АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Фарзанди фарзонаи Ӯзбекистон дубора роҳбари давлаташ интихоб гардид  

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

Президенти феълии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ бо ба даст овардани 80,1 дарсади орои интихобкунандагон пирӯз шуд. Дар ин бора рӯзи душанбеи 25 октябр раиси Комиссияи марказии интихоботи ҷумҳурӣ Зайниддин Низомхоҷаев дар ҳамоиш бо иштироки хабарнигорони маҳаллӣ ва хориҷӣ хабар дод. Номбурда аз ҷумла қайд кардааст, ки "Ба тарафдории номзади Ҳизби либерал-демократии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 80,1 дарсади шумори умумии интихобкунандагон овоз доданд".
Ҷойи дуюм ва сеюмро мутаносибан Мақсуда Варисова (Ҳизби Халқӣ-Демократии Ӯзбекистон) бо натиҷаи 6,6% ва Алишер Қодиров (Ҳизби “Эҳёи миллӣ” бо 5,5% ишғол карданд.
Номзадҳои дигар, аз ҷумла Нарзулло Обломуродов (Ҳизби экологӣ) бо  4,1% ва Баҳром Абдуҳалимов (Ҳизби сотсиал-демократи "Адолат") бо 3,4%  орои мардум ҷойҳои чорум ва панҷумро касб карданд.
Мавриди тазаккур аст, ки дар интихоботи президентии Ӯзбекистон ба ҳайси нозир дар ҳайати Ассамблеяи парлумонии САҲА 98 нафар аз 12 кишвари ҷаҳон ширкат варзиданд. Ҳамзамон, ба ҳайати САҲА гурӯҳи 12 нафараи нозирон аз Парлумони Аврупо низ пайвастанд ва дар маҷмуъ дар ин интихобот 365 нозир аз 44 кишвари ҷаҳон иштирок намуданд.
Ҳарчанд намояндагони САҲА дар рафти райъдиҳӣ ҳолатҳои алоҳидаи овоздиҳии чандкарата, ба ҷойи шахси дигар, партоби бюллетенҳо, инчунин нақзи расмиёти шумориши овозҳоро ба қайд гирифтанд, дар маҷмуъ интихоботро эътироф намуданд.
Дар навбати худ, “нозирони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Шӯрои туркӣ ва Созмони Ҳамкории Шанхай гуфтанд, ки интихобот “одилона, шаффоф ва бидуни қонуншикании ҷиддӣ” сурат гирифт”.[1]
Қайд кардан зарур аст, ки натиҷаҳои интихоботи президентии Ӯзбекистон пешбинишаванда буданд, зеро дар  муқобили Ш. Мирзиёев номзади арзанда вуҷуд надошт. Барандаи ин маъракаи муҳими сиёсӣ дар муҳлати якуми президентиаш худро ба ҳайси як роҳбари тавоно ва прагматикӣ муаррифӣ кардааст. Маҳз дар давраи роҳбарии ӯ барои танқиди муътадили ҳукумат иҷозат дода шуд, фишори давлатӣ ба васоити ахбори омма ба таври назаррас коҳиш ёфт, чораҳои қатъӣ ба муқобили нақзи ҳуқуқи шаҳрвандон ва соҳибкорон аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ андешида шуданд. Бо шарофати Ш. Мирзиёев Ӯзбекистон муносибати худро бо Тоҷикистон ва Қирғизистон беҳтар намуда, сиёсати некрафторӣ бо кишварҳои ҳамсоя рӯи кор гирифта шуд. Дар соҳаи иқтисодиёт барои мубодилаи асъори хориҷӣ, ки ҷиҳати ҷалби сармоягузории хориҷӣ бештар заминаи мусоид фароҳам овард, иҷозат дода шуд.
Шавкат Мирзиёев зимни суханрониаш дар назди 10 ҳазор нафар аъзои ҳизби ҳоким, ки дар қасри Ҳумо гирди ҳам омада буданд, чунин иброз намуд: "Орзу дорам, ки мо чунин давлате дошта бошем, ки нисбати ҳар як инсон ғамхорӣ кунад. Дастгирии шумо, ки дар интихобот ба ман раво дидед, нишон медиҳад, ки шумо, мардуми азиз, ислоҳотеро, ки ман оғоз кардам, ҷонибдорӣ менамоед. Ман дарк кардам, ки ҳар он чизеро, ки мо дар тӯли панҷ соли охир барои бунёди Ӯзбекистони нав анҷом додем, шумо дастгирӣ мекунед ва дастгирӣ хоҳед кард".[2]
  
 
       Адабиёт
[1] https://www.ozodi.org/a/31528469.html Бе мухолифин, бо рақибони “худӣ” Мирзиёевро дигарбора президенти Ӯзбекистон интихоб карданд.
[2] https://tass.ru/mezhdunarodnaya-panorama/12756105 Мирзиеев заявил, что результать выборов в Узбекистане говорят о поддержке его курса реформ

Ходими илмии шуъбаи Осиёи марказӣ
                                                        Х. Шозедов
 


БОЗГАШТ