АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

ДИПЛОМАТИЯИ ТОҶИКИСТОНУ ПОКИСТОН

Муаллиф: Раҳмонов Мирсаид

Расм

ДИПЛОМАТИЯИ ТОҶИКИСТОНУ ПОКИСТОН

Андешаҳои коршинос дар ин мавзуъ

ДУШАНБЕ, 03.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар шароити мушкилоти печидае, ки мамлакатҳои минтақа ва дар саросари ҷаҳон рӯбарӯ ҳастанд, кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай барои пешбурди ҳадафу мақсадҳои он якҷоя кор мекунанд. Ҳадафи он ҳалли масъалаҳои таъхирнопазир ва мусоидат ба амнияти минтақавӣ, шукуфоии иқтисодӣ ва табодули фарҳангӣ мебошад. Он на танҳо барои Созмони ҳамкории Шанхай ҳамчун як созмони байналмилалӣ арзишманд, балки ҳамчунин дорои потенсиали намунавӣ барои муносибатҳои байни мамлакатҳои ҷаҳон мебошад. Бо ташвиқи ҳамоҳангӣ ва ҳамкорӣ, барои пешрафти дастаҷамъӣ ва шукуфоии ҳама шарикон илҳом мебахшад.

Осиёи Марказӣ аз аввали даврони истиқлолият бо минтақаи Осиёи Ҷанубӣ равобити хубу ҳасана барқарор карда, бо доштани  пайвандҳои муштараки адабу фарҳангу забону таърих, лоиҳаву барномаҳо дар коркард ва мубодилаи иқтидори фаровони табиӣ ва ташаббусҳои созандаи  худ  дар ҳалли масоили гуногуни ҷаҳон нақши стратегӣ  мебозанд.

Дар ин зимн, Тоҷикистон аз мамлакатҳоест, ки бо Покистон пайванди ҷуғрофии наздик дошта, муносиботи дипломатӣ байни ҳар ду давлат 6 июни 1992 барқарор гардид. Аввалин маротиба соли 1993 Сафорати Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Душанбе боз гардида, фаъолияти он аз ибтидои 1994 оғоз шуд. Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахустин маротиба соли 1994 ба Покистон сафар намуданд, борҳо барои иштирок дар нишасту ҷаласаҳо ба ин мамлакат сафар карданд, ки ахиран санаи 14-уми декабри соли 2022 вориди ин ҷумҳурӣ шуданд.

Бо даъвати Ҳукумати Покистон,  Президенти Тоҷикистон  2 ва 3 июни соли 2021 ба Покистон сафари расмӣ анҷом  дода, бо Сарвазир, Президент ва дигар раҳбарияти олии ин мамлакат дидору мулоқот намуданд, ки дар натиҷа 12 санади ҳамкорӣ дар соҳаҳои мухталиф байни ҳар ду давлат ба имзо расид.

Мавриди ёдоварист, ки дар 11 моҳи соли 2020 гардиши мол байни ду мамлакат ба 16,2 миллион расид, ки аз он содирот 6,6 миллион доллар ва воридот 9,6 миллион долларро ташкил медиҳад. Тибқи омори нав,  дар даҳ соли охир табодули тиҷоратии ҳар ду мамлакат то 100 миллион доллари амрикоӣ расидааст ва тарафҳо талош доранд, то онро афзоиш дода, ба 500 миллион доллар расонанд.

Яке аз дигар самтҳое, ки Тоҷикистон ва Покистонро бо ҳам наздик месозад, ин амалисозии лоиҳаи КАСА-1000 мебошад, ки ҳамоҳангсозии асосии он Тоҷикистон, Қирғизистон, Афғонистон ва Покистон мебошанд. Бояд гуфт, ки мақсаду ҳадафи асосии лоиҳаи КАСА-1000 тавлид ва интиқоли барқи обӣ аз Осиёи Марказӣ ба Осиёи Ҷанубӣ мебошад. Бо амалисозии ин лоиҳа Покистон 1300 мегаватт барқ дарёфт менамояд, ки бо ин васила равобити минтақавиро боз ҳам бештару хубтар тақвият мебахшад.

Вазоратҳои корҳои хориҷии ҳар ду мамлакат равобити хуби дипломатиро дар чаҳорчӯбаи созишномаҳо тақвият дода, он рушд меёбад.

Ҳар ду ҷумҳурӣ узви фаъоли Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ECO), Созмони ҳамкории Шанхай ва Созмони кишварҳои исломӣ ва дигар  форуму ташкилоти минтақавии худ мебошанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дипломатияи бисёрҷониба ба рушди робитаҳои самаранок дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Дар Консепсияи  сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин омадааст: «Ҳадафи иштироки фаъоли Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай таҳкими муносиботи неки ҳамсоягӣ, робитаҳои боэътимод ва дӯстона байни давлатҳои аъзо ва нозирон дар  созмон, инчунин таъмини амнияту субот ва рушди устувори иқтисодӣ дар минтақа мебошад».

Бинобар ин, Ҷумҳурии Тоҷикистон самтҳои афзалиятноки фаъолияти худро дар доираи созмони мазкур на танҳо дар соҳаи амният ва ҳамкории  иқтисодӣ, балки дар рушду таҳкими ҳамкории бисёрҷониба дар соҳаи фарҳангиву гуманитарӣ низ мебинад.

Созмони ҳамкории Шанхай як созмони сиёсӣ, иқтисодӣ ва байналмилалии Авруосиё аст. Он бузургтарин созмони минтақавӣ дар ҷаҳон аст, ки тақрибан 60 фоизи минтақаи Авруосиё ва 40 фоизи аҳолии ҷаҳонро фаро мегирад. Созмони ҳамкории Шанхай вориси Панҷгонаи Шанхай мебошад, ки соли 1996 байни Ҷумҳурии Мардумии Чин, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон ташкил шудааст. 15 июни соли 2001 раҳбарони ин мамлакатҳо ва Узбекистон дар Шанхай мулоқот карданд, то созмони нави ҳамкориҳои амиқи сиёсиву иқтисодиро эълон карданд.

Покистон 9 июни соли 2017 дар ҷаласаи 17-уми Шурои сарони давлатҳои Созмони ҳамкории Шанхай дар Остонаи Қазоқистон расман ба узвияти комилҳуқуқи созмон пазируфта шуд. Дохил шудани Покистон як марҳалаи муҳими сиёсати хориҷӣ, таҳкими ҳамкории он бо кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай ва имкон додани нақш дар суботи минтақа муҳим арзёбӣ мегардад.

Покистон аз гузашта таҷрибаи хуб дар бахшаҳои саноат, тиҷорату туризм ва ҳарбӣ дошт, ки мисолу намунаҳои онро дар сектору форуму бахшҳои гуногуни созмонҳои ҷаҳон аз ҷумлаи Созмони Милали Муттаҳид метавон мушоҳида кард. Лиҳозо раисии  Созмони ҳамкории Шанхай аз ҷониби Покистон барои солҳои 2023-2024 як қадами мусбат дар самти  таҳкими суботи минтақа ва шукуфои муштарак байни мардумони он хоҳад буд.

Ҳамин тариқ, Тоҷикистон ва Покистон якҷоя метавонанд ҳамкории бештари худро дар чаҳорчӯбаи форуму лоиҳаҳои мазкур масири аслии рушди иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва энергетикиро тавсеа бахшида, шароитҳои созгору  хуберо барои эҷод ҳамкорӣ ва рушди ҳамгироии минтақавӣ фароҳам карда,  аз сарватҳои инҷо барои рифоҳи зиндагии мардум истифода хоҳанд кард. Ҳамин тариқ, ҳар ду ҷумҳурӣ чун аъзои фаъоли Созмони ҳамкории Шанхай метавонанд дар пешбурди сулҳу субот ва иқтисоду тиҷорату саноату саёҳат саҳми муҳим ва муассир гузоранд.

Мамлакатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дурнамои худро дар бораи расидан ба амнияту сулҳи пойдор бо унсуру моделҳои хос,  аз ҷумла  тарғибу ташфиқи фарҳангӣ, рушду пешрафти иқтисодӣ, фаъолсозии лоиҳаву барномаҳои муассири пазируфташудаи худ,  ҳамкории муштарак, пайвастшавӣ ва раҳоӣ  аз таҳдиду хатарҳо кору фаъолияти муштарак барқарор намуда, минтақа ва ҷаҳонро ба самти созандагиву сулҳофаринӣ ҳидоят фармуда, дипломатияи мардумиро тавсеаву тақвият бахшанд.

Мирсаид РАҲМОНОВ,
таҳлилгар, ходими калони илмии 

шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии
Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Бознашр: https://khovar.tj/2024/07/diplomatiyai-to-ikistonu-pokiston-andesha-oi-korshinos-dar-in-mavzu/

БОЗГАШТ