АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

ФАЛАСТИН ДАР АШЪОРИ ШОИРОНИ ТОҶИК

Муаллиф: Каримова Шоҳона

Расм

Боиси таассуф низ аст, ки имрӯз мардуми баъзе аз кишварҳои арабӣ ба монанди Фаластин, Сурия ва Ироқ дар байни тиру туфанг умр ба сар мебаранд. Масалан, Сурияи Араб таи даҳ сол мешавад, ки ҷангу нооромиро аз сар гузаронида истодааст. Аз ин лиҳоз шаҳрвандони зиёди Сурия Ватани хешро тарк гуфта, ба давлатҳои дигар барои муҳоҷират рафтаанд.

Соли 2015 таваҷҷуҳи тамоми шабакаҳои интернетӣ ва расонаҳои хабариро акси кӯдаки сесолаи курдӣ Айлон ҷалб намуд, ки дар акс писарчаи хурдакак дар соҳили баҳр беҷон хобида буд. Аҳли байти ӯ мехостанд аз ҷанги Сурия бо роҳи баҳрӣ ба тарафи Аврупо гурезад, вале дар ин миён тӯфоне шуд ва онҳо фарзандашонро аз даст доданд. Ҷасади беҷони Айлон 30-сентябри соли 2015 аз соҳили баҳри Туркия пайдо шуд. Ин ҳодисаи дилрешкунанда, ки асари ҷанг аст, тамоми мардуми дунёро маҳзун сохт. Дар ин бора аз ҳар гӯшаву канори дунё шоирон шеърҳо навиштанд. Шоири халқии Тоҷикистон Озарахш низ шеъри муассире навишт, ки ин аст:

Дар ман ҳама хандаҳои дунё гирён,

Шодиву умедҳои зебо гирён,

Бар қисмати ман обу ҳаво ҳайрон аст

Дарё гирён, домани саҳро гирён…

Дар синаву дар нигоҳи ман ханҷари кист?

Хоки сари бепаноҳи ман кишвари кист?

Бозичаи кӯдакии ман бишкаста,

Хуни дили бегуноҳи ман бар сари кист?!

Дунёдорон! Фиғон зи фарҳанги шумо!

Аз моли шумо! Сулҳи шумо! Ҷанги шумо!

Билло, ба Худо рӯзи ҷазо хоҳам гуфт

Аз баҳси шумо, фиребу найранги шумо!

Номам ба ҳама забони олам–Айлон

Руҳам ба ҳама макони олам–нолон…[7].

Мавзуоти ҷанги Сурия, Ироқ ва дигар кишварҳои дунё дар дигар шеърҳои Озарахш низ тарҳрезӣ шудааст:

Ҳодиса ашк мешавад, манзара гиря мекунад,

Фосила оҳ мекашад, хотира гиря мекунад

Вой, ба ин замон чӣ шуд, мулк чӣ шуд, макон чӣ шуд

Кӯҳнаҷаҳон ба ҳоли худ, шашдара гиря мекунад

Кишваракон ба сӯи ҳам тиру гулӯла мезананд,

Қалби замин даридааст, бефара гиря мекунад

Чӯли Ироқ хастаҷон аз хатари самуми ҷанг,

Шаҳри фаранг мотамӣ, пайкара гиря мекунад.

Обу ҳавои Суриё ғаркаи хуну нафт шуд,

Муъмину кофари бараш яксара гиря мекунад…[7].

Шоир манзараҳои ҷангу хунрезӣ ва ноадолатиҳои сиёсиро дар ғазали боло бисёр таъсирбахш тасвир намудааст. Озарахш дар яке аз мусоҳибаҳояш низ дар ин бора чунин иброз доштааст: “Вақте дар Сурия ва ё гӯшаи дигари дунё ҷанг меравад ва агар як нафаре гӯяд, ки шукри Худо, дар кишвари мо сулҳу амонӣ асту он ҷо ҷанг, хато мекунад, зеро модаре, ки дар Арабистон ҷон медиҳад, модари тоҷик аст ва ё хоҳаре, ки дар Африқо нони гадоӣ талаб мекунад, хоҳари мову шумост, яъне “Бани одам аъзои якдигаранд”[8].

Мусаллам аст, ки давлати Фаластин низ таи ҳафтод соли охир сулҳу оромиву осоиштагии худро аз даст додааст. Мутаассифона, дар ин макон то ҳол ҷангу хунрезӣ аст. Ин кишвари арабизабон имрӯз низ таҳти фишори ишғолгарони саҳюнистӣ қарор дорад. Шоирони муосири тоҷик ба сарнавишти мардуми араб бетарафӣ зоҳир нанамуданд ва дар ин росто шеърҳо навишта, бо ҳамин васила ҳамдардии худро нисбат ба кишвари Фаластин баён намуданд. Яке аз онҳо шеъри шоири халқии Тоҷикистон Гулназар Эй Фаластини даруни синаи ман” мебошад, ки бо дарду алам ва сӯзу гудози қалби шоир навишта шудааст:

Сабзаҳоят арғувонист,

Ғунчаҳоят лолазор аст.

Ту чӣ саҳроӣ, ки ҳар як зарраи ту

Мисли дарё нолабор аст,

Эй дили оинаи ман,

Эй Фаластини даруни синаи ман?!

Қитъа-қитъа гиря дорӣ аз ғами хеш,

Пора-пора метапӣ дар мотами хеш.

Барабас донистаӣ нӯши замонро

Марҳами ҷони ками хеш,

Эй дили оинаи ман,

Эй Фаластини даруни синаи ман.

Бонги майдон мекунад кар гўши овозат,

Бори зиндон мефитад дар боли парвозат,

Меҳри ту дар ҳалқаи дори баланд аст,

Шавқи ту саркӯби ин чархи нажанд аст,

Эй дили оинаи ман,

Эй Фаластини даруни синаи ман... [ 9].

Чунонки возеҳ аст, шоир зимни шеъри сафед ва истифодаи санъатҳои бадеӣ чун ташбеҳу истиора, такрору таҷоҳули ориф, маҷозу киноя ва ғайра тавонистааст ҳисси таассуф ва ҳамдиливу ҳамдардии худро нисбати Фаластини порагашта бо ибораҳои зебову дилнишин ифода намояд.

Шеъри дигари Гулназар “Аналҳақ” низ фалсафаи бузургеро дар бар гирифтааст:

Эй Фаластин, эй ту Ҳаллоҷи Аналҳақ!

Бар сари ту монда Ҳақ тоҷи Аналҳақ,

Як туӣ ёри вафодори Аналҳақ,

Мекунӣ ҷавлон сари дори Аналҳақ,

Аз гулӯят мечакад хуни Аналҳақ,

Дар танат карбоси гулгуни Аналҳақ.

Эй дареғо, эй дареғо,

Интиқоматро кӣ мехоҳад гирифт

Туву хубиву раъноӣ

Aз душмани дуни Аналҳақ?!

Зиндагӣ, Эй дори Ҳаллоҷ!

Аз Аналҳақ то Аналҳақ имтиҳонам мекунӣ,

Бе сару бе даступою бе забонам мекунӣ,

Бо ҳамин бечорагӣ

Сўйи Ҷовидон равонам мекунӣ[9].

Ин шеъри муассир дар асоси санъати талмеҳ ва истиораву тавсифу маҷоз ба қиссаи Мансури Ҳаллоҷ ва ибораи машҳури ӯ “Аналҳақ” – “Ман Худо ҳастам! Ман ҳақиқатам” ишорат мекунад. Дар шеъри мавриди зикр ақоид ва таълимоти сӯфия ба маънии он ки “ба ғайр аз Ҳақ вуҷуди дигаре нест ва ҳастии мутлақ Ӯст”, инъикос ёфтааст. Шоир Фаластинро маориҷи Ана-л-Ҳақ, нуқтаи пайванд, авҷи кибриё, аслгоҳ, мартабае, ки Мансури Халлоҷ дошт, меҳисобад. Дар пеши назари хонанда лаҳзаҳои хунини қатли Мансури Ҳаллоҷ ҷилвагар мешавад ва ӯро ба гиристан водор менамояд.

Як шеъри дигари Гулназар Нома ба шоири Фаластинӣ ном дорад, ки намунае аз равобити адабии шоирони тоҷику араб аст:

“Хонаву гаҳвораи ман

Пора шуд аз кини душман

Чун дили садпораи ман”

(Муини Басису)

Хирмани деҳқони ту барбод шуд

Аз дами бадхоҳи обу донаат

Лек дар шеъри ту хирман мекунад

Хашми худро мардуми мардонаат

Гарчӣ аз гармои саҳрои кабир

Решаи бегонаи бадкин насӯхт

З-оташи шеъри ту, аммо ҳар куҷо

Қалби нопоки адӯ дар сина сӯхт

Ҳамчу сарбози Фаластин ҳарфи ту

Дар масофи зиндагӣ бечора нест

Дар миёни пораҳои шеъри ту

Хоки аҷдодони ту садпора нест ... [ 9].

Дар ин шеър ҳам санъатҳои бадеии маҷоз (оташи шеър, сели дарё, решаи бегонаи бадкин, хирман мекунад), ташбеҳ (ҳамчун сарбоз), тавсиф (бадкин), муболиға (сели дарё нолабор аст) ва амсоли ин моҳирона истифода шудаанд.

Шоири халқии Тоҷикистон Рустами Ваҳҳоб низ дар шеъри худ зери унвони Қиблаи нахустин” бо меҳру муҳаббати хоса Фаластинро қиблаи нахустини дил, Каъба дар миёни ҷони худ мехонад ва аз дидани сангҳои хунолуд ашки дида мерезад:

Мекашад зи банди дил қиблаи нахустинам,

Каъба дар миёни ҷон, рӯй бар Фаластинам.

Ку ҳаловати имон? То зи Қудс маҳрумам,

Аз маломати виҷдон дард мекунад динам.

Сангҳои хунолуд, сангҳои хунолуд,,.

Ҳар шаб аз канори дил ситора мечинам.

Бӯса мезанам аз дур, кӯдаки фаластинӣ,

Лолаҳои захми ту муҳри Оли Ёсинам.

Новгони Озодӣ то ба гил фуру биншаст,

Ошно нахоҳам буд, беш аз ин чу биншинам.

Эй башар, тафовутро бас азим меёбам.

З-он ки ту ҳамегӯӣ то ман он ки мебинам.

Пойгоҳи меъроҷ, эй хоки поки Озодӣ,

Обрӯ зи ту дорад осмони рангинам.

Дидаам ба руъёе аз миёни хоку хун

Даст мебарад Ҳуре сӯи қалби сангинам [ 9]

Шеъри боло низ бо истифода аз санъатҳои бадеии маҷоз (Каъба дар миёни ҷон), (дард мекунад динам), (қалби сангинам), муболиға (ситора мечинам), (даст мебарад Ҳуре), ташбеҳ (Лолаҳои захми ту муҳри Оли Ёсинам), тавсиф (осмони рангинам) ба қалам омадааст.

Шеъри шоири фақиди тоҷик Неъмат Оташ “Ӯ намемирадниз ҳолати кӯдаки нолону саргардонро, ки дар ҷанги меҳанаш модари хешро аз даст додааст, бо сӯзу гудоз тасвир кардааст. Шеъри мавриди зикр низ фарогири санъатҳои бадеии тавсиф (кӯдаке нолону саргардон, гирён, бепаноҳ), санъати такрор (дар калимаҳои намемирад, меситонад) ва ғайра мебошад:

Дар Фаластин дар дили вайронаҳо

Кӯдаке нолону саргардон бувад

Меҳаросад аз садои тупҳо

Аз ғамони ғуссаҳо гирён бувад

Дар канораш модараш ҷон медиҳад

Ин замон афтода андар хоку хун

Пеши чашми кӯдаки ҳайрону зор

Мешавад як хона ҳар дам сарнагун

Имшабу ҳар шаб насими меҳанаш

Алла мегӯяд ба ҷои модараш

Мешавад болини тифли бепаноҳ

Санги дашту кӯҳсори кишвараш

Ӯ намемирад, намирад ҳеҷ гоҳ

Ӯ намемирад ба рағми душманаш

Меситонад кини модар аз адӯ,

Меситонад кини халқи меҳанаш

Аз соқа то садр. [9].

Шоири халқии тоҷик Низом Қосим ҳам шеъри пурдарде бо номи Фаластин” навиштааст, ки дар он Фаластинро чун хонаи бебому дар, хони бенони замон, давлати бемарзи ҷовидон, мурғи парбишикастаи таърих ва бо ҳақиқат то абад пайвастаи таърих тасвир мекунад:

Ашки талх бар мижаи яхбастаи таърих

Нафаси гармони дили сарди замон

Ҳар лаҳза

Обат мекунанд аз нав

Ва хунолуда ҷорӣ мешавӣ

Бар гунаҳои хастаи таърих.

Чу пеши модари дилхун

Ба пешат

Зиндагӣ ҳам

Мекунад гум сабру тамкинро,

Ки байни лола хун ёбӣ

Ҳамеша наслҳоят – тифлакони шӯхи гулчинро…

Худо дорӣ фақат,

Эй рӯи роҳи додгар бинишастаи таърих.

Фаластин,

Хонаи бебому дар,

Эй хони бенони замон,

Эй давлати бемарзи ҷовидон,

Нигоҳи хаставу умедворат бар самост,

Эй мурғи парбишикастаи таърих.

Ҷудо аз ҳақ наӣ,

Эй бо ҳақиқат то абад пайвастаи таърих,

Биларзонанд ҳар гоҳе буну бехат,

Вале барҷост таърихат... [ 9].

Ба ҳамин минвол шеъри шоири муосири тоҷик Сиёвуш таҳти унвони Номаи манзум ба рафиқи фаластинӣ”-ро низ зикр намудан мумкин аст, ки бо эҳсосоти баланд ба қалам омадааст:

Ин ҳама, охир дурӯғ аст

Шарқи ман ҳоло намурдаст!

То лабе хунбор, фарёди азоне мезанад,

То дарахте тирхӯрда, дар намоз истодааст,

Ин ватан ҳоло намурдаст!

Эй Фаластин,

Эй садои хастаи виҷдони дунё,

Эй азони субҳдам дар гӯши карҳо,

Он қадар бар хоби сере рафта мағриб,

Ки ба ҷуз овозҳои ишками худ

Кай садои дигаре хоҳад шунидан? [ 9].

Шеъри фавқуззикр низ фарогири санъатҳои бадеии муболиға (лабе хунбор), ташбеҳ (дарахти тирхӯрда), маҷоз (дар хоби сере рафта мағриб), тавсиф (садои хаста) мебошад.

Шеъри шоири дигари тоҷик равоншод Муҳаммадалии Аҷамӣ таҳти унвони “Садои сангҳо”, ки дар қолаби ғазал суруда шудааст, бисёр таъсирбахш ва самимӣ нидо мекунад:

Чаро имшаб ғазал дар қолаби мазмун намегунҷад?

Ба соҳилҳои худ, ҳис мекунам, Ҷайҳун намегунҷад?

Зи худ берун шудам, дар он тараф дидам Фаластинро,

Фаластини шаҳодат, дар ҳисори хун намегунҷад.

Сукути сангҳо пур мешавад аз хандаи шайтон,

Қиёми сарвҳо дар қомати мавзун намегунҷад.

Ба изни ҳар шаҳид, ойина меборад ба шайдоӣ,

Дигар дар ҳаҷми ҳайрат, ҳайрати Маҷнун намегунҷад.

Тамоми ишқро дидам, ба даври ишқ мечархид,

Аҷаб чархест чархи ишқ, дар гардун намегунҷад.

Ва дидам чашмҳои ту, ба дарё мехурад пайванд,

Чаро имшаб ғазал дар қолаби мазмун намегунҷад? [ 9].

Дар ғазали М. Аҷамӣ низ санъатҳои бадеии маҷоз (зи худ берун шудам), (сукути сангҳо), (қиёми сарвҳо), такрор (дар ҳаҷми ҳайрат, ҳайрати маҷнун), (ишқро дидам, ба даври ишқ мечархид), (аҷаб чархест чархи ист), муболиға (дидам чашмҳои ту, ба дарё мехурад пайванд) ва ғайра ҷилва намудаанд.

Шеъри Доро Наҷот “Чамани лоласангҳо” низ саросар аз тасвири манзараҳои ҷанги озодихоҳӣ, санъатҳои бадеии ҷиносу такрор (санг- санг, нафас-нафас), истиора (нақҳати шуҳуд), саҷъ (силоҳ, кӯлоҳ), ташбеҳот (ба сони асби хунчакон), тавсиф, нидо ва ғайра иборат аст:

Хоҳарам,

бедиранг

бичин санг - санг,

ки санг ва фалохун бувад омода бар ҷанг.

Бояд нишон дод

дастосанг ва

бартарӣ аз тонк

ва паёай

дар инфиҷори гулӯлаҳо.

Хоҳарам,

санг бичин,

ки санг аст

силоҳи муҷоҳидат алайҳи иблис

ва ҷиҳоди мост

фаризае аз ҳаҷ.

Хоҳарам,

ин покубам

гулбуни паёмбарист

бо нақҳати шуҳуд

ва гулафшони муъҷиза

ва ин ҳама тапиш

фароянде аз иброҳемист,

ки зистанро шукуфтаем

дар ҳалқам ҳариқ... [10].

Шеъри шоири дигари тоҷик АбдусаломУмеди озодӣ” низ дар ин росто бисёр ҷолиб нигошта шудааст:

Чӣ кард бо дили сарсабзатон хазони яҳуд

Чӣ рафт бар саратон, эй арозии мавъуд

Чӣ духт пираҳан аз тору пуди бахт ин шаб

Кӣ кард субҳи шуморо ба зулматаш нобуд

Чунон палиду ба хун ғарқ гаштаанд бингар

Ки рӯи зулму ситамро сияҳ намуду кабуд

Шумо ба башарафӣ шуҳраи ҷаҳон гаштед

Аҷаб зи муддаиёни ситораи Довуд

Хурӯш бар сари золим дифоъ аз мазлум

Туро вазифаи имонӣ аст, Худо фармуд

Барои нусрати дини Худо ба по хезед

Ба сабру санг кунӣ хонаи ситам нобуд

Умед, ки қиблаи аввал Худо кунад озод

Зи дасти Оли яҳуди палиду хунолуд  [9].

Дар шеъри боло санъатҳои бадеии тавсиф (дар ибораҳои дили сарсабзатон, сари золим, қиблаи аввал), нидо (дар калимаҳои туро, оли Яҳуд, Шумо), маҷоз (дар калимаи хазон, хонаи ситам) ва ҳоказо корбаст шудаанд.

Беэътино набудани аҳли қалами тоҷик нисбат ба мардуми ҷафокашидаи араб ва достону шеърҳо сурудани онон дар ҳаққи ин кишвари бародар низ далели мавҷуд будани равобити адабии ин ду кишвар аст.

Зимнан, арабшиноси маъруф Н. Назар ашъори якчанд шоирони тоҷикро, ки ба мавзуи Фаластин бахшида шудаанд, ба забони арабӣ тарҷума намудааст. Ӯ аз ҷумла, шеъри Гулназар ва шеъри Гулрухсорро низ, ки ба шоири Фаластинӣ Муъин Бсису бахшидаанд, инчунин шеъри “Фаластин”-и Низом Қосим ва шеъри “Зинда бош, Фаластин”-и Бӯрӣ Каримовро аз забони тоҷикӣ ба забони арабӣ тарҷума кардааст ва ба хонандаи араб пешниҳод намудааст, ки бо сабаби маҳдудияти ҳаҷми мақола имкони таҳлили ҳар яки онҳо мавҷуд нест. (Руҷуъ карда шавад ба китоби Хамосаи Панҷгона саҳ.8 ва Авроқи Мутафарриқа саҳ.63, 81, 170)

Мавриди зикр аст, ки дар ҷашни шастсолагии устод М.Турсунзода шоирони бисёре аз ҳар гӯшаю канори дунё ташриф оварданд. Аз давлатҳои араб аҳли қалами Фаластин, Лубнон, Ироқ ва Тунис дар миёни меҳмонон ҳузур доштанд. Шоири тавонои фаластинӣ Муин Бсису (1926-1984) соли 1971 низ дар ин ҷашн ҳузур дошт. Ӯ аз маҳфили мазкур хеле ба ваҷд омад ва меҳру муҳаббати Тоҷикистон ва мардуми тоҷик дар дили ӯ шуълавар шуд. Муин Бсису роҷеъ ба ин ҷашнвораи бошукӯҳ дар китоби худ "الاتحاد السوفيتي لي" (Иттиҳоди Шӯравии ман) соли 1983 хотироти некеро ёддошт намудааст, ки порчае аз он чунин аст:

الشاعر الطاجيكي - مؤمن قناعت - الشبيه بنخلة تتدلى منها قطوف دالية.. أهداني اسمه.. حفر بسكين تفاحة وملأها بالنبيذ وقال:

-      اشرب.. فأنت من القرية التي يجئ منها الشعراء

الشاعرة - جولرُخسار صافييفا - التي يداها - ضفتا نهر - يصنع السمك فوقهما - عرائس

[5,193] من العشب  والماء لأطفال فلسطين...

Тарҷумаи порчаи боло чунин аст: Шоири тоҷик Муъмин Қаноат ба дарахти хурмои пурборе шабоҳат дорад, ки меваҳояш овезон аст ва гӯё аз ӯ як сар мева чида мешуда бошад. Ӯ ба ман ном ҳадя кард. Ӯ себро бо корд кофта баровард ва бо шароб пур карда гуфт: “Бинӯшед. Шумо аз деҳае ҳастед, ки аз он шоирон бармеоянд”.

Шоира Гулрухсор Сафиева - онест, ки дастонаш ду соҳили дарёст.- Дар болои онҳо моҳиҳо барои кӯдакони Фаластин аз об ва алаф лӯхтакҳо месозанд...

Ҳамин тариқ, Муин Бсису аз фуруд омадани тайёра дар фурудгоҳи Душанбешаҳр сар карда, то боғи дилнишине, ки дар хонаи шоир Мирзо Турсунзода мавҷуд буд, таассуроти худро навиштааст. Аз навиштаҳои ӯ чунин бармеояд, ки аз Осиё ва Африқо шоирони номдори он давра омада буданд ва он лаҳзаҳои хотирмон, ки бо шоирони тоҷик дар рӯи кати боғи Мирзо Турсунзода нишаста буданд, якумр дар хотири шоири Фаластинӣ нақш баст. М.Бсису дар хотироти худ перомуни шоирони тоҷик иттилоъ дода, як боби китоби худро ба Душанбе бахшид, ки он боб фарогири қасидаи дарозе иборат аз 56 мисраъ мебошад. Қасидаи мазкурро метавон аз китоби “Авроқи мутафарриқа” (саҳ.193) пайдо намуд.

Бояд гуфт, ки ба ҷуз аз шоири фаластинӣ М. Бсису шоирони муосири ироқӣ низ перомуни Тоҷикистон шеърҳо эҷод намудаанд. Масалан, шоири тавонои ироқӣ Муҳаммад Солеҳ Баҳру-л-улум борҳо ба Тоҷикистон омада ва роҷеъ ба дӯстиву бародарии халқҳои тоҷику араб шеърҳо эҷод намудааст. Масалан, яке аз шеърҳои ӯ таҳти унвони “تاجيكُ، جئنا نحيّي شاعراً فيك (Тоҷик, (мо) омадем, то шоири туро марҳабо гӯем!) мебошад, ки ба ҷашни 1100- солагии Одамушшуаро Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ бахшида шудааст. Чунончи Баҳру-л-улум зикр намудааст:

تفنى العصورُ وتبقى روحُ جعفركم[ 5,192]

Маънои мисраи боло чунин аст: “Асрҳо нобуд (сипарӣ) мешаванду (вале) рӯҳи Ҷаъфар мондагор аст”. Возеҳ аст, ки Ҷаъфар Абӯабдуллоҳ Рӯдакист. Байти дигари шеъри ӯ чунин аст:

أنا العراق وتمجيدي لشاعركم

 شعور شعبٍ يؤاخي شعبَ تاجيك[5,192 ]

Яъне, “Ман Ироқам ва шоири шуморо васф менамоям, / Мутаассир аз халқе, аз мардуми тоҷик, ки бо ӯ ҳисси бародарӣ дорам”.

Чунонки мебинем, шоири ироқӣ Баҳру-л-улум меҳру самимияти хешро нисбат ба халқи тоҷик дар шеъри хеш таҷассум намудааст. Шеъри мазкури ӯро метавон аз китоби “Парокандабаргҳо”-и Н. Назар дарёфт намуд. Боиси зикр аст, ки Баҳру-л-улум бо якчанд шоирони муосири тоҷик аз ҷумла бо устод М. Турсунзода дӯстӣ дошт ва ба ӯ номаҳо менавишт ва устод Турсунзода низ роҷеъ ба масъалаҳои муҳими Ироқ борҳо дар шеъри худ нақлҳо оварда буд [3].

Ҳамчунин Абдулваҳҳоб ал–Баётӣ, ки ӯ низ шоири маъруфи ироқӣ ба шумор меравад, борҳо Тоҷикистонро зиёрат намудааст ва ба ин сарзамин шеърҳои зиёдеро бахшидааст. Тарҷумаи манзумаи устод М.Турсунзода зери унвони достони “Садои Осиё” аз ҷониби ӯ сурат гирифтааст.

Зимнан, адабиётшиноси забардасти тоҷик Муҳаммадҷон Шакурӣ дар мақолааш ба унвони “Мавзуи шарқи хориҷӣ дар шеъри М. Турсунзода” чунин нигоштааст: Ин аҳамияти актуалии онрӯзаи асарро муайян мекунад. Манзумаи “Садои Осиё” силоҳе дар дасти муборизони араб буд. Бечиз нест, ки маҷаллаи лубнонии “Ат-тариқ” фавран тарҷумаи арабии онро чоп карда буд” [4].

Шоири дигари ироқӣ Ҳасан Иброҳими Наққош низ дар васфи Тоҷикистон якчанд шеърҳо таълиф намудааст, ки ин шеърҳо низ дар китоби “Парокандабаргҳо” (саҳ. 200) матраҳ шудаанд.

Шоир ва мутарҷими тоҷик Н.Назар китоби “Авроқи мутафарриқа” (Парокандабаргҳо)-ро бо шеъри ба шоири бузурги Фаластинӣ Маҳмуд Дарвеш бахшидааш оғоз намудааст, ки чанд мисраи аввали он шеър ин аст:

إلى شاعر المقاومة محمود درويش

  /أخي الشاعر / أذِبْ قلبك بالدمعِ / وألقِ الذوبَ في الصحراء

وفي وادٍ بلا ماءٍ / هِضابٍ أصبحت عطشَى [5 ,6].

Тарҷумаи байтҳои боло чунин аст: Ба шоири муковимат Маҳмуд Дарвеш: “Бародари шоирам, Дилатро бо ашк об намо / ва обро ба биёбон парто, / Дар водиҳои беоб, / Теппаҳо ташна шудаанд.... Дар воқеъ, Н. Назар дар шеъри “Ба шоири муқовимат Маҳмуд Дарвеш” иродат ва ихлоси хешро нисбат ба шоир, нисбат ба сарзамини Фаластин, қазияҳои ин қаламрав иброз намудааст. Ӯ ба шоири араб руҷӯъ намуда, таъкид кардааст, ки “Дилатро бо ашк об намо / ва обро ба биёбон парто”, яъне манзури шоир ин аст, ки бигзор М. Дарвеш дили худро аз қафас бикшояд ва ҳар он матлабе, ки дар дил дорад, рӯи қоғаз оварад. Н. Назар бо шоири фаластинӣ ҳамдарду ҳамовоз шуда, воқеаҳои он давраро дар шеъри худ таҷассум намудааст. Шеъри боло дар соли 1969 дар маҷаллаи “Ахбори Маскав” "أنباء موسكو"  низ ба табъ расидааст.

Хушбахтона, имрӯз робитаҳои Тоҷикистон бо давлати Фаластин хуб аст. Сафорати давлати Фаластин дар шаҳри Душанбе соли 2020 кушода шудааст. Сафири мухтори Фаластин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доктор Луай Исса мебошад. Сафорати Фаластин низ барои таҳкими равобити сиёсиву адабӣ ва фарҳангӣ бо кишвари Тоҷикистон талош варзида, пайваста бо муассисаҳои давлатӣ вохӯриҳо барпо менамояд. Масалан, сафорат санаи 25-майи соли 2021 бо намояндагони ахбори васоити омма ва ходимони илмиву давлатии Тоҷикистон боздид намуд. Сафири Фаластин дар Тоҷикистон Л. Иса дар рафти мулоқот роҷеъ ба масоили қазияи Исроил ва Фаластин иттилоъ дод ва аз мардуми тоҷик хоҳиш намуд, ки нисбат ба ин ҳаводис бетараф набошанд.

Аз баррасии гуфтаҳои боло метавон чунин бардоштҳо намуд:

1. Муносибатҳои адабии Тоҷикистон бо Фаластин дар замони истиқлолияти тоҷик вусъат ёфтаанд, зеро шоирони тоҷик нисбат ба воқеаҳои Фаластин вокуниш нишон додаанд ва ин мавзуъ дар адабиёти муосири тоҷик ҷойгоҳи хоса дорад.

2. Равобити адабии Тоҷикистон ва Фаластин мутақобилаанд, зеро, чуноне ки дар боло ироа гардид, шоири фаластинӣ Муин Бсису низ дар хотироташ роҷеъ ба шоирони муосири тоҷик М. Турсунзода, М. Қаноат, Гулрухсор ва дигарон нигоштааст. Гулрухсор Сафиева ва Гулназар низ дар васфи М. Бсису шеърҳо эҷод карда, аз ӯ таъсирпазӣ намудаанд.

3. Дар шеърҳои устод Мирзо Турсунзода, Озарахш ва дигарон низ метавон бо мавзуоти ҷанги Сурия ва Ироқ рӯбарӯ шуд. Шоирони ироқӣ Ҳасан Иброҳими Наққош, Абдулваҳҳоб ал–Баётӣ ва Муҳаммад Солеҳ Баҳру-л-улум перомуни тоҷикон ва Тоҷикистон шеърҳо таълиф намудаанд, ки ин ҳама далели мутақобила будани пайвандҳои адабии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Ироқ мебошад.

 

АДАБИЁТ:

  1. Зеҳнӣ Тӯрақул. Санъатҳои бадеӣ дар шеъри тоҷикӣ. Нашриёти давлатии Тоҷикистон. - Сталинобод, 1960, - 258с.
  2. Қаноат Мӯъмин. Авҷи парвози Муин. / Адабиёт ва санъат. -23 августи 1984.
  3. Мардонӣ Тоҷиддин. Саҳифаҳое аз равобити адабии Арабу Аҷам.( Гузашта ва имрӯз). – Душанбе: «Ирфон», 2010. – 236с.
  4. Шакуров Муҳаммадҷон. Мактаби одамият: Баъзе масъалаҳои адабиёт ва маънавият. – Душанбе: Адиб, 1991- 272с.
  5. نذر الله نزار. اوراق متفرقة.- قاهرة: "شمس للنشر و الاعلام"، ٢٠١٧م-٢٢٩ص.
  6. خماسية الخماسة. (قصائد من طاجيكستان)، ترجمة إلى العربيه: نذر الله نزار. -الرياض-٢٠١٩.-٩٠ص
  7. www.facebook.com.
  8. www.youtube.com
  9. www.tajikpress.com.
  10. www.tajik.irib.ir

 

Каримова Шоҳона,

ходими илмии

шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздик

 

БОЗГАШТ