АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН - НАВИСАНДАИ САРНАВИШТИ ТОҶИКИСТОН

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

  Дар як лаҳзаи ҳассоси таърихие, ки чӣ интизор будани ояндаи Тоҷикистонро касе пешгӯӣ карда наметавонист ва ё касе аз гирифтани зимоми давлатдорӣ метарсид, ба корзори сиёсии давлатдории навини тоҷикон омадани Эмомалӣ Раҳмон фоли неке гардиду ДАВЛАТ, ВАТАН, МИЛЛАТ аз вартаи нобудӣ наҷот ёфт. Дар шароити ногувори таърихӣ, ки тақдири миллати тоҷик баъди фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ зери аломати савол қарор гирифта буд. Зеро дар пеши давлатҳои навтаъсиси пасошӯравӣ як қатор вазифаҳои душвор меистод. Аз ҷумла, муайян намудани роҳи давлатдорӣ, таъмини амният ва якпорчагӣ, мутобиқ намудани давлат ба фазои сиёсиву геополитикӣ олам ва ғайра. Барои Тоҷикистон низ ҳалли ин масъалаҳо дар мадди аввал қарор дошт. Ҳамзамон Тоҷикистони соҳибихтиёр ва навтаъсисро душманони дохилӣ ва хориҷӣ ба гирдоби бозиҳои сиёсӣ ва ноамниву бесомонӣ кашиданд. Зеро ҷанги таҳмилии шаҳрвандие, ки нисбати миллати тоҷик бори дигар ҳамон хиёнати таърихиро душманони мардуми тоҷик раво диданд ва мардуми осоиштаро ба майдонҳо кашида, балвои азимеро ба сари миллати мо оварданд. Ҳамзамон давлат бесоҳиб монда, асосҳои сохтори конститутсионӣ хароб гардиданд ва мақомоти давлатӣ салоҳиятҳои касбии худро иҷро карда наметавонистанд. Аҳли зиёи кишвар дар ин вазъияти нохуш ба сарнавишти Тоҷикистон бетараф набуданд ва барои ба эътидол овардани вазъияти сиёсии кишвар чораҳои зиёде меандешиданд. Ва ин буд, ки барои боз гардонидани фазои сулҳу субот ва амнияту якпорчагии кишвар роҳ ба сӯи минтақаи нисбатан оромтар ба шаҳри Хуҷанд роҳ гирифтанд. Дар шаҳри Хуҷанд Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он 196 вакили мардумӣ ширкат варзиданд ва ин Иҷлосия аз 16 – уми ноябр то 2 – уми декабр идома ёфта, пеш аз ҳама роҳи давлатдории минбаъдаи Тоҷикистонро муайян кард, ки демократӣ эълон гардид; инчунин Эмомалӣ Раҳмон сарнавишти халқи тоҷикро ба даст гирифт.
  Дар симои Эмомалӣ Раҳмон ҳама сулҳу субот, оромӣ ва тинҷиву амониро медиданд. Ин абармарди таърихиро Худованд дар лаҳзаи бисёр муташанниҷ барои миллати тоҷик дод ва тақдиру омолашро бо тақдири Тоҷикистон ва ҷонашро бо ҷони миллат пайваст намуд. Чунин шахсиятҳо дар таърих назир надоранд ва дар таърихи тоҷикон баъди Исмоили Сомонӣ Эмомалӣ Раҳмон девори номус, якпорчагӣ, амният ва сулҳу суботи кишвар гардид. Ин корномаи бузург, ки сулҳу субот ва шодиву сурур ба хонадони тоҷик баргашт, Эмомалӣ Раҳмон ҷонро сипар ва дуои модаронро роҳкушо намуда, дар давраи фаъолияти хеш барои миллати тоҷик анҷом доданд, бояд ҳар шахси ватандору худшинос аз ин марди бузург сипосгузор ва дар партави ҳидоятҳои ин шахси таърихӣ манфиатҳо, арзишҳои миллии Тоҷикистон ва якпорчагиву ягонагии онро чун гавҳараки чашм ҳифз намоянд.
  Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи давлатдории навини тоҷикон беандоза буда, чи тавре ки дар боло қайд кардем, дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ – лаҳзаи бисёр ҳассос ва сарнавиштсози таърихӣ барои миллати тоҷик, ин миллати соҳибфарҳангу тамаддунсозро сарварӣ намудан ва масъулияти таърихии тақдири имрӯзу ояндаи ӯро ба дӯш гирифтан худ қаҳрамонии беназире маҳсуб меёбад, ки онро фарзонафарзанди миллати тоҷик – Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда гирифтаву ин рисолати бузургро дар назди насли имрӯзу фардои ҷомеа анҷом додааст. Пеш аз ҳама барои миллати тоҷик сулҳро бозпас гардониданд.
  Дар партави сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон - Тоҷикистони азиз имрӯз ба яке аз давлатҳои пешрафта ва мутараққӣ табдил гардид. Дар фосилаи кӯтоҳи вақт Тоҷикистон ба дастовардҳои назаррас ноил гардид ва бо ҷаҳду талоши созандаву бунёдкоронаи халқи азизамон ба кишвари ободу осуда мубаддал гашт. Новобаста ба оне, ки ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ аз худ хисороти бузурги ҷониву молиро гузошта бошад ҳам роҳи минбаъдаи рушду инкишофи Тоҷикистон бо дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давра ба давра густариш ёфт.
  Шурӯъ аз соли 2016 ҳама сола санаи 16-уми ноябр дар саросари Тоҷикистон ҳамчун “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” барои гиромидошт ва арҷгузорӣ ба хидматҳои шоёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашн гирифта мешавад, ки ин бо як санаи дигари тақдирсози миллӣ, яъне рӯзи Иҷлосияи тақдирсоз мувофиқ меояд.
 
И.И.Шарифӣ
ходими хурди илмии
шуъбаи Осиёи Марказӣ

БОЗГАШТ