АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Эмомалӣ Раҳмон-муассис ва мураббии рӯҳияи Артиши миллӣ

Муаллиф: Раҳмонов Мирсаид

Расм

Эмомалӣ Раҳмон-муассис ва мураббии рӯҳияи Артиши миллӣ

(ба муносибати Рӯзи Артиши миллӣ ва иштироку суханронӣ дар Конференсияи ҷумҳурияваии илмию амалии Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон дар мавзуи “Эмомалӣ Раҳмон-интихоби тактика ва старегияи роҳбарӣ барои дарёфти роҳҳалҳои неруманд кардани Артиши миллӣ” 21 феврали 2024)

«Артиши миллӣ яке аз рукнҳои муҳимтарини давлатдории миллӣ ва сипари боэътимоди Ватанамон мебошад».

Эмомалӣ Раҳмон

 

Артиш як ҷузъи ҷудонашавандаи бахши мудофиаи ҳар як кишвар буда, асоси амнияти кишварро ташкил дода, таъмини танзими сулҳу субот ва бехатарии шаҳрвандонро ба дӯш дорад. Артиш на танҳо ба шахсони дар тан либоси ҳарбӣ дошта маҳдуд шуда, балки он рамзи интизом, далерӣ ва ватандӯстӣ низ мебошад. Артиш чун мактаби мардонагӣ ва омӯзиши касбу ҳунар пазируфта шуда, тавассути он ҷо сарбозону афсарон ҳамарӯза тамрини низомӣ гузаронида, бо вазифаҳои пурмасъулияти худ ҳушёронаву зиракона марзи кишварро ҳифз менамоянд. Ҳамин тариқ, ҳифзу ҳимояи кишвар ва амнияти мардум вазифаи артиши неруманд буда, ба назари камина ҳар ҳарфи АРТИШ ишора ба амну амонат разму рифоҳ тавону таҳаммул иттиҳоду иқтидор ва шарафу шаҳомат менамояд.

Тоҷикистон баъд аз дарёфти Истиқлолият дорои қувваҳое набуд, ки ин  сарзамину мардумони онро ҳимоя карда тавонад. Зеро кишвар бо фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ ба гирдоби ҷангҳо кашонида шуда, дорои ҳеҷ неруи низомӣ ва артиши муназзаму муосир набуд.  

Ҳамин тавр, набуди қувваҳои мусаллаҳ, надоштани одитарин яроқу аслиҳаи оташфишон ва худмуҳофизатӣ, афсарони соҳибкасб раҳбарияти Тоҷикистони навин дар кӯтоҳтарин муҳлат аз ҳисоби мардум ва дигар дастаҳои мусаллаҳе, ки ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистони дар остонаи ҷанги шаҳрвандӣ қарор доштаро дастгирӣ намуда, аз ҳисоби даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистонро таъсис дод.

Дар моддаи 43 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин ишорат шудааст: «Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст».

Бо ҳамин мақсад, Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои эъломияти соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии Эмомалии Раҳмон аз 18 декабри соли 1992 таҳти рақами №3 қарори зайл ба имзо расид:

1. Дар асоси қисмҳои Ҷабҳаи халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар дастаҳои мусаллаҳе, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистонро дастгирӣ менамоянд, ҳамчунин аз ҳисоби даъват кардани ҷавонон ба хизмати ҳақиқии ҳарбӣ Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис карда шаванд.

2. Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон:

-дар бораи ҳайат, сохтори ташкилию штатӣ, таъминоти моддию техникӣ, маҳалҳои ҷойгирии қисмҳои харбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон то 30 –декабри соли 1992 таклиф пешниҳод намоянд;

-лоиҳаҳои асноди муҳимтарини қонунгузориро дар бораи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия намуда, ба Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод кунад. Кумитаи Қонунбарорӣ, тартиботи ҳуқуқӣ ва ҳуқуқи инсони Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳияи санадҳои қонунгузорӣ оид ба Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мадад расонад.

Ҳамин тариқ, дар асоси қарори мазкур охирҳои соли 1992 ва ибтидои соли 1993 тамоми асноди лозима омода гардида, дар як вақт ташкили қисмҳои ҳарбӣ ва ҷузъу томҳо ба роҳ монда шуд.

Дертар рӯзи 23 феврали соли 1993 аввалин маротиба дар таърихи давлатдории тоҷикон дар майдони «Дӯстӣ»-и пойтахт бо иштироки қисмҳои ҳарбӣ ва ҷузъу томҳои ҳарбии тозатаъсис паради ҳарбӣ баргузор шуда, 23 феврал чун Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ё Артиши миллӣ қабул гардид, ки ҳамасола дар кишвар бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил мегардад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ ба ифтихори ин рӯз иброз дошта таъкид намуд, ки “мо Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистонро дар шароити ниҳоят вазнину ҳассоси иқтисодӣ ва ҳарбиву сиёсии мамлакат, яъне дар рӯзҳое, ки кишварро ҷангу хунрезӣ, беқонуниву беҳокимиятӣ ва буҳрони шадиди иқтисодӣ фаро гирифта буд ва ҳамаи сохтору мақомоти давлатӣ фалаҷ гардида, хатари аз байн рафтани давлати ҷавони Тоҷикистон ва пароканда гардидани миллати тоҷик воқеан ба миён омада буд, таъсис додем”.

Бо дарки муҳиммияти масъала ҳам ҳукумати Тоҷикистон ва ҳам роҳбарияти Вазорати мудофиа зери роҳнамоиҳои бевоситаи Президенти кишвар ба омӯзиш ва омода кардани кадрҳои маҳаллӣ дар дохилу хориҷи кишвар аҳамияти аввалиндараҷа дода дастгирӣ карданд. Дар шаҳри Душанбе аввал курсҳои кӯтоҳмуддат барои омода кардани афсарон ва Коллеҷи ҳарбӣ таъсис дода шуд, ки баъдтар ба Институти ҳарбӣ тағйири ном карда, ҳар сол садҳо афсаронро тарбият намуда ба Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат пешкаш менамояд.

Ҳамин тариқ, бо шиорҳои рамзиву размиву равонии Президенти кишвар ба мисли “Артиши миллӣ кафили пойдори сулҳу суботи кишвар”, “Ҳушёр ва  зирак бошед”, “Сулҳу субот ва мардуми кишварро дӯст доред”, “Ҳамеша аз истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ шукрона карда, онҳоро чун гавҳараки чашм эҳтиёт ва ҳифз намоем”, “Ормони истиқлол фарзандони мубориз, ватандӯст ва донишманди миллатро барои ҳифзи истиқлолияти Ватан раҳнамоӣ карда, дар давраҳои мушкили зиндагӣ ба онҳо неруву тавон бахшид”, “Давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистонро ғайр аз худи мо каси дигар обод намесозад” ҳамаи аскарону афасарони Артиши миллӣ ва сокинону муҳофизони Ватан рӯҳия ва нерӯ гирифтанд.

Бо таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон қонунгузории ҳарбӣ низ ташаккул ёфта чанд санадҳои муҳими меъёрӣ-ҳуқуқӣ дар таҳрири нав қабул гардиданд.

Шоёни зикр аст, ки имрӯз Артиши миллӣ узви фаъоли Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) мебошад, ки дар он Арманистон, Белоруссия, Қазоқистон, Қирғизистон, Россия низ шомиланд.

Дар ин зимн, мақсаду мафҳуми хизмати ҳарбӣ, уҳдадориҳои он дар моддаи 1 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон зери унвони «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» шарҳ дода шудаанд. Ҳамчунин вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбиро қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ» низ қабул шуда ба танзим даровард.

Ҳамин тариқ, бо қабул гардидани Доктринаи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 октябри соли 2005, №103), ки асоси ҳуқуқии онро Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи таъмини амнияти ҳарбӣ ташкил мекунанд, давлати моро ҳамчун кишвари сулҳдӯст, сулҳпарвар барои тамоми ҷомеаи ҷаҳони муосир дар арсаи байналмиллалӣ муаррифӣ намуд.

Ҳамин тавр, ҷузъу томҳои Артиши миллӣ дар машқҳои ҳарбии дар чорчӯби Созмону ташкилотҳои бонуфузи байналхалқӣ доир гардида, фаъолона ширкат намуда,аз худ шуҷоат,маҳорат ва донишу малакаи баланди касбӣ нишон дода, борҳо обрӯ ва эътибори Ватанро баланд бардоштаву ҳифз намуда аз тарафи коршиносони ҳарбӣ баҳои баланд гирифтаанд.

Ҳамзамон бо кишварҳои фаъоли СҲШ аз Федератсияи Россия, Қазоқистон, Хитой, Ҳиндустон ва Покистон ҳамкориро хуб ба роҳ монда, дар ташкили курсҳои рушди маҳоратҳо мутахассисони варзидаи соҳаи ҳарбӣ омода карда шуда то ба имрӯз идома дорад. Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон на танҳо дар дохили мамлакат, балки дар Русия, Чин, Қазоқистон, Қирғизистон ва ҳатто дар Фаронсаю Америка дар машқҳо ва машғулияти ҳарбӣ ширкат намуда, маҳорату малакаи ҷангии худро сайқал медиҳанд.

Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар низоми бехатарии минтақавӣ дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, Созмони ҳамкории Шанхай ва дигар созмонҳо нақши муҳим доранд. Ҳамчунин бо ҳамкориҳои лоиҳаҳои таълимии САҲА афсарони соҳаҳои гуногуни Тоҷикистон барои такмилу тармими маҳорату малакаҳои низому назорати сарҳадӣ, муҳандисӣ-минаҷӯӣ ва истифодаи дурусти технологияҳои нави низомӣ пайваста даъват шуда, фаъолона ширкат намуда, соҳиби диплому сипосномаҳо мегарданд.

Ҳамин тариқ, машқҳо, ки таҳти унвони «Марз-2021» гузаронида шуда, техникаи зиреҳпӯши ҷангӣ, техникаи автомобилӣ ва махсус, воситаи артиллерӣ ва миномёт, воситаи мудофиаи зиддиҳавоӣ, тайёраву чархболҳои ҷангиву нақлиётӣ дар самтҳои амалиётӣ ба минтақаҳои иҷрои вазифаи ҷангӣ бароварда шуд, ки бо натиҷаҳои дилхоҳ ҷамъбаст гардид.

Бо чунин ташаббусҳои солиму созандаву созгори Президенти кишвар зери шиорҳои рамзиву размиву равонӣ Артиши кишвар бо пуррагӣ аз уҳдаи иҷрои вазифаҳои гузошташуда ҷасуронаву моҳирона баромада, дар оромиву ободии Ватан шабу рӯз ҷони худро сипар намуда онро муҳофизат менамоянд. Ва ё ба қавли худи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: «Қувваҳои Мусаллаҳи мо дар роҳи ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, ба эътидол овардани вазъи мамлакат ва пуштибонии сулҳу субот, фурӯ нишондани ошӯбҳои исёнгарона ва зарбаи қатъӣ задан ба ҳамлаҳои берунӣ, несту нобуд кардани гурӯҳ ва дастаҳои мусаллаҳи ҷинояткор, пешгирии табаддулоти ҳарбӣ ва қочоқи маводи мухаддир хизмати беназир кардаанд».

Аммо ба назари камина набояд фаромӯш кард, ки вазъи геополитикии ҷаҳон ва масоили пурпечутобу мураккаб дар минтақа талаб менамояд, ки барои дар холати омодабош қарор доштан бо тамоми аҳолии синни даъватшуда бештар ҳамкориҳои мушфиқонаву меҳрубона дошта, аз васоиту захираи мамлакат хуб истифода карда, тадобир ва иқдомҳои саривақтӣ бияндешем, то дар ҳолатҳои зарурӣ ноогоҳу ғофилгир намонем.

Хулоса, Тоҷикистони муосиру мустақил зери роҳнамоиҳои Президенти кишвар ва фарзадону мардумони бо фарҳанги он дар роҳи бунёди артиши миллии обутобёфта саҳми беназир гузошта, бо ташаббусҳои созанда дар минтақа ва ҷаҳон сазовори мақому мартаба ва соҳиби мактаби сулҳофаринӣ гардид.

Кишвар ҳанӯз ҳам хеле ҷавон буда, метавон чунин иқдомҳои онро ба натиҷаи кори садсола баробар кард, зеро сарфи назар аз ҳама мушкилот, бо шарофати ғамхорӣ ва таваҷҷуҳи доимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва кору заҳматҳои шарафмандонаи афроди баору номуси Ватан Артиши миллӣ дар таърихи кӯтоҳ санҷишҳои вазнини сарнавиштро сипарӣ карда, муҷаҳҳазу муназзамтар гардид.

Ҳамин тавр, моро зарӯр аст дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ, садоқат ба Ватан ва савганди ҳарбӣ, ҳушёриву зиракии сиёсӣ ва дӯстиву рафоқат, тарбия кардани афсарони ҷавон ва сарбозон саҳм гузорем.

Дар ниҳоят бояд қайд кард, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон бо назардошти анъанаҳои шуҳратманди ниёгонамон дар рӯҳияи ифтихор аз арзишҳои волои миллӣ бунёду тарбият ва тақвият ёфта, баҳри ҳифзи дастовардҳои истиқлоли давлат омодагии боэътимод касб намуда, вазифаҳои пуршарафи худро бо садоқат ба савганди низомӣ ва савганди тантанавӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарбаландона адо мекунанд.

Нависандаи сатрҳо бо боварии комил ва матин таъкид менамояд, ки Ватанро мо ҳама якҷо яке бо қалам яке бо туфанг зери шиори созандаи “Тоҷикистон ба пеш” ва ҳушёриву зиракии сиёсӣ озоду ободу ором нигоҳ дошта, пайваста муҳофизат намоем.

Муборак бод, ҷашни нурборат, Артиши миллӣ,

Муборак бод, авҷи ифтихорат, Артиши миллӣ.

Ба миллат, бо Ватан, бо амри Сарфармондеҳи Олӣ,

Муборак бод, аҳди устуворат, Артиши миллӣ.

 

Мирсаид Раҳмонов,

ходими калони илмии

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

БОЗГАШТ