ЭҲДО БА МУҲТАРАМ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ

Муаллиф: Сангинзода Дониёр

Расм

Ҷавоне, ки ҷавонони ватанро раҳкушо бошад,

Чу фарри Рустами Дастон  мар ӯро зиё бошад.

Касе муҳтоҷу мазлум аст, аз хайраш шавад хурсанд,

Ба ҳар кас дӯсти бинмуд, сидқаш доимо бошад.

Замони шаҳрдори равнақи ҳар соҳа боло рафт,

Вуҷудаш тоза, дил поку бари аз кинаҳо бошад.

Ба ҳангоми ҷавони ибрате шуд баҳри ҳар раҳбар,

Ҳалиму меҳрубону сахтгири корҳо бошад!

Фақат хидмат ба мардум мекунад – ин тӯҳфаи ирсӣ!

Ба хислат ботаҳаммул,  ҷиддӣ, пок аз ҳар риё бошад.

Ҳакимона хамӯш аст ӯ, ҳақиқатро парастишгар,

Далер асту баазму  ҷои ӯ дар дидаҳо бошад!

Ба панди қиблагоҳаш ҳаст содиқ доимо аз ҷон,

Зиҳи фармонбаре, к-аз бахт ҳоди Пешво бошад!

Бигӯяд Дониёр аз қалб, пайрав бош бо ин мард!

Дуогӯем доим мо:  нигаҳбонаш Худо бошад!

                                                  Дониёр Сангинӣ

БОЗГАШТ