АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

ДУШАНБЕ - МАРКАЗИ ҶАҲОНИИ СИЁСАТИ ОБ

Муаллиф: Шамсиддин Каримов

Расм

ДУШАНБЕ - МАРКАЗИ ҶАҲОНИИ СИЁСАТИ ОБ

Инак, бори чандум аст, ки намояндагони кишварҳои мухталиф ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ дар шаҳри зебои Душанбе гирд меоянд, то муҳимтарин масъалаҳои марбут ба амнияти саросарӣ ва таъмини рушди устуворро мавриди баррасӣ қарор бидиҳанд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки пойтахти кишварамон ба маркази шоиста ва маъруфи байналмилалии таҳия, баррасӣ ва қабули тасомим ва барномаҳои тақдирсоз мубаддал гаштааст.  Чунин аст яке аз дастовардҳои даврони Истиқлоли давлатӣ, ки обрӯву эътибор ва нуфузи Душанберо дар сатҳи ҷаҳонӣ ҷойгоҳи арзанда бахшида, мақом ва аҳамияти онро ҳамчун маркази сиёсии байналмилалӣ ба маротиб боло бурдааст.

Ин дафъа Душанбе меҳмонони Форуми байналмилалии зан ва обро, ки ҳадаф аз он дастгирии татбиқи ҳадафҳо ва вазифаҳои Даҳсолаи амал оид ба об мебошад, барои ҳаллу фасли масоили марбут ба об ва мақоми зан дар раванди инкишофи устувор пазироӣ дорад. Форуми мазкур дар доираи  конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба «Даҳсолаи байналмилалии об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» доир гардида, дар кори он намояндагони Муколамаи занони Осиёи Марказӣ, коршиносони соҳаи захираҳои об ва масъалаҳои баробарии гендерӣ, намояндагони Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок доранд. Дар маҷмӯъ ҳамоиши мазкур намояндагони 27 кишвари ҷаҳонро ба ҳам ҷамъ овардааст. 

Дар Душанбе доир гардидани чунин чорабинии муҳими сатҳи байналмилалӣ бесабаб нест. Ибтикороти пайвастаи пойтахти Тоҷикистони соҳибистиқлол ва махсусан ташаббусҳои арзишманди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонн муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба истифодаи босамари об ва захираҳои он, ҳифзи муҳити зист ва махсусан пиряхҳо дар арсаи ҷаҳонӣ маъруф ва аз тарафи СММ ба таври шоиста эътироф ва дастгирӣ шудаанд. Бо пешниҳоди бевоситаи Пешвои муаззами миллат соли 2025-ро эълон кардани “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо" аз тарафи Маҷмаи умумуии СММ ба таърихи 14 декабри соли 2022 ба раванди об ва баррасии он ҳамчун механизми муассири пешгирӣ аз низоъҳои номатлуб ва таъмини рушди устувор мусоидат намудааст.

Душанбе имрӯз пешбар ва пештози сиёсати об дар сатҳи ҷаҳонист ва ин мақом ва нақши боризи онро метавон ҳамчун бузургтарин дастоварди даврони истиқлолият ва камолоти сиёсии он баррасӣ намуд ва ифтихор кард.

КАРИМОВ Ш.Т.,

доктори илмҳои сиёсӣ,

сарходими илмии Шуъбаи

ШМА ва Канадаи Институти

омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё  ва Аврупои

Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон  

БОЗГАШТ