АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Эмомалӣ Раҳмон - бунёнгузор ва эҳёгари тамаддун ва ҳуввияти миллӣ

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

   (Суханронӣ дар Конфронси ҷумҳуриявии илмӣ - назариявӣ таҳти унвони «Пешвои миллат ва эҳёи тамаддуни тоҷикон» дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон)
   Истиқлолият калимаест, ки бо зикри он тасвири кишвари озоду мустақил пайдо мешавад. Моҳи декабри соли 1991 баъд аз фурупошии Иттиҳоди Шӯравӣ қадами аввали мустақилият ва соҳибихтиёрии Тоҷикистон оғоз гашт. Замоне буд, ки кишвар аз як тараф ба шинохти ҳуввият майлон дошт ва аз тарафи дигар ба кашмакашҳои таҳмилӣ таҳрик мешуд.   Охири солҳои 1980 ва аввали солҳои 1992 буд, ки шиорҳои ошкорбаёнӣ ва озодӣ аз ҷониби роҳбарони собиқ Шӯравӣ оғоз шуд ва Тоҷикистонро ба сӯи шинохти миллатсозӣ бо тарзу муносибатҳои ноустувор равона мекард. Ин маҷроҳои ноҳамвору бесубот зери сарпарастии бегонаситезон кишварро рӯз то рӯз ба самти норушан ва ноором кашондан мегирифтанд ва кор ба ҷое расид, ки ҷони зиёда аз ҳазор шахс талаф ёфт ва миллионҳо хасорати иқтисодӣ бар ҷой гузошт. Талоши гурӯҳҳои сохта барои озодӣ ва ҳуввиятсозӣ вазъияти кишварро боз ҳам ваҳимтару ваҳшатноктар мекард ва мардумро ба тарафи парокандагӣ ва ҷудоихоҳӣ мебурд. Вазъият ба ҷое расид, ки дар ҷомеа ноадолатиҳои иҷтимоӣ афзуда ва мардуми зиёде аз ноилоҷӣ ба сӯи кишварҳои ҳамсоя ҳиҷрат карда, хонаву фарзандони худро тарк карданд.
Дар авҷи даргириҳо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд, ки миллатро аз ҳалокат наҷот диҳанд.
   Вуруди ин фард аз марҳалаи нахустин зоҳир шуд ва ин фарзанди баруманд кишварро аз  ҷаҳолату разолат ба сӯи илму шарофат роҳнамоӣ карда, талошу мубориза намуд, то ҳамаи халқ ҷафокашидаро аз дори ғурбату дарбадарӣ, ба дори улфату меҳрубонӣ берун кашад. Ин замоне буд, ки дар аксари кишварҳои собиқ Шӯравӣ кашмакашҳои сиёсиву иҷтимоӣ рух медод ва гоҳу ногоҳ асароти мусбату манфии он ба мардуми Тоҷикистон низ таъсир мерасонд.
   Роҷеъ ба мушкилоти ҷомеаи Тоҷикистон муҳаққиқон аз Донишгоҳи миллии Австралия Кирил Нурҷанов ва Крисшан Блеур чунин таҳлилу  баррасӣ карданд: "Охирҳои соли 1980 ва аввалҳои соли 1990 вазъи сиёсӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон ноустувор буд. Корбурдони гурӯҳҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва роҳбарони сиёсӣ барои тағйири вазъ талош мекарданд. ...Аммо баъди чанд муддате вазъ нооромтар шуд ва тақсимбандии гуруҳӣ ва минтақавии кишвар оғоз шуд". (“Tajikistan: Political and Social History” by Kirill Nourzhanov and Christian Bleuer, Australia National University, 2013”)
   Ин вазъи нооромро Эмомалӣ Раҳмон андешида, дар ҷаласаи таърихсози қавм аз ҷой бархостанд ва ба халқи худ хитоб карданд: "То замоне, ки дар бадан ҷон дорам барои озодӣ ва ободии халқу ватан ҷонамро фидо мекунам ва ҳаргиз иҷозат намедиҳам, ки душманон ба он хадша зананд". Ин иқдоми дуввумӣ Пешвои миллат буд, ки барои созандагии миллат талош намуданд, то ватанро аз парокандагӣ ва ҷудоӣ муҳофизат намоянд.
   Бо ин нияти нек барои боз ҳам ободу зебо гардонидани Ватан иқдомҳои наҷибу чорасоз, қадамҳои қавитар гузошт ва миллатро ба самти созандагӣ ва ободонӣ роҳнамоӣ кард. Аммо ҷои таассуф буд, ки дар ҳамон шабу рӯз вазъи минтақа дар муҳити инқилобӣ ва фарозу нишебиҳо қарор дошт ва афроди ситезаҷуй ва тангназар аз марҳалаҳои санҷишӣ барои рушд ва нумуи миллатсозӣ истифода карда, кишварро боз ба сӯи торикӣ ва ҷаҳолат таҳрик карданд ва талошу муборизаҳои ташаббусозӣ ин фарзанди барумандро нодида гирифтанд. Вале ин абармарди таърих боз як маротиби дигар дурандешона фикр кард ва вазъро таҳлилу баррасӣ карда, боз дубора роҳи наверо барои наҷоти миллат интихоб кард. Ин роҳ хело душвортару сангинтар буд, зеро аз як сӯ ташаббусҳои миллатсозӣ идома дошт ва аз сӯи дигар инқилобҳои носозгори дохиливу қавмӣ идома доштанд.
   Дарку фаҳми дурусти вазъият хело душвортар буд ва ҳар кас онро ба таври худ баррасӣ мекард. Вале ин абармарди таърих қадами худро устуворона гузошта, бори дигар ба шири модарон қасам ёд кард ва барои наҷоти ватану миллат марҳалаи наверо барои созандагии миллат оғоз кард. Ин абармард барои таҳкими субот ва ободии кишвар сари мизи гуфтугуҳо нишаста, аз ҳамаи афроди ҷомеа дархост кард, ки барои амният ва ваҳдати ватану миллат саҳмгузоранд ва роҳ надиҳанд, ки душманони дохиливу хориҷӣ ба роҳи интихобкарад, ки рушд ва нумуи миллат ва созандагии он аст, халал расонанд.
   27 - уми июни соли 1997 дар саҳифаи таърихи миллат санаи наверо сабт кард, ки то имрӯз намунаи ибратсоз барои тамоми ҷаҳониён гаштааст. Ин ҳама шаҳодат аз он медиҳад, ки барои ободӣ ва созандагии миллат роҳнамоӣ ва роҳбарии фарди боинсофу нексиришт зарур аст. Намунаи онро метавон дар суботу оромии кишвар дид, ки имрӯз аксари кишварҳо аз ин неъмат бенасиб монда, дар ранҷу азоб қарор доранд. Таҳлилу баррасиҳои гуногун нишон медиҳад, ки бисёре аз кишварҳои ноамн ва ноором аз надоштани роҳбари одилу нексиришт азият мекашанд ва масоили ватаниву қавмии худро наметавонанд тавассути гуфтугуҳо ҳаллу фасл намоянд.
  Барои аз парокандагӣ ва ҷудоии миллату қавм фарде ё нафаре зарур аст, ки шабҳо бедорхобӣ кашида, халқашро аз таҳлука наҷот диҳад. Зеро дар ҳар ҷомеа ва кишвар афроде ҳастанд, ки намехоҳанд қавми дорои тамаддуну фарҳанг, маърифату матонат ва шоистагиву ҷасорат дар ҷаҳон шуҳрату шаҳомат пайдо карда, чун кишвари озоду соҳибихтиёр арзи ҳастӣ намояд.
  Миллати мо ифтихор аз он мекунад, ки дар худ чунин фарзанди фарзонаеро тарбият кардааст, ки ояндабин ва дурандеш буда, дар ҳама ҳолот талош кард, ки халқу ватани худро аз вартаи ҳалокат наҷот диҳад ва дасисаву макри душманони ватанро ошкор созад, то мардуми кишвар роҳи дурусту устуворро пеша карда, аз паси макру ҳиллаи нохалафони дохиливу хориҷӣ нараванд. Ба қавли Муҳаммад Иқбол:
  Худо он миллатеро сарварӣ дод,
  Ки тақдираш ба дасти хеш бинвишт.
 Ба он миллат сару коре надорад,
 Ки деҳқонаш барои дигарон кишт.
   Ин марҳалаи дигаре буд, ки ин фарзанди фарзонаи миллат дар созандагии миллат иқдому барномасозӣ кард ва Тоҷикистонро чун яке аз амнтарин минтақаи ҷаҳон гардонд.
   Ин талошу муборизаҳо барои ҳифзу нигаҳдории ватан буд, ки имрӯз дар арсаи ҷаҳон чун кишвари соҳибфарҳангу мутамаддин шинохта шудааст.
Тоҷикистону озоду соҳибихтиёр моҳи сентябри соли 1991 чун узви комилҳуқуқи ҷомеа ҷаҳонӣ мавриди эътирофи кишварҳои олам гашт ва бо сарварии фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба суи фардои нек равон аст.
Ҳамин тавр ин кишвари ҷавону мутамаддин тавонист дар  даврони  истиқлол ба дастовардҳои зиёде ноил гардад, ки дар шинохт ва муаррифии халқу ватан   кумак расонд. Дар шинохти кишвар ва миллату халқияти он дарёфт ва шарафёбшудан ба истиқлол замина ва асос маҳсуб мешавад, ки мо насли имрӯз бояд қадру манзалати онро ҳеҷ гоҳ ба чашми паст нанигарем, балки дар шукуфоии он саҳм гирем.
Мирсаид Раҳмонов,
корманди Институт

БОЗГАШТ