоҷикистонӣ метавонад давлатро қавитар намуда обрӯ ва мавқею маконашро дар миёни аҳли башар таҳким бахшида ӯро овозадор намояд.

Шахси боилму ҳунар, бомаслаки хоса нафароне мебошанд, ки ватандӯсту инсондӯст, хайрхоҳу саховатпеша, бонангу бономус, саҷдакунандаи арзишҳои миллӣ, динию мазҳабӣ ва  дар маҷмуъ ҷонфидои МОДАР-ВАТАНАНД. Албатта,  маҳаки асосӣ маҳз саводнокӣ ва уҳдабароии шахс аст, ки Ҷаноби Олӣ, ҳамеша гаштаю баргашта онро таъкид менамояд.

Боварии комил дорам, ки суханони дилсӯзонаву ҳидояткунанда ва дастурҳои пурарзиши Сарвари муаззами тоҷикон, ҳар як шахси масъул, ниҳодҳои давлатӣ ва сокинони ин сарзамини аҷдодиро ба он ҳидоят намуданд, ки мо бояд минбаъд,  ҳатман ба роҳу равиши  хонадони худ, тақдири ояндаи давлату миллати худ ва ҳифзи ин сарзамини биҳиштосо ҷавобгару масъулиятнок бошему аз бохтҳои гузаштаамон дар замонҳои сипаригашта хулосаҳои зарурӣ барорем.

Ташкилу гузаронидани ин вохӯрии судманд бо аҳли ҷамоатчигӣ ва ходимони динии ҷумҳурӣ  аз ҳунару истеъдоди волло ва маҳорати баланди орифонаи Сарвари муаззами миллату давлатамон дарак дод, ки ба ҳар як хонадони тоҷик бурду бохт, норасоиҳоро дар амалу фаъолиятҳоямон матраҳ намуда, самтҳои ҷиддии рафтору гуфтор ва кирдорамонро барои ояндаи наздик роҳандозӣ кард ва равшан сохт.

Мазмуну муҳтавои суханронии Сарвари давлат ҳар як тоҷики бовиҷдону худогоҳро ба он далолат мекунад, ки аз рӯи самимияти пок амал карда, бо рафтори садоқатмандона ва софдилона барои пиёда намудани он мушкилоте, ки зиндагӣ ва инкишофи давлатдориро садди роҳ мешаванд гомҳои устувору ҷиддӣ ва воқеъан ҳам ватандӯстона гузоранд.

Ҷаноби Олӣ дар баромадаш аҳли толор ва кулли мардуми ҷумҳуриро бо дарки баланди масъулият ба арҷгузорӣ ба арзишҳои созандаву инсонпарварона, муаррифии шоиста ва шинохти беҳтари забону таъриху фарҳанги миллати тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ, инчунин, таҳкими ҳувияти миллӣ, бар зидди ҳама гуна зуҳуроти номатлубу хатарнок, аз ҷумла ифротгароиву терроризм сарҷамъона мубориза бурдан, пешгирии ифротишавии ҷомеа ва пайвастану гаравидани  шаҳрвандон ба созмонҳои террористии хусусияти динидошта дар шароити кунунӣ, исрофкорию зиёдаравӣ, риёкорию зоҳирпарастӣ, ҳифзи саросарии волоияти қонун ва ғайраро  даъват намуд.

НАЗАРЗОДА Носир Ҷобир,

сарходими илмии Шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики

Институти омузиши масъалаҳои давлатҳои

 Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон,

доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ   

  

БОЗГАШТ