АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

ЭЙ КОШ, БИДОНАМЕ, КИ МАН КИСТАМЕ..?

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

  Мегӯянд, ки Амир Кулол, устоди Хоҷа Баҳоуддини Нақшбанд, ҳамарӯза ҳини тадрису таълим назди шогирдон як суол мегузоштааст: дарк кардед, ки омаданатон дар ин олам баҳри чист? Ҳар рӯз шогирдон ба ҷустуҷӯю такопӯ посухи ин пурсишро мувофиқ ба фаҳму заковати наврасонаи хеш омода сохта, ба устод мегуфтаанд, вале Амир Кулол ҳеҷ аз ҷавоби шогирдон қаноатманд нашуда, охири дарс боз ҳамон суолро такрор мекардааст. Аҷиб, аз он чил нафар шогирд касе боре ҳам намепурсидааст, ки устод чаро боз ҳамон саволро такрор мекунад [5].
  Ниҳоят рӯзе Хоҷа Баҳоуддин ба ҷои ҷавоб ба ин суоли устод дубайтии машҳури Ибни Синоро мехонад:
 Эй кош, бидонаме, ки ман кистаме?
Саргашта ба олам аз пайи чистаме?
Гар муқбилам, осудаву хуш зистаме,
Варна ба ҳазор дида бигристаме.
  - Ваҳ-ваҳ, ана, ҷавоби суол пайдо шуд,- хушнудона мегӯяд Амир Кулол ва даст ба китфи Баҳоуддини наврас гузошта, таъкид месозад: - ин посухи комил аз Шайх-ур-раис аст ва туро ҳушдор медиҳад: саргашта ба олам аз пайи некӣ бош!
   Ҳар боре ин нақли пурмаънӣ ба майнаам мечархад, фикр мекунам, ки набояд насли инсон аз пайи бадиҳову бадкориҳо бошад. Охир, инсон ҳаму махлуқи оддӣ нест, балки нақшест ба нигини ҳастӣ: созанда аст, бунёдкор аст, соҳибақл аст, зебоиофар аст, соҳибилм аст, тамаддунофар аст… Вақте инсон чунин хусусиятҳоро дорост, пас, бадкориҳои беҳадди ҳарлаҳзаинаи даҳрро боис чӣ бошад? Ин суол пайваста майнаамро азият медиҳад ва ба ҳайси ҷавоби нисбатан возеҳ танҳо як мафҳумро дарёфта метавонам: нафс.
  - Оре, нафс аст, сабабгори ҳама бадбахтиву бадкориҳо, - гӯё ба саволи майнаам ҷавоб мегӯяд дил ва бовар кунед, аранге садои ҳазини қалбамро мешунавам: Нафси палид, нафси саркаш, нафси зор, нафси беохир, оне, ки ақли инсонро тира месозад, оне, ки рӯҳро солҳои сол дар қафас нигоҳ медорад, оне, ки сару тан ва қариб кулли узви инсонро тобеъи худ сохта, сарчашмаи ҳама кулфатҳост, оне, ки инсон бо ҳамин қадар заковату фаҳм, бо ҳамин қадар валвалаву шӯр ҳамагӣ ғуломи вай аст.
  Охир бештари оятҳои Қуръон низ дар бораи таълимоти ахлоқии башар ва тазкия ва таҳзиби нафс аст. Cаҳеҳтарин оят дар боби исботи шахсияти ахлоқии инсон ин аст: (Растакор шуд он, ки нафси хешро пок гардонид ва зиёнкорӣ афтод он кас, ки онро нопок ва фасод кард. Сураи «Шамс», оятҳои 9-10). [4. c, 287].
  - Ана, ҳамон Заҳҳоки мороне, ки ҳазрати Фирдавсӣ дар «Шоҳнома»-и безаволаш қаламдод карда буд, инъикосгари нафси инсон аст,- ҳамчун исботи гуфтаҳояш тазаккур медиҳад дил ба майнаам ва ҳамоно мефизояд: - Ин душмани ширин зи гаҳвора то гӯр тамоми ҷонзоди олам ва аз ҷумла инсонҳоро ҳамроҳу дунболгир мебошад. Вале инсон қодир аст, ки худро то андозае аз ин душман ҳимоя карда, қуллаҳои бахту мақсудро ба осонӣ дарёбад [7].
  - О, маҳз ҳамин нуктаро донистан мехостам,- бо мароқу меҳр ҷониби қалби гарм рӯ меорад майна,- канӣ, дурусттар фаҳмон, роҳи ҳимоя аз нафси палид кадом будааст?
  - Наход, ҳамин рукни муҳими умрро то кунун дарк накарда бошӣ? -аранге таъна мезанад майнаро қалб ва меафзояд: - Охир, туро подшоҳи тани инсон мегӯянд, кулли кирдорҳои ҷисмро ту роҳбарӣ мекунӣ, манбаи ақл, анбори донишу заковат, раҳнамои рӯзгор хондаанд туро. Агар бо ҳамин қадар қудрату дороӣ то ҳол роҳи наҷот аз нафси палидро наёфта бошӣ, пас тобеъи ҳамон нафс шудаӣ! Он ҳамраҳи доимиат дохили туро танг карда, фикрронии туро маҳдуд сохтааст. Аз ман малол нашав, вале ту танҳо дар бараи он маъшуқаи зоҳирнамоят, ки худ баъзан аз ӯ безор шуда нафси палидаш ном мебарӣ, фикр дорӣ!  Хайр худат мардона иқрор шав, ҳамин тавр нест?
  -Не,- не, - ҳақ бо туст,- иқрор мешавад майна ба дил. - дар ҳақиқат, бештар дар бораи ӯ фикр дорам. Баъзан, ҳатто, он нафс маро ба гирдобаш печонида, ғарқи хаёлҳои ширин мекунад,-оҳ кашида лаҳзае ба сукут меравад майна ва боз ба худ омада, чанд андешаи дар қолибчааш ҷойдодаро берун мекунад: -Медонӣ, дохилам лаболаб орзу аст,аҷаб орзуҳое  - хонаву дари ҳангуфти ду-се ошёнадор, чор-панҷ хел мошин, мансаб, пулу моли фаровон, хидматгор…
  -Бас! Нагӯй, дигар ин орзуҳои аблаҳонаатро! Агар боз як бор ҳамин фикрҳои бесарунӯги ахмақонаро ба дохилат роҳ диҳӣ, ман бо ту будан наметавонам!-қатъӣ исрор мекунад қалби ҷӯшон. -Бин, ки нафс аллакай туро ғулом кардааст, ба доми худ кашидааст, раҳо шав, ба зудӣ раҳо шав, ки бадбахт мешавӣ, ҳатто, нафарони дигарро низ бадбахт мекунӣ! Охир, ман ба ту такрор ба такрор гуфта истодаам, ки манбаи ҳама бадбахтиҳо ҳамин нафс аст,ту бошӣ боз…
  Аз ин исрори дил танамро ларза фаро мегирад, вуҷудамро эҳсоси ногуворе тазйиқ медиҳад, аъзои баданам ба дард меояд. Наход ин афкори майна маро ба бадбахтӣ барад,-меандешам худ ба худ. - Охир, инҳо ҳамагӣ орзуянд-кӯ? Орзуҳое, ки қариб ҳама ҳамсолону ҳамнаслони ман мепарваранд. 
  - Ман туро аз орзуҳоят дур карданӣ нестам,-ваҷоҳати ларзону асабонии маро дида, ба сухан медарояд дил,-вале майнаатро фармон деҳ, то дар бораи орзуҳои нек андеша кунад.
  -Чӣ, магар орзуи хонаву мансабу мол кардан бад аст? - нороҳатона мепурсам дилро.
  – Аслан, агар ҳалолу покиза бошад, бад нест, аммо шубҳа дорам, ки …,-давоми фикрашро пинҳон дошта, нимапосух медиҳад дил ва хеле хастаҳолона меафзояд: -Ба ақидаи камина, ҳама ҷангу ҷидолҳои оламро маҳз ҳамин нафс сабабгор аст. Инсонҳо барои молу чиз якдигарро мекушанд, ҳамнаслони худро гирифтори ғаму кулфат мегардонанд, ҳазорон ҳазор азобу машаққатро ба сари ҳамдигар бор мекунад, миллионҳо кӯдаконро ятиму оилаҳоро вайрон месозанд. Лек медонӣ, бадбахтии аз ин падидаҳо бузургтарин насли инсон дар чист? Бадбахтии калонтару даҳшатноктар дар он аст, ки ҳамон сияҳкорону қотилон, ҳамон ғуломони нафси палид симоҳои аслии худро паси пардаҳои тира пинҳон дошта, хешро мудом ҳомии сулҳ, дӯсти инсонҳо, адолатхоҳ адлпарвар намоиш медиҳанд. Вале мутмаин бош,-гӯё маро тасаллӣ медиҳад дил,-ягон рӯз худи рӯзгор онҳоро аз паси парда бурун кашида, ҳафт пушташонро рӯсияҳу доғдор месозад. Аз ин рӯ, некандешони ҷаҳон меҳр ба дороӣ намеварзанд, зеро фикри молу чиз самимиятро аз байн мебарорад. Агар самимият аз байн равад, инсон ба ҷонзоди ваҳшӣ мубаддал мешавад. Дар он сурат вой бар ҳоли рӯзгор, вой бар ҳоли қисмат, вой бар ҳоли замон, вой бар ҳоли олам. Ту худат шоҳид будӣ, ки чанд вақт пеш афроде аз бадхоҳони давлату миллат чӣ нооромиҳоеро дар ҷомеа барангехтанд, чанд ҷавонмарди ватандӯстро ба коми марг кашиданд, чӣ нақшаҳои аблаҳонае доштанд онҳо. Боиси ин ҳама нохушиву куштору ноамниҳо, ана ҳамон нафси палиди саркардагони онҳо аст, ки чашми дилашонро кӯр сохта, ваҳшӣ сохта буд онҳоро. Вале дуруст гуфтаанд, ки ҳар кас бо душмании халқ равон аст, пеш аз ҳама сари хешро чу гирдоб фурӯ мебарад.
  -Умуман, дар ин васила ақидаҳои фаровон дорам, аммо аз ту дигар чизро пурсиданиям,-рӯ ба ман меоварад дил ва суол мекунад:-канӣ, мунсифона бигӯ, дар байни атрофиён пай бурдаӣ дилу майнаро, ки бурун аз нафс, яъне бе ҳеҷ ғарази нопоке баҳри зебоиҳои оламу одам ҳиммати чашмрасе дошта бошад?
  -Албатта, бо қатъият ҷавоб медиҳам дилро, дар атрофи ман инсонҳои шарифу некхоҳ кам нестанд. Мабодо, сафи ин қабил инсонҳо, ҳатто, ба як нафар кам шавад, ба мизони муҳит халал ворид мегардад, зеро низоми ҷомеаву даҳр ба ақли комил сахт марбут аст. Бемуҳобо, ҳар боре ободиҳои Ватанро мебинам, аз хушнудӣ меболам. Ана, ҳамин ободиҳоро дилҳои обод офаридаанд, ақидаҳои солиму некандешона сабаб шудаанд. Агар дар доираи инсофу адолат гӯям, ман бо тамоми ҳастӣ, бо тамоми меҳру садоқат бо ин обу хок пайвандам, бо ин давлату муқаддасоти он ҳамнафасам, бо ин Роҳбар ҳамақидаам, бо як олам ихлосу сипос хидматгузори мардуми шарафманди ин сарзаминам. Ман хурдтарин зарраи ин муҳити зебоям, ин диёрро бо ҳама ҳастиву нестиаш, бо ҳама дороиву нодориаш, бо ҳама шабу рӯзаш, бо ҳама сахтию нармиаш дӯст медорам, эҳтиромаш мекунам, барояш тану ҷон, ақлу заковат, ҳама буду шудамро фидо месозам, намегузорам, ки ба ободиҳову осудагии Ватанам газанде расад, мудом саҷда ба обу хокаш, ба қадами инсонҳои шарифаш, ба рӯҳи бузургонаш, ба муқаддасоти милливу диниаш дорам.
  - Офаринат бод! – хушҳолона мегӯяд дил ба ман. Ана, акнун ману туву майнаву забон як мешавем. Ту ҳикмати нақли Ҳазрати Баҳоуддини Нақшбанд ва мафҳуми дубайтии Ибни Синоро дарёфтӣ! Минбаъд низ пайваста ба олам аз пайи некӣ бош! Зеро, ин беҳтарин хислати инсонӣ аст.

                                                          АДАБИЁТ
  1. Абдулҳусайни Зарринкӯб. Ҷустуҷӯ дар тасаввуфи Эрон. - Д.: Ирфон, 1992. - С. 371. - 398 с.
  2. Кошифӣ Ҳ. В. Футуватномаи Султонӣ. Ахлоқи Муҳсинӣ. Рисолаи «Ҳотамия»,- Душанбе: «Адиб», 1991,- 320 саҳ,.
  3. Қуръони Карим. (тарҷумаи тоҷикӣ).- Душанбе, 2007.
  4. Мирзоҳусайни Бадалипур. Муқаддимаи қуръоншиносӣ. - Душанбе: «ЭР-граф», 2013. - 460 с.
  5. Салимов Фаррух. «Кашфу-л-маҳҷуб»-аввалин рисолаи ирфонӣ ба забони форсӣ» (тадқиқу баррасии «Кашфу-л-маҳҷуб»-и Алӣ ибни Усмони (Хуҷвирӣ).- Хуҷанд: Нури маърифат, 2006.- 148 с.
  6. Ҳасани Султон. Мухтасари зиндагиномаи Шамси Табрезӣ бо замимаи гулчине аз гулшани «Мақолоти Шамс».-Душанбе, «ЭР-граф», 2019, 152 с.
  7. Шамсов М.С. Баъзе хусусиятҳои нафс дар осори Закариёи Розӣ ва Ибни Сино. А х б о р и институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. № 3 Душанбе – 2016.
Ашуров Ардамеҳр
ходими пешбари илмии
 шуъбаи Осиёи Ҷанубу Шарқӣ
 

БОЗГАШТ