ДУШАНБЕ АЗ ДИДУ НАЗАРҲОИ ДИПЛОМАТИЯИ ШАҲРӢ

Муаллиф: Раҳмонов Мирсаид

Расм

(ба истиқболи Рӯзи пойтахт)

 

 Тақриз ба китоби  “Муносибатҳои байналмилалии  минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” (Дар мисоли шаҳри Душанбе)

        Ҷумҳурии  Тоҷикистон ба мисли дигар кишварҳои дигари Осиёи Миёна  баъд аз барҳам ёфтани собиқ Иттиҳоди Шуравӣ,  санаи 9-уми сентябри соли 1991 соҳибистиқлолу худмухтории худро эълон кард.  Кишвари мо дорои таъриху тамаддуни бостонӣ буда, бо олимону донишмандону адибон ба мисли Рӯдакӣ, Айнӣ ва Турсунзода миёни кишварҳои ҷаҳон шинохту шаҳомат пайдо кардааст.

         Ҳамин  тавр,  Тоҷикистон дар давоми беш аз 35-соли Истиқлолияти давлатӣ  аз зинаҳои ибтидоии давлатдории миллӣ ба зинаҳои баланд расида, бо эҷоди мактаби сулҳу созандагӣ тавонист сиёсат, саноат ва иқтисоду тиҷорати худро таҳкиму тавсеа бахшида, робитаашро бо тамоми кишварҳои ҷаҳон барқарор созад. Мактаби сулҳу созандагии  Тоҷикистон ва ташаббусҳои ҷаҳонии он миёни тамоми кишварҳои олам мақоми хосаи худро дошта, аз ҷониби  давлату созмонҳо, аз ҷумла СММ чун намунаи нодир пазируфта шудааст. Забону адаб ва фарҳанги қадиму бостонии  кишвар аз ҷониби донишмандону муҳаққиқони дохиливу хориҷӣ пайваста  мавриди омӯзиш қарор  гирифта, асару китобу мақолаҳо ба нашр мерасад.

        Маврид ба зикр аст, ки тавсифу таърифи Тоҷикистон  дар осори бузургон аз ҷумла, устод Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода, Мирсаид Миршакар ва дигарон  хело хуб баён шудааст.  Ин кишвар бо минтақаҳои Осиёи Марказӣ, Осиёи Ҷанубӣ ва Осиёи Шарқӣ дорои пайванди ҷуғрофӣ дошта, дар чаҳорчубаи созмону ташкилотҳои минтақавиву байналмилалӣ ҳамкории дипломатӣ дошта, бо кишварҳои Афғонистон, Чин, Узбекистон ва Қирғизистон  ҳамсарҳад мебошад.

        Дар ин зимн, дар Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ аз ҷониби ходими пешбари илмии Шуъбаи Осиёи Ҷанубу Шарқии Институт ,номзади илмҳои таърих  Раҳмонзода Азимҷон Шералӣ китоби “Муносибатҳои байналмилалии  минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” (Дар мисоли шаҳри Душанбе)” дар ҳаҷми 144 саҳифа таҳия ва нашр гардид. Китоби мазкур иборат аз феҳристи ихтисорҳо, муқаддима, 4 боб ва хулосаву руйхати адабиёт буда, муаррифии Тоҷикистони муосир  ва равобити байналмилалӣ, ба  хусус сурату симои сиёсии шаҳри Душанбе бо зикри аҳамияти геополитикии минтақа ва дурномаи кишвар ва адабу фарҳангии мардуми тоҷик саҳми арзанда дошта, мавриди баррасӣ ва омӯзиш қарор дода шудааст.

        Муаллиф дурнамои ҳамкориҳои муносибатҳои байналмилалӣ ва  масоили муҳим ва мубрами Тоҷикистон дар раванди шаклгирии  ҷаҳони бисёрқутба ва мавриди таваҷҷӯҳ қарор дода, роҳҳои ҳал ва тавсияву пешниҳодҳо ироа гардидааст.

Маврид ба зикри хос  аст, ки китоб аз ҷониби муҳаққиқи ҷавону  фарҳангдӯст Азимҷон Раҳмонзода  бо назардошти таҳқиқоту тадқиқоти ихтисосӣ барои доираи васеи хонандагон, сиёсатшиносон, кишваршиносону мутахассисони равобити  кишварҳои ҷаҳон ва дипломатия  пешниҳод гардидааст. Муаллифи китоб дар асоси корҳои  таҳқиқотии худ нақши Тоҷикистон ба хусус пойтахти  он  шаҳри Душанберо хело хуб баррасӣ  кардааст, ки хонанда метавонад аз масоили сиёсиву дипломатӣ огаҳии илмӣ пайдо кунад.

Китоб зери таҳрири доктори илмҳои фалсафа Ҳайдарзода Рустам Ҷӯра ва тақризҳои илмии  докторҳои илмҳои сиёсӣ Ш.Каримов ва Н.Сангинов    рӯи чоп омадааст.

Китоби “Муносибатҳои байналмилалии минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” (Дар мисоли шаҳри Душанбе) бо феҳристи ихтисораҳо, муқаддима ва бобҳо  бар асоси равобиту муносибатҳои байналмилалии Тоҷикистон дар замони муосир таҳия ва мураттаб гардидааст.

Дар муқаддимаи китоб муаллиф низоми муносибатҳои байналмилалиро аз ибтидои асрҳои ХХ-ХХ1 шарҳу  эзоҳ дода, таъкид кардааст, ки он яке аз вазифаҳои асосии давлати муосир таъмини манфиатҳои миллӣ ва муносибатҳои босамари байналмилалӣ ба ҳисоб меравад. Ҳамин тариқ, ба андешаи муаллиф хусусиятҳои марҳалаҳои муосири тараққиёти Тоҷикистон дар рушди минтақаҳои гуногуни он, аз ҷумла  шаҳри Душанбе инъикос пайдо ёфтааст,зеро пойтахти кишвар бо шаҳру форумҳои ҷаҳонӣ шарикӣ  дошта, пайваста ҳамкориҳои  судмандро ба роҳ мондааст.

Бояд зикр кард, ки мутобиқи  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» аз 1 марти соли 2005 ҳамасола шанбеи сеюми моҳи апрел   Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе таҷлил  шуда, симову сирати пойтахт чун оинаи фарҳанг ва тамаддуни ҳар шаҳрванди ин сарзамин мавриди баррасиҳои хос қарор мегирад.  

Имрӯз Душанбе дар радифи даҳгонаи мавзеъҳои бехатар аз рӯи таъмини амнияти шабона дар ҷаҳон эътироф гардид. Пойтахти Тоҷикистон  бо якчанд шаҳрҳои дунё бародаршаҳр аст, ки  тавассути он Осиёи Миёнаро бо Осиёи Ҷанубӣ дар чаҳорчӯбаи ҷодаи бузурги Шоҳроҳи бузурги "Абрешим" пайванд намуда, дӯстиву ҳамдилӣ, тиҷорату саёҳат ва сулҳу суботро таҳким мебахшад.  Шаҳри Лоҳури Покистон  аввалин шаҳр дар Осиёи Ҷанубӣ мебошад, ки бо Душанбе аз соли 1973  бародаршаҳр аст. Дар давраи шоҳигарӣ  он маркази идоракунии умури давлатдорӣ буда, дар биноҳои қадимаи он навиштаҷот ба забони тоҷикӣ-форсӣ дида мешавад, ки робитаи адабӣ-фарҳангии Душанбеву Лоҳурро боз ҳам наздиктар мекунад.  

Муаллифи китоб шаҳри Душанберо чун намоди намунавии сиёсӣ нишон дода, дар доираи  сарчашмаву созмонҳои гуногун, аз ҷумла  СММ, ИДМ, СҲШ ва дигар ташкилоти байналмилаливу минтақавӣ ва ҳуҷҷатҳои расмии вазорату муассисаҳо нақшу барномаҳои созандаи пойтахтро бо далелу санадҳо баён намуда, ба  сокинону меҳмонони он маълумотҳои муфид ироа намудааст.

Боби якуми китоб “Муносибатҳои байналмилалӣ ҳамчун категорияи илмӣ ва падидаи иҷтимоӣ” ном гирифта, моҳият ва мазмуни он  хело хуб баён гардидааст. Принсипҳо, шаклҳо ва тамоюлҳои муосири рушди муносибатҳои байналмилалӣ низ мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Боби дуюми китоб “Методологияи  муосири таҳлил ва арзёбии муносибатҳои байналмилалӣ” ном гирифта, масъалаҳои мубрами методӣ ва асосҳои методологияи муосири  муносибатҳои байналмилалӣ дар раванди шаклгирии ҷаҳони чандқутба  маълумотҳо оварда шудааст.

Боби сеюми китоб “Ташкил ва татбиқи муносибатҳои иқтисодии байналмилалии шаҳри Душанбе” номгузорӣ шуда, асосу ҳуқуқҳои байналмилалии минтақаҳои Тоҷикистон, аз ҷумла шаҳри Душанбе ва авлавияту афзалиятҳои иқтисодии он бо далелу санадҳо,  маълумотҳои илмӣ фароҳам шудааст. Муаллифи китоб таъкид намудааст,ки рушди иқтисодӣ ва байналмилалии Душанбе ва  заминаҳои меъёрии  фаъолияти ҳуқуқии он хело фарогир буда,  роҳбарияти пойтахт ҳамкориро бо шарикони дохиливу хориҷӣ дар доираи дипломатияи фарҳангӣ  идома дода, таҳкиму тавсеа мебахшанд.

Ҳамин тавр, муаллифи китоб дар боби чаҳорум фаъолиятҳои байналмилалии шаҳри Душанбе ва моҳият ва мазмуни сиёсати хориҷии давлатҳои муосирро мавриди таҳлилу баррасӣ  қарор дода, масъалаҳои назариявиро роҷеъ ба  пойтахт бо овардани санаду  далелҳои муътамад дар доираи принсипу қонунҳои байналмилалӣ шарҳу эзоҳ  додааст.

Муаллифи китоб бо вуҷуди каму костаҳои дар китоб вуҷуд дошта, тавонист шаҳри Душанбе ва нақшу дурнамои онро  дар доираи санаду қонунҳо ва робитаву принсипҳои дипломатӣ моҳирона таҳқиқу баррасӣ қарор дода, бо зикри хулосаҳо ва пешниҳодҳои муносиб ва саривақтӣ ба ҳалли масоили мубрам дар раванди шаклгирии ҷаҳони чандқутбӣ  натиҷагирӣ намудааст.  Ҳамин тавр, муаллифи китоб  ҷанбаҳои таърихӣ ва муосир, мафҳум ва назария, таҷрибаи амалӣ ва фаъолияти байналмилалии шаҳри Душанберо хуб таҳлилу баррасӣ намуда, ишора кардааст, ки “дипломатияи шаҳрӣ”  ба яке аз корҳои муҳим ва афзалиятҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистон табдил ёфта, роҳандозии  чунин дипломатия ҷиҳати рушди робитаҳои дӯстона ва шарикӣ ба хотири таъмини рушд, некуаҳволии шаҳрвандон ба таври васеъ истифода мегардад.

Маврид ба зикри хос аст, ки Душанбе яке аз шаҳрҳои зебои Осиёи Миёна мебошад. Шаҳр дар водии Ҳисор дар баландии 750-930 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир аст.  Тибқи маълумоти бостоншиносон, ин шаҳр таърихи 2300-сола дорад. Номи имрӯзаи Душанбе соли 1676 нахустин бор дар номаи хони шаҳри Балх Субҳонқул Баҳодур ба подшоҳи рус Фёдор Алексеевич зикр шудааст. Дар таърих ёд мешавад, ки мардуми атрофи Ҳисор ҳар рӯзи душанбе ба яке аз деҳаҳои он, ки Душанбеи имрӯза қарор дорад, барои хариду фурӯш меомаданд ва ба ҳамин муносибат ин шаҳрро Душанбе меноманд. Душанбе соли 1925 ҳамчун пойтахти Тоҷикистони Шуравӣ ба худ мақоми шаҳрро гирифт ва аз соли 1929 то 1961 Сталинобод ном дошт. Аз соли 1961 дубора Душанбе  номгузорӣ шуд. Шаҳри Душанбе  бо шаҳрҳои  Санъо (Ҷумҳурии Яман), Лусака (Ҷумҳурии Замбия), Монастир (Ҷумҳурии Тунис), Лоҳур, Исломобод (Ҷумҳурии Исломии Покистон), Клагенфурт (Ҷумҳурии Австрия), Боулдер (Штатҳои Муттаҳидаи Амрико), Ройтлинген (Ҷумҳурии Федеративии Олмон), Мазори Шариф (Ҷумҳурии Исломии Афғонистон), Теҳрон , Шероз (Ҷумҳурии Исломии Эрон), Санкт-Петербург (Федератсияи Россия), Минск (Ҷумҳурии Беларус), Чиндао, Хайнан,  Урумчи, Сямэн (Ҷумҳурии Мардумии Чин), Анкара (Ҷумҳурии Туркия), Ашқобод (Туркманистон), Остона (Ҷумҳурии Қазоқистон), Боку (Ҷумҳурии Озарбойҷон) робитаҳои бародаршаҳрӣ бар-қарор намудааст.

Шаҳри Душанбе   бо 21 шаҳри давлатҳои қитъаҳои Осиё, Аврупо, Америка ва Африқо дар асоси созишнома ва дигар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ робитаҳои бародаршаҳрӣ истиқрор намуда, дорои  макону ёдгориҳои зиёдест, ки пайваста сайёҳон аз ин ҷо дидан менамоянд

Хулоса, Душанбе, яке аз марказҳои тамаддуни ҷаҳон ба ҳисоб рафта, мизбони чандин конфронсҳои дохиливу байналмилалӣ аст, ки пайваста  ҷаҳониёнро бо шиорҳои «Душанбе шаҳри сулҳу ваҳдат», «Душанбе маркази тамаддуни фарҳангӣ» ба дӯстиву бародарӣ ва дипломатияи фарҳангӣ даъват менамояд.

Китоби мазкур метавонад барои кормандони илмӣ, мутахассисони соҳа, аспирантону докторантҳо, магистрантҳо ва устодону омӯзгорони донишгоҳову марказҳои таҳқиқотии соҳавӣ ҳамчун дастури хуби таълимӣ дар шинохти низоми муносибатҳои байналмилалӣ, дипломатия ва сиёсатшиносӣ истифода гардад.

Хулоса,  китоби  мазкур ба муносибати таҷлил аз “Рӯзи пойтахт” туҳфаи  хубу  арзанда барои хонандагон, дӯстдорони илму адаб, дилбастагони масоили геополитикӣ ва низоми сиёсати хориҷӣ дар замони соҳибистиқлолии кишвар мебошад.

 

Раҳмонов Мирсаид

ходими калони илмии шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои  Осиё ва Аврупои АМИТ

БОЗГАШТ