АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

«ЁДДОШТҲО»-И УСТОД АЙНӢ БА ЗАБОНИ АРАБӢ

Муаллиф: Мардонӣ Тоҷиддин

Расм

Дар арафаи ҷашни 100 - солагии устод Садриддин Айнӣ нашрияҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва кишварҳои аҷнабӣ як силсила асарҳои безаволи ӯро таҷдиди табъ намуданд, ки ин кор барои амиқтар ошно гардидани доираҳои васеи хонандагони тамоми ҷаҳон бо эҷодиёти қофиласолори адабиёти яке аз халқҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ -тоҷикон - саҳми арзандае буд. Тавассути асарҳои тарҷумашудаи устод Айнӣ хонандагони ин кишвари паҳновари сермиллат ва хонандагони хориҷӣ бо таъриху фарҳанги бой, вазъияти иҷтимоию иқтисодӣ, тарзи зиндагонӣ, урфу одат ва расму оини халқи тоҷик шинос шуда, аз ҳаводиси мураккабу фоҷиабори даврони гузаштаи начандон дур бохабар мегаштанд.

Асарҳои устод Айнӣ ба як қатор забонҳои Шарқ, аз ҷумла ба забони арабӣ, тарҷума ва нашр шудаанд. Масалан, тарҷумаи муҷази арабии ҳикоёти мунтахаби «Ёддоштҳо» якҷоя бо қиссаи «Марги судхӯр» зери унвони умумии «Бухоро» соли 1957 дар Бейрут чоп шудааст.[1]

Соли 1978 нашрияи москвагии «Прогресс» маҷмуаи мунтахаберо аз асарҳои Айнӣ ба забони арабӣ таҳия намуда, чун туҳфаи гароне ба ҷашн ва ба ҳаводорони адабиёт дар мамлакатҳои арабӣ пешкаш кард. Ин китоб «Бухоро» ном дошта, аз ду қисм иборат буда, порчаҳоеро аз «Ёддоштҳо» ва мухтасари қиссаи «Марги судхӯр» дарбар мегирад.[2] Шояд ин ҳамон китобе бошад, ки соли 1957 дар Бейрут аз чоп баромадааст. Вале дар ягон ҷо номи тарҷумон зикр нагардидааст.

Бояд эътироф кард, ки қатъи назар аз мавҷудияти тарҷумаҳои зиёди асарҳои устод Айнӣ ба забонҳои дигар дар адабиётшиносии мо онҳо пурра ҷамъоварӣ нашуда ва танзим наёфтаанд. Бинобар ин, сифат, бурду бохт ва таъсири онҳо ба ҷараёни адабии кишварҳои хориҷӣ то ҳол тадқиқоте анҷом дода нашудааст. Ин ҳолат дар кори омӯзиш ва муқоисаи тарҷумаҳои арабӣ низ ба чашм мерасад. Албатта, ин кор хеле душвор аст, зеро аксари тарҷумаҳои аврупоӣ ва шарқии осори устод Айнӣ аз рӯи тарҷумаҳои русӣ ба амал бароварда шудааст. Тарҷумаи мазкури арабӣ низ дар асоси тарҷумаи русии «Ёддоштҳо» ва «Марги судхӯр» сурат гирифтааст.

Китоби номбурда бо сарсухани узви пайвастаи АИ Иттиҳоди Шӯравӣ, президенти собиқи Академияи илмҳои Тоҷикистон М. С. Осимӣ оғоз ёфта,[3] дар он шуҳрати адабиёти классикии форсӣ-тоҷикӣ, таъсири он ба эҷодиёти суханварони номии ҷаҳон Монтеске, Гейне, Пушкин, Толстой, Мицкевич, Гюго, Блок ва дигарон, саҳми намояндагони халқҳои гуногуни Шарқ дар рушду камоли он, таҷассуми беҳтарин анъанаҳои ин адабиёт дар эҷодиёти устод Айнӣ ёдрас карда мешавад. «Садриддин Айнӣ,- менависад М. С. Осимӣ, - танҳо ворис ва ривоҷдиҳандаи анъанаҳои ин адабиёти классикӣ набуда, ба он рӯҳ ва ҳастии тозае бахшидааст ва бо асарҳои худ мероси тамаддуни гузаштаро бо маданияти асри нави сотсиалистӣ пайваст намудааст».[4]

Дар сарсухани муҷази пурмазмун инчунин ҳаёт ва эҷодиёти устод Айнӣ, ҳодисаҳои муҳимтарини таърихию иҷтимоӣ ва адабии замони ӯ, нақши бузурги инқилоби соли 1917 рус дар дигаргуншавии тақдири нависанда ва умуман халқи тоҷик, таъсиргирии ӯ аз мероси ғании суханварони пешқадами рус, алалхусус П. М. Горький ва яке аз саромадони реализми сотсиалистӣ дар адабиёти сермиллати шӯравӣ гардидани ӯ ба таври возеҳ баён карда шудааст. Сипас, мухтасаран тавсифи асарҳои бадеии мансур ва манзум, тадқиқотҳои пурарзиши илмию адабӣ, мақолаҳои публитсистии устод Айнӣ дода шуда, доираи васеи фаъолияти адабӣ ва илмию ҷамъиятии нависандаи бузург, дар эҷодиёти ӯ инъикос ёфтани орзуву омоли халқҳои дар давраи феодалӣ азияткашидаи Осиёи Миёна, хусусан тоҷикону узбекон ва интернатсионалисти матин будани ӯ бори дигар таъкид карда мешавад.

Метавон гуфт, ки сарсухани М. С. Осимӣ барои тасаввуроти ҳаматарафа пайдо кардани хонандагони араб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти эҷодии устод Айнӣ чун шиносномаи барҷаста хизмат мекунад.

Қисми аввали китоб тарҷумаи арабии 31 ҳикояи нахусти «Ёддоштҳо»-ро фаро гирифтааст, ки дар он айёми бачагии устод Айнӣ то давраи барои таҳсил ба Бухоро рафтанаш тасвир ёфтааст. Бояд гуфт, ки дар тарҷума мазмуни ҳикояҳо ва рангинии баёни нависанда асосан ифода карда шудааст. Мутарҷим баъзе калимаҳои хоси забони тоҷикиро ки дар тарҷумаи русӣ низ ба кор рафтааст, истифода намуда, дар поварақ онҳоро шарҳ додааст. Инчунин, агар номҳои шахсони маъруф ё ҳодисаи намоёни замон зикр ёфта бошад, ҳатман тавзеҳ дода шудааст. Вале дар мавриди оварда шудани мақолу зарбулмасалҳо мутарҷим муродифҳои арабии онҳоро наҷуста, мазмунан тарҷума кардааст. Бешубҳа, тарҷумаи бадеӣ кори меҳнатталаб буда, истеъдод ва тахайюлоти махсус ва дониши васеъро тақозо менамояд. Дар тарҷумаи мазкур кӯшишу ғайрат ва маҳорати адабии мутарҷим ҳис карда мешавад. Мо дар ин масъала муваффақиятҳои мутарҷим ва аҳамияти калони ин тарҷумаро инкор накарда, ҳоло танҳо ба баъзе норасоӣ ва камбудиҳое, ки дар он содир шудааст, ишора карданӣ ҳастем. Аммо пеш аз он бояд гуфт, ки дар муқаддимаи китоб дар натиҷаи беэътиноии мутарҷим ё муҳаррирони нашрия як қатор ғалатҳо ва таҳрифоти авфнопазир дар навишти номҳои шахсони таърихӣ, адибони машҳури гузашта, мавзеъҳои ҷуғрофӣ ва ғайра рӯй додааст. Дар ин ҷо мо шумораи саҳифаҳоеро, ки дар онҳо баъзе хатову иштибоҳоти матни арабии тарҷумаро байни қавсайн нишон хоҳем дод. Масалан, номи устод Рӯдакӣ, ки аз рӯи сарчашмаҳои арабизабони асрҳои миёна ва тадқиқотҳои имрӯза ба мутахассисон ва хонандагони араб маълум аст, дар тарҷума тамоман таҳриф ёфта «Ризокӣ» навишта шудааст, (ро, зод, алиф, коф, ё), (саҳ. 8). Ҳамчунин номҳое, ки аслан арабӣ буда, навишти онҳо дар ҳама ҷо якхела аст, нодуруст китобат шудааст. Масалан, Саъдӣ, «Саодӣ» (саҳ. 8), Восифӣ-Васифӣ (саҳ. 8), Навоӣ-Нофуӣ (саҳ. 8), сурат гирифтааст. Тахаллуси Аҳмади Дониш-Дуниш гардида, унвони асари машҳури ӯ «Наводир ул-вақоеъ» «Аҳдос ан-нодира» (саҳ. 4) тарҷума шудааст. Ба ғайр аз ин номҳои Муқаннаъ-Муқанно (яъне, дар охир ба ҷои ҳарфи «айн», «алиф» омадааст (саҳ. 8). Ин қабил иштибоҳу таҳрифот барои ҳосил намудани маълумоти дурусту аниқ дар бораи адибони гузаштаи форсу тоҷик ва ашхоси таърихӣ, бешубҳа, халал мерасонад.

Дар тарҷумаи ҳикояҳо ҳам як чиз ба назар мерасад, ки мутарҷим дар сабти номҳои мавзеъҳо, исмҳои хос ва баъзе ашё ба хатоҳо роҳ додааст. Сабаб дар он аст, ки ӯ забони тоҷикиро намедонист ва тарҷумаи русии «Ёддоштҳо» ва «Марги судхӯр»-ро ба асос гирифта, ҳангоми арабӣ гардондани матн ҷо-ҷо калкаи[5] бевоситаи русиро ифода намудааст, ва ҳатто арабӣ будани баъзе номҳоро пай набурда, онҳоро дар ҳамон шакли русӣ овардааст. Масалан, номи Қутбия-Кутбия, бо «коф» ва «то» навишта (62), Абдушакурро-Абдушшукр (65), Раҳими қандро ҳама ҷо Раҳимӣ (177), Ҳамроҳро-Хомрох ё Хомроххон (17,18), мулло Деҳқонро-мулло Декан (18,136), Холиқро-Ҳолик (228), ва ғайра сабт намудааст.

Номҳои мавзеъҳоро низ мутарҷим аз шакли талаффузи русӣ гирифта, дар арабӣ таҳриф намудааст. Масалан, номи мавзеи Ғиждувонро-Ғишдуфан ва Шофиркомро ҳама ҷо Шофрикон навишта (саҳ.14 ва ғайра), ибораи «сайидони Шофирком»-ро чун «абно Саид Шофрикон» (14), «писарони Саид Шофрикон» тарҷума кардааст, ки ғалат аст. Деҳнавро-Дихнов, номи деҳаи Рубоҳоро- Рубаха навиштааст.

Мутарҷим дар матни тарҷумаи арабӣ баъзан калимоти русиро бевосита бе шарҳу тафсир истифода бурдааст. Аз ҷумла дар матни асли «Ёддоштҳо» масофа ба «фарсах» нишон дода шудааст. Дар тарҷумаи русӣ ҳамон «фарсах» бо калимаи русӣ «верста» ифода ёфтааст. Ҳамин калима ба тарҷумаи арабӣ низ интиқол ёфтааст (саҳ. 3,14,16 ва ғайра). Ҳамчунин калимаҳои русии «десятина» («даҳяк») (86), «самовар» (86), «золотник» (166), «аршин» (164), мустақиман ба матни тарҷумаи арабӣ гузаронида шудаанд.

Баъзан дар тарҷумаи арабӣ калимаву ибороте истифода шудаанд, ки хеле ғариб менамоянд. Масалан, калимаи «ал-арзҳол», ки шояд маънии «тарҷумаи ҳол»-ро дошта бошад (71). Калимаҳои «тинғе», «тинғат» (саҳ. 29, 74, 103, 112, 233 ва ғайра), ба маънии танга (пул) ва «шит», ба маънии як навъи матоъ калимаҳои таҳрифшудаи тоҷикӣ мебошанд, ки дар ин ҷо ба хонанда душворфаҳм менамояд.

Дар ибтидои «Ёддоштҳо» устод Айнӣ нақл мекунад, ки дар деҳаи Соктаре масҷиде буд, ки саҳаргоҳон дар он ҷо калонсолон ҷамъ шуда, зикру дуо мехонданд. Дар тарҷумаи арабӣ гуфта шудааст, онҳо «Сират ан-наср» мехонданд, вале чи будани он маълум нест. Эҳтимол меравад, ки мӯйсафедон дар масҷиди деҳа «Авроди фатҳия» ном вирду зикру дуоҳоеро мехонданд, ки ба қалами Сайидалии Ҳамадонӣ тааллуқ доштааст.

Дар тарҷумаи ҳикоёти мунтахаби «Ёддоштҳо» баъзан нуқсонҳои дигар низ вуҷуд дорад ва муқоисаи асли тоҷикии асар бо тарҷумаҳои русӣ ва арабии он хеле ҷолиб ба назар мерасад, ва ин корро танҳо адабиётшиносу муҳаққиқе ба ҷо оварда метавонад, ки забонҳои тоҷикӣ, арабӣ ва русиро ба дараҷаи хуб донад. Ва ин кор сазовори он аст, ки мавзуи тадқиқи ҷудогонаи мустақил қарор гирад.

Дар боло зикр шуда буд, қисми якуми китоби «Бухоро», ки мавриди баҳси мост, аз мунтахаби ҳикоёти «Ёддоштҳо» иборат буда, зери унвони «Дар деҳа» чоп шудааст. Қисми дуюми он повести «Марги судхӯр»-и устод Айниро фаро гирифтааст. Ин қисм ҳам дар қатори равонию содагии баён ва ҳусну шевоии забони тарҷума низ дорои норасоиву камбудиҳои шабеҳи камбудиҳое мебошанд, ки дар ҳикоёти қисми якум ба назар расидаанд. Вале ба назари мо, калонтарин иштибоҳе, ки мутарҷими араб роҳ додааст, ин хато сабт кардани номи қаҳрамони асосии «Марги судхӯр» Қорӣ Исмат мебошад. Мутарҷим лақаби ӯро аз навишти матни тарҷумаи русӣ «Кори-Ишкамба» гирифта, «Кури-Ишкамба» сабт намудааст, (к, вов, ро, и). Ӯ пай набурдааст, ки ҷузъи аввали ин калимаи таркибӣ аслан арабӣ аст, яъне «Қорӣ» аз «қироат» сарчашма мегирад.

Дар оғози ҳамин мақола зикр шуда буд, ки тарҷумаи арабии як қатор ҳикоёти «Ёддоштҳо» бо номи умумии «Бухоро» соли 1957 дар Бейрут ба нашр расида буд. Тарҷума ба қалами Амид Абусаъд тааллуқ дошт. Азбаски дар китоби мавриди баҳси мо номи мутарҷим зикр нашудааст, гумон меравад, ки нашрияи «Прогресс» ҳамон чопи лубнонии «Бухоро»-ро бе зикри номи тарҷумон таҷдиди табъ кардааст.

Зикр наёфтани номи тарҷумон дар нашри тарҷумаи «Ёддоштҳо» соли 1978 боиси он гардидааст, ки яке аз адабиётшиносони араб, устоди факулати забон ва адабиёти Донишгоҳи Бағдод Ҷалил Камолуддин, ки дар бораи ҳаёт ва эҷодиёти устод Айнӣ аввал як мақола[6] ва пас аз чанде мақолаи хеле ҷолиби дигар навишта,[7] дар маҷаллаҳои Ироқ ба табъ расондааст, муаллифи сарсухан ба китоби мазкур - Муҳаммад Сайфиддинович Осимиро - мутарҷими арабии он пиндоштааст.[8]

Бо вуҷуди норасоиву камбудиҳо дар тарҷумаҳои арабии асарҳои устод Айнӣ онҳо ҷузъӣ буда, аҳамияти адабию бадеии он асарҳоро каму коста намекунанд. Баръакс, онҳо нишон медиҳанд, ки адабиётшиносон ва мутарҷимон дар кори тарҷумаи таълифоти бузургоне мисли устод Айнӣ ба ҳар забоне, ки бошад, хоссатан ба забони арабӣ, эҳсоси масъулияти баланд зоҳир намоянд, бо дилсӯзӣ ва ғамхорӣ муносибат кунанд, зеро мутарҷимон, бино бар қавли А. С. Пушкин, аспони боркашанд, ки бори гарони таъриху фарҳанги  як халқро бо эҳтиёт ба халқҳои дигар бурда мерасонанд.

 

ҶАЛИЛ КАМОЛУДДИН

(Ироқ)

(Аз арабӣ тарҷумаи

Тоҷиддин Мардонӣ)

 

 


[1] С. Айнӣ. Бухоро. Тарҷамаҳо ила-л-арабия Аҳмад Абусаъд.- Бейрут. 1957.

[2] С. Айнӣ. Бухоро. ат- Тарҷума ила-л-луғат ал-арабия,- Муску: Дор ат-тақаддум, 1978. –318с.

[3] С. Айнӣ. Бухоро. ат- Тарҷума ила-л-луғат ал-арабия–Муску: Дор ат-тақаддум, –саҳ.3-9.

[4] Ҳамон асар, саҳ. 3-4.

[5] Калка – тарљумаи њарф ба њарфи калимањо.

[6] Љалил Камолуддин. Садриддин Айнӣ // ал-Одоб. Маљаллатун шањриятун таъни би шуун ал-фикр.  ал-Адад ар-робиъ, найсон (апрел), 1971. ас-Санат ат-тосиъату ашара.-с.53-57.

[7] Љалил Камолуддин. Садриддин Айнї шоиран. Мадхалун ли диросат ибдоъињи ва ат-таъсирот ал-арабия фи шеърињи. (С. Айнӣ, шоир.  Даромаде бар омўзиши эљодиёт ва таъсироти арабї дар шеъри ў) –ал-Љомиа. Ададун хос. ас-Сана ал-њодия ашар, Конун ас-сонї. 1981- с. 98-104.

[8] Ҳамон асар, саҳ.104.  

БОЗГАШТ