АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Евронеюз: Тоҷикистон биҳишт барои кӯҳнавардону сайёҳон аст

Муаллиф: Мадимарова Гулҳаё

Расм

Тоҷикистон, як кишвари Осиёи Марказӣ, дорои манзараҳои аҷиби кӯҳистон, мероси ғании фарҳангӣ ва тамаддуни беназири таъриху анъана мебошад. Кишвар бештар ба ташаббусҳои сайёҳӣ устувор, ки ба ҳифзи мероси табиӣ ва фарҳангии он ва фароҳам овардани имкониятҳои иқтисодӣ барои ҷамоатҳои маҳаллӣ нигаронида шудааст, таваҷҷуҳ зоҳир мекунад. Дар мавриди имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон матлабҳои зиёде дар ВАО-и ҷаҳон ба нашр мерасанд. Хусусан, нашрияҳо ва пойгоҳҳои хабарии бузурги Аврупоӣ ба монанди, Рейтер, ВВС Неюз, Евро Неюз ва ғайра ин масоилро пайгирӣ карда, онро бозтоб медиҳанд.  

Евронеюз, шабакаи машҳури телевизионӣ чанде пеш матлаберо таҳти унвони “Дар "Боми ҷаҳон": Чаро Тоҷикистон биҳишт барои кӯҳнавардону сайёҳон аст” нашр карда, навиштааст, ки Тоҷикистон кишваре, ки ба баҳр баромад надорад ва дар Осиёи Марказӣ макони баландтарин кӯҳҳои ҷаҳон аст. Он ҳанӯз ҳам барои онҳое, ки қуллаи баланди Еверестро фатҳ кардаанд, номаълум боқӣ мондааст. Кӯҳҳои Помир ба масофаи садҳо километр дар саросари манзараи ноҳамвор дар Тоҷикистон тӯл кашида, барои онҳое мехоҳанд саргузаштҳои ҳаяҷоноварро аз сар гузаронанд ва ҷуръат мекунанд, қуллаҳои ҷолибу баланди ин қаторкӯҳҳо бароянд, як манзараи нотакрор аст. Кӯҳҳои Помир бо номи "Боми ҷаҳон" дар баландии зиёда аз 4000 метр ҷойгир буда, сайёҳон ва кӯҳнавардон ҳангоми баромадан ба онҳо гӯё тақрибан аз байни абрҳо мегузаранд.

Решаи қаторкӯҳҳои барфпӯшу хилват, ки то Афғонистон, Чин ва Қирғизистон тӯл мекашад, дар Тоҷикистон ҷойгир аст. Ин кишвари Осиёи Марказӣ воқеан макони беҳтаринест барои онҳое, ки мехоҳанд қуллаҳои баландтарини куҳҳои ҷаҳонро фатҳ кунанд.

Евронеюз тревел (Euronews Travel) ҳамчунин ҳангоми таърифи гӯшаву канори зебои Тоҷикистон аз вохӯрии худ ба раиси Шӯрои сайёҳии Тоҷикистон низ зикр карда, қайд мекунад, ки “Камолиддини Мӯъминзод, раиси Шӯрои сайёҳии кишвар, гуфт, ки тақрибан 93 дарсади қаламрави Тоҷикистонро кӯҳҳо ташкил медиҳанд. Ин шароит ба мо имкони хуб медиҳад, то туризми кӯҳӣ ва дигар намуд сайёҳати дорои хотироти нотакроррро амалӣ намоем”. Тоҷикистон барои ҳама гуна сайёҳон, ҳам кӯҳнавардони ботаҷриба ва ҳам онҳое, ки моил ба сайру саёҳати зебо бо хотироти хубу ҳаяҷоноваре дошта бошанд, дастрас мебошад.

Дар кӯҳҳои Помир чиро дидан мумкин аст?

Кӯҳҳои Помир дар ҳудуди боғи миллӣ, ки соли 2013 ҳамчун макони мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО эътироф шудааст, ҷойгир шудаанд. Меҳмонон ва сайёҳони хориҷии ташрифоварда набояд аз кули Сарез, ки соли 1911 дар натиҷаи ярчҳои азим ба вуҷуд омадааст ва ба он ҷо танҳо пас аз экспедитсияи тӯлонӣ метавон расид ва ё Қарокӯл, калонтарин кӯли кишвар аст, фаромӯш кунанд.

Аз сабаби шароити сахти кӯҳҳо, боришоти бардавом ва зимистонҳои сард, инчунин баландиҳои нотакрори онҳо, манзараи кӯҳҳои Помир хеле хушк ва ором аст. Аммо ба ҳар ҳол шумо метавонед, дар он ҷо бо баъзе ҳайвоноти ваҳшӣ рӯ ба рӯ шавед.

Сайёҳон дар он ҷо метавонанд ба ҳайвоноти ваҳшие чун хирсҳои қаҳваранг, гургҳо, морхӯрҳо ва аз ҳама нодиртарин - бабри барфӣ рӯ ба рӯ шаванд. Қуллаи Исмоили Сомонӣ бо баландии 7495 метр, қуллаи Ибни Сино 7134 метр, ва қуллаи Истиқлол 6940 метр баландтарин нуқта дар Тоҷикистон аст, ки воқеан барои саёҳони хориҷӣ қобили таваҷҷуҳанд.

Дӯстдорони табиат бояд бидонанд, ки кӯҳҳои Помир ҳамчунин макони яке аз пиряхҳои дарозтарини ҷаҳон- пиряхи Федченко, ки 77 километр тӯл дорад, вокеъ аст. Айни замон ба ин ва дигар пиряхҳои кӯҳистони Помир тағйирёбии иқлим таҳдид мекунад.

Беҳтарин вақт барои боздид аз кӯҳҳои Помир кай аст?

Кӯҳҳои Помир бештари сол сард ва хушк аст, аммо махсусан зимистон сахт хунук мебошад. Ҳарорати сардии яхбандӣ дар байни моҳи ноябр ва март сафарро душвор мегардонад. Дар байни баҳор ва тобистон, ҳарорат одатан тақрибан 20 дараҷа гарм аст. Аз сабаби набудани борон дар ин мавсим, сайёҳон ҳеҷ гоҳ набояд хавотир шаванд, ки аз сабаби бад будани обу ҳаво нақшаҳои худро бекор кунанд. Мавсими беҳтарини сайёҳӣ одатан аз моҳи июл то сентябр давом мекунад, вақте ки ҳаво хеле форам ва рӯзҳо дароз мебошанд.

Чӣ тавр ба кӯҳҳои Помир расидан имкон дорад?

Дар ҳоле ки расидан ба кӯҳҳои Помир осон нест, аммо бештари сайёҳон роҳи онро яке аз тамошобобтарин саёҳатҳои автомобилӣ дар ҷаҳон меҳисобанд. Танҳо ду роҳи дастрасӣ ва расидан ба кӯҳҳо вуҷуд дорад: аз Душанбе, пойтахти Тоҷикистон ё шаҳри Оши Қирғизистон. Аз Душанбе то Помир 16 соат роҳ аст, ки ҷолибият ва зебогии нотакрорро дорад. Дар ҳоле, ки кӯҳҳои Помирро мустақилона омӯхтан мумкин аст, аммо барои баромадан ба қуллаҳои ин қаторкӯҳҳо гирифтани роҳнамои ботаҷрибаи маҳаллӣ бехатар маҳсуб меёбад.

Дар кӯҳҳои Помир дар куҷо мондан мумкин аст?

Сайёҳон ва кӯҳнавардоне, ки мехоҳанд манзараи дурдасти кӯҳҳои Помирро дидан кунанд, метавонанд, дар қаторкӯҳҳо чанд рӯз сайру гашт карда, нишонаҳои гуногуни тамаддунҳоро пайдо кунанд. Онҳо метавонанд хайма ва лагери шахсии худро гирифта дар зери осмони соф шабона ба тамошои дурахши ситораҳои ҷолиб ва рӯзона дар атрофи манзараҳои зебои кӯҳистони Помир дар доманаҳои куҳ рӯзҳои хотирмонеро гузаронанд.

 

Таҳияи Гулҳаё Мадимарова

ходими пешбари шуъбаи Аврупо

 

БОЗГАШТ