АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Давраи дувуми рӯзи сахти занҳои афғон

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

Дар ҷаҳони имрӯз шояд ниҳоят кам гӯшае монда бошад, ки аҳолии он аз пешравии илму техника ва тағйир ёфтани андешаҳои нав бехабар бошанд. Дар гирду атрофи Афғонистон давлатҳои мусулмоншин ҷойгиранд, аз ҷумла Ҳиндустону Покистону Эрону Тоҷикистон. Мо барои муқоиса занҳои Тоҷикистон ва Афғонистонро мисол оварданӣ нестем. Лекин агар аз аҳволи занҳои Покистон ёдовар шавем, пас як саҳнаи аҷибе намоён мешавад. Давлати Покистон Ҷумҳурии Исломии Покистон ном дорад. Яъне мардумони он мусулмонанд.
Аз рӯи баъзе маълумотҳо дар соли 2021 аз қариб 208 миллион аҳолии он тақрибан 102 миллионашон занҳо мебошанд. Занҳои Покистон гирифтори ягон хел монеаҳои сиёсиву иҷтимоиву мазҳабиву ҷинсӣ нестанд, хусусан дар шаҳрҳо. Дар деҳаҳо шояд баъзе маҳдудиятҳо, аз ҷумла бе мард ба кӯча ё ба сайру гашт ва ё меҳмонӣ рафтани занҳо дида  шавад. Лекин дар маҷмӯъ занҳои Покистон дар таҳсил кардан, касберо аз худ кардан, аъзои ташкилотҳои гуногун шудан, роҳбарӣ кардан ва ғайра побанди монеаҳое, ки давлат расман таъин карда бошанд, нестанд. Акнун ба ҳоли занҳои Афғонистони имрӯза менигарем. Дар тақрибан 50 соли охир чи тавр зистан, таълим гирифтан, кор кардан, чи хел либос пӯшидан ва ғайра вобаста ба он аст, ки кӣ давлатро идора мекунад. Дар солҳои шастуми асри гузашта (1964) вақте ки сарвари Афғонистон Муҳаммад Зоҳиршоҳ буд, конститутсияе қабул карда шуда буд, ки мутобиқи он дар  ин кишвар зану мард баробарҳуқуқ буданд. Дар солҳои пирӯзии Инқилоби Савр ба занҳо бартариҳои зиёд дода шуда буд. Аъзои ҳукумат Анаҳито Рутубзод вазири фарҳанги Афғонистон буд. Мутобиқи конститутсияи соли 2004 низ  занҳо баъзе бартариҳоро соҳиб шуданд, аз ҷумла кор  дар идоракунии давлатӣ.
 Дар моҳи августи соли ҷорӣ дар Афғонистон баробари ба сари қудрат омадани Толибон боз яке аз масъалаҳои муҳими вақт масъалаи занон шуда истодааст. Оё Толибоне, ки ҳаққу ҳуқуқҳои занҳоро маҳдуд карда истодаанд, боре фикр карда бошанд, ки кӣ онҳоро ба дунё оварда парвариш кардааст. Маҳдудиятҳое, ки имрӯзҳо Толибон ба сари занҳо бор карда истодаанд, баробар ба пас гардондан ба қоидаҳои асримиёнагӣ мебошад. Озодии зан, ки яке аз дастовардҳои арзишманди замони нав аст, оростагии ҷомеаи ҳозиразамонро вусъат мебахшад. Гумон аст, ки агар касе, ҳизбе, ташкилоте ва ё сарвари давлате ҷомеаро дар мисоли беҳуқуқ намудани занҳо ба оқиб кашиданӣ бошад, ба муддати дароз муваффақ шавад. Фақат аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ маҳкум мешаваду халос. Толибон, албатта, вокуниши ҷомеаи ҷаҳониро дар назар дошта баъзе ваъдаҳо дода истодаанд, ки бартариҳо ба занҳо медиҳанд, вале ҳам ин бартариҳо ночизанду ҳам шояд фақат ваъда ҳастанду бас. Охир занҳои афғон ҳанӯз фаромӯш накардаанд, ки Толибон вақте дар солҳои 1996-2001 ҳокими Афғонистон буданд чи гуна мушкилиҳо ва маҳдудиятҳоро ба сари онҳо оварда буданд. Шунидани мусиқӣ, гузаронидани маҳфилҳои шавқовар, машғул шудан ба варзиш, баромад дар радио ва телевизор барои занҳо манъ буд.  Маҷбуран ба шавҳар додани духтарҳои ноболиғ ривоҷ ёфта буд. Симои Толибон дар ҳамон солҳо ва пас аз он ҳам таҷассумгари ҷаҳолат буд ва мондааст.
Таҷрибаи бисёрсола нишон медиҳад, ки дар тамоми мамлакатҳои қитъаи Осиё аз занҳои Афғонистон дида бадбахттар зан нест. Мисли ҳамаи занҳои дигари сайёраи мо занҳои афғон метавонанд дар ҷомеа нақши босазое дошта бошанд. Онҳо аз ӯҳдаи ҳама корҳо мебароянд, фақат бояд аз ҷониби ҳукумат дастгирӣ ёбанд, мутобиқ ба конститутсияи боадолат дар ҷомеа мавқеи худро дошта бошанд. Духтарони афғон дар таҳсил аз ҳеҷ кас кам нестанд, лаёқат ва ҳаваси таҳсил кардан доранд. Ҳукумати Толибон набояд   қонунҳо ва фармудаҳои шариатро баҳона карда, занҳоро ба тирарӯзиҳои асрҳои миёна кашола кунанд. Дар ҷомеае, ки нисбат ба занҳо муносибатҳои паст ва нолоиқро маҷбуран истифода мебаранд, гумонаст аз ягон ҷонибе дастгирӣ дида шавад. Ҳоло давраи дувуми рӯзи сахти занҳоиафғон фаро расидааст. Ҳукумати Амрико дидаву дониста мардуми сарсону саргардони афғон, аз ҷумла  занҳову атфоли бадқисматро ба ҳоли худашон монда, озод бе муқовимат ба сари давлат омадани Толибонро роҳ дод, Ҳомиёни демократияву ҳомиёни инсон   ин пеша ва ӯҳдадории ба зима гирифтаашонро  магар фаромӯш карданд. Бе муқовимат даст боло кардани урдуи тайёркардаи Амрико куҷо шуд? Акнун занҳои афғон бо ҳамон нерӯе, ки ҷинси латиф дорад, эътироз ба Толибон кунанд, нанги бузургбозуҳои ин мамлакат меомада бошад? 
Толибон занҳои афғонро метавонанд хонашин, бесавод, зери чодар бе чину чаро тобеи мард, ғуломи мард кунанд. Доираи фаъолияти онҳоро бо таваллуду тарбияи кудак ва хабар доштан аз ошхона  маҳдуд кунанд, лекин мутлақо  ҳокими андешаву ҷасорати онҳо шуда наметавонанд. Чархи таъриху чархи тақдири инсон якранг нахоҳад монд.
 
Назира Ваҳобова,
ходими пешбари ИОМДОА АМИТ
 

БОЗГАШТ