АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

ДУРНАМОИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ТУРКМАНИСТОН

Муаллиф: Пудинаев Умед

Расм

Таҷрибаҳо собит намудаанд, ки танҳо муносибати неку самимӣ ва дӯстонаи байни кишварҳо дар арсаи сиёсат, фарҳанг ва ҳамкории доимии рушди иҷтимоию иқтисодии кишварҳои ҷаҳон метавонад самару манфиати зиёде ба бор оварад. Ҳамин аст, ки ҳамкориҳо миёни кишварҳо рӯз ба рӯз бештару беҳтар мегардад. Дар муносибатҳои байналмилалӣ бештари робитаҳо байни кишварҳои рӯ ба тараққӣ, дар ҳоли рушд қарор доранд. Кишвари офтобии мо - Тоҷикистон низ бо кишварҳои Шарқу Ғарб рӯз ба рӯз ҳамкории худро беҳтару хубтар ба роҳ монда истодааст.

Эътирофи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 сентябри соли 1991 оғоз шуд. Асосҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки иборат аз мароми татбиқи сиёсати хориҷии соҳибистиқлолу баробарҳуқуқ, мусолиматомез ва тарафайн муфид мебошад, дар Эъломияи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тарҳрезӣ шуда буд: «Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муносибатҳои байналмилал ба сифати субъекти мустақили ҳуқуқи байналмилалӣ амал мекунад ва дар фаъолияти хеш барои сулҳи пойдор, нобудии силоҳи ҳастаӣ, роҳ надодан ба истифодаи неру дар ҳаллу фасли мунозира ва ихтилофоти байни давлатҳои соҳибистиқлол ҷаҳд менамояд, ба ҳамкории байни давлатҳо дар ҳалли масоили ҷаҳоние, ки дар рӯ ба рӯйи инсоният қарор доранд, рушд мебахшад [2].

Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари пешбарандаи сиёсати хориҷии сулҳҷӯёнаву созанда эътироф гардида аст. Ба шарофати сиёсати «дарҳои кушода», ки ҷавҳари равобити байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташакил медиҳад, мо тавонистем бо аксари давлатҳои дунё муносибатҳои нек ва ҳамкориҳои судманди гуногунҷанбаро дар соҳаҳои мухталиф ба роҳ монда, тақвият бахшем [7]. Аз ҷумла, ҳамкориҳои мо бо кишвари Туркманистон имрӯз дар сатҳи баланд қарор дошта, умедворем дар ояндаи наздик ин робита қавитару наздиктар мегардад.

27 январи соли 1993 байни Туркманистон ва Тоҷикистон робитаҳои дипломатӣ барқарор карда шуд. Ҳамкориҳои байни ду давлат на танҳо дар соҳаи сиёсат, балки дар соҳаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, илмӣ-техникӣ ва фарҳангӣ рушд мекунанд.

Бо мақсади ба роҳ мондани ҳамкориҳо солҳои охир, роҳбарони давлатҳо, ҳукуматҳо ва вазорату идораҳои дахлдор зиёда аз 120 созишнома ба имзо расонидаанд. Ҳар ду кишвар узви комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид, САҲА ва ИДМ мебошанд. Ба ғайр аз вохӯриҳои мунтазам дар ҳошияи симпозиумҳои байналмилалӣ, дар моҳи июли соли 1995 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Ашқобод ташриф оварда буд. Илова бар ин, барои ширкат дар ҷаласаи сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ моҳи апрели соли 1999 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сафари корӣ анҷом дод. Соли 2007 дар муносибатҳои сиёсии ду давлат нақши муҳиме бозид, агар моҳи октябри соли 2007 собиқ Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ба шаҳри Душанбе ташриф оварда бошад, пас моҳи декабри соли 2007 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз пойтахти Ҷумҳурии Туркманистон шаҳри Ашқобод боздид намуд.

Бо назардошти ҳолати воқеии кор дар ҷаласаи навбатии роҳбарони ду давлат, ки 2 ноябри соли 2017 дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, 13 санади нав имзо шуд. Сарони давлат дар фазои дӯстона ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷониба, масоили кунунии байналмилалӣ ва минтақавӣ ва манфиатҳои тарафайнро муҳокима карданд. Онҳо ҳамкориҳои устувори Тоҷикистону Туркманистонро дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, гуманитарӣ ва дигар бахшҳои дуҷониба қайд намуданд.

Роҳбарони ду кишвар барои таҳкими минбаъдаи шарикии дуҷониба ба манфиати ҳар ду давлат изҳори омодагӣ карданд. Сарони давлатҳо зарурати ҳамкориро дар доираи созмонҳои байналмилалӣ, ки онҳо аъзои он мебошанд, таъкид намуданд. Ҷонибҳо аҳамияти Созмони Милали Муттаҳид ва муассисаҳои онро ҳамчун василаи универсалӣ дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ, таъмини рушди устувор, таҳкими амният ва субот дар ҷаҳон тасдиқ карданд.

Сарфи назар аз вазъи иқтисодӣ президентҳо барои густариши робитаҳои иҷтимоию иқтисодии ду кишвар изҳори ҳавасмандӣ намуда, барои минбаъд такмил додан ва татбиқи самтҳои нави ҳамкорӣ изҳори ақида намуданд.

Тарафҳо идомаи муколамаи сиёсиро дар сатҳи олӣ, инчунин баргузории мулоқотҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Туркманистон ва муайян намудани дурнамои рушди минбаъдаи онҳоро баррасӣ карданд. Минбаъд Президентҳои Туркманистон ва Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов Эъломияи муштаракро дар бораи шарикии стратегӣ ба имзо расониданд. Пас аз анҷоми музокирот, ҳуҷҷатҳои зерин ба имзо расид:

- созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон оид ба принсипҳои андозбандӣ оид ба содирот ва воридоти мол, иҷрои кор ва хизматрасонӣ;

- ҳамоҳангсозии ҳукуматҳои Тоҷикистону Туркманистон оид ба ҳамкории дарозмуддати тиҷоратию иқтисодӣ;

- аз ҷониби ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Туркманистон оид ба эътирофи мутақобилаи дипломҳо дар соҳаи маориф;

- созишномаи байни ҳукуматҳои Тоҷикистону Туркманистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ;

- аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи мудофиаи гражданӣ, пешгирӣ ва барҳам додани оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда;

- созишнома миёни ҳукуматҳои Тоҷикистону Туркманистон оид ба эътирофи муштараки литсензияҳо барои фаъолияти сохтмонӣ;

- техникаи ҳамкорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон дар соҳаи фарҳанг ва санъат барои солҳои 2018-2020;

-протоколи тағйиру иловаҳо ба созишномаи байни ҳукуматҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон оид ба сохтмони биноҳои мактаби миёнаи ба номи Махтумқулӣ дар иттиҳодияи деҳқонии ба номи Эргаш Султонов дар ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- созишномаи байни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ҳокимияти шаҳри Ашқобод дар бораи эълони бародаршаҳрҳои Душанбе ва Ашқобод;

- созишномаи байни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Лебапскии Туркманистон дар бораи ҳамкориҳои илмӣ-техникӣ, фарҳангӣ, тиҷоративу иқтисодӣ;

- Меморандум байни КВД «Тоҷикинвест» дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди саноатчиён ва соҳибкорони Туркманистон.

Бо назардошти муносибатҳои дуҷонибаи мавҷуда, миёни ду кишвар ва дар асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқии мутақобила зарур аст, ки густариши ҳамкориҳоро дар самтҳои зерин ба роҳ монд:

- парвозҳои мустақим байни ҳар ду пойтахт;

- ҷорӣ кардани барномаи электрофикатсионии мавҷуда ва роҳҳои оҳани нав сохташаванда;

- истифодаи технологияи инноватсионӣ ва дар асоси он ба роҳ мондани истеҳсоли энергияи алтернативӣ;

- ҷалби сармояи Туркманистон дар сохтмони нерӯгоҳҳои хурд ва миёна;

- истифодаи таҷрибаи мутахассисони Туркманистон дар соҳаи нафту газ дар Тоҷикистон;

- ҳавасмандкунии сармоягузорони Туркманистон барои бакорандозии захираҳои тилло;

- ташкили корхонаҳои муштарак барои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ;

- истифодаи таҷрибаи туркманҳо дар рушди асппарварӣ;

- ташкил намудани корхонаҳои муштараки нақлиётӣ;

- барқарор намудани алоқаҳои зич байни Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи илмҳои Ҷумҳурии Туркманистон дар соҳаи истифодаи муштараки моҳвора;

- бо адабиёт таъмин намудани хонандагони туркманзабони Тоҷикистон;

- ба роҳ мондани робитаҳо байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Ҷумҳурии Туркманистон дар соҳаи мубодилаи донишҷӯён ва тайёр кардани кадрҳо.

Миллати куҳантамаддуни тоҷик ва туркман соҳибистиқлоланд, ҳамвора илм ва фарҳанги худро аз нав таҷдид намуда, риштаҳои дӯстиро бо риштаҳои ҷон пайваста ба уфуқҳои зарҳалину баланди фардо дида медӯзанд ва асрҳоро бо наслҳо мепайванданд.

Моҳи майи соли 2023 сафари давлатии Президенти Туркманистон муҳтарам Сердар Бердимухаммедов ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт.

Дар чаҳорчӯби сафари давлатии Президенти Туркманистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Туркманистон баргузор шуд ва баррасии масоили ҳамкории ду кишвар дар мулоқоти хоссаи Сарони давлатҳои Тоҷикистону Туркманистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Сердар Бердимухаммедов оғоз гардида, бо иштироки ҳайатҳои васеи ду давлат идома ёфт.

Дар мулоқот, ки дар фазои дӯстӣ ва ҳусни тафоҳуми комил сурат гирифт, Сарони давлатҳо доираи васеи муносибатҳои байнидавлатии ду кишварро муфассал баррасӣ намуда, оид ба масъалаҳои мубрами муносибатҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор намуданд.

Дар оғози ҳамин мулоқот Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Туркманистон муҳтарам Сердар Бердимухаммедовро ба Тоҷикистон самимона хайрамақдам гуфта, аҳамияти робитаҳои мунтазами сиёсӣ дар сатҳи оливу баланд ва нақши калидии онҳоро дар пешбурди пайвастаи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Туркманистон таъкид карданд. Ҳамзамон изҳори боварӣ карда шуд, ки сафари давлатии Сарвари давлати дӯст ба Тоҷикистон ба рушди тамоми маҷмӯи ҳамкориҳои ду кишвар такони нав хоҳад бахшид.

Президенти мамлакат иброз доштанд, ки тайи сӣ соли равобит муносибатҳои Тоҷикистону Туркманистон дар бисёр соҳаҳо фаъолона рушд карда, ҷонибҳо дар таҳкими ҳамкориҳои худ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардиданд.

Зимни мулоқот масъалаи рушди устувори ҳамкории ду кишвар дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, фарҳангӣ, гуманитарӣ ва дигар соҳаҳои ҳамкорӣ муҳокима гардид.

Тавсеаи фаъоли ҳамкории байнипарлумонӣ ҳамчун ҷузъи муҳимми маҷмуи робитаҳои гуногунҷанба арзёбӣ гардид.

Масъалаҳои ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ба таври муфассал баррасӣ шуда, ҷонибҳо дар бораи андешидани чораҳои зарурӣ ҷиҳати рушди минбаъдаи ин ҷанбаи муносибатҳо ба мувофиқа расиданд.

Дар ин замина, ҷонибҳо ба чунин самтҳои ҳамкорӣ, аз қабили кооператсияи саноатӣ, бахшҳои энергетика ва кишоварзӣ, нақлиёт ва коммуникатсия таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.

Таъкид гардид, ки дар соҳаи кооператсияи саноатӣ барои амалисозии лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои саноати сабук, истеҳсоли масолеҳи бинокорӣ ва металлургия ва таъминоти мутақобилаи ашёи хом имкониятҳои зиёд мавҷуд аст.

Дар бахши нақлиёту транзит масъалаи аз ҷониби сохторҳои давлатӣ ва тиҷоратии Тоҷикистон босамар истифода кардани имконоти транзитии Туркманистон ҷиҳати ҳамлу нақли бор баррасӣ шуд.

Ҷонибҳо дар рафти мулоқот ба масъалаи муносибатҳои ду кишвар дар бахши гуманитарӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда, ҷиҳати густариши минбаъдаи робитаҳо дар соҳаҳои фарҳанг, маориф, илм, варзиш, сайёҳӣ андешаронӣ намуданд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо доир ба маҷмуи масъалаҳои мубрами дорои хусусияти минтақавӣ ва байналмилалӣ ба таври муфассал мубодилаи афкор анҷом доданд.

Ҳамчунин зимни вохӯрӣ робитаҳои фаъоли ҷонибҳо дар чаҳорчӯби сохторҳои бисёрҷониба таъкид гардид.

Президенти мамлакат ба ҷониби Туркманистон барои дастгирии фаъол аз ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи об ва иқлим изҳори сипос карданд.

Дар рафти мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Туркманистон ҳамчунин ҷонибҳо оид ба масоили дигари мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯйи судманд анҷом доданд.

Дар рафти вохӯриҳои охир роҳбарони давлат ба масъалаҳои мубрамияти иқтисодиёт таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.

Ҳамин аст, ки шарикии бомуваффақият байни ҳар ду кишвар дар соҳаи нақлиёти байналмилалӣ ва нақлиёти роҳи оҳан таъсис дода шудааст. Моҳи сентябри соли 2013 самти чоруми интиқоли гази Туркманистон-Хитой ба мувофиқа расид. Интизор меравад, ки филиали нави газ, аз ҷумла тавассути қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон гузарад. 6 июни соли 2014 дар шаҳри Атамурат маросими оғози сохтмони роҳи оҳани "Туркманистон - Афғонистон - Тоҷикистон» баргузор гардид, ки сохтмони он барои баланд бардоштани суръати рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва шукуфоии минтақа мусоидат мекунад. Дастовардҳо дар соҳаи ҳамкориҳои фарҳангӣ низ назаррасанд.

Дар рафти вохӯрӣ сарони давлат воқеан ҳам паст гардидани гардиши савдоро қайд намуданд. Имрӯз Тоҷикистон аз Туркманистон кокс, маҳсулоти нафтӣ, равған ва дигар ашёро харидорӣ мекунад. Туркманистон аз Тоҷикистон молҳои истеъмолӣ, алюминий ва молҳои аз он истеҳсолшуда ва дар баъзе ҳолатҳо маҳсулоти кишоварзиро низ ворид менамояд. Ҳаҷми муомилоти мол миёни ду кишвар тамоюли афзоиш ёфта, дар соли 2021 он беш аз 18,1 миллион долларро ташкил дод, ки ин рақам нисбат ба соли 2020 2,7 маротиба бештар аст [6, с.31].

Бо вуҷуди ин ҳама ҳамкориҳо, то ҳол, сарфи назар аз иқтидори бузург ва имконоти ду кишвар дар мақомоти дахлдори Туркманистон ва Тоҷикистон ҳамкории як қатор вазорату идораҳо ва шахсони алоҳида ба қайд гирифта нашудааст.

Бо мақсади ҳамкориҳои дуҷонибаи иқтисодӣ ва тиҷоратӣ ба сатҳи сифатан нави тараққиёт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон зикри зарурати беҳтар кардани назорат аз болои татбиқи қарорҳои дар доираи Комиссияи байниҳукуматии муштараки Тоҷикистону Туркманистон оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва илмӣ-техникиро таъкид намуданд. Ҷонибҳо аҳамияти татбиқи сохтмони роҳи оҳани «Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон»-ро, ки яке аз лоиҳаҳои асосии нақлиётӣ дар минтақа ба шумор меравад, баррасӣ намуданд. Президентҳо аҳамияти рушди минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи истифодаи оқилонаи захираҳои об ва барқро таъкид карданд. Дар ин сафар ҳар ду ҷониб аҳамияти имзои як қатор асноди марбут ба пешрафти самтҳои мушаххаси ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, гуманитарӣ ва дигар бахшҳо, инчунин ба рушди ҳамкорӣ миёни минтақаҳои Туркманистон ва Тоҷикистонро таъкид намуданд.

Ҳуҷҷатҳои ба имзо расида ба таври назаррас, барои рушди минбаъдаи ҳамаҷонибаи ҳамкориҳои миёни ду кишвар, истифодаи самарабахши нерӯи онҳо ба манфиати бунёдии ҳар ду халқият тақвият мебахшад.

Сарони давлатҳо изҳори умед карданд, ки сафари мазкур ба рушди минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷониба дар асоси анъанаҳои дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва эътимод байни ду халқ мусоидат хоҳад кард.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва собиқ Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов аз натиҷаи ҷаласаи анъанавии Тоҷикистону Туркманистон, ки дар фазои боварӣ ва ҳусни тафоҳум баргузор гардид, изҳори қаноатмандӣ карданд [10].

Дар робита ба наздикии фарҳанг ва анъанаҳои миллӣ табодули гурӯҳҳои эҷодӣ мунтазам гузаронида мешавад. Дар соли 2010 дар Туркманистон Рӯзҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзҳои фарҳангии Туркманистон дар Тоҷикистон низ баргузор гардиданд. Моҳи июни соли 2013 дар арафаи маросими ифтитоҳи расмии сохтмони роҳи оҳани «Туркманистон-Афғонистон-Тоҷикистон" дар шаҳри Ашқобод ва Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Туркманистон баргузор шуданд. Ҳамчунин намоишгоҳҳои китоб ва ярмаркаҳои маҳсулоти кишоварзӣ ташкил карда шуд. Соли 2013 ба муносибати 20-умин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон дар Ашқобод ва Душанбе бо дастгирии сафоратҳои ду кишвар чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ бо ширкати дастаҳои эҷодӣ аз Туркманистон ва Тоҷикистон гузаронида шуд. Конфронси илмӣ, намоишгоҳҳои санъат, намоишҳои фурӯши маҳсулоти нассоҷӣ ва ярмаркаҳо ташкил карда шуданд. Ҳамчунин намоиши кинои Туркманистон дар Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ баргузор гардиданд.

Бо роҳбарии Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов  Туркманистон дар як фосилаи кӯтоҳи таърихӣ аз як кишвари аграрии пасошӯравӣ ба як кишаври афсонавии Осиёи Марказӣ табдил ёфт. Ҳангоми вохӯриҳои дуҷониба бо Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов дастовардҳои охирини миллати тоҷик, ки таҳти роҳбарии бевоситаи Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардидаанд, хело ҳам писанд омад. Бояд ёдовар шавем, ки моҳи марти соли 2010 собиқ Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов сафари корӣ ба Тоҷикистон анҷом дод.

Хотиррасон бояд кард, ки сафари расмии Президенти қаблии Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ба ҷашни иди Наврӯз рост омад. Аз қабули самимонаи Сарвари давлат ва мардуми тоҷик, инчунин аз ҷашнгирии бошукӯҳу шаҳомати иди миллӣ-байналмилалии Наврӯз ӯ ба ваҷд омада, миннатдории хешро ба сарвари давлат ва дар симои ӯ ба мардуми тоҷик иброз намуд.

Сафарҳои мутақобила барои боз ҳам наздик шудани сарони давлатҳо мусоидат намуда ба мустаҳкамтар гаштани дӯстию бародарии миёни ду кишвар замина мегузорад.

22-24 августи соли 2012 сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Туркманистон сурат гирифт. Баъдтар 5 декабри соли 2012 дар нишасти сарони ИДМ ва 20 марти соли 2013 ба муносибати таҷлили ҷашни иди Наврӯзи байналмилалӣ ва даъвати шахсии Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ашқобод ташриф овард.

Пас аз як сол 5-6 майи соли 2014 Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ба сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард [11].

Тавре маълум аст, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 4 августи соли 2023 дар шаҳри Ашқобод дар Нишасти сарони давлатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Туркманистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон иштирок намуданд. Дар ин нишаст сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Сердар Бердимухамедов ва Шавкат Мирзиёев масъалаҳои вобаста ба таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ дар самтҳои сиёсӣ, иқтисодиву тиҷоратӣ, энергетика, обу экология, нақлиёт ва дигар соҳаҳои мавриди манфиати муштаракро баррасӣ намуданд.

Пешвои миллат зимни суханронӣ рушди устувори муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории судмандро бо Туркманистон ва Ӯзбекистон ба сифати авлавияти сиёсати хориҷии Тоҷикистон таъкид намуданд. Дар ин робита иброз гардид, ки тавсеаи ҳамаҷонибаи минбаъдаи робитаҳои байнидавлатӣ ҷавобгӯи манофеи аслии мардумони се давлат буда, ба пойдории сулҳу субот ва амният дар Осиёи Марказӣ мусоидат менамояд.

Сарвари давлати мо ҳамзамон таъкид намуданд, ки ба шарофати фазои мусоиди сиёсӣ, ки тайи солҳои охир ташаккул ёфтааст, дар паҳнои Осиёи Марказӣ раванди фаъоли тавсеаи робитаҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ идома дорад, ки ба рушди устувори давлатҳо замина мегузорад.

Дар робита ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика ва обу иқлим Пешвои миллат изҳор доштанд, ки Тоҷикистон бо дарназардошти захираҳои бойи гидроэнергетикии худ ҳадаф гузоштааст, ки истеҳсоли энергияи «сабз»-ро рушд диҳад ва омода аст дар ин соҳа бо кишварҳои минтақа минбаъд низ ба таври фаъол ҳамкорӣ намояд. Зимни ҷалби таваҷҷуҳ ба тағйирёбии иқлим дар солҳои охир Президенти Тоҷикистон ба аҳамияти ибтикороти ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим ишора намуданд, ки ба манфиатҳои умум хизмат мекунанд ва аз пуштибонии ҷомеаи ҷаҳонӣ бархурдор мебошанд.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамзамон бо ин ба истифодаи босамари иқтидори се давлат дар бахши нақлиёт, ки метавонад минбаъд низ ба таъмини устувории иқтисодиёти миллӣ мусоидат кунад, даъват намуданд. Дар зимн Сарвари давлати мо аз ташаккули долонҳои тиҷоративу транзитии авлавиятнок дар самти шарқу ғарб ва шимолу ҷануби давлати мо, ки дорои аҳамияти байналмилалӣ мебошанд, ёдовар шуданд.

Аз рӯи натиҷаҳои Нишаст Эъломияи муштараки Сарони давлатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Туркманистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон қабул гардид.

Табиист, ки натиҷаи ҳамкориҳо миёни кишварҳои минтақа аз манфиат холӣ набуда, манофееро дар худ дорад, то дар сурати ҳамкорӣ намудан ҳам дӯстӣ қавӣ шаваду ҳам иқтисоду сиёсат тараққӣ кунад.

Гуфтан ба маврид аст, ки кишвари Тоҷикистон дорои захоири зиёди табиӣ буда, имкон дорад бо истифода аз захираҳои хом корхонаву коргоҳҳои ҳангуфте сохта ба истифода диҳад. Давлати Туркманистон низ кишвари саноатӣ ба ҳисоб рафта, дунболи машварату мулоқотҳои судманди ҷонибон имкони васее мавҷуд аст, ки корҳои зиёдро ба манфиати ҳар ду кишвар сохта ба истифода дод.

Ниҳоят, ҷиҳати рушду такомул бахшидани ҳамкориҳои судманди ин ду кишвар зарур аст, ки пешниҳоди зеринро ироа намоем:

Якум. Ҳамкорӣ дар масъалаи тарҷума ва нашри мақолаву китобҳои илмию адабии олимон ва адибони тоҷик ва туркман ба забонҳои тоҷикӣ ва туркманӣ.

Дувум. Ҳамкории олимони тоҷик ва туркманӣ барои омӯхтани таърих, вазъияти сиёсию иҷтимоӣ ва фарҳангии Давлати Туркманистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони муосир.

Савум. Тарҷума ва пахши филмҳои баландмазмуни туркманӣ ва тоҷикӣ дар телевизиони Туркманистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамзамон ташкили гӯшаи илмию фарҳангии туркманӣ дар донишгоҳҳои Тоҷикистон ва гӯшаи илмию фарҳангии тоҷикӣ дар донишгоҳҳои шаҳрҳои бузурги Туркманистон.

Чаҳорум. Мубодила ва намоиши китобҳои тозанашри тоҷикӣ ва туркманӣ дар китобхонаҳои ҳар ду кишвар бо ҳамин радиф боз кардани давраҳои омӯзиши забони туркманӣ барои мутахассисони тоҷик ва забони тоҷикӣ барои мутахассисони туркманӣ.

Панҷум. Пайгирию омӯзиши осори адабиётшиносони туркманӣ перомуни осори гузашта ва муосири тоҷик ва зиёрати марказҳои илмию адабии туркманӣ бо мақсади ҷустуҷӯии дастхатҳои осори муаррихон, олимон ва адибони форсу тоҷик дар он марказҳо ва китобхонаҳо.

Шашум. Даъвати олимони туркманӣ барои ошноӣ бо дастнависҳои осори туркману форсу тоҷик дар марказҳои илмию адабӣ ва китобхонаҳои Тоҷикистон ва ташкили ҳамоишҳои илмию адабии муштарак дар пажӯҳишгоҳҳои Тоҷикистон ва Туркманистон.

Ҳафтум. Ширкати мутахассисон ва олимони туркманшиноси тоҷик дар кору фаъолияти Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Туркманистон.

Ҳаштум. Гузаронидани ҷаласаҳои машваратӣ ва тадқиқотии муштарак дар соҳаи сиёсати хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ, Ховари Миёна ва Наздик. Анҷом додани баррасиҳои муштарак дар масъалаҳои доғи рӯзи мамлакатҳои Осиёи Марказӣ ва Ховари Миёна.

Нуҳум. Сохта ва ба истифода додани корхонаҳои саноатии хурду бузург дар ҳар ду кишвар.

Даҳум. Ба анҷом расонидани сохтмони роҳи оҳани байни Тоҷикистон, Туркманистон ва Авғонистон, ҳамзамон, фаъол намудани роҳи мошингарду хатсайри ҳавоии ҳар ду кишвар, ки мунтазам равуо дошта бошанд.

Ёздаҳум. Дар ҳамкорӣ бо ҳам коргоҳҳои коркарди ниҳолу растаниҳо ташкил гардад.

Дувозаҳум. Ташкили фермаҳои муштараки чорводорӣ, зотҳои чорвои калони шохдор ва майда, ҳамзамон ба парвариши аспҳои хушзот, ки дар ҳарду кишвар мутахассисони соҳа фаъолият доранд.

Бо дарназардошти сатҳи баланди робитаҳо ва азму иродаи роҳбарони сиёсии ду кишвар, мутмаинем, ки дар ояндаи наздик шоҳиди беш аз пеши ҳамкориҳо дар дигар бахшҳои илмиву фарҳангӣ ва сиёсиву иқтисодӣ хоҳем шуд.

Аз навгонию таҳаввулоти мусбат дар ҳамкории ду кишвар дар солҳои охир изҳори қаноатмандӣ карда шуда, ҳамкории ду кишвар дорои дурнамои умедбахш, хусусан дар соҳаҳои энергетика ва саноат, нақлиёту коммуникатсия, кишоварзӣ, илму фарҳанг ва сайёҳӣ арзёбӣ шудааст. Ҳамчунин, оянда таваҷҷуҳи зиёд ба густариши ҳамкории миёни соҳибкорони ду кишвар зоҳир карда шавад.

 

Адабиёт

  1. Оймаҳмадов Маҳмадамин. Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Душанбе – 2018. 262 саҳ.
  2. Сайидзода З.Ш., Нақши сиёсии Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон дар рушди босуботи Тоҷиткистон. / З. Ш. Сайидзода., А.С. Холов. – Душанбе: ҶДММ «Контраст», 2014. – 144 саҳ.
  3. Шарифзода А., Таджикистан -20. Под. ред. Саймиддинова Д., Фаттоева С./ А. Шарифзода., А. Асадов. –Душанбе: Ирфон, 2011. –195 с.
  4. Шарфзода А., 7 Соли Эмомалӣ Раҳмон (бо забони тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ). / А. Шарифзода., З. Қосимӣ. –Душанбе, 2013. - 366 саҳ.
  5. Ҳамрохон Зарифӣ Саҳифаи нави дипломатияи тоҷик. – Душанбе: Ирфон. 2015. – 160 с.
  6. Шарифзода Ф., Тоҷикистон-Туркманистон: Дӯстии собитшуда, шарикии боэътимоди стратегӣ ва уфуқҳои нави ҳамкорӣ. Муносибатҳои байналмилалӣ ва амният / Ф. Шарифзода, М., Абдуҷабборов 2023. № 1 (5). С. 31.
  7. Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрии Сарони давлатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Туркманистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон иштирок намуданд https://khovar.tj/2023/08/1peshvoi-millat-emomal-ra-mon-dar-voh-rii-saroni-davlat-oi-um-urii-to-ikiston-turkmaniston-va-um-urii-uzbekiston-ishtirok-namudand/
  8.   http://www.president.tj/node/21975 Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 26.12.2019 13:02, шаҳри Душанбе
  9. Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Туркманистон https://mfa.tj/tg/main/view/12620/muloqotu-muzokiroti-sathi-olii-tojikistonu-turkmaniston
  10. Таджикистан и Туркменистан подписали 13 новых документов о сотрудничестве http://avesta.tj/2017/11/02/tadzhikistan-i-turkmenistan-podpisali-13-novyh-dokumentov-o-sotrudnichestve
  11.  О правовом положении иностранных граждан в РТ https://www.mfa.tj/ru/moscow/konsulskie-voprosy/obrashchenie-fizicheskikh-i-yuridicheskikh-lits/o-pravovom-polozhenii-inostrannykh-grazhdan-v-rt

Умед Пудинаев, муҳаққиқ

БОЗГАШТ