Аз 16 сентябр дар масири Сиан-Душанбе-Сиан парвозҳои мустақими ҳавоӣ оғоз мегарданд. Ин боиси хушнудист, ки Сиан яке аз шаҳрҳои қадимаи Ҷумҳурии Мардумии Чин мебошад, ки таърихи беш аз 3000 сол ҳамчун шаҳр ва зиёда аз 1000 сол ҳамчун пойтахт буд. Шаҳри қадимаи Сиан давраҳои шукуфоии чор сулолаи бузург – Чжоу, Чин, Хан ва Тан будааст. Он яке аз гаҳвораҳои муҳими тамаддуни чинӣ ба ҳисоб рафта, ҳамчунин дар қатори пойтахтҳои бузурги қадима Афин, Рим ва Қоҳира пойтахти асосии қадимаи ҷаҳон ҷой дорад.
Сиан яке аз қадимтарин марказҳои сиёсию фарҳангии Чин ба ҳисоб меравад. Дар тӯли ҳазорсолаҳо Сиан на танҳо пойтахти сулолаҳои бузург, балки гаҳворае барои рушди илму фарҳанг, санъат ва меъморӣ будааст. Сиан шаҳри «Китоби сурудҳо», «Ҳанфу» (насри шеърҳои сулолаи Хан) ва шеърҳои давраи Тан буда, доираи фарҳангии синитии Осиёи Шарқи ташаккул дода ва заминаи пайдоиши маҳаллаҳои чинӣ (Chinatown) дар саросари ҷаҳон гаштааст. Имрӯз ин шаҳр ба яке аз марказҳои муҳими илмӣ-таҳқиқотӣ ва сайёҳии ҷаҳонӣ табдил ёфтааст.
Сиан – маркази маънавии қадимтарини мардуми Чин маҳсуб мешавад. Барои дарки комили Чин ва таърихи он зарур аст: дар Шэнчжэн тараққиёти 40 солаи охирро мушоҳида кард, дар Шанхай рушди як асраро дид, дар Пекин таърихи панҷ асраро омӯхт ва дар Сиан бо тамадуни се ҳазорсолаи ин диёр шинос шуд
Дар Сиан ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангӣ, аз ҷумла Осорхонаи мақбараи Император Чин Шихуан, Пагодаи бузурги Гус, шаҳри «Датанг – ҳаргиз хуфта намешавад», Девори қадимаи шаҳри Сиан, Осорхонаи Сиан, Майдони бурҷҳои Занг ва Табл, кӯчаи мусулмонон, инчунин Лоугуантай дар кӯҳи Чжуннан – маҳалли пайдоиши фарҳанги «Дао», ҳамчунин Боғи илмии «Чор ганҷи Қинлин» (бо пандаҳои бузург, маймунҳои тиллоӣ, ибисҳои тоҷдор ва такиниҳо) ва ғайра мебошад. Сиан шаҳри афсонавии пурасрор мебошад.
Сиан, ки ҳамчун пойтахти Чин дар давраҳои гуногуни таърихӣ хидмат кардааст, дар савдо ва мубодилаи фарҳангӣ байни Шарқу Ғарб мақоми беназир дошт. Захираҳои ғании шаҳр – абрешими беназир, сафоли зебо, маснуоти санъатӣ ва ҷавоҳироти қиматбаҳо онро дар саросари ҷаҳон машҳур гардонида буд. Роҳи Бузурги Абрешим аз ҳамин нуқта сар мезад ва корвонҳои шутурон борҳоеро, ки барои дунё арзишманд буд, аз кӯҳу биёбон гузаронида ба мамолики дурдаст мерасонданд
Истифода бурдани имкониятҳои ташаббуси “Камарбанд ва роҳ” барои эҳё намудани мероси ғании фарҳанги чинӣ ва мероси фарҳангии Роҳи Абрешим ва бозсозии мавқеи он ҳамчун минтақаи асосии фарҳанги чинӣ ва фарҳанги Роҳи Абрешим, роҳи муҳими пешини Сиан ба ҳисоб меравад.
Шаҳри Сиан ҳамчун яке аз кӯҳантарин пойтахтҳои Чин ва маркази муҳими таърихию фарҳангӣ, нақши калиди дар ташаккули тамаддуни чинӣ ва инкишофи робитаҳои байналмилалӣ иҷро кардааст. Таърихи беш аз се ҳазорсола, ёдгориҳои беназири фарҳангиву меъморӣ ва мавқеи ҷуғрофии стратегии он дар Роҳи Бузурги Абрешим, ин шаҳрро ба маркази калидӣ дар мубодилаи иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ байни Шарқу Ғарб мубаддал сохтааст.
Имрӯз дар чаҳорчӯбаи ташаббуси “Камарбанд ва роҳ”, Сиан имкониятҳои нави эҳё ва бозиёбии мақоми таърихии худро ҳамчун маркази фарҳангӣ ва тиҷорати ҷаҳонӣ пайдо кардааст. Бо назардошти захираҳои ғании фарҳангӣ, ёдгориҳои кӯҳани таърихӣ ва нақши фаъолона дар густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ, Сиан на танҳо рамзи шукӯҳманди гузашта, балки яке аз сутунҳои асосӣ барои ояндаи ҳамкориҳои фарҳангиву иқтисодии Чин бо ҷаҳониён ба ҳисоб меравад.
Шаҳри Сиан ҳамчун гаҳворае аз тамаддуни кӯҳани чинӣ ва маркази стратегии геополитикӣ дар тӯли се ҳазорсола нақши калидиро дар ташаккули низоми байналмилалии минтақа иҷро кардааст. Дар давраҳои сулолаҳои Чжоу, Чин, Хан ва Тан, Сиан на танҳо пойтахти сиёсӣ, балки маркази дипломатияи фарҳангӣ ва мубодилаи иқтисодӣ байни Шарқу Ғарб буд.
Роҳи Бузурги Абрешим, ки аз Сиан ибтидо мегирифт, як низоми мураккаби геоиқтисодӣ буда, дипломатияи тиҷоратӣ, интиқоли технология ва мубодилаи фарҳангиро дар байни тамаддунҳои гуногун таъмин мекард. Ин шаҳр бо истеҳсоли абрешим, сафол ва маснуоти санъатӣ дар формулабандии “global value chains” мушорикат намуда, дар ташаккули архитектураи тиҷорати ҷаҳонӣ таъсири ҷиддӣ расонидааст.