АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Эммануел Макрон, Президенти Фаронса

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

Эммануел  Жан-Мишел Фредериик Макрон  сиёсатшинос, иқтисоддон аз 14 –уми майи соли 2017  инҷониб роҳбари Фаронса Ҷавонтарин Президенти Фаронса ё Ҷумҳурии панҷум

    Эммануел  Жан-Мишел Фредериик Макрон  27 – уми декабри соли 1977 дар оилаи профессор ва табиб Франсуаз Макрон Ногес дар шаҳри Амияни Фаронса ба дунё омадааст. Макрон дар донишгоҳи Париж X-Нантер, Институти пажуҳиши масоили сиёсӣ, мактаби миллии ҳукуматӣ ва литсейи Генрихи IV таҳсили илм намудааст. Аз соли 1999 то соли 2001 ёрдамчии файласуфи машҳури Фаронса Пол Рикёр буд.

    Макрон аз соли 2004 то соли 2008 дар вазорати иқтисод ба ҳайси нозири молиявӣ фаъолият намудааст. Макрон мутахассиси соҳаи иқтисодиёт ва сиёсат буда, дар вазифаҳои муовин, вазир, ёрдамчӣ ва нозири бонк фаъолият намудааст.

    Эммануел Макрон собиқ намоянда аз ҳизби Сотсиалистӣ буда, 16 – уми ноябри соли 2016 номзадиашро дар интихобати президентии 2017 эълон намуда, худ ҳизби нави сиёсиро таҳти унвони «Ба пеш! Ҷумҳурӣ» роҳандозӣ менамояд.

     Аз соли 2012 то соли 2014 муовини Котиби Генералӣ дар назди Франсу Олланд буд. 

    26-уми августи соли 2014 ба вазифаи Вазири иқтисод ва саноат таъин гардид. Дар раванди фаъолияти кориаш дар Вазорати иқтисод e якчанд тағйирот ворид намуд. Яке аз муваффақиятҳои Макрон дар он буд, ки 6-уми августи соли 2014 қонуни наверо бо номи «Қонун оид ба инкишофи иқтисодиёт, фаъолият ва баробарии имкониятҳо»-ро қабул намуд. Мувофиқи қонуни мазкур ба якчанд секторҳои иқтисодӣ имконияти фаъолияти озод дода мешуд.

    30 юми августи соли 2016 Эммануэл Макрон аз ҳукумат истеъфояшро эълон кард. Чанд муддат пас 16 – уми ноябр номзадиашро дар интихобот (2017) ба вазифаи Президентӣ расман эълон намуд. 23 – уми апрели соли 2017 дар даври аввали интихобот 24%-овозро ба даст овард. 7-уми майи соли 2017 бо ба даст овардани 66% овоз дар интихоботи президентӣ ғолиб омада, Президенти Ҷумҳурии Фаронса интихоб шуд.

      Эммануэл Макрон аз соли 2007 инҷониб бо муаллимаи забони фаронсавиаш Бғижит Фғону,ки аз e 24 сол калон аст ҳангоми таҳсил дар литсейи вилояти Амиян дар саҳнаи театр вохурда пас аз чанд соли шиносоӣ  оила барпо мекунад. Ҳамсари Макрон се фарзанд дорад, ки онҳо никоҳи аввалаи ин зан ба дунё омадаанд.

Суханронии Президенти Фаронса Эммануел Макрон оид ба Иттиҳоди Аврупо дар амфитеатри Донишгоҳи Сорбон

Париж, 26 сентябри соли 2017

     Чуноне маълум аст, Презтиденти Фаронса Эммануел Макрон 26-уми сентябри соли 2017 оид ба Иттиҳоди Аврупо, ки дар саҳни амфетеатри Донишогоҳи Сорбони шаҳри Париж баргузор гардид суханронӣ намуд. Зимни суханронии хеш сарвари давлати Фаронса чандин масъалаҳои мубрами рeз ва масоили  вобаста  ба Иттиҳоди Аврупоро мавриди баррасӣ қарор дод. Дар раванди суханрониаш e қайд намуд, ки «Аврупое, ки мо медонем хело заиф, ва хело бетаъсир аст, аммо  Аврупо метавонад танҳо ба мо имконият диҳад, ки дар раванди мушкилоти ҷаҳони имруза бетараф набошем».

Ҷои дигар муҳтавои суханронии Макронро чунин масъалаҳо ташкиш медоданд:

«Муҳофизат ва амнияти миллӣ» - Ин масъала пеш аз ҳама мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт. Президент Макрон изҳор дошт, ки барои пешгирии зуҳурои номатлуби аср ба монанди терроризм ва экстремизм махсус қувваҳои мусаллаҳ ташкил дода шаванд ва пешниҳод кард, ки барои муҳофизати амнияти фазои шаҳрвандӣ аз ҳодисоти табиӣ ниҳоди муштарак ташкил карда шавад.

«Муҳоҷират»- «Буҳрони муҳоҷиршавӣ ниҳоят раванди шадид аст» – изҳор дошт Президент. Дар ин самт бояд дар Аврупо идорае боз шавад, ки дар якҷоягӣ бо полис ин равандро танзим намояд.

«Вазъияти экологӣ» - Ин самтро Эммануел Макрон барои Аврупо аввалиндараҷа арзёбӣ карда, кайд намуд, ки бигзор барои паҳн намудани гази карбон ба фазо  то 25 -30 евро барои як тон ҷарима карда шавад. Ҷои дигар таъкид дошт, ки кишварҳои ҳамҷавор барои вайрон кардани фазои экологӣ тавассути корхонаҳои саноатияшон ба Аврупо андоз муайян намоянд.

Пешниҳоди дигар он буд, ки тавассути иттиҳодияи муштарак амнияти озуқаворӣ барои аврупоиҳо пурра ба роҳ монда шавад.

«Иқтисодиёт» - Ин қисмати муҳим дар суханронии сарвари кишвари Фаронса ҳисоб меёфт ва дар қатори дигар пешниҳодҳо Макрон таъкид дошт, ки сатҳи истифодаи евро густариш дода шавад. Ҳамзамон  изҳор намуд, ки ҳама ниҳодҳои ҷамъиятӣ барои баланд бардоштани сатҳи иқтисодиёт фаъолият намоянд. Маоши ҳадди ақал ба ҳақиқати сатҳи иқтисодиёти ҳар кишвар мувофиқ карда шавад.

«Таҳсилот» - Ин қисматро Президент Макрон муҳим баррасӣ намуда, зикр дошт, ки  ҳар як донишҷӯи Аврупо ба муддати шаш моҳ дар дигар кишварҳои Иттиҳод таҳсил намояд ва ҳадди ақал  бояд ду забони хориҷиро донад. Ҳамзамон, ӯ таъкид дошт, ки раванди таҳсил дар хориҷ низ васеъ роҳандозӣ карда шавад.

БОЗГАШТ