АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Дунявият ва татбиқи назарияи дунявӣ дар ҷомеаи тоҷикӣ

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

   Давлате, ки дар асоси низоми сиёсии дунявӣ барномаҳои сиёсӣ, мафкуравӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии худро дар амал татбиқ менамояд, ояндаи дурахшон дорад. Ин довариест, ки таҷриба ва собиқаи таърихи инсонӣ собит сохтааст. Одатан, дар фазо ва муҳитҳои илмӣ, ихтисосӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ мафҳуми дунявият дар шакли истилоҳи “секуляризм” ҷилва мекунад.

   Дунявият ё ба истилоҳ, «секуляризм» (аз калимаи лотинии saecularis ба маънои дунявӣ, инҷаҳонӣ) дар чанд маъно истифода мешавад: якум, ба маънои бадалшавии моликияти ибодатгоҳҳои динӣ ба дунявӣ, дуюм, мусодираи амволи муассисаҳои динӣ ва интиқоли онҳо ба ҳукумати дунявӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ва сеюм, аз фаъолиятҳои ҷамъиятӣ ва зеҳнӣ озод намудани таъсири дин. Ба ин тариқ, секуляризм ё дунявият чизеро аз таъсири калисо баровардан ва ба муассисаҳои шаҳрвандӣ супурдан ва аз таъсири калисо раҳо карданро ифода мекунад. Чун секуляризм (дунявият) бо клерикализм (диният) дар тазоди доимӣ қарор доранд, лозим медонем, сари бархӯрди ин ду инстититут ё ниҳод иҷмолан сухан ронем.

   Илми назарияи давлат ва ҳуқуқ бар он аст, ки дар робита бо муносибатҳои давлат ва калисо давлатҳо ба теократӣ, клерикалӣ ва дунявӣ тақсим мешаванд. Маълум аст, ки давлати теократӣ (худо ва ҳокимият) ин намуди ҳокимияти давлатиест, ки дар он ҳокимият пурра ё қисман ба калисо тааллуқ дорад. Барои мисол, Муғулистон то соли 1921 ва то имрӯз Ватикан (шаҳр ё давлат), ки дар он монархияи теократӣ ҳукумрон аст, ҳокимияти судӣ, иҷроя ва қонунгузор ба Папаи Рим тааллуқ дорад. Аз ин ҷо давлати креликалӣ (калисоӣ) ин намуди ҳокимияти давлатиест, ки дар он калисо дар асоси қонун ба сиёсати давлат ва соҳаҳои муҳими ҳаёти ҷамъиятӣ таъсиргузор мебошад.

   Клерикализм (аз вожаи лотинии klericalism ба маънои калисоӣ далолат карда, ҷараёни сиёсии иртиҷоиро ифода менамояд, ки ҳадафаш дар ҳаёти сиёсӣ ва фарҳангӣ афзудани таъсири дин мебошад), моҳиятан дар муқобили секуляризм қарор дорад. Ин аст, ки сохти сиёсии демократӣ ва дунявӣ динро ҳамчун унсури давлатсозӣ сарфи назар мекунад ва сатҳи ҳузуру нуфузи онро дар умури сиёсӣ ва иҷтимоӣ коҳиш медиҳад. Давлат ва ҳукумати дунявӣ аз таҷриба ва далоили таърихӣ медонад, ки дину мазҳаб дар қолаби калисо ва минбару масҷид алайҳи рӯшангарону озодандешон шӯрида, мардумро таҳти тасаллути мазҳаб қарор дода, зулму истибдодро ба сифати меъёри сиёсати давлатӣ дар ҳаёти иҷтимоӣ татбиқ менамояд. Аксари кулли мардуми кишварҳои ғарбӣ аз низоми сиёсии дунявӣ пайравӣ карда, тайи солҳои тӯлонӣ дар ин сохтори сиёсӣ –дунявӣ умр ба сар бурдаанд ва ин навъи низоми сиёсию иҷтимоӣ ва фикрию фарҳангиро ба унвони беҳтарин сохт ва намунаи зиндагӣ ҷонибдорӣ карда ва мекунанд.

   Клерикализм ба забони сода, тасаллути ҳукумати динӣ бар ниҳодҳои давлатӣ ва иҷтимоӣ аст. Ба сухани дигар, дин ва мазҳаб дар умури давлатӣ ва иҷтимоӣ дахолат карда, ташкилоту созмонҳои динӣ дар ҳудуди давлат ва ҳукумат аз нуфузи зиёд бархӯрдоранд. Дар системаи клерикалӣ-динӣ на қонунҳои дунявӣ, балки қавонини динӣ-шаръӣ ба сифати меъёри сохторӣ ва давлатӣ мавриди амал қарор мегиранд. Чи хеле ки болотар таъкид кардем, дар муқобили низоми сиёсии дунявӣ қарор дорад.

   Дар доираи мабоҳиси илмӣ ва сиёсӣ мафҳуми калисои давлатӣ низ вуҷуд дорад. Моҳияти калисои давлатӣ дар он аст, ки яке аз калисоҳо (мазҳабҳо) ҳамчун қисмати расмии ташкилоти давлатӣ эътироф мегардад, яъне дар қаламрави кишвар асосӣ ҳисобида мешавад ва одатан, ҳамаи вазифаҳои давлатиро намояндагони дин ишғол мекунанд. Чунин институт дар Англия, Шветсия, Норвегия, Дания, Юнон, Исландия, Урдун вуҷуд дорад.

   Дар навбати худ давлатҳои дунявиро метавон ба се намуд тақсим кард: якум, кишварҳое, ки бо вуҷуди эътирофи дини расмии давлатӣ, асосан қонунҳои дунявӣ дар он кишварҳо амал мекунанд ва ба ин навъ кишварҳо Британия Кабир, Италия, Испания, Полша ва ғайраҳо дохиланд; дуюм, кишварҳое, ки дар онҳо бо вуҷуди аз давлат ҷудо будани иттиҳодияҳои динӣ байни дину давлат ҳамкориву ҳамоҳангӣ, алалхусус дар умури тарбияи маънавию ахлоқӣ ва барангехтани рӯҳияи миллӣ-ватанхоҳӣ ҳукмрон аст. Мактабҳо, расман аз муассисоти динӣ ҷудоянд. Ин намуди дунявият дар Фаронса, Олмон, ИМА, Россия, Туркия, Ҳиндустон амал мекунад. Дар ин кишварҳо дунявият ба маънии бединӣ ё атеистӣ будан нест ва сарварони ин кишварҳо низ диндорӣ ва эҳтироми худро ба дини кишварашон пинҳон намекунанд; сеюм, собиқ Иттиҳоди Шуравӣ, ки дар он дин ҳамчун муҳити муносибатҳои шахсию хусусӣ аз давлат ҷудо буда, байни дин ва давлат, ки бар пояи идеологияи моҳиятан, материалистию атеистӣ устувор буд, ҳеҷ гуна муносибат вуҷуд надошт. Дар он, вақеан, дин комилан аз давлат ҷудо буд ва дар ҳеҷ умури давлатдорӣ ҳамкорӣ надошт.

   Тибқи Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, кишвари мо давлати дунявӣ эълон шудааст (моддаи 1) ва иттиҳодияҳои динӣ аз давлат ҷудо буда, ҳеҷ як мафкура, аз ҷумла мафкураи динӣ (моддаи 8) “ба ҳайси мафкураи давлатӣ” эътироф намешавад. Ташкилотҳои динӣ ба корҳои давлатӣ мудохила карда наметавонанд. Эътиқоди динӣ кори хусусии ҳар шахс буда, “ҳар кас ҳақ дорад муносибати худро нисбат ба дин мустақилона муайян намояд, алоҳида ва ё якҷоя бо дигарон динеро пайравӣ намояд ва ё пайравӣ накунад, дар маросим ва расму оинҳои динӣ иштирок намояд” (моддаи 26).

   Мазмуну моҳияти ин муқаррарот дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ” аз 26 марти соли 2009 эзоҳ ёфтааст ва қайд мешавад, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, новобаста аз муносибат ба дин ва мансубияти динӣ дар назди қонун ҳама баробаранд (моддаи 4).

   Давлат фаъолияти қонунии иттиҳодияҳои диниро ҳимоя намуда, додани имтиёзҳои мухталиф, аз ҷумла кумакҳои моливу моддӣ барои ташкилотҳои диниро тибқи асноди меъёрии ҳуқуқии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим менамояд.

   Давлат инчунин барои таъмиру тармим ва ҳифзи ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ ба ташкилотҳои динӣ кумак менамояд. Давлат барои таъмини озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин, риояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандони диндор ва иттиҳодияҳои динӣ шароити мусоид фароҳам меоварад. Давлат бо мақсади таъмини осоиштагиву субот ва тартиботи ҷамъиятӣ ва ҳуқуқи шаҳрвандон барои пойдории таҳаммул ва эҳтироми байни шаҳрвандони диндору бедин, байни иттиҳодияҳои диниву мазҳабҳои гуногун, инчунин байни пайравони онҳо мусоидат менамояд, ба зуҳуроти таассуб ва ифротгароӣ дар фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ роҳ намедиҳад. Дар шароити имрӯза, аз як ҷониб, эҳёи арзишҳои динӣ, аз ҷониби дигар, муборизаи ба дин асосёфтаи созмонҳои мухталифи сиёсӣ- радикалӣ ин вазифаи давлатро хеле мубрам мегардонанд.

   Ҷудо будани иттиҳодияҳои динӣ аз давлат маънои онро дорад, ки муассисаҳои давлатии таҳсилоти умумӣ хусусияти дунявӣ дошта, дастрас будани намудҳо ва зинаҳои гуногуни таҳсилот, новобаста аз муносибат ба дин, таъмин карда мешавад.

   Замони Иттиҳоди Шӯравӣ дар тамоми манотиқи ҷумҳуриҳои собиқ маҳфилҳои гуногун фаъолият мекарданд, ки дар он мактаббачаҳо ва наврасон ҷалб карда мешуданд. Дар чунин мафҳилҳо писарон таҳти роҳбарии устодон ба сохтани модели тайёраҳо, киштиҳо, автомашинаҳо ва дигар техникаи муосир машғул буда, духтарон бошанд, ба корҳои дӯзандагӣ, пухтупаз ва ороишӣ сару кор доштанд. Аз як тараф, мактаббачаҳо ба коре, ки ба манфиати онҳо буд, ҷалб мешуданд, аз тарафи дигар, дар мафкураи онҳо пешравиҳои ҷаҳони муосир ҷо карда мешуд. Аллакай аз даврони наврасӣ онҳо ба пешравиҳои илму техника ошно шуда, ба воситаи машғулиятҳои рӯзмарраи дунявӣ саҳми худро дар пешрафти давлат ва ҷомеаи дунявӣ мегузоштанд.

   Ба ғайр аз ин, наврасон ва ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ҳисси башардӯстона ва дастгирии якдигар тарбия карда мешуданд. Дар ин ҷода саҳми худро ба ғайр аз мактабу маориф, инчунин радио ва телевизион низ мегузошт. Дар рӯзномаю маҷаллаҳо аз ҳаёту фаъолияти ҷавонону наврасони кишвар ва хориҷи он, дастовардҳои онҳо дар соҳаи илму техника мақолаҳо ва мусоҳибаҳо чоп мешуданд.

   Дар рӯзҳои ҷашнӣ бо иштирокчиёни ҶБВ, ҷанговарони интернатсионалист вохӯриҳо баргузор мешуданд, ки дар доираи онҳо иштирокчиён оид ба қаҳрамониҳои худ сухан меронданд, ки ин ҳам дар тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва хештаншиносии насли ҷавон саҳми арзандаи худро мегузошт. Ба ин восита тарбияи сиёсӣ-мафкуравии наслҳои наврасу ҷавон ҷоннок карда мешуд ва низоми давлати дунявӣ устувор мегардид.

   Имрӯз ҷангу даргириҳое, ки дар Ховари Миёна ҷараён мегиранд, бозгӯкунандаи онанд, ки дунявият дар миёни мардуми ин минтақаҳо ба таври зарурӣ ҷойгоҳ пайдо накардааст. Табиист, ки аз ин вазъият рӯҳониёни муҳофизакор васеъ истифода мебаранд ва мардумро ба вартаи гумроҳӣ мекашанд. Бинобар ин, давлати дунявӣ ва низоми демократӣ имкони пазириши мардумро новобаста ба дин, мазҳаб, нажод, миллат, ақида, мафкура, андеша ва тафаккур дорад ва муҳимтар аз ҳама, ба ҷомеа шароити интихоби озоди қабулу тарки андеша ва тавсифу интиқоди мунсифонаи ҳар гуна афкорро фароҳам меоварад. Дар давлати динӣ-мазҳабӣ ин падидаи асосӣ ва ҷавҳарӣ вуҷуд надорад ва имкони интихоби озод зери суол аст.

   Насли пешқадами инсонӣ, аз қабили олимону ихтироъкорон, маорифпарварону равшанфикрон дар давоми садсолаҳо кӯшиш мекарданд, ки бо кашфиёт ва навгониҳои худ одамонро аз торикие, ки рӯҳониён барои ҷомеаҳо эҷод карда буданд, раҳо карда, онҳоро ба сӯйи ояндаи дурахшон раҳнамун созанд. Вале ин мубориза бе қурбонӣ набуд. Таърих гувоҳ аст, ки дар давоми солҳои тӯлонӣ равшанфикрони Ғарбу Шарқ аз ҷониби рӯҳониён бо ҳар роҳу восита несту нобуд карда мешуданд ва ё зери таъқиби рӯҳоният ва пайравони мутаассиби онҳо қарор мегирифтанд. Чунончи, Николай Коперник, Ҷордано Бруно, Данте Алигери, Ян Гус, Иероним Пражский, Мартин Лютер, дар фарҳанги мо, Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Абуалӣ ибни Сино, Носири Хусрав, Бадриддин Ҳилолӣ, Шайх Аттори Нишопурӣ, Фаррухии Яздӣ ва дигарон ҳамеша зери фишори рӯҳониёни муҳофизакор ва худхоҳ қарор доштанд.

   Дастовардҳои илм даврони Маърифатро дар Аврупо заминагузорӣ кард. Донишмандон ва равшанфикрон илмро ба дараҷаи ниҳоии критерияи ҳақиқат боло бурданд. Қонунҳои нави табиат, ки аз ҷониби Френсис Бэкон (1561–1626), Роберт Бойл (1627–1692) ва Исаак Нютон (1642–1727) кашф шуданд, ба он оварда расонд, ки дар Аврупо илмҳои табиӣ-риёзӣ ва фалсафӣ тараққӣ карда, роҳ барои баҳсҳои илмӣ ва фалсафӣ ҳамвор гардид. Омӯзиши коинот ва масоили марбут ба оламу одам илмро дар баробари дин қудратманд сохта, пойдевори низоми зиндагии дунявӣ рехта шуд. Кашфиёти табиатшиносӣ ва нуҷумӣ тадриҷан эҳтиёҷотро дар бори он ки Худо сутуни коинот аст, аз байн бурд.

   Ақидаҳои файласуфон, ба монанди Томас Гоббс (1588– 1679), Дэвид Юм (1711–1776) ва Эммануил Кант (1724–1804) олами динро низ такон дод. Т.Гобс асосҳои фалсафаи материалистиро баён кард, ки дар он материя субстансияи олиии коинот шинохта шуд. Д. Юм дар асари худ “Оид ба табиати инсон” муъҷизаҳои динро беасос хондааст. Э.Кант бошад, аз одамон даъват кард, ки ба ақли солим такя карда, худро аз занҷири калисо раҳо кунанд.

   Бояд қайд кард, ки авзои имрӯзаи сиёсӣ ва геосиёсӣ осебпазирии ҷомеаҳои мазҳабӣ ва давлатҳои динӣ-теократиро равшан нишон медиҳад. Маҳдудиятҳои фикрӣ, идеологӣ ва илмӣ ин ҷомеа ва давлатҳоро, ки зери бори низоми динӣ-мазҳабӣ зиндагӣ мекунанд, дар баробари воқеиятҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва иқтисодӣ камзарфият намудааст. Камзарфиятӣ ва камогаҳии мардум барои гурӯҳҳои муҳофизакор ва фурсатталаб имконият фароҳам меоварад, ки аз эҳсоси динии мардум роҳат истифода баранд ва онҳоро ба бозиҳои бемаънӣ даргир созанд. Нуқтаи заъфи ҷавомеи мазҳабӣ тафаккури баста, суннатӣ ва консервативии онҳост, ки имкони вуҷуд ва ҳузури манфиатҳои миллӣ ва инсониашонро ба сифр баробар мекунад. Гузашта аз ин, дар муддати сесад соли ахир, ислом ва ҷомеаи мусулмонӣ ба буҳронҳои дохилӣ ва берунӣ гирифтор шуд (пошхӯрии империяи Усмонӣ ва аз ҷониби хадамотҳои махсуси ғарбӣ мудохилакорӣ дар умури сиёсию иҷтимоии мамлакатҳои мусулмонӣ) ва сардамдорони динӣ ҷавоби ҳалли буҳронро дар бозгашт ба ислом ва суннати динӣ дарёфта, дар ин замина роҳи ҳалли мушкилоти печидаи диниро дар бозгашт ба «исломи ноб» талаққӣ намудаанд (мутаассифона, ин андеша имрӯз ҳам мадди назари раҳбарони созмонҳои махсус ва ҳаракатҳои радикалии исломӣ қарор дорад), ки роҳи ифротишавӣ ва тундгаройии диниро барои насли ҷавон ҳамвор сохт.

   Аммо, хушбахтона, давлати миллии мо – Тоҷикистон зиёда аз бисту шаш сол аст, ки дар роҳи низоми сиёсии дунявӣ қадам мениҳад ва аз ин интихоби дурусту мантиқӣ мардуми тоҷик зараре надидааст, баръакс, тавассути ин низоми сиёсӣ ба масири тозаи зиндагӣ гом бардошта, ба сӯйи фатҳи қуллаҳои истиқлолияти сиёсию иқтисодӣ ва маданӣ ҳаракат мекунад. Низоми сиёсии дунявӣ дар баробарии инсонҳо дар фаъолиятҳои иҷтимоӣ, фикрӣ, иқтисодӣ ва моддию маънавӣ асос ёфтааст. Бар асоси таҷрибаи таърихӣ ва усулу принсипҳои давлати дунявӣ раҳбарияти давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати беҳбуд бахшидани вазъи иҷтимоӣ, фикрӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии мардуми тоҷик саъю талош меварзад. Танҳо дар низоми давлати дунявӣ инсон ва дар маҷмӯъ, мардум ҷойгоҳи муносиби иҷтимоӣ касб карда, ҳуқуқи интихоби озодро пайдо менамояд. Ин аст, ки мардуми тоҷик дунявиятро ба сифати сохтор ва низоми дархӯри сиёсӣ, фикрӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоӣ пазируфта, дар ин масир пайгирона ҳаракат мекунад.

 

Маъхазҳои истифодашуда:

1).http://nashaucheba.ru/v32753/рассолов_м.м._курс_лекций_по_теории_государства_и_права._часть_1_-_теория_государства?page=13

2).http://nashaucheba.ru/v32753/рассолов_м.м._курс_лекций_по_теории_государства_и_права._часть_1_-_теория_государства?page=13

3) https://tj.allinweb.ru/mavzui

4) http://www.jumhuriyat.tj/index.php?art_id=11589

5)  http://www.nnre.ru/istorija/inkvizicija_genii_i_zlodei/p11.php

6).http://nauka.x-pdf.ru/17raznoe/295924-1-din-halverzon-sekulyarizm-kolichestvo-posledovateley-summirovav-obschee-kolichestvo-tak-nazivaemih-ateistov-nereligiozni.php

 

И.К. Саримсаков,

ходими калони илмии

ИОМДОА АИ ҶТ

БОЗГАШТ